Ҳисоботи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018

  • Posted on: 9 July 2018
  • By: korbar

                                                   

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалаии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар нимсолаи аввали соли 2018 баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 787 млн. 591,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146 млн. 85,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 600 млн. 572 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 187 млн. 19,3 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Нақшаи пешбинишудаи даромади буҷети маҳаллӣ ба қадри 89,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 82 млн. 193,9 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 73 млн. 591,9 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки нисбати нақша 8,6 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 7 млн. 363,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷа дар ин давра 97,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз 41 млн. 611,0 ҳазор сомонии банақшагирифташуда 40 млн. 497,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо азхуд гардида, барои соҳаҳои маориф 26 млн. 426,8 ҳазор сомонӣ (94%), тандурустӣ 8 млн. 884,5 ҳазор сомонӣ (106%), мақомоти роҳбарикунанда 1 млн. 313,6 ҳазор сомонӣ (98%), мудофиа 225,2 ҳазор сомонӣ (115%), фарҳанг ва варзиш 559,9 ҳазор сомонӣ (104%), соҳаи кишоварзӣ 107,6 ҳазор сомонӣ (93%), хоҷагии манзилию коммуналӣ 658,3 ҳазор сомонӣ (125%), сохтмон 1 млн. 390 ҳазор сомонӣ (100%), иҷтимоиёт 84,4 ҳазор сомонӣ (109%), нақлиёт ва коммуникатсия 148,0 ҳазор сомонӣ (100%) ва барои дигар хароҷотҳо 148,0 ҳазор сомонӣ  маблағгузорӣ карда шудааст.        

Дар корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ 28 млн. сомонӣ музди  меҳнат ҳисоб карда шудааст, ки аз ин маблағи андози иҷтимоӣ 6 млн. 90,0 ҳазор сомониро  ташкил  медиҳад. Дар ин давра маблағҳои андози иҷтимоӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ ба буҷа ворид  карда шудааст.

Бақияпулиҳои андозҳои давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 8 млн. 327,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба аввали сол 2 млн. 770,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Кишоварзони ноҳия аз имконияту шароитҳои дохилӣ истифода бурда, имсол дар майдони 25159 га кишт карданд (100,1%), ки аз он 6878 га зироатҳои ғалладонагӣ (6132 га гандум, 350 га ҷав, 221 га маккадон), 12070 га зироатҳои техникӣ (11500 га пахта, зағир 460 га, офтобпараст 70 га, хӯроки чорво 2646 га), 250 га картошка, 2000 га сабзавот (пиёз 900 га, 1160 га полезиҳо, 900 га пиёз) мебошад.

То 1 июли соли 2018 мувофиқи дархостҳои воридгашта хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ба маблағи 13 млн. 729,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуданд, ки ин ба ҳар як гектар майдони пахтазор 1,9 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Имрӯзҳо коркарди зироатҳои кишоварзӣ муташаккилона идома дошта, аллакай ҳосили хуби зироатҳои ғалладона, пиёзи барвақтӣ, полезиҳо ва мевагиҳо ҷамъоварӣ шуда истодааст. Коркарди байни қаторҳои пахта мунтазам ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз дар ҳама хоҷагиҳои ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия нармкунии 5-уми байни қаторҳои пахта ва ғизодиҳии 2-юм ба охир расонида шуда, баъзе хоҷагиҳо ба додани озуқаи  3-юми он оғоз кардаанд.

Дар майдонҳои пахтазор ҳар рӯз 96-102 адад тракторҳои нармкунанда машғули кор мебошанд, ки  онҳо ба ҳисоби  миёна ҳамарӯза 450-480 гектар байни қаторҳои пахтазорро нарм карда  истодаанд.

Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 5761 гектар майдони ғалладонагиҳо дарав карда шудааст, ки ин 84,0 фоизи майдони умумиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 19 ҳазору 835 тонна ғалладона (18960 тонна гандум), 4277 тонна картошка, 11611 тонна сабзавот (10 ҳазору 957 тонна пиёз), 1167 тонна полезӣ ва 2918 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба ҳар гектар майдони ғаллазор ба ҳисоби миёна ғалладонагиҳо 34,4 сентнер, гандум 35,0 сентнер, гандуми обӣ 41,0 сентнер, сабзавот 243,0 сентнер, полезиҳо 243,0 сентнер, картошка 171,0 сентнер ва меваҷот 38 сентнерӣ рост меояд. Айни замон ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.

