Намоишномаи “Дом”

  • Posted on: 26 June 2018
  • By: korbar

Театри халқии ноҳияи Ёвон аз рӯи асари коргардони ҳамин театр Мусулмони Саидмурод намоишномаи “Дом”-ро рӯи саҳна овард, ки он аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шуд. Ин асари саҳнавӣ қисса мекунад, ки чи тавр як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ноогоҳона ба доми фиреби хурофотиён ва душманони миллат афтода, ҷони ҷавонашонро ба доми бало мефкананд.

Чист сарнавишти талхи чунин ҷавонони гумроҳшуда? Итминон дорем, ки дидани он ба бисёр саволҳои шумо ҷавоб хоҳанд гуфт. Хеле намоиши диданист, ки аз доғи рӯз суҳбат мекунад.

Видео: