Наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд

  • Posted on: 7 November 2018
  • By: korbar

Наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд

Аъзои ТТЭ ҲНИ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ аст, мақолаи навбатии иғвоангезонаеро зери унвони «Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад» нашр кардааст, ки мисли одати пешина пур аз туҳмату буҳтон мебошад.

Албатта мушкилоти иқтисодиву иҷ тимоӣ, аз ҷ умла масъалаи пур кардани буҷ а дар ҳар кишваре мавҷ уд аст. Аз он ҳангома сохтану мардумро ба гумроҳӣ бурдан амали нохалафону душманон мебошад. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷ икистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. Ҳукумати Тоҷ икистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо, аз ҷ умла пур кардани буҷ а  пеш мебарад. М. Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш метавонанд дар ин хусус беташвиш бошанд. Беҳтараш дар ғами худ бошанд, зеро дастгирии хоҷ аҳои хориҷ иашон доимӣ нест ва дер ё зуд дастгир мешаванд ва барои ҷ иноятҳои содир кардаашон бояд ҷ авоб гуянд. Вазъиятро дурусттар дарк кардан даркор аст. Яъне миллат дар вартаи нобудӣ нест (муаллифи наҳзатӣ чунин навиштааст), ин наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд.

Муаллифи мақола ҷ ор мезанад, ки гӯё фаъолони ҷ омеа ва кадом  тоҷ ирони муваффақе зиндонӣ шудаанд ва ё аз кишвар фирор кардаанд. Вале фаъолони ҷ омеа гуфта киро дар назар дорад? Наҳзатиҳоро? Охир, агар наҳзатиҳо баъди тамоми авфу бахшиданҳо ва бархурдор будан аз имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ ва моддии кишварамон боз даст ба ҷ инояткорӣ ва ҳатто террору табаддулоти давлатӣ зананд, онҳоро зиндон накунанд? Наҳзатиҳое ки фирор кардаанд, танҳо ба хотири гурехтан аз ҷ авобгарӣ дар назди қонун ба кишварҳои дигар гурехтаанд. Ягон нафари онҳо  фаъоли ҷ омеа набуд ва ғами мардумро ҳам намехурд. Мардум амалҳои бедодгарию ваҳшонияти наҳзатиҳоро бо чашми худ дидааст.

Ё агар соҳибкоре зимни фаъолияташ ба қонуншиканӣ роҳ дода бошад, ӯро ба ҷ авобгарӣ накашанд? Таъмини амнияту тартибот, ҳифзи моликияти давлатӣ ва дороии мардум вазифаи сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ мебошад. Табиист, ки онҳо   ин вазифаҳои худро иҷ ро кардаанд.

Тоҷикистон дар замони истиқлолият ва хусусан дар солҳои охир, ки хатари мавҷ удияти ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар аз байн бурда шуд, тадриҷ ан рушд кардааст. Пешравиро мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мушоҳида мекунем. Иншоотҳои саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои соҳаҳои илму маориф, тандурустию фароғатӣ дар пеши назари сокинони кишварамон бунёд меёбанд. Танҳо курдиле мисли наҳзатиҳо чунин ободкорию пешравиро намебинад.

Парвизи Мирзо, таҳлилгар