Ёвон – беҳтарин ноҳияи вилояти Хатлон

  • Posted on: 11 September 2018
  • By: korbar

Дар Озмуни Беҳтарин шаҳру ноҳия, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гузаронида шуд, ноҳияи Ёвон бар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурӯстӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар миёни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон соҳиби мақоми 2-юм ва мукофотҳо гардид.

Дар ин давра ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 1 миллиарду 35 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,3 миллион сомонӣ зиёд аст.