МИЁНИ ИН ДУ МИЛЛАТ ДИГАР ҲАРФИ ҶУДОӢ НЕСТ

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: korbar

Дарахти дӯстӣ биншон,  ки коми дил  ба  бор  орад,

Ниҳоли душманӣ баркан,  ки ранҷи бешумор  орад.

           

              Ҳанӯз аз  замони бостон халқҳои тоҷику  узбек дар ҳамсоягӣ умр ба  сар мебурданд. Риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ бо  мурури замон ба  муносибатҳои хешу  таборӣ табдил ёфт.

            Асрҳои аср ин ду  миллат некхоҳи  якдигар  буданду дӯстона зиндагӣ карда, бо ҳам муносибати хайрхоҳона  доштанд.

            Инро дӯстӣ ва рафоқати ду  нафар шахсиятҳои машҳуру  намоёни  ин  ду  миллат, адибони шинохта Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ собит менамояд. Ҳанӯз  дар сари 15 дӯстию рафоқати онҳо,  ки намунаи барҷастаи муҳаббати инсон ба  якдигар  аст, дар байни хосу  ом  машҳур гардида  буд,  зеро мактаби адабие,  ки  устоду  шогирд  дар Ҳирот ташкил  намуда  буданд, дар  он  намояндагони  ин  ду  халқ таълим  мегирифтанд.

            Дӯстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то лаҳзаҳои охири ҳаёташон қатъ нагардид.

            Дӯстию ҳамкории ин ду  фарзанди барӯманди тоҷику  ӯзбек барои мустаҳкам  гардидани муносибатҳои ин  ду  халқ саҳми босазо гузоштааст. Ин дӯстию ҳамкорӣ имрӯз ҳам инкишоф  ёфта, мустаҳкам  мегардад.

           

            Ҳамсоя шахсест,ки тамоми умр дар паҳлуи мо зиндагӣ мекунад ва то дараҷае шарики зиндагии мо ба ҳисоб меравад, агар ҳамсоя хуб бошад тамоми умр бо ӯ муносибати хуб дорем, аммо ҳолатҳое ҳастанд, мо бо шахсе ҳамсоя мешавем,ки дорои хислатҳои номатлуби инсонӣ аст ва ё дар ниҳоди ӯ рашку ҳасад ва рақобат маскан гирифтааст. Маҳз ҳамин эҳсосҳои бемаънӣ дар ҳамсоядории мо ноҷӯрӣ тавлид мекунад.

            Вақте ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ҳамсоякишварамон Шавкат Мирзиёев  марзи ин ду мамалакат кушода гардид, шодиву сурури ин ду халқ интиҳо надошт. Ба хусус, ҳини тамошои он лаҳзаҳое, ки мардуми Узбекистон ба сарзамини тоҷикон қадам ранҷа намуданд хешу табор ва ёру дӯстони наздики худро ба канор гирифта, оби дидаи хешро аз бари рӯяшон пок мекарданд, ҳаргиз аз пеши назарам дур намешавад. Ин ашки талхи ҷудоӣ не, балки ашки шодӣ ва нишот буд. Ин манзараро ба воситаи оинаи нилгун дида банда низ беихтиёр гиристам. Ин лаҳзаҳо хеле ҳассос ва пурҳаяҷон буданд.

           Шукри ин падидаи нек, ки акнун риштаҳои дӯстии тоҷикону ӯзбекон, ки як умр бо ҳам алоқамандии хешутабори доштанду доранд, аз нав мустаҳкамтар гардид.

            Шукри истиқлоли миллӣ, шукр ба даргоҳи худованди бузург,ки ба сари давлат Эмомалӣ Раҳмон барин шахси соҳибмаърифату бофазл, фурӯтану хоксор, дурандешу сулҳпарвар омад. Хизматҳои бузурги ин шахсияти шинохтаву маҳбуби халқ аст,ки дар ин рӯзҳо тоҷикону ӯзбекони ду давлат озодона ба дидорбинии якдигар мешитобанд.

            Баъзан душманони ин ду миллат мехоҳанд тухми ҷудоиро байни ин миллатҳо пошанд. Дар шабакаҳои интернети навиштахоеро паҳн мекунанд, ки гӯё  муассисаҳои таълимии ӯзбекӣ боз дошта шудаанд. Нодидаю надониста чунин ҳарзагӯӣ баҳри чист, номаълум.  Дар ноҳияи Ёвон 6-то муассисаи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 1299 нафар ӯбекзабонҳо таълиму тарбия мегиранд. Инчунин дар ҳудуди ноҳия 21 муассисаи таълимии  дузабона буда, дар онҳо 11077 нафар толибилмон бо забони ӯзбекӣ таълиму тарбия мегиранд.  Ку мантиқ, оё нотавонбинони ин ду миллат аз ҳарзагӯиҳои худ шарм намедошта бошанд?  Мақсади ҳамаи ин иғвоҳо миёни ин ду миллати дӯсту бародар боз тафриқаандозӣ ҳасту халос. Душманони ин ду миллат боз мехоҳанд, ки ба ин наздикшавӣ ва рафтуову мустаҳкам шудани риштаҳои иқтисодию сиёсӣ, аз байн рафтани нобоварӣ, боз ба ҳам наздик шудани хешу таборони дар ҳар ду тараф истиқомат мекардагӣ рахна зананд. Ин қувваҳои аҳриманнажод боз мехоҳанд, ки аз нав тухми кинаву адоватро барангезанд.

               Ҳаракати автобус байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд бо шарофати имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи хизматрасонии роҳҳои автомобилгард дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти имсол имконпазир шуд. Инчунин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо имзои чандин  санадҳо   роҳро барои  ривоҷи ҳамкорӣ дар тамоми  соҳахо кушод ва ҳаракати озодонаи шаҳрвандони ду кишвар шуд. Аз тарафи дигар рафту омади автобусҳо на фақат қадами бузургест барои таҳкими робитаҳои дӯстона байни ду кишвар, балки барои рушди сайёҳӣ, пешрафти ҳамкориҳои иқтисодӣ, додугирифт миёни тоҷирони ду кишвар ҳам мусоидат хоҳад кард.

           Ҷомеашиноси англис Р. Грэннис навиштааст: «Ҳамсоядорӣ дар муносибат ба ҳамқавм будан, якҷоя иштирок кардан дар ҷамъомадҳои гуногун мустаҳкам  гардида инкишоф меёбад. Ин мазмун албатта, дуруст аст ва маҳз якдигарфаҳмиву ҳамдилӣ, аз зиндагиномаи якдигар воқиф будан метавонад подоши хубе ба муносибату одамгариамон диҳад.

            Албатта, мардуми тоҷику ӯзбек вобаста ба расму русум, дин, анъанаҳо ва дигар урфу одатҳои худ ба якдигар наздикӣ доранд.

            Миёни ин ду миллати куҳанбунёд, ки риштаҳои хешу таборӣ доранд дигар ҳарфи ҷудоӣ ҷой намеёбад.

            Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз ёздаҳ аср муқаддам гуфта буд:

            Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

            Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

 

Қурбоналӣ Абдулоев, омӯзгор.