БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД…

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Тоҷикистони биҳиштосои мо  27 сол мешавад,ки дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар ин давра рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мустаҳкам гардиданд ва бисёр давлатҳои тараққикардаи дунё бо кишвари мо робитаҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудаанд. Имрӯз  Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷаҳон шинохтаву эътироф намудааст. Истиқлолият ба ҳар як сокини ватани азизамон неъмати бебаҳоест ва он ифодагари рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватанию  соҳибдавлатӣ мебошад.

            Вале ин пешрафту гул-гушукуфии  Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи миллати тоҷикро баъзе нотавонбинҳо нодида гирифта, ё  дидаву дониста бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ин осоиштагӣ ва ваҳдати миллии шарҳвандони Тоҷикистонро халалдор созанд. Дар  рӯзҳои таҷлили ҷашни солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ҷамъ омадани аъзои ҳизбу созмонҳои террористию  ифродгарои   Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони  Тоҷикистон  ва ғайра боз як найранги сиёсӣ  ва  бадандешонаи онҳо дар халалдор кардани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон мебошад.

            Амали ин гурӯҳҳо  ҳикояи Мавлоно Ҷомӣ  «Сангпӯшт ва каждум» -ро  ба ёд меорад, ки ҳикоя бо байти  «Неши каждум на аз рӯйи кин аст, Тақозои табиаташ ин аст» ба охир мерасад ва ин гурӯҳҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд нақшаҳои тарҳрезӣ кардаи хоҷагони хориҷии худро  амалӣ  созанд.

            Вале мардуми шарафманду ба ору номуси тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро рӯз аз рӯз ободу зобо  намуда, соҳиби зиндагии  боз ҳам шоистатар гардида истодаанд.

            Тири ин гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ борҳо хокхӯрдаву боз хок хоҳад хӯрд, зеро бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд.