Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу бахр….

  • Posted on: 3 October 2018
  • By: korbar

Дар  дар саҳифаҳои фейсбук дар портали Хабар-24  чуғзе бо номи Нуриддин Ризоӣ    оиди  натиҷаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ аз ҳақиқати ҳол  дур ҷоғ мезаду баҳогузорӣ менамояд, ки гӯё дар Бадахшон аз тарафи Ҳукумат ҷавонони ҳақиқатпарасту озодихоҳ зери фишор мебошанд. Ӯ худ намедонад, ки ин гурӯҳи  ҷинояткорон ба монанди худи ӯ «ҳақиқатпарасту озодихоҳ» чӣ қадар ба мардуми Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон мусибатҳо оварда истодаанд. Ва чунин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ тинҷиву оромии кишварро намехоҳанд. Ин тоифа одамон ба монанди худи Нуриддин Ризоӣ ҳеҷ гоҳ дар умрашон ягон кори нек накарданду кардан ҳам намехоҳанд. Онҳо ба монанди ӯ манфиати шахсии худро аз давлату миллат ҳама вақт боло медонистанду медонанд.Ба вуҷуди онҳо ягон чизи муқаддас ҷой надоранд.Чунки дар чунин тоифа одамон ғурури миллӣ,ватандориву ватанхоҳӣ гуфтанӣ маънӣ нест. Оиди тағйиротҳои кадрие, ки дар ин вилоят карда шуд,гуё аввал бояд аз ӯ иҷозат мепурсиданду баъд тағйирот мекарданд.Охир, вақте ки кадр аз уҳдаи иҷрои вазифаи хизматии худ набарояд, чунин кадрҳо ҳатман иваз карда мешаванд.Бо шарофати сафари кории роҳбари давлат чӣ қадар иншоотҳои соҳаҳои  гуногун кушода  шуд  ва ба чӣ қадар иншоотҳо санги асос ва то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободонии вилояти мазкур дастуру супоришҳо дода шуд. Чӣ қадар бо самимият мардуми Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳбари давлатро пешвоз гирифтанд. Ба чунин ашхоси маҳзабфурӯшу ватанфурӯш пешравӣ даркор нест.Балки онҳо танҳо супоришҳои хоҷагони хориҷии худро бо маблағи ҳароми онҳо иҷро мекунанду халос.Онҳо ҳеҷ гоҳ тинҷиву оромии Тоҷикистони азизм мо, пешравии онро намехостанду ва дидан ҳам намехоҳанд. Оиди чунин ашхосони палид шоири бузург Сайидои Насафӣ хуб гуфтааст;

 

           Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу бахр,

           Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.