Мувофиқи ҳисоботи фаврӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар майдони 6051 га (аз он 3396 га дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2355 га дар бахши аҳолӣ) кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин 96,9 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 380 га зиёд мебошад.

Соли равон дар 9 га заминҳои лалмӣ ва доманакуҳҳои намнокиашон ба парвариши ниҳолҳо мусоидаткунанда боғу токзор бунёд гардид (7 га боғ ва 2 га токзор).

Айни замон майдони ниҳолҳои бисёрсолаи ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 2469 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 1373 га боғот,  918 га токзор, 42 га тутзор ва 136 га боғҳои субтропикӣ мебошад. Аз майдони умумии  ниҳолҳои бисёрсола масоҳати 646 га боғ ва 796 га токзорҳои мевадиҳандаанд. 

Мувофиқи ҳисоботи фаврӣ истеҳсоли мева дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2918 тоннаро ташкил дода, алҳол дурнамои он ба қадри 61,7% таъмин гардидааст.

Чорводони ноҳия айни замон 21705 тонна хошоки дурушт захира намудаанд, ки ин баробари  57,0 фоизи дурнамо буда, аз он 5531 тонна беда, 5761 тонна тарбеда ва 10413 тонна коҳ мебошад ва 6991  тонна воҳиди  хӯрокаро  ташкил  медиҳад, яъне ба  1 сар  саршумори  шартӣ 7,9 сентнер рост меояд.

Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ алҳол 95 789 сар чорвои шохдори калон (аз он 48 ҳазору 523 сар модагов), 182 637 сар бузу гӯсфанд, 229 726 сар паранда, 6237 сар асп, 4 394 оилаи занбӯри асал  парвариш ёфта истодааст.  .

Истеҳсоли гӯшт (бо вазни зинда) 1623,7 тонна,  шир 9945,7  тонна, тухм 369,3 ҳазор дона, асал 18,6 тонна ва пашм 191,2 тоннаро ташкил дод.

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ содироти маҳсулот берун аз марзи ҷумҳурӣ мебошад. Мувофиқи нақшаи пешниҳодшуда соли ҷорӣ бояд 2800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, полезӣ ва меваҷот содирот карда шавад. То 1 июл аз ноҳия 2850 тонна сабзавот содир карда шудаст, ки ин 101,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Пардохти маблағи ҳаққи истифодабарии об ин давра ба 730,2 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Бо харҷи 34,3 ҳазор сомонӣ ҳолати мелиоративии 65,7 га замин беҳтар гардонида шудааст. 

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 600 млн. 572 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбати  ҳамин давраи соли гузашта 131 млн. 926 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 28,2  фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат зиёда аз 1 млн. 59 ҳазор тонна семент, 645 ҳазор дона ғишти сементӣ, 300 тонна оҳаки сохтмонӣ, 71,1 тонна равғани растанӣ, 10 ҳазору 459 тонна орд 858,5 тонна риштаи бофандагӣ, 2 млн. 266 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 202 ҳазор дона хишти пухта, 1 млн. 216 ҳазор дона гаҷкартон, 2284 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва дигар номгӯи маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Дар доираи иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар натиҷа истеҳсоли маҳсулотҳои нави  воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 498 ҳазору 437 тонна семент, 35 тонна намаки ошӣ, 164 ҳазору 506 дона гачкартону варақаҳои гачӣ, 756,4 тонна риштаи пахтагин, 1 млн. 990 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ва 75,1 тонна риштаҳои рангкардашуда ба маблағи умумии 217 млн. 432 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 78 млн. 733 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо содироти маҳсулот бомаром идома дорад.

Соли ҷорӣ дар ноҳия мавриди истифода қарор додани се коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ин муддат ду адади он (коргоҳи ордбарорӣ, коргоҳи истеҳсоли шифер) ба истифода дода шуданд.     

