МИЛЛАТИ ТОҶИК ВАҲДАТСОЗУ БУНЁДКОР АСТ ВА СУЛҲДӮСТӢ ПЕШАИ ӮСТ

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Сулҳу ваҳдати  тоҷикон дар саросари ҷаҳон маъруф гаштаву мавриди омӯзиши марказҳои илмиву тадқиқотии олам қарор гирифтааст. Дар тамомӣ гӯшаву канори кишвар бунёдкориву ободонӣ авҷ дорад ва аз ҳама муҳим эътимоду арҷгузории мардуми ин сарзамини биҳиштосо ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ қавӣ гардидаасту мегардад. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз байн бурдани мушкилиҳои зиёди солҳои аввали  соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва бо қадамҳои устувор ба ҷодаи рушд ворид гардидан бо сиёсати гуногун ҷабҳа ва  бобарори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад.

            Вале и пешрафти ҷабҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва зиндагии хуши миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба гурӯҳҳои нотавонбини ифротӣ ва террористӣ хуш намеояд. Ин аст, ки дур аз ватан таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ аъзои  ҲНИТ ва ҳаммаслаконашон роҳҳои халалдор сохтани зиндагии осоиштаи миллати тоҷикро бо ҳар  роҳ амалӣ сохтанианд. Дар шаҳри Варшава ҷамъ омадани онҳо нишони фитнаи навбатии онҳост дар ин роҳ. 

            Миллатӣ тоҷик худогоҳу худшинос будаву соҳиби  нангу номуси қавӣ аст, барои нигоҳ доштани сулҳу суботи ватан талош дорад ва ифтихор мекунад, ки  дар чунин як кишвари биҳиштосо зиндагӣ дораду фарзанди фарзонаи миллат Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари  хирадманду халқпарваре  ӯро роҳнамоӣ  дорад. Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин давлату миллатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, Саодат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки ватани азиз – Тоҷикистон  ва сокинони он аст.