Дар ВМКБ чи мегузарад? - гузориши видеоӣ

  • Posted on: 6 November 2018
  • By: korbar

Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинон дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилоят аз риоя нашудани волояти қонун,  ҳаракати бенизоми воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар мушкилоти ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, барои рафъи камбудию нуқсонҳои ҷойдошта ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода буданд. Дар ҳамин замина дар шаҳри Хоруғ Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ташкил шуд, ки, бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед: https://youtu.be/y8xoyK9RO74