Дар ин муддат баистифодадиҳии фондҳои асосӣ ба 22 млн. 452 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 129 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 145 иншооти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, иҷтимоию фароғатӣ, манзилҳои хусусӣ ва ғайраҳо мавриди истифода қарор дода шуданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, бинои хуштарҳи замонавии панҷошёна, ки дар он колеҷҳои тиббӣ ва технологӣ ҷойгир карда мешаванд, бинои маъмурии Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия,  якчанд биноҳои истиқоматии миёнаошёна ва аввалин бинои истиқоматии нуҳошёна дар шаҳраки Ёвон ва даҳҳо иншооти дигар босубот идома дорад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби Шабакаҳои барқии ноҳия 216,3 млн. кВт.с нерӯи барқ қабул карда шудааст, ки аз ин 186 млн. кВт.с барқи фоиданок ва 13,8 фоизашро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобкардашуда 62 млн. 908 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он  60  млн. 561 ҳазор сомонӣ ё ин ки 96,3 фоиз ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин давра 12 ҳазору 260 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ кашонида, 15 ҳазору 600 метри тӯлонӣ ҷӯйборҳои обгузар аз лойю ифлосиҳо тоза карда шудаанд. Дар мавсими ниҳолшинонӣ 350 бех дарахтони ороишӣ, инчунин, то ин ҷониб 7500 ҳазор бех гулҳои садбарг ва 2500 дона гулҳои мавсимӣ дар кӯчаҳо ва гулгашту хиёбонҳои шаҳраки Ёвон шинонида шуд.

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгард 453,6 км-ро ташкил дода, аз он 233,5 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 79,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 16 пул аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия нигоҳубин ва таъмир карда мешавад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар ин муддат аз буҷаи маҳал 159 ҳазор сомонӣ ва ҷумҳуриявӣ 121 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 120 км таъмири ҷорӣ ва дар 1,2 км таъмири асосӣ гузаронида шудааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ созандагӣ дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ташаббуси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар 6 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, ки дар тавозуни ягон ташкилоту муассиса қарор надоранд, таъмири ҷорӣ, дар 17,9 км корҳои сангфаршкунӣ гузаронида шуд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Имрӯзҳо корҳои барқарорсозии пули калонҳаҷми маркази ноҳия, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд, идома дорад. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пул 23 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз аз он дар ҳаҷми 14,6 млн. сомонӣ, ки аз ин 5,2 млн. аз буҷаи маҳал ва 9,4 млн. аз ҳисоби соҳибкорон мебошад, корҳои оҳану бетонӣ, зерпояву таҳкурсигузорӣ ва кашонидани сангу шағал иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома доранд.

Дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1208 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуданд ва 733 нафари онҳо бо кор таъмин гардида, 100 нафар шаҳрвандони тахассуси корӣ надошта ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 299 нафар аз рӯи ихтисосҳои коргузор, кор бо компютер, бофанда, дӯзанда, гулдӯз, зардӯз, қолинбоф, кафшергар ва ошпаз ба касбомӯзӣ фаро гирифта, 54 нафар тавассути шаҳодатномакунонӣ тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби ҳуҷҷат гардонида шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 7 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо иштироки намояндагони ҷамоатҳо ва корфармоён гузаронида шуд.

Бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №506 аз 26 ноябри соли 2016 “Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” дар ин муддат 33 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти самараноки соҳаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои муайянеро роҳандозӣ намуд.

Алҳол дар ноҳия 83 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей, 1 мактаб-интернат, 2 гимназия, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд, ки дар ҳамаи онҳо дар соли таҳсили сипаришуда 51492 нафар хонандагон ва 2435 нафар омӯзгорон (аз ҷумла занон: 1146 нафар) ба кори таълиму тарбия машғуланд.

Теъдоди муассисаи томактабӣ 7 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 929 нафар кӯдакон ҷалб карда шудаанд. Шумораи кормандони боғчаҳои кӯдакона 100 нафарро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки имсол мураббии муассисаи томактабии №4 Бобиева Б. дар озмуни вилоятии “Мурабби сол” сазовори ҷойи сеюм гардид.

Мутобиқи талаботи моддаҳои 53 ва 54-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар давоми се соли охир 57 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 7 нафар омӯзгорони ҷавон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Ҷиҳати рафъи мушкилоти соҳаи маориф, аз ҷумла норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар соли таҳсили 2017-2018 дар деҳаи Меҳристони деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бинои нави ҳозиразамони МТМУ №57 барои 640 нафар, инчунин дар назди 11 муассисаи таълимӣ 23 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд ва ҳоло дар кӯчаи ба номи А.Ҷомии шаҳраки Ёвон сохтмони бинои сеошёнаи як муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар назди 17 муассиса бунёди 45 синфхона идома ёфта истодааст.   

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии иттиҳодияҳои динӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то оғози соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1334 миз, 2668 курсӣ ва 162 тахтаи синфӣ дастрас карда шавад.

Ҳамчунин, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар ноҳия сохта ба истифода додани 8 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ ва 12 бинои иловагии таълимиро ба нақша гирифтааст, ки дар сурати амалӣ гардидани он бисёр мушкилоти соҳаи таълу тарбия ҳалли худро меёбанд. 

Бо мақсади аз таъмир баровардани биноҳои муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф имсол аз ҳисоби буҷаи маҳал ҷудо намудани 1 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин рақам дар қиёс бо соли гузашта 196000 сомонӣ зиёд аст. Биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 5, 45, 75 ва 77 бе ҷалби падару модарон, пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ таъмир карда хоҳанд шуд.

Дар соли таҳсили баитмомрасида 137 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии худ аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳри Бохтар гузашта, 1180 нафар омӯзгорон ба семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Имсол 168 нафар хонандагони муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия дар даври сеюми (вилоятии) олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, 35 нафари онҳо, аз ҷумла 8 нафар хонандагони синфи 11 соҳиби ҷойҳои намоён ва мукофотҳо гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз ҳисбои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 1 нафар аз фанни география соҳиби ҷойи дуюм ва 2 нафар аз фанҳои химия ва биология соҳиби ҷойҳои сеюм дониста шуданд.

Бо мақсади дарёфти Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дохил шудан ба макотиби олии кишвар 77 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмуни вилоятӣ ширкат варзида, 20 нафари онҳо (аз ҷумла 10 нафар духтарон) ба гирифтани чунин квотаҳо мушарраф гаштанд.

Рафти ҳуҷҷатсупории хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дохил шудан ба донишгоҳҳою донишкадаҳои кишвар хуб буда, аз шумораи умумии 3034 нафар хатмкунандагон 2584 нафар, ё ин ки 84,6 фоиз ҳуҷҷат супориданд, ки ин нисбат ба соли хониши қаблӣ 260 нафар зиёд мебошад.

Барои ба истироҳати тобистона фаро гирифтани хонандагони муасисаҳои таълимӣ, мутобиқи қарори дахлдори раиси ноҳия тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. То имрӯз 44 нафар кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 86 нафар хонандагони мактаб-интернат ба лагерҳои истироҳатии берун аз ноҳия равона гардида, имрӯзҳо дар аксари муассисаҳо лагерҳои наздимактабӣ созмон дода шуда истодаанд. 

Муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф, хусусан, боғчаҳои кӯдакон вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ гардонида истодаанд. Бо ҳамин мақсад, дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ экскурсияҳои хонандагон ба Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Камолиддин Беҳзод, Китобхонаи миллӣ ва Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе ва Қалъаи Ҳисор ташкил карда шуд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 муассисаҳои таълимии ноҳия бо мақсади таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ бо корхонаҳои ҶДММ “Каёнӯш” барои 16000 ҷуфт либоси мактабӣ, бо ҶДММ “Олимхони Хуҷандӣ” барои 10000 ҷуфт ва бо  корхонаи дузандагии шаҳри Бохтар барои 4000 ҷуфт сарулибоси мактабӣ шартномаҳои дутарафа ба имзо расониданд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷурахонов Баҳриддин имсол дар арафаи иди Фитр ба 59 нафар ятимони кулли ноҳия дар ҳаҷми 65900 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Маҷмӯан маблағҳои ба суратҳисоби ятимони кулл ирсолгардида то ба имрӯз 182007 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 11 нафар кӯдакони бепарастор дар асоси моддаҳои 147 ва 150-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони алоҳида ба васояту парасторӣ дода шуданд.

Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муддати сипаригаштаи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута дар кӯчаву бозорҳо ва ҷойҳои дилхушӣ 17 маротиба рейдҳои муштарак гузаронидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида 2 нафар ноболиғи душвортарбия ба омӯзишгоҳи махсуси ҷумҳуривии шаҳри Душанбе, 3 нафар ба маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва 3 нафар ба мактаби варзишӣ шомил гардонида шуданд.

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии назди муассисаҳои таълимӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар толори Кохи фарҳанги ноҳия семинар машварат доир карда шуд, ки дар он масъулини комиссияҳои мазкур, мувоинони расони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.

Кормандони соҳаи тандурустӣ дар давоми нимсолаи аввали соли равон бо мақсади иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои соҳавӣ як зумра корҳоро ба сомон расониданд. Шумораи умумии кормандони муассисаҳои тиббии ноҳия 1058 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 185 нафар табиб ва 873 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд.

Айни замон дар як қисмати комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ корҳои таъмирию азнавсозӣ идома ёфта истодаанд. Моҳи апрел бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳия 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 1 адад дастгоҳи тамизкунӣ, 1 контрасентратори кислородӣ, 1 монитори назди кати бемор, 1 неготоскоп, 10 кат ва дигар таҷҳизоти тиббӣ ворид гардиданд, ки маблағи умумии онҳо 71360 сомониро ташкил медиҳад.

Имсол дар асоси қарори дахлдори раиси ноҳия бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолии деҳот 9 бунгоҳи саломатӣ ба марказҳои саломатии деҳотӣ табдил дода шуданд. 

Аз 5 маркази саломатие, ки бунёд намудани онҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст, сохтмони 2-тои онҳо (дар деҳаи Дӯстии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов ва деҳаи Кӯлободи деҳоти Чоргул) дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

         Дар давоми шаш моҳи сипаришуда дар ноҳия 3060 нафар кӯдак таваллуд шудааст (нишондоди таваллуд 13,1%-промил). Аз ин шумора 17 нафар кӯдакон (0,5%) дар хона таваллуд ёфтаанд. Нишондиҳандаи таваллуди навзодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар зиёд ва таваллуди хонагӣ 22 ҳолат камтар ба қайд гирифта шудааст.

         Фавти ҳамагон дар ин давра 376 (+11) нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 302 (+36) нафар калонсолон, 74 (-25) нафар кӯдакону наврасони то 18-сола мебошанд (кӯдакони то 1-сола: 53 (-24) нафар).

         Аз аввали сол то имрӯз дар шуъбаҳои беморхона 9897 нафар беморон бистарӣ гардида, 9722 нафари онҳо вазъи сиҳатии худро барқарор кардаанд (иҷроиши кат/рӯз: 60,9 фоиз).

Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” дар беморхонаи марказӣ дар ин давра ба 13191 нафар хизмати ройгон расонида шудааст, ки маблағи он 464271 сомониро ташкил медиҳад. Дар сатҳи шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 31956 нафар беморон қабул карда шудаанд, ки аз ин 29818 нафарашон бори якум мебошанд.

Дар ин давра 7095 нафар шаҳрвандон аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам гузаронида шудаанд (аз ин 741 нафар аз муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда). 23 нафар ҳамчун гирифтори ВНМО бори аввал ба қайд гирифта шудаанд. Дар Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО ҳамагӣ 103 нафар беморон дар қайди диспансерӣ меистанд.

Маркази мубориза бар зидди ВНМО бо мақсади пешгирии ин бемории сироятӣ бо беморхонаи марказӣ ва шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, шуъбаи тиббии машваратии ҷавонон ва наврасон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, филиали КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттиллот ва тамоюл ба ҷавонон”, ШВКД дар ноҳия, шуъбаи маориф, литсейҳои касбӣ, коллеҷи тиббӣ ва рӯзномаи “Субҳи Ёвон” ҳамкории зич дошта, дар якҷоягӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.     

Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия тайи шаш моҳи аввали соли 2018 дар корхонаҳои истеҳсоли маводи хӯрока, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, ошхонаву дӯконҳо, бозорҳо, иншооти коммуналӣ ва муассисаҳои томактабию мактабӣ 272 маротиба санҷишҳо гузаронида, нисбати 195 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст. Дар рафти санҷишҳо 18 номгӯйи маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истифодаашон гузашта дар ҳаҷми умумии 694 кг аз муомилот гирифта шудааст. Аз ҷониби мутахассисони Марказ аз ҳисоби вайронкунандагони қонун дар ҳаҷми 23750 сомонӣ ҷарима рӯёнида, фаъолияти 32 нуқтаи фурӯши маводи ғизоӣ, бинобар сабаби ба талаботи қоидаҳо ва талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданашон муваққатан боздошта шудааст.

         Дар ин давра ҳамагӣ 134 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар бештар аст. Вазъи эпидемиологии ноҳия муътадил буда, бемориҳои домана, исҳоли хунин, дарунрав, солманелёз, зардпарвин, буғумдард, сӯзок, вараҷа ва хоришак ба қайд гирифта нашудааст. Бояд қайд кард, ки аз аввали сол то имрӯз 13 ҳолати ба бемории сил гирифтор шудани сокинони ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳолат бештар аст. Таҳлилҳои эпидемиологӣ нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии паҳншавии ин намуди беморӣ омилҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ ва саривақт ба духтур муроҷиат накардани беморон мебошад.

         Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба махзани ягона 4500 ариза ҷиҳати гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ ворид гардид, ки аз он ба 3001 оила кумакпулӣ таъин карда шудааст (1074 ариза бинобар сабаби номувофиқатӣ рад гардидааст). Дар ин давра дар ҳаҷми зиёда аз 300000 сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ пардохт карда шудааст.

         Дар ин давра бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазир тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби буҷаи маҳал (фонди захиравии раиси ноҳия) ба 43 нафар эҳтиёҷмандон дар ҳаҷми 22050 сомонӣ кумак расонида шудааст. 

Дар давоми соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои татбиқи сиёсати фарҳангӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал бо харҷи 44000 сомонӣ асбобҳои мусиқӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ва ба маблағи 8660 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шудааст.

Кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли равон бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо якчанд барномаҳои ҳунарӣ таҳия ва пешкаши сокинону меҳмонони ноҳия карданд, ки чорабиниҳои бахшида ба иди Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи байналмилалии оила, Рӯзи муҳофизати кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз зумраи онҳо мебошанд.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 48 муассисаи фарҳангӣ (кох ва толорҳои фарҳангӣ- 5 адад, толор-клубҳои деҳотӣ- 7 адад, клубҳои сайёр- 6 адад, мактаби бачагонаи санъат- 1 адад, осорхона- 1 адад ва китобхонаҳои оммавӣ- 28 адад) фаъолият дошта, барои татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-992 ва қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2018, №44, қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 2 марти соли 2018, №330 қабул гардида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасдиқ карда шудааст”.

Нақшаи чорабиниҳои мазкур аз 16 банд иборат буда, амалисозии онҳо таҳти назорати шахсони масъул вогузор карда шудааст.

Дар ноҳия якчанд мавзеъҳои дорои аҳамияти таърихӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби бостоншиносони даврони шӯравӣ мавриди ҳафриёт ва пажуҳишҳо қарор гирифтаанд. Мавзеъҳои асоситарини таърихӣ инҳоянд: “Тамошотеппа” (дар макони ҷойгиршавии корхонаи “Тоҷикимсаноат”), “Ғаравқалъа” (алҳол ба харобазор табдил ёфтааст). Ин ду мавзеъ таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дошта бошанд ҳам, мутаассифона, имрӯз аз онҳо фақат ном боқӣ мондааст.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 12 ёдгории монументалӣ: муҷассамаҳои Шаҳидони ҶБВ, Модар ва Мирзо Турсунзода, нимпайкараҳои ходимони давлатӣ ва ашхоси номдор- Бобоҷон Ғафуров, Гулсара Юсуфова, Ҷунайдулло Буриев, Борон Назуров, Тағоймурод Хушвахтов, Шоҳин Боев, Файз Усмонов, Муҳаммади Бобиев ва Ҳасан Ҳусейнов.

Ба ноҳия асосан сайёҳони дохилӣ саёҳат мекунанд. Масалан, дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1500 нафар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ аз корхонаҳои саноатии ноҳия дидан карданд.

Бо мақсади муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия дар сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия www.yovon.tj мунтазам маводҳо ба нашр расонида мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади мусоидат дар фароҳам овардани баробарии гендерӣ ва татбиқи саривақтии санадҳои дар ин самт қабулнамудаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораҳои амалӣ меандешад.

Бонувони ноҳия дар рушду тараққии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нақши арзанда доранд. Алҳол аз шумораи умумии занҳои ноҳия, ки 106 ҳазору 330 нафарро ташкил медиҳад, дар вазифаҳои роҳбарикунанда 150 нафар, дар соҳаҳои маориф 1929 нафар, тандурустӣ 976 нафар, фарҳанг 52 нафар, соҳибкорӣ 1544 нафар, молия ва андоз 8 нафар, почта ва алоқа 5 нафар ва дар соҳаи кишоварзӣ 16 ҳазору 336 нафар занон кору фаъолият мекунанд. Аз ҳисоби занҳои ноҳия 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 8 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 33 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Дар давоми шаш моҳи гузашта бо мусоидати Корхонаи воҳиди давлатии Маркази таълимии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳия, Филиали Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон 205 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва дигар санадҳои дахлдор дар давоми муддати сипаригаштаи соли 2018 як зумра тадбирҳо ба сомон расонида шуд.

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ҷиҳати амалисозии паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра аз рӯи усули “Хона ба хона” бо 1305 оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ҳангоми чунин вохӯриҳо дар ҳузури аъзои оилаҳо оид ба мазмуну муҳтаво ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, барои ҳарчӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани занони хонашин дастуру тавсияҳо дода мешавад.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гардиданд, ки занону бонувон дар онҳо фаъолона иштирок намуда, намунаи ҳунарҳои чеварӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳунармандони халқии ноҳия рӯзҳои 28-29 январ дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар маркази вилояти Хатлон гузашт, 29-30 январ дар Боғи “Дӯстии халқҳо”- шаҳри Душанбе, 13-14 феврал дар Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон, 6 март дар озмуни вилоятии “Нонпази беҳтарин”, 7 март дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Кулчақанд – зеби хони тоҷикӣ” ва “Зардӯзи беҳтарин” ва 22 март дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи “Ирам”-и шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ширкат варзида, маҳсули ҳунари худро берун аз ноҳия муаррифӣ карданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар робита бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади эҳё намудани суннатҳои мардумӣ ва дастгирии занони ҳунарманд озмуни “Грантҳои раиси ноҳия”-ро баргузор намуд, ки рӯзҳои наздик ғолибони он бо грантҳои муқараршуда сарфароз гардонида мешаванд.    

Дар ноҳия аз аввали сол то имрӯз 839 сабти ақди никоҳ (+173) ва 74 ҳолати вайрон гардидани ақди никоҳ (+1) ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳолатҳо 48 ҳолат бо қарори Суд ва 26 ҳолат бо ризоияти тарафайн анҷом пазируфтааст. Дар натиҷаи пош хӯрдани оилаҳо 59 нафар кӯдакон нимятим гашта, дар тарбияи модар мондаанд. 

Дар ин давра ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ гардиданд.

Ҳоло 13 нафар ҷавонони ноҳия дар зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ роҳбарикунанда фаъолият доранд, 164 нафар дар сохторҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, 9 нафар вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳо мебошанд.

Дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бо ҷалби васеи ҷавонону наврасон 7 чорабинии сиёсӣ, 62 мусобиқаи варзишӣ, 21 чорабинии фарҳнагӣ, 94 суҳбату вохӯриҳо, 5 аксияи иттилоотӣ, 3 экскурсия ва 8 дарси кушод баргузор карда шуданд.

Бо мақсади иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-2018” то имрӯз 21650 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин баробари 100 фози нақшаи пешбинишуда мебошад. “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Ёвон барои солҳои 2017-2021” марҳила ба марҳила  иҷро гардида истодааст ва дар давоми ин нимсола бо ин мақсад 8500 сомонӣ  равона шудааст, ки ин 43 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 1 мактаби варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 34 толори варзишӣ, 185 майдону майдончаҳои варзишӣ ва 4 ҳавзи шиноварӣ аз он як ҳавзи шиноварии пӯшида мавҷуданд, ки дар онҳо 552 нафар варзишгар ҳамарӯза машқу тамрин карда истодаанд.

Ҷавонони ноҳия дар баробари иштироки фаъолона дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва аксияҳои иттилоотӣ дар мусобиқаҳои гуногунпояи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Онҳо дар ин давра ба гирифтани 13 ҷойи намоён дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун гашта сазовори 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардидаанд, ки яке аз онҳо аз мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ мебошад. 

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссияҳои доимии шаҳрак ва деҳот барои иҷрои босифати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода, тадбирҳои муайянеро амалӣ сохтанд.

Дар давоми нимсолаи сипаригашта дар ноҳия 893 тӯйи домодиву арӯсӣ (+115) ва 3 тӯйи домодию арӯсии хайривӣ баргузор гардидааст. Ҳамчунин, дар ин давра баргузории 89 маъракаи чил ва сол ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бе забҳи чорво ва хароҷоти зиёдатӣ доир гардидаанд. Теъдоди умумии маъракаҳо ба 982 адад расидааст, ки ин дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта 317 адад камтар аст. Хароҷоти маъракаҳо дар маҷмӯъ 4 млн. 449 ҳазору 274 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1 млн. 460 ҳазору 609 сомонӣ камтар гардидааст. Хароҷоти як маърака ба 4531 сомонӣ баробар мебошад (-31). Дар ин давра ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо 5 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.      

            Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва иҷрои Фармонҳои Президенти мамлакат оиди ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллии мамлакат дар мавсими баҳории имсола 215 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардиданд, ки ин аз нақша 3 нафар зиёд аст.  

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ дар ноҳия 188 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта (нисбат ба ҳамин даваи соли гузашта 48 ҳолат кам), 95,7 фоизи онҳо онҳо кушода шудааст (+,9%).

         Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва раиси вилоят як қатор қарорҳо ба имзо расонида шуда, иҷроиши онҳо дар тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

         Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, ташкилоту кумитаҳои вилоятӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дар ин давра 590 асноди назоратӣ ворид гардидааст, ки дар муҳлатҳои  муқарраргашта баррасӣ карда шудаанд.

         Аз 590 санади назоратии бақайдгирифташуда 89 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 45 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, 85 адад аз вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, 187 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, 15 мактубу протоколҳо аз кумитаю шуъбаҳои вилоятӣ, 21 адад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 87 адад аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва 93 адад хабарномаву барқияҳо ворид гардидааст.

         Алҳол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 5 консепсия, 9 стратегия, 78 барнома, 10 қарори назоратӣ, инчунин, 5 нақшаи чорабиниҳо оид ба сафарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.

Дар ин давра 999 адад муроҷиати хаттӣ шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 26 адади он аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 адад аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  барои  баррасӣ ба унвони раиси ноҳия ворид  гардидаанд. Муроҷиатҳои мазкур дар муҳлатҳои муайянгардида мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуда, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз назорат бароварда шудаанд.

Қисми зиёди шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони мағозаи замонавӣ, кумаки молиявӣ ва ғайра муроҷиат намудаанд. 

Дар ҳамин давра аз тарафи раиси ноҳия 463 қарор ва 29 амр баҳри иҷрои Фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон оиди рушди соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмону саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хусусигардонии амволи давлатӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), сохтмони нуқтаҳои тиҷоратӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳаҳои буҷавӣ, ба парасторӣ қабул намудан ва ғайраҳо ба имзо расонида шуда, рафти  иҷроиши онҳо таҳти назорат қарор дода шудаанд.

Дар ноҳия 40 ҳавзаи интихоботии Мачлиси вакилони ҳалки ноҳия мавҷуд буда, 40 нафар вакилони аз тарафи шаҳрвандони ноҳия интихобгардида дар маҳал фаъолият доранд. Дар давоми соли ҷорӣ 3 Маҷлиси вакилони ҳалки ноҳия доир гардида, дар он мувофиқи нақшаи тасдиқгардида рафти ичрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои номгузории як қатор маҳаллаву деҳаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Точикистон”, инчунин, “Рафти иҷрои Барномаи рушди ичтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016- 2020” ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳисоботи  сардори раёсати кишоварзии ноҳия оид ба ҳолати парвариши пахта, ҷамъоварии   зироатҳои кишоварзӣ ва захираи хӯроки чорво дар ноҳия ва  ғайраҳо мавриди баррасй карор дода шуданд. Вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия дар 6 комиссияи доимй муттаҳид гардида, дар кори комиссия ва Мачлиси вакилони ҳалки ноҳия фаъолона ширкат варзида, дар баррасии масъалаҳои муҳокимашаванда саҳмгузорӣ менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ тамоми тадбирҳоро меандешад, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ гардонида, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардад.