ХОИНОН ДАР ҲИМОЯИ ҶИНОЯТКОРОН (Ё худ минбарихоҷагон дар ихтиёриғуломон)

  • Posted on: 18 September 2018
  • By: korbar

Инсон мавҷудест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеч фарқе аз ҳайвон надошта, маънои ҳастияш гум шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки хоинфарзандони ин сарзамин, ки имрӯз дар Варшава беномусона дар зери домони САҲА пинҳон шуда, миллату давлатро барои таваллуд шудани худ айбдор карда истодаанд, ба қатори чунин беномусонанд, ки барояшон ягон арзише мавҷуд набуда, фақат ғуломона ва манқуртона бо дастури хоҷагонашон тамоми қартаҳоро бозӣ даровардан мехоҳанд, то ин, ки имиҷи давлату миллатро дар ҷаҳон паст намоянд. Оё ин нишонаи ватандӯстӣ аст? Оё онҳо миллатдӯстанд? Ҳаргиз не. Ин манқуртон ҳудро тоҷику тоҷикистони ном бурда, зарраи шарму ҳаё накарда, ҳама воситаҳоро истифода бурда истодаанд, ки чун фоҳишаҳои сиёсӣ дар ҳама саҳна бозӣ намоянд. Аҷибаш он аст, ки руйи рост аз иғво истифода бурда, маккорона симои худро ҳар лаҳза иваз намуда истодаанд. Дар роҳи ба даст овардани мақсадҳои ифлоси худ аз тамоми ифлосиҳо истифода бурда  истодаанд. Агар Н. Маккиавелли зинда мебуд, амали ин маккоронро дида, мумкин аз ақидаҳои назариявии худ дар ин самт даст мекашид.

Ҳамзамон, бо ин ман аз амали баъзе аз намояндагониҲукумат низ дар  ҳайратам. Зеро гаштаю баргашта аз ин хоинон ҳамчун «оппозитсия» ном бурда, ба қавле боз онҳоро маҳз ҳамчун ҳарифи сиёсӣ маънидод мекунанд. Ҳол он, ки дар сиёсат байни мафҳумҳои «оппозитсия» ва «террористу гуруҳи террористӣ» фарқият замину осмон аст. Дар назар бояд гирифт, ки ин номардон ҳарифи сиёсӣ нестанд, балки террористон ва ҳамнишинонони террористон мебошанд, ки дар дар як осиёб об мерезанд.  Ҷиноятҳои сангине, ки онҳо содир намудаанд, ба категорияҳои ҷиноятҳои бахшиданашавандаи таърих дохил мешаванд. Мумкин Пешвои миллат бо ҷавонмардии фақат ба худи ӯ хос онҳоро бахшад, вале таърих ҳаргиз намебахшад, агар боз таърихро чаппа маънидод накунанд. Чуноне, ки Кабирӣ Ҳизби наҳзатро фаришта тасвир намуда, иштироки онро дар ҷанги шаҳрвандӣ инкор мекунад. Аз ҳама хандаовараш он аст, ки пас, оё месазад, кионҳоро «оппозитсия» гуем.

Дар интихоби истилоҳ дар муносибат ба онҳо бояд эҳтиёткорона муносибат намуда, чизҳоро бо номҳои худ маънидод намоем. Мухолифи сиёсӣ ё худ оппозитсия назар ба террорист мафҳумест, ки дар доираи меъёрҳои демократӣ амал намуда, хиёнат ба Ватан ва миллатро роҳ намедиҳад. Аммо, чуноне, ки бори дигар мо дар таҷрибаи террористони мазҳабгумкардаю шарафгумкардаи худ мебинем, барои онҳо миллат, мазҳаб ва ватан арзише надошта, бо истифода аз домони САҲА бешармона кибертерроризми худро амалӣ намуда истодаанд.

Таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон амалан ин паймони хиёнатпешагони ҲНИ  мебошад, ки Кабирӣ, И.Ёқубов, ки ба ном Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказиро таъсис додааст, сар карда ва фаъоли ин ташкилоти террористӣ буда, Алим Шерзамон ҷинояткор ва майзадаест, ки барои ҷиноятҳои қаллобӣ, бояд дар назди қонун ҷавоб гуянд. Ҳайф аст, ки ин ҷиноятпешагону хиёнатпешагон аз номи бузурги Тоҷикистон истифода мебаранд. Аслан, агар аз руи ҳақиқату адолат баҳо диҳем онро бояд «Паймони хиёнатпешагон» ном монда, номи Тоҷикистонро ҳаргиз набояд бо ин ном доғдор намуд. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки истифода аз номи Тоҷикистон дар номгузории ин паймон метавонад боиси поён рафтани имиҷи сиёсии давлат гардад, зеро Тоҷикистон кишвари бузургмардон аст, на буздилони хиёнаткор.

Хиёнати Кабирӣ ба ҳама ҳамсафону ҳаммаслаконаш пеш ҳама дар он зоҳир гардид, ки буздилона баъди ифлос намудани ҷойи нишасташ ба хориҷа бо аҳли оилааш фирор намуду, имрӯз аз онҳо ҳамчун сипар барои худ истифода бурда истодааст. Изҳороти ӯ дар бораи он, ки «ҳайати барои музокира бо Ҳукумат аз ҲНИ дар Душанбе аст» таҳқир нисбати эҳсосот ва ҳиссиёти он нафаронест, ки бо айби Кабирӣ имрӯз дар махбасанд. Таҳқир нисбати наздикони онҳост, ки бо айби ин ҷинояткор азоби сахти рӯхӣ дар назди ҷомеа мекашанд. Табассуми маккоронаи ӯ нишонаи туф карданаш ба ҳама ҳаммаслаку ҳамсафони собиқаш аст. Бо ин амалаш ӯ мехоҳад иброз намояд, ки «ҷойи ман дар бағали хоҷагонам гарм аст, Шумо ҳисобатонро ёбед».

Дар фарқият аз Кабирии маккор Гадоеви аз диди руҳи нуқсондор бошад, эҳсосашро пинҳон карда натавониста, ба мисли девонае, ки ба як чиз часпида мегирад, боз ҳамон суханҳои куҳнаашро такрор ба такрор гуфта, гоҳ аз бадахшониен сухан оғоз мекунаду, гоҳ аз «манбаҳои худ аз Кумитаи амнияти миллӣ». Ба ҳар нафаре, ки ақли солим дорад яқинан маълум аст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ маҳз «дезинформация» яке аз василаҳои пешбурди муқовимат ба ҳисоб меравад. Вале ин, ҷунун, фаромӯш кардааст, ки дезинформация ҳам талаботҳои худро дорад. Гоҳ низомиёни хориҷиро ба Бадахшон меораду, гоҳ ҷинояткоронро «лидер» меномад. Гоҳ адолатро ҷонибдорӣ мекунаду, гоҳ аз ҳазорҳо нафар мубталоёни маводи мухаддир дар доираи ақли маҳдуди худ фаромӯш карда, наркобаронҳоро  «шахсони бонуфуз ва обруманд» меноманд. Хандаи касс меояд вақте, ки ин ҷунуниро касс гуш мекунад. Ба фикрам, дар изҳороти ояндааш ба «манбаҳои худ дар СММ ва НАТО» ҳам маълумот пешкаш мекунад.

Чеҳраи манфури ҳар яке аз ин ҷинояткорон аз диди психологӣ ноқисиҳои худро дорад. Табассуми маккоронаи Кабирӣ нишонаи музаффар гаштанаш бар аблаҳони дигараш аст, ки имрӯз ӯро ҳамчун роҳбари Паймон пазируфтанд. Барои ӯ ҳамин бас аст, то боз сармояаашро ғанӣ гардонида, дар Аврупо кайфу сафо карда гардад. Нигоҳи пурташвиш ва ноороми Гадоев нишонаи дудилагааш аз воридшавӣ ба ин Паймон аст, зеро ӯ дар Гуруҳи 24 дигар мавқеъ надошт ва муддате чун гурги танҳо буд. Ҳароси танҳои ӯро ба бағали Кабирӣ тела дод. Вақт довар аст, боз мебинем, ки рӯзе бағали Кабири барояш хунук шуда, боз бағали дигаре хоҳад кофт.

Алим Шерзамон бошад аслан на аз руйи принсипи ҳизбӣ ва мазҳабию эътиқодӣ, на аз руйи сатҳи дарки масъала ба ин гурӯҳ пайвастагии ҷавҳарӣ надорад. Ягона картае, ки Кабирӣ тавассути Алим бозӣ дорониданӣ мешавад ин гуруҳи муташаккили ҷиноии ба фуруши яроқ ва маводи мухаддир машғулбудаи Хорӯғ аст. Ин аст, ки Гадоеви ҷиннӣ ҳам аз онҳо дар ин доира ҷонибдорӣ намуда истодааст. Вобаста ба ин Алим худашро дар ин чаҳоргона метавонад озод ва эрка нигоҳ дорад. Зеро ин картаро паймони хиёнатпешагон боз ба кор даровардан мехоҳанд.

Ёқубов бошад дастпарвари Кабирист, ки дар бозии чорнафара картаи муҳоҷиронро бозӣ дорондан мехоҳад. Ва дур нест он рӯзе, ки маҳз бо ҳамин карта дар ҳолати «дурак» қарор мегирад. Зеро нафаре, ки худ узви ташкилоти террористӣ хаст чи гуна боз метавонад дар кишвари бегона аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ намояд. Дар баробари ин бояд ба инобат гирифт, ки ҳайати муҳоҷирони дар Аврупо қарордошта ин муҳоҷирони дар Руссиябуда нестанд. Хубу бадро нағз дарк кардаанду медонанд, ки ҳадафи ин ғуломон чист.

Мазҳакаи САҲА ҳам ба охир мерасад, дарро боз пушида мешаванд. Аҷибаш он аст, ки ин  «фоҳишаҳои сиёсӣ» бо мақсадҳои террористонаи худ бедарак аз он, ки дар таърихи давлат худро шарманда карданд, боз ба чи амале даст мезада бошанд. Ҳайф, ки ин хиёнатпешагон тоҷиканд.

 

Маъруф  Соҳиб

рӯзноманигор