Тоҷикон ҳеҷ гоҳ қотил набуданд.

  • Posted on: 6 August 2018
  • By: korbar

Мардуми Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон аз ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, сахт андуҳгин буда, ҳодисаи мазкурро қотеъона маҳкум намуда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба зарардидагони ин фоҷиа шифои комил таманно мекунад.

ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ бо иҷрои ин амали нангин ва хоинонаи худ бори дигар ҳизби тероррист буданашро дар назди ин миллат ва кули ҷаҳониён исбот намуд. Ҳамчун як зан ба худ меандешам, ки ин Кабирии разил аз хоҷаҳояш чи миқдор маблағ гирифта бошад, ки қодир аст, амалҳои пастеро дар хоки сарзамини хеш, хоке, ки e дар он бузург шудаву то ба номи Кабирӣ расидааст, анҷом диҳад. Ба Кабирии лаънатӣ ва ҳамдастону хоҷагонаш муроҷиат намуда гуфтанием, ки дигар ягон тарзу усул, васила ва нақшаҳои разилонаи ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ дар хоки сарзамини Тоҷикистон ва ҳатто дар миёни муҳочирони меҳнатию шахсони гумроҳи тоҷик амалӣ намегардад. Он ҷавонони гумроҳе, ки имрeз бозичаи нақшаҳои нангину разилонаи шумо мегарданд,  наздикон ва ё ҷавонони гумроҳи қаблан мағзшe намудаи шумост. Дигар даст аз сари ин миллат, ин давлат бардор. Худро камтар дар назди хоҷаҳоят шарманда ва ноком соз, беинам ту дар тамоми ҷаҳон ҳамчун шахси разил ва хоини миллат дониста шудаӣ. Барои инсони бовиҷдон аламовар он аст, ки миллат eро аз хоки Ватанаш пеш кунанд. Кабирӣ ва ҳамаслаконаш то охири eмр барои як мушти хоки Ватан дар ғарибӣ мисли саг мемиранд. Ба фикри банда ин нақшаҳои разилона нақшаҳои Кабирӣ ва узви ТЭТ ҲНИ нест, чун ақли Кабирӣ дигар ба ин нақшаҳо ба кор намеояд, зеро e ба як бозичае табдил ёфтааст, ки танҳо бо ишора ва имои дигарон ҳаракат мекунад. Кабирӣ имрeз аз ҷони худ безор аст, аммо илоҷи дигар надорад, зеро хешу ақрабо ва наздиконаш дар хатаранд.

Имрeз ҷаҳониён мардуми тоҷикро бо василаи Пешвои муаззами хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як миллати меҳмоннавоз, фарҳангдeст ва тамаддунофар шинохта, сарзамини биҳиштосои Тоҷикистонро ҳамчун мавзеъи сайёҳӣ эътироф намуда, имрeз барои истироҳату саёҳат ба ин кишвари афсонавӣ омада, барои хеш таассуротҳои нек мегиранд. Ташрифи пай дар пайи сайёҳони хориҷӣ, маҳбубият пайдо намудани мардуми тамаддунофар ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон рашку ҳасуд ва нигаронии хоинон гардидааст.

Бахусус эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати сайёҳони хориҷиро ба сарзамини Тоҷикистон афзун намуда, раводит бештар гардидааст. Махсусан, сулҳу суббот ва ваҳдати ҷовидона, сиёсати сулҳҷeёнаи Пешвои муаззами миллат барои ҷаҳониён шоистаи таҳсин ва сазовори омeзиш  аст.

Ҳамчун, як зан ба худ меандешам, ки ин Кабирии разил аз хоҷаҳояш чи миқдор маблағ гирифта бошад, ки қодир аст, амалҳои пастеро дар хоки сарзамини хеш, хоке, ки e дар он бузург шудаву то ба номи Кабирӣ расидааст, анҷом диҳад. Ба Кабирии лаънатӣ ва ҳамдастону хоҷагонаш муроҷиат намуда гуфтанием, ки дигар ягон тарзу усул, васила ва нақшаҳои разилонаи ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ дар хоки сарзамини Тоҷикистон ва ҳатто дар миёни муҳочирони меҳнатию шахсони гумроҳи тоҷик амалӣ намегардад. Он ҷавонони гумроҳе, ки имрeз бозичаи нақшаҳои нангину разилонаи шумо мегарданд,  наздикон ва ё ҷавонони гумроҳи қаблан мағзшe намудаи шумост. Дигар даст аз сари ин миллат, ин давлат бардор. Худро камтар дар назди хоҷаҳоят шарманда ва ноком соз, беинам ту дар тамоми ҷаҳон ҳамчун шахси разил ва хоини миллат дониста шудаӣ. Барои инсони бовиҷдон аламовар он аст, ки миллат eро аз хоки Ватанаш пеш кунанд. Кабирӣ ва ҳамаслаконаш то охири eмр барои як мушти хоки Ватан дар ғарибӣ мисли саг мемиранд. Ба фикри банда ин нақшаҳои разилона нақшаҳои Кабирӣ ва узви ТЭТ ҲНИ нест, чун ақли Кабирӣ дигар ба ин нақшаҳо ба кор намеояд, зеро e ба як бозичае табдил ёфтааст, ки танҳо бо ишора ва имои дигарон ҳаракат мекунад. Кабирӣ имрeз аз ҷони худ безор аст, аммо илоҷи дигар надорад, зеро хешу ақрабо ва наздиконаш дар хатаранд.

Имрўз парда аз рўйи ҳама найрангу фиреби ТЭТ ҲНИ бардошта шудааст, мардум онҳоро бо чеҳраи аслиашон шинохтаанд. Бо андеши банда мо то ҳанўз гуфта наметавонем, ки мо пирўз гаштааем, чун онҳо ҳанўз ҳам дар пайи нақшаҳои разилонаи худ мебошанд, то ҳанўз пайравонашон дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият доранд, то ҳанўз давлати Исломии Эрон онҳоро пуштибони менамояд.

            Мо мардуми куҳансолори тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзем, чашмонамонро кушода кунем, сиёҳро аз сафед фарқ кунем ва вақти он расидааст, ки ба қадри сулҳу салоҳ ва заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

            Бори дигар ба мардуми дeсту бародари Амрикову Ҳолланд ва Шведсария, ба пайвандони  кушташудагон тасалият мегуйем. Дар воқеъ хиҷолатзадаем ва ба тамоми мардуми дунё мегӯем, ки ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ ҚОТИЛ НАБУД…