Эрон сарчашмаи асосии тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи терроризм дар Тоҷикистону Афғонистон

  • Posted on: 3 July 2018
  • By: korbar

Рӯз то рӯз... авҷи душманигароии Эрон дар муқобили ҳамсояҳо  -кишварҳои Мовароуннаҳр афзоиш меёбад. Махсусан дар кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки мардуми ҳамфарҳангу ҳамурфу одат ва ҳамзабони Эрон мебошанд. Забони ин кишварҳо бо забони мурдуми Эрон як аст, бо ҳамин забон мардуми Афғонистон суҳбат намуда, ҳарфҳои арабиро истифода мекунанд ва ҳамчунин бо ҳамин забон мардуми Тоҷикистон суҳбат намуда, ҳарфҳои сириликиро истифода менамоянд.

Тоҷикистон ва Афғонистон – дар меҳвари сиёсати геополитикии Теҳрон

Бо вуҷуди муштарак будани фарҳанг ва забони муошират, Теҳрон “хаёл” мекунад, ки ин кишварҳо барои ӯ ҳамчун «ҳавлии паси хона» қарор дошта, ӯ молики онҳо мебошад. Эрон дар корҳои дохилии онҳо дохолат намуда, террористонро дар симои ал-Қоидаю Ҷунбиши Толибон дар Афғонистон ва ТТЭ ҲНИ-и решаи ихвони қутбидоштаро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Гирдиҳамоии хашмгин доир ба дахолатҳои эронӣ дар Душанбе

Рӯзҳои ахир, гирдиҳамоиҳои густурда ва эътирозҳои шадиди шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои сафорати эронӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин эътирозҳо ба сабаби пуштибонии Теҳрон аз наҳзати террористӣ ва роҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо дар кишварҳои аврупоӣ қарор дорад, сурат гирифт.

Гирдиҳамомадагон шиорҳои зиддиэрониро баланд бардошта, навиштаҷоти ба монанди “ террористи калон” ишора ба М. Кабирӣ - роҳбари ТТЭ ҲНИ, намояндаи гурӯҳи ихвониҳо, ки ҳамчун ташкилоти байналмиллалии террористӣ мебошад, равона гардид. Навиштаҷоти дигар ба монанди “Тоҷикистон дигар макони ҷангҳои динӣ нест”, “ба таълимоти динӣ дар Эрон хотима бахшед”, “фарзандони моро роҳгум насозед!”, “ба солҳои 1992-2000 дигар боз нахоҳем гашт” ва “фарзандони моро бозпас биёред” ва аз ин қабил навиштаҷот ва лозунгҳои эътирозӣ баланд бардошта, тақозо намуданд то фарзандони тоҷик, ки дар Эрон таҳсил доранд, бозпас оварда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон кушиши инқилобиро бар зидди Ҳукумати кунинӣ дар моҳи сентябри соли 2015 таҳти роҳбарии собиқ ноиби Вазири мудофиа Абдулҳалим Назарзода, узви таҳкилоти террористии наҳзат ва яке аз кадрҳои ин ҳизб, пешгирӣ намуд. Дар рафти амалиёти зиддитерорристӣ А. Ҳалимзода безарар гардида, роҳбарони Ҳизб бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор карданд.

Таҷрибаи Эрон дар оғози ҷангҳои шаҳрвандӣ

Эрон дар оташ задани шӯълаи ҷангҳои шаҳрвандӣ дар минтақаҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад. Аз ҷумлаи чунин кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эрон ин ҷаримаи худро дар солҳои 1992-1997 бо дасти террористони ҲНИ амалӣ намуда, аз бетартибиҳои кишвар ва пошхӯрии Иттиҳоди шуравӣ дар соли 1991 суйистифода намуд. Робитаҳои таърихӣ Ҳукумати Эронро бо ҲНИ пайваст менамояд. Эрон ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки пешравии кишварро барои рушду ободонӣ солҳо ба қафо бурд, дастгирӣ менамуд. 

Эрон барои сӯйиқасди сиёсатмадорон, донишмандон ва рӯзноманигорон дар давоми ҷанги шаҳрвандии кишвари воқеъ дар Осиёи Марказӣ дар солҳои навадум, роли асосиро иҷро намуд.

Бо истифода аз ин таҷрибаи ғанӣ, эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар айни ҳол ҷавонони фирории ТТЭ ҲНИ-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва таълими ақидаи шиаҳои “исноашарӣ” ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ дар пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар минтақаҳои даргири олам ва бахусус Афғонистон таълим дода истодаанд. Ин амал ба мақсади а збайн бурдани Ҳукумати конститутсионӣ ва миллӣ бо истифодаи амалҳои тахрибӣ мебошад, ки ин амал хиёнат ба Ватан ва Дин ба шумор меравад. Ҳамчунин эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ҷанговарони ТТЭ ҲНИТ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол доданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид.

Решаи ақидавии ТТЭ ҲНИ

Бо вуҷуди 70 дарсади ҷавонони ТТЭ ҲНИ аз ақидаи шиа пайравӣ намуданд, аммо манфиат онҳоро аз пайравии ақидаи ихвонии худ манъ накард. Онҳо ин идеоллогияи Саид Қутбро бо воситаи толибилмони Азҳари шариф, ки дар шаҳри Қоҳира таҳсил доштанд, дастрас намуданд. Китобҳои таъсисгарони ихвониҳоро дар Миср ба монанди Саид Қутб ва Ҳасан Бано, ки солҳои навадуми асри гузашта навишта шудаанд, бо худ бурданд. Дар ин асос ташкилотҳои террористӣ ба монанди Ҷамоати исломӣ ва ташкилотҳои террористӣ, ки аз ҷомаи ихвониҳои берун омада, дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Кафказ дар асоси идеологияи Саид Қутб фаъолият доранд.

Пайравони дини Ислом дар бештари аз ин кишварҳо дар асоси мазҳаби суннии ҳанафии васатӣ пайравӣ менамоянд, бо вуҷуди он идеологияи такфирӣ дар пайи селоби сиёсию динӣ дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ривоҷ пайдо намуд. Заминаи ин гуфтаҳо ба сабаби ташнагии динӣ ва майли зиёди фаҳмиши исломӣ баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози истиқлолияти кишвар пайдо гардид.

Аз соли таъсиси ҳизб аз ҷониби Саид Абдуллоҳи Нурӣ ТТЭ ҲНИ “исломи сиёсӣ”-ро барои худ чодар қарор дода, ба мақсади нооромсозии кишварҳо фаъолият менамоянд. Ин гуфтаҳо моҳи сентябри соли 2015 баъд аз кушишҳои нокоми инқилоби мусаллаҳона зери роҳбарии узви ҲНИТ ва собиқ ноиби Вазири мудофиа генерал А. Назарзода (машҳур бо лақаби Ҳоҷи Ҳалим) тасдиқи худро пайдо намуда, чеҳраи ҳақиқи ҳизб барои ҷамеаи ҷаҳонӣ ошкор гардид. Ҳадафи онҳо расидан ба ҳокимият ва поймол намудани ҳуқуқи тоифаи дигари мардум буд, нашр ва татбиқи “қонунҳои худовандӣ” чунончӣ даъво доштанд. Бар асари ин амалкарди онҳо Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳоро манъ намуда, номи Ҳизб аз ҷониби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ҷойгир карда шуд.

Бо сарнагун гардидани ташкилотҳои террористӣ дар Сурия, ҷанговарони ТТЭ ҲНИ аз ҷониби Эрон ба сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Соли гузашта, қароргоҳҳои ҷамъомади ҷанговарони ташкилотҳои террористӣ дар қисмати шимолии заминҳои Афғонистон, ки пештар ҳамчун минтақи осоишта маъруф буд, ошкор гардид. Ташкилоти террористии ДОИШ, гурӯҳи Ансоруллоҳ, ТТЭ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои террористии тундгаро кушишҳои бунёди пойгоҳҳои омӯзиши низомии худро дар ин минтақаҳо намуда, бо ин тартиб мехоҳанд сулҳу суботи кишварҳои Осиёи Миёнаро халалдор намоянд.

Иштироки М. Кабирӣ дар конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон

Сардии робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон аз давраи оғози фаъолиятҳои Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон соли 2016 шурӯъ гардид. Эрон дар навбати худ роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабириро барои ширкат дар Конфронс даъват намуда, бо роҳбари руҳониёни Эрон Оятулло Алӣ Хоманаӣ вохӯрӣ намуд.

Нақшаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи М. Кабирӣ бо дастгирии Эрон

М. Кабирӣ дар нишасти пӯшидаи охирони ТТЭ ҲНИ дар Варшава пойтахти Полша, нақшаи ҳуҷумҳои мусаллаҳонаро дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва дастгирии Эронро ба ҳозирини маҷлис шарҳ додаст. Бо истифода аз интиқоли силоҳбадастони ҷабҳаи низомии Ҳизб ба минтақаҳои сарҳадии кишвар, ки пештар дар қаламрави Сурия ва Ироқ қарор доштанд, нақшаи худро амалӣ намудан мехоҳад. Қайд намудан лозим аст, ки тайи чанд соли гузашта афроди низомии наҳзати террористӣ дар ҷабҳаҳои кишварҳои ҷангзадаи арабӣ таҷрибаи кофӣ пайдо намудаанд.

Эрон аз гуруҳи террористии Толибон пуштибонӣ мекунад

Ҳукумати муллоҳои эронӣ амалкарди худро дар Тоҷикистон нокофӣ шумурда, даст ба халалдор намудани амнияти миллии ҳамсоякишвар – Афғонистон задааст. Эрон аз соли 2001 то имрӯз дар нооромиҳои Афғонистон мустақиман даст дорад. Дар асоси изҳороти рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз”- амрикоӣ, Эрон барои гурӯҳи террористии “Толибон” бо истифода аз чархболҳо силоҳу лавозимоти ҷангӣ фиристода, амалиёти тиҷорати маводи нашъаоварро барои нооромсозии вазъияти Афғонистон сарпарастӣ менамояд. Аз ҷониби дигар барои ривоҷи молҳои эронӣ дар Афғонистон бозори ин кишварро касод кардан мехоҳад. Ҳамчунин дар мубориза барои манъи об аз Афғонистон ва тарконидани нерӯгоҳҳои обии кишвар саъю талош дорад.

