НЕКИРО НЕКӢ БАДИРО БАД РАСАД..

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Тибқи ахбори расонаҳои хабарӣ аъзои ҳизбу созмонҳои ҲНИТ, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон,  Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон дар Варшава ҷамъ иеоянд ва ҳамоиши онҳо пеш аз ҳама андешаронӣ зидди давлати Тоҷикистон ва миллатӣ  тоҷик бояд бошад. Зеро Муҳиддин Кабирӣ  ва дигар ҳаммаслаконаш чанде қабл дар шаҳри Дортмунд ҷамъ омада тарҳи, фитнаи навбатиро нисбати Тоҷикистон  нияти тарҳрезӣ  доштанд.   Дар васоити ахбор онҳо чун «мухолифини тоҷик» муаррифӣ намудани худро  шояд мояи ифтихор медониста бошанд. Вале бо шунидани ибораи «мухолифини тоҷик» худ аз худ ниятҳои ғаразноки ҲНИТ ва ҳамаслаконаш нисбати миллати тоҷик пеши назар меояду касро ба андеша водор месозад, ки чӣ гуна аз ин гурӯҳҳо амали некро умед кард ва албатта ҳеҷ гоҳ, зеро ин афрод ба ватану миллати тоҷик хиёнат кардаву то ҳол лаганбардории хоҷагони хориҷиашонро намуда истодаанд. Бояд гуфт, ки ин гурӯҳҳо чи гуна нияте  дошта бошанд, албатта мукофоти амали худро мегиранд, зеро некиро некӣ, бадиро бад расад. Шояд ин гурӯҳҳо, аз ҷумла роҳбари ҲНИТ  М. Кабирӣ оқибати кори худро дарк намудааст, ки чун гурги посӯхта ҷойи нишаст наёфта худро ба ҳар дар мезанад.