Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва оғози фаъолияти НБО Роғун

  • Posted on: 19 November 2018
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз ва ҳозирини гиромӣ!

Сарнавишти имрӯзаву ояндаи миллати мо ва низоми давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам ҷиҳати иҷтимоию таърихӣ имрӯз барои миллати мо як амри зарурӣ маҳсуб меёбад.

Боиси фараҳмандист, ки имсол Рӯзи Президент ба рӯйдоди муҳиму пурифтихори аср, яъне оғози фаъолияти Кохи нури Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии Роғун рост омадааст.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ Рӯзи Президент ва ба кор оғоз намудани Неругоҳи барқи обии Роғунро ба ҳамаи ҳамдиёрон табрик ва таҳният гуфта, таманно дорам, ки сокинони ноҳияи Ёвон дар қатори дигар шаҳрвандони кишвари азизамон дар фазои сулҳу суботи Ватан ба дастовардҳо ва муваффақиятҳои нав ба нав ноил гарданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, бараъло мушоҳида мегардад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати роҳбарии худро садоқатмандона иҷро намуда, дар як фосилаи кутоҳи таърихӣ тадбирҳоеро ба сомон расониданд, ки он кори саҳлу сода нест. Бо ташаббус ва фидокориҳои он кас бунёд ёфтани Кохи нури Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии Роғун қаҳрамониест, ки на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки сокинони ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ имрӯзу фардо аз файзу баракати он баҳравар хоҳанд шуд.

Пешвои муаззами мо, дар ҳақиқат, қаҳрамон ҳастанд. Қаҳрамоне, ки ният ва маромашон оромии ҳар хонадон ва кулли мардуми Тоҷикистон аст. Дар вуҷудашон сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, ҷасорату дилсӯзӣ ва ғуруру хоксорӣ ба ҳам омадаанд, ки ба манфиати миллат ва Ватан ҳастанд.

Ватандӯстӣ ва миллатдӯстии бемисл; шинохти амиқи ҳама қишрҳои ҷомеа, новобаста аз тааллуқоти милливу мазҳабӣ ва синну сол; эҳтироми хоса доштан ба ҳар кадоме аз ин қишрҳо, ки мову шумо дар вохӯриҳо ва мулоқотҳои Сарвари давлат дар минтақаҳои гуногуни кишварамон мушоҳида мекунем, бори дигар Пешвои воқеӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит месозанд.

Мо ҳама шоҳидем, ки тайи чанд соли охир аз баракати ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мо низ чандин иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ, аз қабили корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Комрон Агро Холдинг», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Моҳир семент», «Криолит» фабрикаи «Ваҳдат», фабрикаи паррандапарварии «Беҳамто», биноҳои замонавии муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 11, 16, 80, Коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ободонии ноҳия нақши арзанда гузоштанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаашон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин ҳадяи таърих расидан, ба кору пайкори ватандӯстона ва қаҳрамононаи Президенти мардумии худ арҷ гузоштан, роҳу равиши он касро омӯхтан ва ҳамчун сармояи ибрат истифода бурдан ба нафъи ояндаи миллат аст.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҷашнҳои Рӯзи Президент, 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии Роғун муборак бошад!