Бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 5 October 2018
  • By: korbar

         Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия, адибони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Абдулҳамид Самад, сардори раёсати маорифи в.Хатлон Исозода Диловар, эҷодкорони ноҳияи Ёвон, коргузорони ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, директорону омӯзгорони фанни забони давлатӣ ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.

         Бахшида ба ин санаи фархунда дар долони васеи Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов намоиши китобӣ ва намунаи эҷоди олимони ҷавон ташкил карда шуд, ки он аз тарафи меҳмонон ва дигар иштирокчиёни ин ҳамоиши рангин хеле хуш пазируфта шуд. 

         Суханрониҳои раиси ноҳия ва қироати ашъори дар васфи забони тоҷикӣ сурудашудаи меҳмонон аз ҷониби аҳли нишаст бо рӯҳбаландӣ истиқбол ёфтанд. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Амон Раҷаб аз номи аҳли адаби ноҳия Рӯзи забони давлатиро ба меҳмонону ҳозирин муборакбод гуфт.

         Зимни суханрониҳо аз ҷумла зикр карда шуд, ки забони модарӣ моро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад, он аввалин хиштест дар пойдевори Кохи миллат, нахустин унсурест, ки тафаккури миллатро ташаккул мебахшад.

         Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои куҳантарини дунёст, ки дар тӯли мавҷудияти худ бо арза доштани осори беназири илмиву адабӣ дар ғанӣ гардидани хазинаи тамаддуни башарӣ ҳиссаи бузург гузоштааст. Забони модарии мо дар давоми 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон шуњрати аслии худро эҳё намуд ва ҳамчун забони давлатии кишвари соҳибихтиёр дар рушду такомули худ саҳифаи тозаеро боз кард.

         Ҷашн гирифтан ва гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ яке аз падидаҳои фараҳбахши даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.

         Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ба якчанд омӯгорони муассисаҳои таълимии ноҳия Нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Аҳли ҳунари ноҳия таҳти унвони “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст” барномаи консертии ҷолиберо тақдими ширкатдорони ин маҳфили бошукӯҳ намуданд, ки он тараннумгари забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ буд.