Зархаридони эронӣ дар Афғонистон

ВАО-и бонуфузи Афғонистон ҳаррӯза изҳороти мухталифро оид ба “террористони эронӣ” дар шаҳрҳои гуногуни кишвар дар рӯзномаҳо ба нашр мерасонад. Сардори милитсияи мубориза бо терроризм Фазлраҳмон Ходим чанде пештар дар рафти суҳбат бо хабарнигорон таъкид намуд, ки се мард аз шаҳри Машҳади Эрон дар пайи иштирок дар ҳуҷумҳои мусалаҳона дар шаҳри Ҳироти Афғонистон, ки бар асари он чанд раисони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд, дастгир гардид. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки “роҳбарони гурӯҳи Толибон ба минзилҳои истиқоматии шаҳри Ҳирот ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом дода, шахсиятҳои бонуфузро дар шаҳр ба қатл расонида дар вилоят фазои ноамниро ҷорӣ намуданд”.

Эрон нерӯгоҳи “Салмо”и Афғонистонро мавриди ҳуҷум қарор додааст

Талошҳои Теҳрон на танҳо барои зери нуфузи худ қарор додани кишвар аст, балки Эрон аз сохтмони нерӯгоҳи обии “Салмо”, ки оби дарёи он Вилояти Хуросони Эронро бо об таъмин менамояд, нигарон аст. Нурӯгоҳи “Салмо” дар рушди минтақаи Ҳирот, ки дар қисмати ғарбии кишвар воқеъ гардидааст, саҳми босазо дорад. Ин нерӯгоҳ баъд аз пош хӯрдани ҳукми гурӯҳи Толибон дар соли 2001 калонтарин обанбор дар қисмати ғарбии кишвар бо сармоягузории Ҳукумати Ҳиндустон бино хоҳад гардид. Дар ин робита, расонаҳои афғонӣ Эронро барои кушишҳои тарконидани ин нерӯгоҳ муттаҳам месозанд. Тибқи гузориши Қувваҳои амниятии кишвар, як мошини бомбгузошта бо либоси Сипоҳи посдорони Эрон дар дохилаш дастгир гардид, ки ба мақсади тарконидани нерӯгоҳ ҳаракат менамуд.

Моҳи июли 2017, раиси минтақаи Ғури эронӣ барои кумакҳои молӣ ва низомии гурӯҳи Толибон ба мақсади тарконидани нерӯгоҳи “Салмо” муттаҳам гардидаст. Чанд моҳ пештар, гурӯҳи Толибон ҳангоми ҳуҷум ба нерӯгоҳи “Салмо” чанд нафар аз Қувваҳои мусаллаҳи афғониро ба ҳалокат расониданд. Ин маротиба ҳам “ангушти иттиҳом” ба сӯйи Эрон равона гардид, вале ин дафъа ҳам Эрон ин гуфтаҳоро рад намуд.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз”-и амрикоӣ дар гузориши худ шабоҳати минтақаҳои сарҳадии Афғонистонро бо Эрон ёдовар гардидааст. Рӯзнома таъкид медорад, ки баъди дохил гардидани нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1979 ба қаламравӣ Афғонистон миллионҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишвари Эрон куч бастаанд. То имрӯз минтақаҳои сарҳадии Ҳирот бо минтақаҳои Хуросони эронӣ бо роҳҳои гуногун пайваст мебошанд. Ҳатто лаҳҷа ва либоспӯшии онҳо қариб ки якхеланд. Ин гуфтаҳо ба митақаҳои сарҳадии Афғонистон бо Покистон ва ҳамчунин Осиёи Миёна ҳам мувофиқ мегардад.

Таъкид мегардад, ки Эрон дар тиҷорати маводи нашъаовар бо гурӯҳи террористии “Толибон” манфиати муштарак дорад. Тибқи омори Дафтари СММ оид ба гардиши маводи нашъаовар ва ҷиноятҳо, аз Афғонистон ба кишварҳои аврупои ғарбӣ бо истифода аз қаламравӣ Эрон тиҷорати маводи нашъаовар солона дар ҳаҷми 28 миллиард доллари ИМА мерасад. Ин амал сабаби интишори маводи нашъаовар дар қаламрави Эрон гардидааст. Теъдоди нашъамандон дар Эрон ба 2,8 миллион нафар мерасад, ки адад сабаби нигаронии Ҳукумати Эрон гардидааст. Аз ҷониби дигар, ин мавзӯъ даст доштани Эронро дар тиҷорати маводи нашъаовар ошкор месозад.