ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИ
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ Ёвон БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
1.сармутахассиси раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ
2.мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
- сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Обшорон, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
- мутахассиси пешбар (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ ;
- сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Чоргул- 1 ҷой, маоши мансаби 894 сомонӣ :
- сармутахассис -заминсози Ҷамоати деҳоти Чоргул - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ ;
- мутахассиси пешбар (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Чоргул- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- сармутахассис-омори Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
9. мутахассиси пешбари (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
10. сармутахассис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ёвон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
11. сармутахассис оид ба корхои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати шаҳраки Ёвон- 1 ҷой, маоши мансаби 894 сомонӣ:
12. сармутахассис оид ба корхои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати шаҳраки Ҳати Нав - 1 ҷой, маоши мансаби 894 сомонӣ;
13. мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ;
14. мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарби)-и Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
15. мутахассиси пешбари (оиди соҳаи маънавиёти) Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
16. мутахассиси пешбари (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ)
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- хислатнома;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқаррар-гардида;
- маълумотнома (справка- объективка).
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Ёвон, кӯчаи Мирзо Турсунзода-38, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон.
Телефон: 2-13-64,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.