Ёвон : таҷлил аз Истиқлоли миллӣ.

  • Posted on: 8 September 2018
  • By: korbar

Бахшида ба ин ҷашни пурифтихори миллӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии пуршукӯҳ баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Амирбеки Темур меҳмонон ва сокинони ноњияро муборакбод гуфта, зикр намуд, ки “Истиқлолияти давлатӣ шарафи миллат аст ва миллати тамаддунсози тоҷик онро бо баҳои ҷон ҳифз менамояд. Сокинони ноҳияи Ёвон ҳама дастоварду пешрафти худро аз файзи Истиқлолияти давлатӣ дониста, баҳри таҳким бахшидан ба ин сарвати бебаҳо содиқона кору пайкор мекунанд”.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ муҳтарам Бобозода Шавкат ҳамчун намояндаи Ҳукумати ҶТ ҷашни Истиклолро ба иштирокчиёни чорабинӣ табрик гуфта, ба нишони қадрдонӣ аз заҳматҳои муваффақона ба раиси ноҳияи Ёвон Медал тақдим намуд.

Барномаи театрикунонидашудаи “Истиқлолияти давлатӣ шарафи миллат аст”, ки хеле ҷолибу пурмуҳтаво буд, шукуҳу шаҳомати ҷашни Истиқлолро дучанд кард.

Нигориши тасвирӣ аз ҷараёни чорабинии идона, лаҳзаҳои хушу хотирмон: