Таҷикистон боз ҳам мунаввартар мешавад

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Тоҷикистони биҳиштосои мо баъди ҳазор  сол  соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва имрӯз Тоҷикистон роҳи пешрафти худро аниқ кардаву сокинонаш бод или гарм ва неруи қавӣ баҳри боз ҳам ободтар намудани он ҷаҳду талош доранд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миллати тоҷик дар бунёди иншоотҳои бузург, роҳу нақбҳои нав ба нав ва бунёди дигар сохтмонҳо саҳм мегирад. Дастоварди бузурги миллати тоҷик пеш аз ҳама сулҳу суббот аст ва барои ба таври абадӣ нигоҳ доштани он ҳар як сокини Тоҷикистон кӯшиш дорад. Мутассифона гурӯҳе аз нотавонбинҳо ва душманони миллати тоҷик чун аъзои ҲНИТ бо роҳбарии М. Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ин пешравию ободӣ ва зиндагии шоистаи сокинони Тоҷикистонро нодида мегиранд ё дидаву дониста баҳри халалдор намудани он кӯшиш менамоянд. Бо ҳар роҳу восита байни миллати  тоҷик низоъ андохтанӣ  мешаванд ва дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Варшава гирди ҳам омадани аъзои  ин гурӯҳҳо як далели навбатии халалдор сохтани оромию  сулҳу суботи тоҷикон аст. Вале на танҳо  миллати тоҷик, балки аҳли башар аз нияти ғаразноку дили сиёҳи аъзои ин гурӯҳҳо огоҳӣ пайдо карда. Ва ҳар як фарди солимақл дарк намудааст, ки ин гурӯҳҳо бо нияти нопок чун ғуломони зархарид танҳо хизмати хоҷагони хориҷии худро иҷро менамоянд.

 Имрӯз бо дили пур гуфта метавонем, ки миллати тоҷик худогоҳу худшинос аст ва роҳи пешгирифтаи вай ба сӯйи фатҳи қуллаҳои баланди ободию ободкорӣ ва сулҳу суботи абадӣ буда, асло намегузорад, ки душманони миллаташ ниятҳои нопоки худро  амалӣ созанд.