ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Мусаллам аст, ки дӯстию бародарии миллати тоҷику ӯзбек таърихи дуру дароз дошта ва ин ду миллат соҳиби дину мазҳаб, расму оини якранг буда, асрҳои аср чун дӯстону бародарони қарин зиндагӣ доранду дар ғаму шодии якдигар шарик.

Бо сайъу кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев дӯстии ин ду миллат боз ҳам мустаҳакамтар гардида, шодиву нишоти ин ду миллати ба ҳам дӯст бештар шуда истодааст.

Вале баъзе нотавонбинҳо дидаву дониста аз рӯи ғараз ба решаи ин дӯстӣ, ки хеле мустаҳкам аст, теша задан мехоҳанд. Дар расонаҳои интернетӣ ахборе паҳн гардида, ки гӯё нисбат ба миллати ӯзбек беҳурматӣ зоҳир гардида, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони ӯзбекӣ ва дигар фанҳоро бо ин забон манъ карда бошанд. Дар урфият мегӯянд, ки «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Айни ҳол дар ноҳияи Ёвон дар 6 муассисаи таълимӣ таълим бо забони ӯзбекӣ ҷараён дорад, ки дар он 1299 нафар хонанда, аз ҷумла 643 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 81 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Ҳамзамон дар ноҳия дар 21 муассисаи таълимӣ таълим бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст, зеро дар маҳалҳое, ки муассисаҳои таълимии дузабона ҷойгир аст, тоҷикону ӯзбекон дӯстона зиндагӣ доранд ва аз ин рӯ дар ин муассисаҳо таълим бо ду забон ба роҳ монда шудааст. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 11077 нафар хонандагон, аз ҷумла 5578 нафар духтарон таҳсил мекунанд ва ба онҳо 571 нафар  омӯзгорон таълим дода истодаанд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия 12376 нафар хонандагон бо забони ӯзбекӣ таҳсил намуда, бо ашёи хониш таъминанд. Омӯзгорон, ки шумораи умумии онҳо ба 652 нафар мерасад, чун омӯзгорони тоҷикзабон аз ҳамаи имтиёзҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян намудааст, бархӯрдоранд.

Ғараз аз бӯҳтону дурӯғҳои гурӯҳи нотавонбин ва дасисабоз танҳо як чиз аст – ҷудоиандозии миллати тоҷику ӯзбек ва аз байн бурдани дӯстии онҳост.

Вале ҳамаи ин беҳуда аст, зеро дӯстие, ки миёни миллати тоҷику ӯзбек буду ҳаст, риштаи он ногусастанист ва ҳарду миллат дӯстиро ҷустуҷӯ дораду аз амони гуфтугӯ.    

 

 

Ғаниев Музаффар  -     корманди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон.