Паймони паймоншиканон

  • Posted on: 18 September 2018
  • By: korbar

Дасисаву найранги Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар симои як хиёнаткори Ватан Муҳиддин Кабирӣ миёни ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёд ба вуҷуд овардааст. Гап дар бораи ҷаласае меравад, ки имрӯзҳо дар пойтахти кишвари Полша шаҳри Варшавагузашта истодааст.

Аз саҳифаҳои интернетӣ мебинем, ки зимни роҳандозии найранбозии навбатӣ М.Кабирӣ ҳамчун бӯқаламун пӯсташро иваз кардаасту мехоҳад ҷомеаро ба иштибоҳ андозад.

«Паймони миллӣ», воқеан ҳам номи баланду дилнишин, аммо яқинан ин маҳсули андешаи Кабирӣ не, балки лоиҳаест, ки чанд сол қабл аз тарафи олими сиёсатшинос Ҳафиз Бобоёров омода гардида буд (плагеат, дуздӣ дар рӯзи равшан).

Ҳар касе аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ҷараёни ҷаласаи мазкурро тамошо карда бошад, думравони Кабирӣ ақалан ба остонаи сиёсат нарасидаанд ва ҳатто одоби гуфторро ҳам намедонанд. Як ҷавони шаттоҳе аз ҷониби наҳзатиён мисли духтараки ба дасти авбошон афтода дод зада мегуфт: «Ана вай маро зад (намояндаи ҷониби ҳукуматро дар назар дошт, дар ҷавоби номардияш ки як мушти обдоре ба рӯяш фуровард)». Берун аз толори ҷаласа, сари кӯчаи аврупоие чунон дод мезаду ҳамаро ба таҳлука андохта буд, ки гумон мекардед ба номусаш расидаанд. Аён буд, ки ин спектакл режиссёр дорад ва онро пешакӣ омода кардаанд. Бозингарони спектакл мехостанд бо роҳи провокатсия ҷониби ҳукуматро ба ҷанҷолу хархаша кашида, сипас, онҳоро муттаҳам созанд (дар ин кор онҳо хеле маккоранду таҷрибаи бой доранд).

Алим Шерзамонов, Шарофуддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов ин се нафар хоинони Ватан, ки бо Кабирӣ дасти ба даст мерақсиданду аз паймони бебунёдашон шодӣ мекарданд, аслан медонанд, ки ҷонибдорони онҳо соат ба соат кам мешаванд ва амалӣ шудани нақшаву ниятҳои нопокашон ягон заминаи воқеӣ надорад. Онҳо аслан бозичаи дасти хоҷагони пуртаҷрибаи худ гаштаанд ва аз ин вартаи ҳалокат роҳи бозгашт ҳам надоранд, онҳо соат ба соат ба вартаи ҳалокат наздик шуда истодаанд. Дар тафаккури онҳо асло рушди Тоҷикистон ҷой надошту надорад. Аз пашша фил месозанду буҳтон мезананд, шаттоҳиву дасисакорӣ мекунанд, гӯр сӯзаду дег ҷӯшад мегӯянд, танҳо як ҳадаф доранд, мардумро гӯл зананду соҳиби ҳокимият шаванд. Аммо магар сиёҳро сафед гуфта мешавад, офтобро бо доман пӯшондан мумкин аст?

 

Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

                                                       (Фирдавсӣ)

Агар дар андеша ва ҳадафи Кабирӣ ва ҳампаймонҳои беномусаш заррае ҳақиқату садоқат мебуд, мухолифини дигари ҳукумати Тоҷикистон аз қабили Д.Атовуллоев ва Суҳроби Зафар (“Гурӯҳи 24”) аз онҳо рӯ намегардонданд.

Агар воқеан ҳам Кабирӣ хайрхоҳи миллати тоҷик бошаду Тоҷикистонро Ватани худ бидонад, пас, барои чӣ Давлати миллии моро, ки баъд аз садсолаҳои пурошӯб эҳё шудааст, эътироф намекунад? Барои чӣ рушду тараққиётеро, ки дар замони кӯтоҳи таърихӣ насиби мову Ватанамон гаштааст, инчунин заҳматҳои шабонарӯзӣ ва босамари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дида наметавонад? Ё ҳасодату душманӣ парда дар чашмонаш афкандаанд? Балки ӯ ҳамагӣ як мансабхоҳи хиёнатпешаи гумроҳ аст, дар вуҷудаш бухлу ҳасаду нотавонбинӣ ҷӯш мезананд, ҳарчанд ки ба мисли бӯқаламун чеҳрааш ботини манфурашро пардаи найранг пӯшонидааст.

Агар ин мазҳабфурӯши беҳамият дар фикри паймони миллӣ бошад, пас, чаро андешаву пешниҳодҳои фарзандони фарзонаи миллат, олимону нависандагонро нодида мегирад? Зеро хуб медонад, ки фарзонагон ҳаргиз бо дурӯяҳо созиш намекунанд.

Ба андешаи мо, ҳанӯз ки паймонаи сабри миллат лабрез нашудаасту пеши Худо ҳам дари тавба боз аст, бояд ин тӯдаи раҳгумзадагон бо сарварии Кабирӣ аз даргоҳи Офаридгор омӯрзиш бихоҳанду аз миллату давлати худ узрхоҳӣ кунанд ва дар эъмори Давлати ормонии миллӣ ақалан як хиште бигузоранд ё ҳеҷ набошад, аз хиёнату мақсадҳои нопокашон даст кашанд.

Дар ҳаққи миллате бадхоҳӣ кардан азимтарин гуноҳ аст, ки онро таърих ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Имрӯз миллати тоҷик соҳиби Пешвои арзандаву фидокор аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи ӯ собитқадамонаву шарафмандона ба сӯи ояндаи нек равона аст.

 

 

Азизов Исматулло,

мудири бахши дин, танзими анъана ва

ҷашну маросими мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон