Нақши хизматчии давлатӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва омезиши фарҳангҳову тамаддунҳо, дар баробари падидаҳои мусбат, мутаассифона, зуҳуроти манфӣ, аз он ҷумла бегонапарастӣ ва таъсири манфии фарҳангҳои бегона рӯ ба афзоиш дорад. Бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ падидаҳои номатлубе ҳастанд, ки оқибатҳои нохуш оварда, боиси халалдор гаштани авзои ҷомеа мегарданд. Мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб вазифаи аҳли ҷомеа аст ва аз ҳар як шахси худогоҳ масъулияти хосаро талаб менамояд. 

Миллати ориётабори тоҷик бо маърифати волою рӯҳи истиқлолхоҳ, хислатҳои озодагиву ворастагӣ, ҷасоратмандию ҳимматбаландӣ, инсондӯстию соҳибназарияш дар саҳифаҳои хотираи таърихи башар аз худ нақши барҷаставу нозудудание боқӣ гузоштааст. Мутафаккирони гузаштаи мо ҷойгоҳи суннату арзишҳои миллиро хеле баланд арзёбӣ намуда, бегонапарастиро боиси харобии маънавӣ ва суст шудани пояҳои фарҳангӣ ва сиёсии давлат медонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки душманони ҷаҳолатпешаи ин миллати фарҳангинажод бо дастони ғосибони фарҳангситез борҳо қасди нобуд кардани ин миллати хуршедсифатро намуда бошанд ҳам, ҳар дафъае тоҷики баландахтар аз тӯдаи хокистари кушкҳо ва китобҳои сӯзондашудааш дигарбора сар боло кардаву дигарбора ҳамчун офтоби зиндагибахш бо теғи анвораш синаи абри тираи накбату ҷаҳолатро дарида, зулматкадаи дунёро зиё бахшидааст. 

Дар ҳар давру замоне ин миллатро фарзандони бонангу ор ва олиму донишманде будаанд, ки аз идеяҳои созанда ва донишҳои фарогири онҳо на танҳо парвардагони ин марзу бум, балки тамоми ҷаҳону халқи он баҳравар гаштаанд.

Имрӯз ҳам бараъло мушоҳида мегардад, ки зимни таҳияи конститутсияҳои давлатҳои дунё нуктаҳои зиёде аз Эъломияи Куруши Кабир истифода мешаванд, давлатдории мутамаддини асри ҳозир аз шакл ва сохтори давлатдории Сосониёну Сомониён маншаъ гирифтааст, мазмуну муҳтавои боқимондаи китоби «Авасто» то ҳанӯз мавриди пажӯҳиши олимони ҷаҳон қарор дорад, ашъори Рӯдакиву Фирдавсӣ барин шаҳриёрони майдони сухан дар ҳама давру замонҳо манбаи эҷоду илҳом ва боиси тааҷубу таҳайюри шоирон ва эҷодкорони ҳама халқу миллатҳо ҳастанд, имрӯз дар Амрико “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ китоби серхонандатарин мебошад.

Воқеан, миллати мо дорои хислати каримона аст ва нишони олиҳимматии ӯ ҳамин аст, ки дар тӯли мавҷудияташ баҳри саодати аҳли олам (тамоми олам!) худро ҳамчун шамъ сӯхтаву сарвати маънавияшро бедареғ ба халқи ҷаҳон ато кардааст.

Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки дар ин замони ҷаҳонишавӣ ва даврони пурошӯби рақобати тамаддунҳо низ як идда сиёсатбозони муосир (маҳз сиёсатбозон, на сиёсатмадорон) ва иддае аз давлатҳои қудратманд, ки бо шӯрангезию фитнакорӣ ҷаҳонро ба коми оташ тела медиҳанд, намехоҳанд ин миллати вораста ҷавҳари аслии худро вонамояд. Зеро агар ҷавҳари аслии тоҷик намоён шавад дар ин дунё барои ҷаҳл, хурофот, худхоҳӣ, миллатпарастиву нажодпарастӣ ҷое боқӣ намемонад. Аммо онҳое, ки имрӯз худро абарқудратҳои олам мешуморанд, инро асло намехоҳанд. Ҳамаи ин он қадар хавфовару изтиробангез нест, агар афроди ҷомеаи мо удшинос бошанд, арзишҳои миллиро қадр ва ҳифз намоянд, ҳисси бегонапарастиву тақлидкории кӯр-кӯрона надошта бошанд.

