Қадами Пешвои миллат хуҷаставу муборак аст..

  • Posted on: 5 October 2018
  • By: korbar

Равшан аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мумтазам бо ин ё он мантиқи кишвари азизамон сафарҳои корӣ анҷом медиҳад ва дар рафти сафарҳо бо зиндагии мардум аз наздик  шинос гардида, ба бунёди ин ё он иншооти муҳим санги асос мегузорад, дар кушодану истифода додани биноҳои муассисаҳои таълимиву дигар муассисаву ташкилотҳо ширкат меварзанд ва вобаста ба ҳалли ин ё он масълаи муҳим дастуру супоришҳо медиҳанд. Аз ҳама муҳим аз ин сафарҳо мардум рӯҳу илҳоми тоза гирифтаву баҳри ободиву ваҳдати ҳамешагӣ ҷидду ҷаҳди бештаре мекунанд.

            Дар даҳаи авали моҳи сентябри соли равон Пешвои муаззмаи миллат дар Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҳамин гунна сафарро анҷом доданд ва мардуми меҳнатқарину меҳмондӯсти Бадахшон хеле ва хеле меҳмони азизро хуш пазируфтанд.

            Пешвои миллат дар рафти сафари корӣ аз дастовардҳои сокинони ин минтақаи кишвари биҳиштосои мо қаноатманд гардида, ба онҳо минатдорӣ баён менамуданд. Ҳамзамон ба як қатор камбудиву норасоиҳо ғорад гирифтаву баҳри ислоҳи он дастуру супоришҳои мушахас доданд ва як қатор роҳбарону хизматчиёнро барои бемасъулиятӣ ва саҳланкорӣ  нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз вазифа озод намуданд.

            Мутасифона инро душманони миллат инро дигар хел маънидод намуда, мехоҳанд бо ин омили зишти худ ба дӯсти ваҳдати миллати тоҷик рахна зананд. Вале сияҳдилон ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид, зеро «Ҳар касе он даравад, оқибати кор чӣ кишт»

            Имрӯз на танҳо сокинони Бадахшон, балки тамоми миллати тоҷик аз нияти бади ин гурӯҳҳо огоҳ гардидаву ба онҳо «Инро ба кассе гӯй, кит уро нашносад»- ҷавоб хоҳанд дод.

            Имрӯз миллати тоҷик аз ҷумла сокинони тарафманди Бадахшон бо меҳнати суботкоронаву дили пур аз меҳру муҳаббат нисбати ватани азизамон- Тоҷикистон атрофи Роҳбари  хирадманду дардошнои миллат Пешвои муаззами худ муҳтарам эмомали Раҳмон ҷамъ омадаву намегузоранд минбаъд аз дасти сияҳдилу нохалафе хоре ба пойи миллати тоҷик халаду зиндагии шоистаи вай халалдор гардад. Зеро роҳи пешгирифтаи Пешвои миллати тоҷикон роҳ ба сӯйи ваҳдату дӯстии ҳамешагӣ ва ободии Тоҷикистони биҳиштосо некиро оғоз ҳаст анҷом нест.