ГАР ВАТАН ИН АСТУ КОР ИН АСТ МО, ЯК ЗАМОН АЗ ПАҲЛУИ ШАМСУ ҚАМАР ҲАМ БИГЗАРЕМ…
Имрӯз бемуҳобо Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷаҳон шинохтаву эътироф намудааст ва машҳури дунё гардида аст, зеро ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад».
Вале гурӯҳе аз ашхоси сияҳдил аз рӯйи ғараз мехоҳанд садди роҳи пешрафти он гарданду сулҳу субот ва ваҳдати миллии онро, ки бо заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву насиби миллати тоҷик зиндагии шоистае гардидааст, халалдор созанд. Аз ҷумла, ғуломони зархариди хориҷӣ чун аъзои ҲНИТ бо роҳбарии М. Кабирӣ, ки фаъолияташон чун ҳизби террористӣ кайҳо манъ гардидааст, бо ҳар роҳу восита берун аз Тоҷикистон дар пайи аз байн бурдани сулҳу субот ва оромии миллати тоҷику Тоҷикистон кӯшиш доранд. Дар урфият мегӯянд, ки бо дуои кӯрмуш борон намеборад. Ва роҳи пешгирифтаи миллати тоҷик роҳи ободию сулҳу суббот аст ва Худованд ва ҳам бандагонаш некӯкоронро дӯст медоранд. Кӯшишҳои ин гурӯҳҳо беҳуда буда, миллати тоҷик боварӣ дорем бо ақлу заковати азалӣ ва таҳти роҳбарии Роҳбари хирадманди худ имрӯз ё пагоҳ Шамсу Қамарро фатҳ хоҳад кард.