Муносибатҳои тунду шадиди замони ҷаҳонишавӣ аз ҳар халқу миллате худшиносии вижа, тасмимгириҳои саривақтии хирадмандона ва ҳушёриву зиракии хосаро тақозо мекунад. Маълум аст, ки эманӣ ва рушду нумӯи миллатҳо асосан аз пешвоёни онҳо вобастагӣ дорад. Ҳар халқу миллате, ки пешвои оқил надорад, дар шароити кунунӣ ё маҳву нобуд мегардад ё ночор дастнигар ва ғуломи «абрқудратон»-и худком мешавад.

Бахти баланди миллати тоҷик аст, ки ана дар ҳамин гуна шароити барои давлатдорон хеле мушкил соҳиби пешвои арзанда гаштааст. Барҳақ, миллати мо аз нияти неки худ ба чунин Пешвои хирадманд сазовор гардидааст. Пешвои миллат, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон атои Офаридгор, ҳамон хуршеди иқбол аст, ки миллати мо тарҳу симои солорашро дер боз дар андешаи худ кашида буду шубҳае надошт, ки он рӯзе тулӯъ мекунад.      

Ободии Ватан ва иттиҳоду қудрати миллат ба афроди он вобастааст. Имрӯз ҳар як сокини мамлакат, пеш аз ҳама, роҳбарону масъулон ва хизматчиёни давлатиро шарт ва зарур аст, ки марому мақсади Пешвои миллатро мақсаду мароми худ қарор дода, бо дилу нияти пок ба хотири арвоҳи поки ниёгон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ояндаи ободи фарзандон ва ба тарзи шоиста муаррифӣ кардани миллату давлати худ софдилонаю садоқатмандона саъю талош варзанд.

Таҷрибаи талхи кишварҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ғайраҳо, ки имрӯз аз бемасъулиятиву бетарафии худи сокинонашон ба майдони бархӯрдҳои даҳшатбори қудратталабон табдил ёфтаанд, ҳар як фарди миллати моро водор менамояд, ки худогоҳ ва беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд, аз бегонапарастӣ ва пайравӣ ба фарҳанги бегона дурӣ ҷӯянд.

Шарт ва зарур аст, ки ҳамаи мо аз хонандаи мактабу коргари оддӣ сар карда, то роҳбарону масъулони давлатӣ вазифадорем, ки ба хотири оромии арвоҳи гузаштагонамон, бо мақсади таъмини ояндаи ободи фарзандону наберагонамон андешаи рушди миллатро аз манфиатҳои шахсии худамон боло гузошта, эҳтироми муқаддасот ва ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва вусъати худогоҳии шахсиро дар тафаккури худ ҷо намуда, ҳидоятҳои Пешвои муаззами худро дастури амал қарор диҳем.

Пешвои миллатамон бо ҳусни ният ва иродатмандии комил ба нерӯи бузурги мардуми кишвар итминони қавӣ доранд ва аз ҳамин нигоҳ аст, ки зимни суханронии хеш соли гузашта дар маросими таҷлили солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин изҳор намуданд: «Эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми шарифу ҳимматбаланди кишварамон мо ҳама мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, ниятҳои неки оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои сокинони мамлакат зиндагии боз ҳам беҳтару шоистаро таъмин менамоем».

Пешвои миллати мо омӯхтани таърихи гузаштаро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ шарти муҳимтарин ҳисобида, барҳақ таъкид намудаанд: “Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Воқеан, замони нав тақозо дорад, ки ҳар як марҳилаи таърихии халқу кишвар амиқан омӯхта, дар асоси суннатҳои созандаи аҷдодӣ маърифати миллӣ сайқал дода шавад, зеро надонистани таърих ва мояи ибрат қарор нагирифтани таҷрибаи гузаштагон дар роҳи расидани миллат ба мақсадҳои бунёдкорона монеаҳои сангин эҷод мекунад.

Табиист, ки марҳилаи нави таърихӣ, бо дарназардошти зуҳуроти муносибатҳои мураккаби ҷаҳони муосир зарурати пешниҳод намудани консепсияи нави тафаккури таърихиро ба миён гузоштааст. Дар ҳамин робита, асри нав аз ҳар як шахс худогоҳӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, нанги ватандорӣ, ҳамқадами замона ва ояндабин будан, одобу ахлоқи ҳамида, хислатҳои наҷиби инсондӯстона ва меҳнатдӯстию  созандагиро талаб мекунад.

Хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки дар роҳи таҳкиму тақвият додани рукнҳои Давлати миллӣ сарсупурдаи миллат бошанд ва дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии аҳли ҷомеа, алалхусу ҷавонону наврасон, баҳри дар тафаккури ҳамватанон ҷой намудани зиракии сиёсӣ ва паст намудани таъсири бегонапарастӣ содиқона саъю талош варзанд.

 

Маърӯзаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Файзиддини Муњаммадї дар Хонишњои идоравї, ки бо иштироки хизматчиёни давлатӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуд.