Изҳороти собиқадорони ноҳияи Ёвон оид ба созмонёбии иттиҳоди «Паймони миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби чанд хиёнаткори ватанфурўш созмон ёфтааст.

  • Posted on: 18 September 2018
  • By: korbar

Мо, собиқадорони ноҳияи Ёвон, ки таҷрибаи рўзгорро азбар кардаему, сабабҳо ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро дар тарозуи ақлу тадбир баркашидаем, аз ҷониби 4 нафар ашхоси хиёнатпешаи ватанфурўш- Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофуддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов созмон ёфтани иттиҳоди «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро найранги навбатии мухолифини ҳукумат арзёбӣ мекунем.

Аввал ин ки чор нафари номҳояшон зикргардида ҳуқуқи аз номи миллати тоҷик баромад карданро надоранд, онҳо ҳақ надоранд, ки худро намояндаи як миллат муаррифӣ кунанд. Сониян идеяи таъсиси додани иттиҳоди мазкур аз андешаву ақидаи душманони миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон об мехўрад ва бинобар ин, он мақсади нафъ расониданро ба Тоҷикистон ва сокинони он надорад, балки баракс, барои заъиф намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таъсис дода шудааст.

Созмондиҳандагони иттиҳоди мазкур мехоҳанд бо ин иқдоми фиребанда усулҳои нави авомфиребонаи худро роҳандозӣ кунанд. Онҳо зўр зада бо ҳазор дурўѓу фитна ҳукуматро айбдор мекунанд ва даъвои сулҳу суботро доранд. Вале чӣ гуна сулҳ? Бо кӣ? Оё дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ нест? Балки ин муддаиён бо пиёда кардани нақшаву ниятҳои зишташон суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Кору амали онҳо тибқи дастуру роҳнамоии душманони хориҷии миллат ба роҳ монда шудааст ва инро халқи кишвар ба хубӣ медонанд. 

         Симои манфури роҳбарияти Ташкилоти террористию эксремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд овардани он ва мазҳабфурўшии аъзояш аз чашми мардум пинҳон намондааст. Ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ҳоло ба халқу ватани мо заррае фоида наовардааст, балки зарару зиён оварда, худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон додааст. Иғвоангезии навбатии онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад.

         Пешрафту ободии имрўзаи Тоҷикистон, рушди босуръати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизи мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

 

         Ҳамватанони худогоҳи мо ҳаргиз фирефтаи даъвоҳои пуч ва суханони фиребандаи се-чор ҷоҳталаб намегарданд. Ин дасисабозон, ки аз фармоишоти хоҷагони хориҷиии худ як қадам берун намемонанд, асло дар пайи ободии Ватан набуданд ва нестанд.

         Мо, собиқадорон ва насли калонсоли ноҳияи Ёвон чунин амалҳои хиёнаткоронаро қатъиян маҳкум намуда, ҳамдиёрони муҳтарамро ба ҳушёриву зиракӣ даъват менамоем. Одами боақл ду бор фиреб намехўрад. Мову шумо, ки на як бору ду бор шоҳиди фитнакориҳои ашхоси болозикр ва пуштибонҳои бадасли онҳо гардидаем, оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз ёд набурдаем ва ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки онҳо иттиҳоду истиқлоли моро барҳам зананд.