АХТАРИ ИҚБОЛИ ЁВОН

  • Posted on: 2 June 2018
  • By: korbar

БИСТУ ПАНҶ ҚАДАМИ УСТУВОР

“Ахтари иқболи Ёвон” китобест, ки дар он дастовардҳои рушди

иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин минтақаи пурбаракати кишвар

таҷассуми худро ёфта, муаллиф ин ҳама нишоту бурдбориҳоро

натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи Асосгу-

зори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ахтари иқболи ин

мардуму ин макон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистааст. Дар

ҳақиқат ҳам, Пешвои миллат ба сифати ахтаре баромад намуд,

ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан ва дар айёми

дилсардиҳо ба зиндагӣ мардумро бо муҳаббати худ ба зиндагӣ

дилгарм кард, дар нобарориҳо иқболу барор бахшид.

Ин шахсияти бузурги таърихӣ тавонист собит намояд, ки бузур-

гии инсон на дар қувваи бозу, балки дар устувории иродаи ўст, ки

дар пешорўи мушкилиҳо ҳаргиз сархаму ноумед нашуда, баҳри ба

соҳили мурод расидан пайваста талош мекунад. Бисту панҷ соли

Истиқлолият ин бисту панҷ қадами устувори Пешвои миллат дар

роҳи таҳкими давлатдорӣ, шинохту эътирофи соҳибтамаддунии

миллат, тақвияти эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии ҳар як

фарди ватандор аст. Ин рисолатест, ки роҳбари давлат ҳамчун

Пешвои миллат тавонист бо сари баланд дар назди таъриху мил-

лат иҷро намояд. Ҳастии худро ба миллат бахшид, то миллаташ

амон бошад. Давлати миллии тоҷиконро побарҷо намуд, то тоҷик

соҳибватан бошад. Тамаддуни миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ

намуд, то миллат соҳибтамаддун бимонад.

Таҷрибаи биступанҷсолаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи

Ёвон аз он далолат мекунад, ки дар ин давра мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз диди сохторию институтсионалӣ

устувор

гашта, тибқи муқаррароти муайяннамудаи Қонуни конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ” фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, дар тат4

Файзиддини Муҳаммадӣ

биқи самараноки сиёсати давлатӣ дар ҳама самтҳо муваффақона

пешбурди корро таъмин намуда истодааст.

Муваффақият ва пешравиҳое, ки муаллиф аз онҳо ёдовар

гаштааст, бозгўи он воқеиятест, ки ташкили низоми мукамма-

ли идоракунии давлатӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи

шаҳрвандӣ

ва ҳизбҳои сиёсӣ, дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон

ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар ва идоракунии самарано-

ки захираҳои инсонӣ омили муҳим дар таҳкими мавқеи ҳокимияти

давлатӣ маҳсуб меёбад.

Таҳлили қиёсии пешниҳодгардида ҳар як хонандаро ба ан-

деша водор намуда, бори дигар раванди мушкилу пурпечутоби

давлатсозиро

пеши назар аён месозад. Собит месозад, ки ҳама

гуна муваффақият натиҷаи талошҳои шахсиятҳоест, ки масъулияти

роҳбариро дар ин ё он сатҳ ба дўш доранд ва нерўи ҷомеаро ба

самти созанда равона карда метавонанд. Талқин менамояд, ки

иродаи устувору ватанхоҳона, нангу номуси баланди ватандорӣ

ва ифтихори миллӣ устувортарин қувваи такондиҳанда дар роҳи

бунёди давлатдории миллист, ки пайроҳаи аввалини он аз хона,

кўча ва маҳал оѓоз меёбад.

Хидирзода Махфират Умар

5

Ахтари иқболи Ёвон

АХТАРИ ИҚБОЛ

(Ба ҷойи пешгуфтор)

“Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи

истиқлол ва бунёди давлати мустақили

миллӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони маҳбуби мо дар тўли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ

дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гу-

зошт. Дар ин муддат рукнҳои асосии давлатдории миллӣ устувор

гардиданд ва аксари мамлакатҳои пешрафтаи олам бо кишвари

мо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуданд.

Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид, ЮНЕ-

СКО ва чандин созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ

гашта, ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ

мавқеи худро устувор намуд.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати мо саҳифаи то-

заеро боз намуда, ба оѓози як давраи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ

ва иҷтимоию иқтисодӣ асос гузошт. Дар ин муддат мушкилоту

монеаҳои зиёди ҷомеаи навин бартараф карда, корҳои азими

созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оѓоз гардиданд

ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ

баровардани мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои

асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд.

Мусаллам аст, ки тайи ин марҳилаи кутоҳи таърихӣ пушти сар

гаштани мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолии мам-

лакат ва собитқадамона ба ҷодаи рушд ворид гардидани он бо

сиёсати серҷабҳа ва бобарори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад.

6

Файзиддини Муҳаммадӣ

Дар шароити душвори таърихӣ сари кор омадан, қувваҳои му-

холифро сари мизи музокира овардан, ба тавофуқ расондани ҳизбу

ҳаракатҳои сиёсӣ ва ба имзо расонидани “Созишномаи умумии

истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, таъсис до-

дани “Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”, аз минбарҳои

баланди дунё баромад кардану баҳри пойдории сулҳ дар сайё-

ра пешниҳодҳо намудан, зинда гардонидани номи фарзандони

сарсупурдаи халқ ва эҳёи ҳофизаи таърихии миллат аз ҷумлаи

хизматҳои беназири Пешвои миллат мебошанд, ки ҷараёни ба

ваҳдат омадани миллат, амнияти давлати ҷавон ва истиқлолияти

онро таъмин намуданд.

Соли 2000-ум аз ҷониби Корпуси байналхалқии сулҳ бо

“Ҷоизаи байналхалқии сулҳ” ва соли 2005 аз тарафи Созмони

ѓайриҳукуматии байналмилалӣ- Федератсияи сулҳу ризоият бо

мукофоти олӣ- “Медали тиллоӣ” қадр гардидани Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри

Душанбе сазовор донистани ҷоизаи “Шаҳри сулҳ барои солҳои

2002-2003”, соли 2005 ба узвияти “Барномаи рушди ҳазорсола”-и

Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани Тоҷикистон, соли

2015 ба қатори 10 кишвари боамнтарини олам дохил гардидани

кишвари мо гувоҳи роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли 2015 аз тарафи

сокинони ҷумҳурӣ ба ҳайси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -

Пешвои миллат пазируфта шудани он кас шаҳодати муҳаббат ва

эҳтироми самимии халқ нисбат ба ин шахсияти воломақом аст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷодаи

сифатан нави тараққиёт ворид гардидани мамлакат шароити му-

носиб фароҳам овард. Ин дастоварди беназир ҳофизаи таърихии

халқро бедор карда, дар зеҳни сокинони кишвар тафаккури тозаеро

ба вуҷуд овард ва дар як давраи кутоҳи таърихӣ шукўҳу ҷалоли

Ватан ва нуфузу эътибори миллати моро дубора эҳё намуд.

Бараъло мушоҳида мегардад, ки дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии

кишвари азизамон ҳар як гўша ва ҳар як шаҳру ноҳияи

мамлакат аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ рушду такомул ёфта,

тарҳу симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Ноҳияи Ёвони ви-

лояти Хатлон низ дар ин марҳилаи созандагиву бунёдкориҳо ба

раванди бемисли рушд ворид шуда, ба туфайли Истиқлолияти

давлатии мамлакат ба комёбиҳои беназир ноил гардид.

7

Ахтари иқболи Ёвон

Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, истифода аз тех-

никаву технологияи муосир ва ҳамкориҳои соҳибкорони ноҳия

бо соҳибкорон ва ширкатҳои хориҷӣ барои тавсеа ёфтани соҳаи

кишоварзии ноҳия низ заминаҳои боэътимод фароҳам оварданд.

Соҳаҳои растанипарварӣ, боѓдорӣ ва чорводорӣ бомаром тараққӣ

намуда, соли 2015 ба 787,9 млн. сомонb расид ва тибқи дурнамо

то соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия боз то

10 фоизи дигар зиёд мегардад.

Бо амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ноҳияи

Ёвон дар зарфи 25 соли Истиқлолият он қадар ободу зебо гаш-

тааст, ки назири он дар таърихи гузаштаи ин диёр ба мушоҳида

намерасад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои

кории хеш ба ноҳияи Ёвон, ки аз соли 1993 то инҷониб 14

маротиба анҷом пазируфтаанд, пайваста тазаккур медиҳанд, ки

дар ин гўшаи диёрамон имкониятҳои фарохи рушди соҳаи саноат

мавҷуд аст ва истифодаи оқилонаи захираву имконоти мавҷуда

барои пешрафти босуботи ноҳия ва кишвар дар оянда низ шаро-

ити муносиб фароҳам меоранд.

Роҳбари давлат ҳангоми мулоқот бо фаъолони вилояти Хат-

лон ва ноҳияи Ёвон, ки 22 апрели соли 2016 зимни бакорандозии

корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ баргузор шуд, бо на-

зардошти таъсисёбии корхонаҳои солҳои охир бунёдгардида ва

корхонаҳое, ки соли оянда дар ҳудуди ноҳия сохта мешаванд,

бо итминон қайд намуданд: “Ба шарофати ба кор оѓоз кардани

корхонаҳои банақшагирифташуда ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ ба яке

аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад”.

Воқеан ҳам, ин ҳидояти Роҳбари давлат амалан татбиқ шуд

ва имсол ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии дар ноҳия тавлидша-

ванда аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии он зиёд гардид ва ҳамин

аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида ҳазорҳо ҷойи корӣ

муҳайё гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия баланду

беҳтар шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба ис-

тифода дода шудани шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои

истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равѓан ва нонию қаннодӣ, “На-

маки Ёвон”, “Комрон Агро Холдинг”, корхонаи муқтадири “Хуак-

8

Файзиддини Муҳаммадӣ

син Ѓаюр семент”, фабрикаи “Ваҳдат”, “Фабрикаи мурѓпарварии

“Беҳамто”, корхонаҳои тозабунёди “Хуаҷиан Ѓаюр Индастриал”,

“Криолит”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, қитъаи Ваҳдат-Ёвон роҳи

оҳани “Душанбе-Қўрѓонтеппа”, даҳҳо адад коргоҳҳои саноатии

хурду

миёна, 14 муассисаи таҳсилоти умумии нав, 25 бинои

нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию

маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ барои баланд гардидани сатҳи

некўаҳволии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат

гузошт.

Пешрафту шукуфоии ноҳия, таѓйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию

иқтисодии аҳолӣ ва болоравии сатҳи маърифати мардум

аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон мебошанд.

Ноҳияи Ёвон чун ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони маҳбубамон

дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Пре-

зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ахтари

иқболеро пайдо намуд, ки бо анвори тобноки худ роҳи ояндаи

некро

равшан намуда, сокинони ин диёрро саодатманд мекунад.

Имсол, ки мардуми шарафманди кишвари мо 25-умин солгарди

Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору

сарфарозӣ истиқбол мегирад, ҳар фарди худшиносро зарур аст, ки

бо мақсади баҳои дурусту воқеӣ додан ба марҳилаи чорякасраи

соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам мустаҳкам гардидани рукнҳои Истиқлолияти

давлатӣ бурду бохти индавраинаи кишварро мавриди таҳлилу

омўзиш қарор диҳад ва ба хотири ояндаи дурахшони миллат

қарзи фарзандӣ ва ватандории худро шарафмандона адо намояд.

Аслан, бисту панҷ сол дар назди таърих як фосилаи кутоҳ аст,

вале миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои дурандеши худ дар

ҳамин муддати начандон тўлонӣ дар асоси таҷрибаи мавҷудаи

давлатсозиву давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву

таърихӣ ва фарҳанги оламшумул мамлакатро аз вартаи фанову

нестшавӣ раҳоӣ бахшид ва рамзҳои давлатӣ- Нишон, Парчам ва

Суруди миллиро қабул карда, Артиши милливу Қушунҳои сарҳадиро

ташкил дод, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои

мардум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, роҳи

эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт.

Воқеан, замони нав тақозо дорад, ки ҳар як марҳилаи таъри-

хии халқу кишвар амиқан омўхта, дар асоси суннатҳои созандаи

9

Ахтари иқболи Ёвон

аҷдодӣ маърифати миллӣ сайқал дода шавад, зеро надонистани

таърих ва мояи ибрат қарор нагирифтани таҷрибаи гузаштагон

дар роҳи расидани миллат ба мақсадҳои бунёдкорона монеаҳои

сангин эҷод мекунад.

Пешвои миллати мо омўхтани таърихи гузаштаро дар роҳи ра-

сидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ шарти муҳимтарин ҳисобида,

барҳақ таъкид намудаанд: “Имрўз мардуми кишвар ба худшиносӣ

ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз до-

ранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати

комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Табиист, ки марҳилаи нави таърихӣ, бо дарназардошти зуҳуроти

муносибатҳои мураккаби ҷаҳони муосир зарурати пешниҳод наму-

дани консепсияи нави тафаккури таърихиро ба миён гузоштааст.

Дар ҳамин робита, асри нав аз ҳар як шахс худогоҳӣ, масъулияти

баланди шаҳрвандӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳамқадами замо-

на ва ояндабин будан, одобу ахлоқи ҳамида, хислатҳои наҷиби

инсондўстона ва меҳнатдўстию созандагиро талаб мекунад.

Имрўз халқи Тоҷикистон истиқлолияти давлати худро ҳамчун

гавҳараки

чашм ҳифз намуда, дар фазои сулҳу субот ва оромию

осудагӣ дилпурона ба сўи ояндаи нек ва пешравию тараққиёт

равона аст.

Аҳолии ноҳияи Ёвон чун дигар сокинони мамлакат иродаи

матин ва қудрати бузурги созандагӣ доранд ва умед аст, ки ҳар

фарди садоқат бар Ватан доштаи ин диёр дар оянда бо татбиқи

нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон баҳри боз ҳам қавитар гардидани рукнҳои Истиқлолияти

давлатии кишвари азизамон саҳми бештар аз имрўза хоҳанд гу-

зошт.

 

Фасли I.

НАБЗИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ

НОҲИЯИ ЁВОН ДАР ДАВОМИ

25 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12

Файзиддини Муҳаммадӣ

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ КИШВАР

ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ

Пеш аз он ки дар бораи солҳои нахустини соҳибистиқлолии

Ватани маҳбубамон ва чи гуна истиқбол намудани сокинони ноҳияи

Ёвон аз ин санаи таърихӣ андешаронӣ кунем, лозим мешуморем,

ки ба таври мухтасар дар робита бо авзои сиёсии кишвар аз вазъи

иҷтимоиву иқдисодии ноҳия дар оѓози солҳои навадуми садаи XX

ёдовар шавем.

Дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар қаламрави

давлати соҳибнуфузи Шўравӣ, ки беш аз 270 млн. аҳолӣ,

захираи

бузурги кадрӣ, техника ва технологияи пешрафтаву му-

осир ва заминаи беҳудуди ашёи хом дошт, аҳён-аҳён падидаҳои

буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ зуҳур намуда, оқибат ба пароканда-

шавии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ анҷом ёфтанд.

Бинобар сабаби барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва канда

шудани алоқаҳои иқтисодӣ хоҷагии халқи ҷумҳурии мо низ чун

ҷумҳуриҳои дигари Шўравӣ дар ҳама ҷабҳаҳо рў ба таназзул овард.

Нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноату сохтмон ва ки-

шоварзии ноҳияи Ёвон гувоҳӣ медиҳанд, ки дар соли 1990 иҷрои

нақшаҳо тамоюли пастравӣ гирифта, қисми даромади буҷаи маҳал

дар муқоиса бо солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфта буд. Номуътадилии

фазои сиёсиву иқтисодӣ ба сатҳи иҷтмоиёт ва афкори мардум за-

рару зиёни ҷиддӣ расонд ва низоми бисёрҳизбиву гуногунандешӣ

ҷомеаи ба ин раванд ноошноро тадриҷан аз дарун вайрон намуд.

Пояҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия

дар ибтидои солҳои навадум заиф гашта буданд ва ин боис гар-

дид, ки шахсони алоҳида ва дар баъзе мавридҳо гурўҳҳои муташаккили

одамон ба қаллобию дуздӣ ва талаву тороҷ кардани

моликияти ҷамъиятӣ даст зананд. Муовини ҳамонвақтаи раиси

Кумитаи иҷроияи ноҳия Ҷунайдулло Буриев дар яке аз ҷаласаҳои

якҷояи Кумитаи иҷроия ва Ҳизби коммунистии ноҳия, ки дар охи-

13

Ахтари иқболи Ёвон

ри соли 1990 бо мақсади баланд бардоштани интизоми меҳнат

ва пешгирӣ аз падидаҳои зараррасон баргузор гардида буд, аз

кирдорҳои худсаронаи қайсарону ҷинояткорон, аз тарафи онҳо

рўирост ба ѓорат рафтани молу маводи давлатӣ ва таҳқир шу-

дани фурўшандаҳо изҳори ташвиш намуда гуфтааст, ки: “Чунин

вазъият ба фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва аз уҳдаи

таъмини амнияти ҷомеа баромада натавонистани он мусоидат

хоҳад кард” (рўзномаи “Коммунисти Ёвон”, № 149 (5349) аз 23

декабри соли 1990).

Соли 1991 буҳрони сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз пеш

доман паҳн карда, ба ҳаёти сокинони ноҳия душвориҳои зиёдтаре

ворид намуд. Корхонаҳои давлатӣ аз сабаби нарасидани ашёи

хом аксаран фаъолияти нокифоя доштанд, аз 50 кооперативи истеҳсолие,

ки асосан дар давоми солҳои 1989-1990 таъсис ёфта бу-

данд, 20-тои онҳо дар соли 1991 фаъолияти худро қатъ намуданд.

Ҳарчанд сокинони ноҳия дар радифи аҳолии дигар минтақаҳои

кишвар рўзи 17 марти соли 1991 дар раъйпурсии умумихалқӣ,

қариб ки якдилона барои бақои Иттиҳоди Шўравӣ овоз дода бу-

данд, он сол рукнҳои давлати сермиллати Шўравӣ комилан хароб

шуданд ва ҷомеа шоҳиди дигаргуниҳое гашт, ки барои таҳаммул

кардани онҳо ҳанўз омода набуд.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон

намуда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд. Аҳолии ноҳияи

Ёвон чун дигар сокинони кишвар Истиқлолияти давлатиро ҳамчун

пурарзиштарин

дастоварде, ки баъд аз садсолаҳои интизорӣ мил-

лати моро насиб гардид ва иродаи халқи мамлакатро ифода на-

муд, пазируфтанд ва новобаста аз шароити душвори иқтисодиву

иҷтимоӣ, бо дарки масъулияти ватандорӣ ба эъмори ҷомеаи навин

камари ҳиммат бастанд.

Мутаассифона, Тоҷикистони нав баистиқлолрасида ҳанўз рукнҳои

бунёдии давлатро ба таври бояду шояд таъсис надода, ба

буҳрони амиқи сиёсӣ гирифтор шуд. Оқибат он гирдиҳамоиҳои мансабхоҳона

ва бар асоси экстремизми динӣ ташкилгардида кишвар-

ро ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ тела дода, тақдири истиқлолияти

давлати ҷавони моро зери хатари ҷиддӣ бурданд.

Ҳарчанд шумораи аҳолии ноҳия дар соли 1992 нисбат ба як

соли пеш қариб ду ҳазор афзун гашта, қариб ба 120 ҳазор нафар

мерасиду талабот ба молу маҳсулот бештар шуда буд, нишон14

Файзиддини Муҳаммадӣ

диҳандаҳои истеҳсолӣ тамоюли пастравӣ доштанд ва мардум дар

таъмини эҳтиёҷоти зиндагии худ мушкилоти зиёдеро таҳаммул

мекард. Сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия, ки асосан аз даромадно-

кии соҳаҳои кишоварзию чорводорӣ вобаста буд, бинобар сабаби

фаъолияти нокифояи ин соҳаҳо ҳолати ҳузновар дошт. Ба болои

нооромиҳои сиёсӣ офатҳои табиӣ, жолаву боронҳои сел дар моҳи

майи ҳамон сол зиёда аз 7000 гектар заминҳои киштро хароб на-

муда, ба соҳаи кишоварзии ноҳия 16 миллион сум (асъори баро-

риши соли 1961) зарар оварданд ва дар натиҷа нисбат ба соли

1991 маҳсулнокии ѓалладонагиҳо 116 тонна, пахта 28392 тонна,

картошка 847 тонна, полезиҳо 116 тонна, саршумори чорвои кало-

ни шохдор 2007 сар ва бузу гўсфанд қариб 2000 сар кам гардид.

Соҳаи саноати ноҳия низ фаъолияти босамар надошт. Корхонаҳои

азими “Тоҷиккимсаноат”, оҳакбарорӣ ва таъмирию механикӣ,

ки ҳаҷми маҳсулоти саноатии ноҳия асосан аз онҳо вобастагӣ

дошт, ба корхонаҳои зиёновар мубаддал гашта буданд. Соли 1992

ҳаҷми истеҳсоли соддаи каустикӣ дар қиёс бо як соли пеш ба

миқдори 14691 тонна ва оҳак 1000 тонна камтар шуд, ки ин омил

ба иқтисодиёти ноҳия миллионҳо сомонӣ зарар овард. Масъулони

соҳаҳои сохтмон ва нақлиёт низ дар он сол аз иҷрои нақшаҳои

худ баромада натавонистанд.

Соли 1992 мутаносибан бо авзои сиёсии ҷумҳурӣ барои со-

кинони ноҳияи Ёвон марҳилаи пурфоҷиатарин ва мушкилтарини

даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Ноҳия дар он сол ба

майдони хушунату авлавиятҷўӣ ва муборизаи бародар бо баро-

дар табдил ёфта, рўзҳои сахту сангинеро аз сар гузаронд. Дар

натиҷаи ҷангҳои нангбори соли 1992 ва чанд соли баъдӣ беш аз

400 нафар сокинони ноҳия, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил

медоданд, қурбони тири ҳамватанони худ шуданд, 10501 нафар аз

ноҳия гуреза шуда, ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, ба

ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирѓизистон, Қазоқистон, Федератсияи Рос-

сия ва давлати исломии Афѓонистон кўч бастанд, иқтисодиёт хароб

гашт, корхонаҳои истеҳсолӣ аз фаъолияти муназзам бозмонданд,

мутахассисони зиёде тарки кору вазифа намуданд, молу маҳсулот

камёфт шуд ва сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи қашшоқӣ расид.

Фазои носолими сиёсӣ ва буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоии

он рўзҳои фоҷиабор бесарусомониҳои зиёдеро ба бор оварда,

фишангҳои ҳокимияти давлатиро заъиф гардониданд. Ҳамон гунае

15

Ахтари иқболи Ёвон

ки идора кардани давлат торафт мушкилтар мешуд, дар солҳои

аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ

ба душвориҳои фавқулода рў ба рў гашта буданд.

Дар ҳамон айёме, ки зўри силоҳ аз қудрати қонун тавонотар

гашта

буд, вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои

халқи ноҳияи Ёвонро Азизов Қурбоналӣ ба зимма дошт.

АЗИЗОВ ҚУРБОНАЛӢ. Нахустин роҳбари ноҳияи Ёвон дар

давоми

солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ў 25-уми ноябри соли 1945 дар деҳаи Ширинчашмаи деҳоти

ба номи Ҳасан Ҳусейнов дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст.

Пас аз гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, соли 1964 Техникуми

омори шаҳри Ваҳдат ва соли 1973 факултети муҳосибии Донишгоҳи

миллии Тоҷикистонро хатм карда буд. Фаъолияти кориашро ба

ҳайси муҳосиб ва корманди бонк оѓоз намуда, сипас ҳамчун сар-

нозири Шуъбаи омори ноҳия, мудири Шуъбаи ташкилии Кумитаи

комсомоли ноҳия ва котиби якуми ҳамин Кумита кор кардааст

(солҳои 1972-1977). Пас аз хатми Мактаби олии Ҳизби коммунистӣ

дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон (1979) дар вазифаҳои

дастурдеҳи Шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳия

(1979-1980), мудири Шуъбаи таблиѓотии Кумитаи ҳизби комму-

нистии ноҳия (1980-1983), сардори Раёсати кишоварзии ноҳия

(1983-1985), директори генералии Хоҷагии сабзавоткории ноҳия

(1985-1988), раиси Кумитаи назорати халқии ноҳия (1988-1990),

раиси Шўрои депутатҳои халқи ноҳия (январи 1990 - апрели 1991)

фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 1991 ба вазифаи раиси

Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи ноҳия интихоб гардида,

то моҳи декабри соли 1992 ин мансабро ба зимма дошт.

То замони ба нафақа баромаданаш Азизов Қ. дар вазифаҳои гу-

ногун, аз ҷумла мушовири раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт, буҷет, молия ва андоз ва мудири

Шуъбаи таҳияи талаботи квалификатсионии Раёсати хизмати

давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона кор

карда, ҳамчун мушовири давлатии дараҷаи I бо унвони фахрии

“Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва медалҳои сарисинагӣ сарфароз

гардонида шудааст.

Азизов Қ. 13 июли соли 2014 бар асари бемории оризаи қанд

дар синни 69-солагӣ аз олам гузашт.

16

Файзиддини Муҳаммадӣ

Бояд гуфт, ки Азизов Қ. ҳамчун роҳбари масъулиятшинос дар

айёми пуртазоду нооромтарини оѓози солҳои 90-уми асри гузашта

тавонист рисолати бардўшдоштаи худро ба таври бояду шояд

иҷро намояд. Гарчанде дар аввали солҳои навадуми асри гузашта

вазъи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия вобаста ба буҳрони

сиёсиву иқтисодӣ ва молиявии дар ҷумҳурӣ оѓозгардида он қадар

қаноатмандкунанда набуд, соли 1991 кишоварзони ноҳия дар май-

дони 28372 га зироатҳои гуногун кишт намуда, 48678 тонна пахта,

6170 тонна ѓалладона, 11254 тонна сабзавот ва 1890 тонна кар-

тошка ба даст оварда, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро дар бахшҳои

растанипарварию чорводорӣ ба 76682 сомонӣ расониданд. Даро-

маднокии соҳаи саноати ноҳия дар ибтидои солҳои навадум асо-

сан ба иқтидори истеҳсолии корхонаи азими “Тоҷиккимсаноат” ва

корхонаи оҳакбарорӣ вобаста буд. Соли 1991 корхонаҳои мазкур

ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатиро ба 197969,6 сомонӣ расони-

да, ба миқдори 31100 тонна соддаи каустикӣ ва 2300 тонна оҳак

истеҳсол намуданд. Сохтмончиёни ноҳия дар давоми нимаи дуюми

соли 1992 дар шафати бинои “Ҳафт авранг”-и шаҳраки Ёвон як

бинои истиқоматии панҷошёнаро сохта ба истифода доданд.

Қобили қайд аст, ки дар он солҳо, бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву

иқтисодӣ соҳаҳои маорифу фарҳанг фаъолияти бомаром доштанд.

Моҳи сентябри соли 1991 ба хотири арҷгузорӣ ба намояндагони

фарҳангу адабиёт дар маркази ноҳия муҷассамаи шоири халқии

Тоҷикистон М.Турсунзода қомат афрохт ва қарори Кумитаи иҷроияи

Шўрои депутатҳои халқи ноҳия “Дар бораи таъсис додани осорхо-

наи таърихиву кишваршиносӣқабул карда шуд. Ҳамон сол барои

баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии кормандони соҳаи маориф

ба омўзгорони эҳтиёҷманд аз бинои хобгоҳи № 419-и корхонаи

“Тоҷиккимсаноат” манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардиданд.

Рўзҳои 26 ва 27 июли соли 1992 Азизов Қ. бо ҳамроҳии сардори

ҳамонвақтаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Малахов Қ. ҳамчун на-

мояндагони ноҳияи Ёвон дар музокираи байни роҳбарони Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷабҳаи халқӣ ва иттиҳоди мухолифини

тоҷик дар шаҳри Хоруѓи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон

ширкат варзида, дар қатори дигар иштирокчиёни мулоқот дар зери

Созишномаи қабулгардида имзо гузоштаанд.

Азизов Қ. ҳамроҳи вакилони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноҳияи Ёвон Қодиров Р., Муродов С., Урунов Қ. ва Пардаев Ш.

17

Ахтари иқболи Ёвон

дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суѓд оѓоз

гардида

буд, иштирок намуда, дар амри таъсис додани Ҳукумати

қонунӣ саҳмгузорӣ кардааст.

Дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат на пешраф-

ти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки эмин доштани ноҳия ва аҳолии

он аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъминоти мардум бо маводи

хўрока вазифаи аввалиндараҷаи роҳбари ноҳия ба ҳисоб ме-

рафт. Рўзи 27 сентябри соли 1992 Азизов Қ. бо мақсади ҳалли

мушкилоти ордтаъминкунӣ озими шаҳри Ваҳдат шуда, дар роҳи

аѓбаи Чормаѓзак ба дасти силоҳбадастони мухолифини Ҳукумат

асир меафтад. Ҷанговарон чун мефаҳманд, ки раиси Кумитаи

иҷроияи ноҳия аст, ўро ба қароргоҳи марказии худ- ба шаҳри

Ваҳдат бурда, барои озод карданаш шартҳо мегузоранд. Баъд аз

се рўзи асорат нафаре аз миёни “муҷоҳидин”, ки дар донишгоҳ

ҳамроҳи раис таҳсил карда будааст, ўро шабона аз даруни манзи-

ли истиқоматие, ки ба сифати зиндон ва ҷойи шиканҷа истифода

мешуд, мегурезонад. Азизов Қ. шабона бо ёрии он нафар худро

ба шаҳри Душанбе, ба хонаи дўсташ Гусейнов Аббосалӣ (собиқ

котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳия, солҳои 1988-

1990) мерасонад ва рўзи дигар Гусейнов А. ўро ба ноҳияи Ёвон,

ба манзили зисташ меорад.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи

бетартибиҳои

давлатӣ гашта, Ҳукумати контитутсионии кишварро

барқарор

намуд. Дар ин иҷлосияи наҷотбахш намояндаи мардумӣ

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони мардумӣ ба ва-

зифаи Раиси Шўрои Олии мамлакат интихоб шуд ва ибтидо аз

ҳамон рўзи таърихӣ оташи ҷанги нангини ҳамватанӣ, қадре ҳам

бошад, хомўш гардид ва мардуми Тоҷикистон тадриҷан ба ҳаёти

осоишта баргашт.

Акнун, тибқи дастур ва ҳидояти Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон масъалаҳои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, ба

манзилҳои худ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини

амнияти онҳо вазифаи асосии роҳбарони шаҳру ноҳияҳо маҳсуб

мегашт.

9 декабри соли 1992 дар иҷлосияи Шўрои депутатҳои халқи

ноҳия, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4

деҳаи Парчасойи деҳоти Обшорон баргузор гардид, вакили Шўрои

18

Файзиддини Муҳаммадӣ

депутатҳои халқи ноҳия, директори хоҷагии Ёвон-5 Бекназарзода

С.С. аз ҷониби вакилони халқ ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи

Шўрои депутатҳои халқи ноҳия интихоб карда шуд.

Масъалаи дигари рўзномаи ин иҷлосия ба ҷойи собиқ сардори

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Малахов Қ., ки рўзи 15 октябри соли

1992 қурбони тири қотилон гашта буд, таъин намудани сардори

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия буд. Бо қарори иҷлосияи мазкур

Эркабоев Ҷ. иҷрокунандаи вазифаи сардори Шуъбаи корҳои до-

хилии ноҳия таъин гардид.

БЕКНАЗАРЗОДА САЪДУЛЛО САИД. 10 декабри соли 1957 дар

собиқ деҳаи Оби Туѓ (воқеъ дар ҳудуди деҳоти Обшорон) таваллуд

шуда, баъд аз гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ солҳои 1975-

1980 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

таҳсил кардааст. Фаъолияти худро ба сифати муҳандиси соҳаи

кишоварзӣ оѓоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сармуҳандиси Ра-

ёсати кишоварзӣ (1981-1985), сардори Идораи таъминоти техникаи

кишоварзӣ (1985-1986), муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатии

ноҳияи Ёвон (1986-1988) ва директори собиқ хоҷагии Ёвон-5 (1988-

1992) кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи декабри соли 1999 масъ-

улияти роҳбарии ноҳияро ба уҳда дошт. Дар давоми солҳои

роҳбарии ў, бинобар сабаби ворид гардидани таѓйирот дар сохтори

мақомоти давлатӣ, соли 1994 Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои

халқи ноҳия ба Ҳукумати ноҳия, соли 1995 ба мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сипас соли 2005 ба мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табдил дода шуд.

Бекназарзода С.С. солҳои 2000-2003 ба ҳайси муовини дирек-

тори Корпоратсияи “Хима”, директори корхонаи коркарди пахтаи

“Ба номи У.Қобилов” (н.Ёвон), солҳои 2003-2006 дар вазифаи ра-

иси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, солҳои 2006-2013 ҳамчун сардори

Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ва солҳои 2013-2015 дар

мансаби раиси ноҳияи Қубодиён кор кардааст.

Охири соли 1992 ва аввали соли 1993 замони пурпечутоб,

даврони ҳукми қонунҳои нонавиштаи силоҳбадастон буд. Аз ҳамин

нигоҳ, дар амал татбиқ намудани қарорҳои иҷлосияи XVI Шўрои

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба эътидол овардани авзои

сиёсӣ, сари мизи машварат нишондани қувваҳои разманда, халъи

19

Ахтари иқболи Ёвон

силоҳ аз дасти ҷангиёни худком, ҳаддалимкон таъмин намуда-

ни фазои солими сиёсӣ, бехатарӣ ва амнияти озуқавории аҳолӣ

ва ба ноҳия баргардонидани сокинони фирорнамуда аз ҷумлаи

масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасл намудани онҳо аз ҳисси масъ-

улиятшиносии роҳбарияти ноҳия вобаста буд.

Тавре ки аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ маълум аст, соли 1993

задухўрдҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Сарбанду Қўрѓонтеппа ва

дигар навоҳии собиқ вилояти Қўрѓонтеппа анҷом ёфта бошанд ҳам,

дар ҳудуди якчанд ноҳияҳои куҳӣ, аз ҷумла Рашту Сангвор ҳанўз

ҳам муқовиматҳои нерўҳои мухолифи Ҳукумат идома доштанд.

Қариб 100 нафар кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи

Ёвон низ дар он даргириҳо иштирок намуда, 7 нафари онҳо дар

ҳудуди навоҳии мазкур ҳалок гардидаанд.

Дар оѓози соли 1993 таъминоти аҳолии ноҳия бо маводи ѓизоӣ

бо душвориҳои зиёд ҳам бошад, каме беҳтар гардид, тадриҷан

аслиҳаи ҷангӣ аз дасти шахсони алоҳида баргардонида гирифта

шуд ва ниҳоят сокинони ҳаросхўрдаи шаҳраки Ёвон бе тарсу бим

ба кўчаҳо мебаромадагӣ шуданд.

Дар давоми он сол таҷлил намудани 25-солагии таъсисёбии

нақби обгузари Бойѓозӣ-Ёвон, гузаронидани озмуни фарҳангӣ ба

ифтихори Иди забон, сафарҳои ҳунарии ансамбли тарона ва рақси

“Субҳи Ёвон” ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд, ташкил гардидани

намоиш ва фурўши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ноҳия дар

шаҳри Қўрѓонтеппа, баргузор гардидани семинарҳои омўзишӣ дар

хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо иштироки мутахассисони Вазо-

рати кишоварзӣ, олимони соҳа ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои

вилоят, сафарҳои кории намояндагони Кумитаҳои иҷроияи Вило-

яти мухтори куҳистони Бадахшон ва ноҳияи Спитамени вилояти

Суѓд ба ноҳияи Ёвон нишони ба маҷрои осуда баргаштани ҳаёти

иҷтимоии сокинони ноҳия буданд.

Бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ки моҳи июни соли 1992

дар натиҷаи оташсўзӣ пурра хароб гардида буд, дар давоми моҳи

марти соли 1993 таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Ин мақомоти

ҳифзи ҳуқуқу тартибот пас аз нобасомониҳои охири соли 1992

аз нав ба фаъолияти бонизом даромад ва дар давоми нимсолаи

аввали соли 1993 аз дасти аҳолӣ ва шахсони алоҳида ба миқдори

649 мил силоҳи шикорӣ, 55 камон, 61 автомати Калашников, 1

гранатомёт, 6430 дона тири автомат ва 40 дона тири зиреҳпўш

20

Файзиддини Муҳаммадӣ

мусодира намуда, 40 адад мошинҳои боркаш ва 20 адад мошинҳои

сабукрави баяѓморафтаро дарёфт карда, ба соҳибони аслии онҳо

баргардонд.

Корхонаҳои “Тоҷиккимсаноат”, “Тоҷикимсохтмон”, оҳакбарорӣ,

таъмирию механикӣ, коргоҳу дўконҳои ҷамъияти матлубот ва таш-

килоту муассисаҳо, ки чанд муддат тақрибан аз кор бозмонда

буданд, тадриҷан ба фаъолияти бомаром даромаданд ва кишо-

варзони ноҳия ба таври муташаккилона корҳои саҳроиро ба роҳ

монданд. Эҳсос мегардид, ки дасту дили мардум дубора ба кору

зиндагӣ гарм шуда истодааст. Дар оѓози соли 1993 дар ҳудуди

ҷамоати деҳоти Норин (дар назди нуқтаи пахтақабулкунии № 1)

коргоҳи дўзандагӣ таъсис ёфт, ки дар он 36 нафар занону духта-

рони деҳотӣ ба шуѓл фаро гирифта шуданд.

Моҳи феврали соли 1993 бо мақсади гиромидошти хоти-

раи нафароне, ки дар давоми чанд моҳи охир қурбони ҷангҳои

байниҳамдигарӣ шуда буданд, дар маркази ноҳия “Рўзи ёдбуд ва

сулҳу дўстӣ” доир гардид. Дар ин чорабинии бошукўҳ, ки дар назди

Кохи фарҳанги ноҳия баргузор шуд, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ

карда, аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки “аз ҳодисаҳои

нангини соли 1992 хулосаҳои дуруст бароварда, баҳри таъмини

сулҳу суботи кишвар ҳамфикру ҳамақида ва якдилу якҷон бошанд”.

Аз тарафи сокинони ноҳия ва роҳбарияти корхонаву муассисаҳо

дар сандуқи хайрияи ин чорабинӣ беш аз 240 ҳазор сум ҷамъоварӣ

гардид ва ин маблаѓҳо барои бунёд намудани муҷассамаи ёдгории

шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ва кумак расонидан ба оилаҳои онҳо

равона карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи ноҳия 19 марти соли 1993 бо мақсади ба

манзилҳои

зисташон баргардонидани гурезаҳое, ки дар давоми

соли 1992 аз ноҳия кўч баста буданд, таҳти сарварии раиси Ку-

митаи иҷроияи ноҳия Комиссияи кор бо гурезаҳоро таъсис дод.

Бо иқдомоти Комиссияи мазкур, алалхусус, бо заҳмату талошҳои

шабонарўзии муовини раиси он собиқ муовини раиси Кумитаи

иҷроияи ноҳия Каримиён Имомназар, то моҳи сентябри ҳамон сол

8029 нафар (1358 оила) фирориён ба ноҳия баргардонида шуданд.

Кумитаи иҷроияи ноҳия дар давоми соли 1993 барои гурезагон ба

маблаѓи 19 млн. 480 сум (асъори барориши соли 1961) ҷубронпулӣ

ва кумаки яквақтаина ҷудо намуда, баҳри таъмиру азнавсозии

21

Ахтари иқболи Ёвон

манзилҳои харобгаштаи онҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонд.

Ҳар як гурезаи ба Ватан бозгашта имкон дошт, ки аз бонкҳои ноҳия

ба андозаи 100 ҳазор сум қарзи бефоиз бигирад. Ҳамчунин, дар

он давра ба 245 нафар шаҳрвандоне, ки бо сабаби аз фаъолият

бозмондани корхонаҳо бекор монда буданд, ба маблаѓи 3 млн.

252 ҳазор сум кумакпулӣ ва ба 590 кас ба миқдори 9 млн. 160

ҳазор сум ҷубронпулӣ дода шуд.

Саноатчиёни ноҳия дар давоми соли 1993 набзи соҳаро нисба-

тан ба эътидол оварда, нақшаи истеҳсоли оҳакро ба андозаи 160,9

фоиз иҷро намуданд, сохтмончиён бошанд, 2666 метри мураббаъ

манзили истиқоматӣ, биноҳои муассисаи таҳсилоти умумии № 35

ва ду сардхонаро барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта

ба истифода доданд. Кишоварзони ноҳия то охири ҳамон сол 8003

тонна ѓалладона ва зиёда аз 31 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ на-

муданд, ки ин дар қиёс бо як соли пеш қариб 3 ҳазор тонна ѓалла

ва беш аз 10 ҳазор тонна пахта зиёд буд. Нақшаи пилласупорӣ

дар он давра ба андозаи 125 фоиз иҷро гардида, зиёда аз 67

тонна маҳсулот ба даст оварда шуд. Бо вуҷуди он ки саршумори

чорвои калони шохдор нисбат ба аввали соли 1992 1263 сар, бузу

гўсфанд 5244 сар, парранда 33737 сар кам гашта буд, чорводорон

дар давоми сол тавонистанд, ки 757 тонна гўшт, 3934 тонна шир

161000 дона тухм ва зиёда аз 58 тонна пашм истеҳсол намуда,

нақшаҳоро ба андозаи беш аз 100 фоиз иҷро кунанд.

Соли 1994 заҳматкашони ноҳия барои амалӣ намудани дастуру

супоришҳои Роҳбари давлат ва таҳкими рукнҳои ҳокимияти давлатӣ

пурсамар фаъолият намуда, қариб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ

ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Рўзи 27 августи ҳамон

сол таҷлил гардидани 60-солагии таъсисёбии ноҳия ва ба ин му-

носибат ба ноҳия ташриф овардани Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи рўйдодҳои хо-

тирмони соли 1994 мебошад. Суханронӣ ва табрикоти самимонаи

Роҳбари давлат дар ин чорабинии пуршукўҳи идона ба сокинони

ноҳия нерўи тоза бахшида, онҳоро дар кори ободонии Ватан боз

ҳам дилгармтар намуд.

Бо мақсади тарѓиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва

таҳкими ѓояҳои сулҳу дўстӣ соли 1994 дар ноҳия Шўрои “Ҳаракат

барои дўстӣ, ягонагӣ ва бародарии халқҳо” созмон дода шуд. Ин

созмони ҷамъиятӣ дар ҳайати худ ходимони давлатӣ, намояндагони

22

Файзиддини Муҳаммадӣ

мақомоти қудратӣ ва фаъолони ватандўстро муттаҳид намуда, дар

амри таъмини фазои солими сиёсии ҳамонвақта ва рушди бомаро-

ми ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нақши арзанда гузоштааст.

Соли 1994 бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳия

ҷиҳати арҷгузорӣ ба хотираи як зумра ашхоси маъруфи ноҳия

дар болои марқадҳои домулло Қиличалӣ, Қарчӣ Одинаев, Эшони

паҳлавон, Домуллои Кобулӣ, Мулло Солеҳ, Усто Эмом ва чанде ди-

гарон мақбараҳо бунёд гардида, барои гиромӣ доштани мавзеъҳои

таърихӣ ва хотираи шаҳидони ҷанги бародаркуш дар ҳудуди ноҳия

ёдгориҳо ва муҷассамаҳои “Шаҳбача”, “Мазори озах”, “Оби Авѓон”,

“Шаҳидон” ва “Шаҳид” қомат афрохтанд, ки ин тадбир барои обо-

донии ҳар гўшаву канори ноҳия мусоидати фаъол намуд.

Дар давоми соли 1995 мавриди истифода қарор гирифтани

корхонаҳои пахтатозакунии “Ба номи У.Қобилов”, “Аноҳид” ва дар

заминаи онҳо ба кор даромадани коргоҳҳои орду равѓанбарорӣ,

инчунин, бунёди корхонаи “Намаки Ёвон” ва хоҷагиҳои деҳқонӣ,

ки дар заминаи хоҷагиҳои (совхозҳои) собиқ ташкил гардиданд,

барои рушди минбаъдаи ноҳия таҳкурсии боэътимоде гашт. Ба фа-

ъолият оѓоз намудани корхонаҳои муқтадири “Ба номи У.Қобилов”

ва “Аноҳид” мушкилоти чандинсолаи пахтакорони ноҳияро осон

кард: пахтаи ҷамъоваринамудаи онҳо, ки то ин вақт ба корхонаҳои

шаҳрҳои Турсунзодаву Ваҳдат ва ноҳияи Рўдакӣ фиристода мешуд,

акнун дар ҳудуди ноҳия коркард мегардид.

23 апрели соли 1995 интихоботи вакилон ба Шўрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Бекназарзода Саъдулло

Саид, Бекназаров Давлат ва Урунов Қудрат ба ҳайси вакилони

мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз ноҳияи Ёвон интихоб

гардиданд.

Соли 1995 якчанд рўйдоди фараҳбахши дигареро низ дар таъ-

рихи навини ноҳия сабт намудааст. Бо мақсади дастгирии қишри

камбизоати аҳолӣ 23 апрели соли 1995 муассисаи давлатии Хо-

на-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия барои 100 нафар

пиронсолон ва 60 нафар кўдакони маъюб таъсис дода шуд. Ҷойи

зикр аст, ки ҳамон сол Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бо

музаффариятҳои меҳнатӣ табрик гуфтани заҳматкашони ноҳия ду

маротиба- ҳангоми ифтитоҳи корхонаҳои “Аноҳид” (моҳи сентябр)

ва “Намаки Ёвон” (31 декабр) ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда,

мардумро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ташвиқ намуд.

23

Ахтари иқболи Ёвон

Баҳори соли 1996 сербориш омад ва селҳои харобиовар ба

хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёде расониданд. Хатти роҳи оҳани

Ёвон – Қўрѓонтеппа (дар мавзеи Лойқасойи ноҳияи А.Ҷомӣ) дар

натиҷаи фуромадани ярч вайрон гардида, беш аз 4500 га заминҳои

кишт, ки асосан ба шаҳраки Ҳаёти Нав, деҳоти Норин ва Ситораи

Сурх мансуб буданд, аз офатҳои табиӣ хароб гардиданд, зиёда

аз 1000 сар чорвои калони шохдор, 1560 сар бузу гўсфанд ва 152

сар асп талаф ёфт. Он сол, вобаста ба чунин шароити номусоид,

нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳия ҳамагӣ ба миқдори 46 фоиз

(15342 тонна) иҷро гардида, нисбат ба соли 1995 истеҳсоли гўшт

126 тонна, шир 900 тонна, пашм 7 сентнер, тухм 7000 дона кам-

тар шуд ва дар соҳаи кишоварзӣ танҳо нақшаи пилласупорӣ иҷро

гардида,

ба миқдори 71400 тонна ин намуди маҳсулот ба даст

оварда шуд.

Роҳи оҳани Ёвон – Қўрѓонтеппа, ки асосан бо мақсади содироти

маҳсулоти истеҳсолии “Тоҷикимсаноат” ва ба ин корхона ворид на-

мудани ашёи хом пешбинӣ гардида буд, барои баланд бардоштани

ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳия аҳамияти бузург дошт.

Дар натиҷаи хароб гардидани ин иншооти муҳим даромаднокии

соҳаи саноати ноҳия дар соли 1996 нисбат ба як соли қаблӣ ба

андозаи 461 млн. рубл кам гардида, ба рушди иқтисодии ноҳия

зиёни ҷиддӣ ворид намуд.

Бо сабаби ба таври мунтазам дастрас нагардидани гази табиӣ,

қувваи барқ ва ашёи хом дигар корхонаҳои саноатии ноҳия низ

дар соли 1996 натавонистанд бомаром фаъолият намоянд. Танҳо

корхонаи “Тоҷиккимсохтмон”, ки дар он сол нақшаи корҳои сох-

тмонию васлгариро ба андозаи 105 фоиз (447,9 млн. рубл) иҷро

намуд, тавонист, ки дар он давраи мушкил баҳри иҷрои нақшаи

буҷаи маҳал саҳми арзанда гузорад.

Яке аз омилҳое, ки ба иллати нобасомониҳои дохилӣ тайи

панҷсолаҳои якум ва дуюми соҳибистиқлолии мамлакат дар роҳи

рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия монеа гузошт, ба анҷом на-

расидани сохтмони хатти троллейбус буд. Дар назар дошта шуда

буд, ки хатти троллейбус маркази ноҳияро бо минтақаи саноатӣ,

корхонаҳои “Тоҷиккмсаноат” ва Маркази барқию гармидиҳӣ пайваст

менамояд. Ҳарчанд то охири соли 1996 дар ин иншоот 70 фоизи

корҳои сохтмонӣ ба сомон расонида шуда буданд, мутаассифона,

аз лиҳози нарасидани буҷет кор дар ин самт нотамом монд.

24

Файзиддини Муҳаммадӣ

Ҷанги бародаркуш ба ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зарбаи

ҷонкоҳ зада, боиси аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ, камфаъо-

лиятии муассисаҳои сохтмонию нақлиётӣ, суст шудани фаъолияти

кишоварзӣ гардида буд ва аз ҳамин нигоҳ, соҳаҳои иҷтимоиёт,

тандурустӣ ва фарҳангу маориф дар давоми панҷсолаи аввали

соҳибистиқлолии кишвар ба мушкилоти зиёд рў ба рў гаштанд.

Бояд қайд кард, ки роҳбарият ва кормандони соҳаҳои иҷтимоии

ноҳия дар он айёми душвор дарди халқу Ватанро дарди худ

ҳисобида, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои аз вазъияти

буҳронӣ баровардани соҳаҳои мазкур хизматҳои шоиста кардаанд.

Хизматҳои садоқадмандонаи масъулони ҳамонвақтаи Кумитаи

иҷроияи ноҳия Буриев Ҷ., Қодиров Р., Ҳусейнов З., Каримиён И.,

Кенҷаев

А., Малахов С., Ѓаффоров С., Раҷабов Р., Мирзоев Ҳ.,

Қулов Ш., Кабиров Н., Азизова Ҳ., Музаффаров М., Нуров С., Алиев

Т. ва чанде дигарон, инчунин, дар ҳамин радиф масъулиятши-

носии раисони деҳшўроҳои ноҳия, роҳбарони як қатор корхонаву

муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа аз қабили Боваев Қ., Гурезов Э.,

Гурезов М., Иброҳимов И., Бекмуродов М., Ашуров Ш., Қурбонов

С., Ѓуломов А., Ёров К., Малахов Қ., Эркабоев Ҷ., Ибодов С., Сатторов

А., Сатторӣ А., Файзуллоев Т., Сафархолов М., Воҳидов

М., Ниёзов А., Мусулмонов М., Ибодов А., Саидов Т. ва дигарон,

ки солҳои 1991-1996 барои ба эътидол овардани авзои сиёсӣ ва

иқтисодии

ноҳия софдилона адои вазифа мекарданд, шоистаи

таҳсин ва қадрдонӣ аст.

Фидокориҳои даҳҳо нафар ҷавонмардоне, ки дар давоми

панҷсолаи аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ баҳри ҳифзи Истиқлолияти

давлатии кишварамон ҷонбозиҳо кардаву қисме аз онҳо

қурбони тири ҳамватанони худ шуданд, шоистаи гиромидошт ва

арҷгузории самимона аст ва месазад, ки зиндагинома ва саргу-

зашти ибратомўзи онҳо дар асарҳои алоҳида тасвиру тавсиф

карда шавад.

Соли 1997 бо муътадил гаштани вазъи сиёсии мамлакат ҳама

соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тадриҷан ба фаъолияти бомаром

баргаштанд, ки ин ба болоравии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мусо-

идати фаъол намуд. Набзи иҷтимоии ҷомеа ва сатҳи некўаҳволии

мардум низ дар ин давра нисбат ба панҷсолаи аввали замони

соҳибистиқлолӣ рў ба беҳбудӣ оварданд. Созишномаи умумии

истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни

25

Ахтари иқболи Ёвон

соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз ҷониби Пре-

зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари иттиҳоди мухолифини

тоҷик ба имзо расид, кафолати рушди бонизоми ҷомеаи кишвар

гардид. Ин пайки шодиро сокинони ноҳияи Ёвон ҳам дар радифи

тамоми аҳолии кишвар ба хушнудӣ пазируфта, баҳри пойдории

сулҳу субот ва пешрафту ободонии Ватан бо нерўи дучандон

саъю талош намуданд.

Дар давоми соли 1997 бо иштироки фаъолонаи аҳолӣ баргузор

гардидани чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангие аз қабили

“Тоҷикистон - хонаи ободи ман”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Андалеб”

ва ѓайраҳо гувоҳи он буданд, ки сокинони ноҳия ҳама гуна иф-

ротгароию ҷудоиандозиро маҳкум намуда, омодаанд, ки тамоми

нерўю қудрати худро ба таҳкими арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти

давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созанд.

Бо шарофати ба даст омадани Ваҳдати миллӣ қариб тамоми

гурезагоне, ки дар робита бо нооромиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ

аз ноҳия кўч баста буданд, ба ҷойҳои зисти доимиашон

баргаштанд. Ҳукумати ноҳия 245 манзили истиқоматии харобгаш-

таи гурезагонро бо харҷи 57 млн. рубл барқарор намуда, ба ҳар

як оилаи зарардида ба маблаѓи то 300 ҳазор рубли русӣ қарзҳои

имтиёзнок ҷудо кард. Қариб чоруним ҳазор гурезагон бо ҷойи кор

таъмин гашта, ба онҳо наздики 200 ҳазор рубл кумакпулӣ дода

шуд.

Дар соли 1996 фаъолияти бонизоми корхонаи “Намаки Ёвон”,

корхонаҳои коркарди пахтаи “Ба номи У.Қобилов” ва “Аноҳид”,

инчунин, баъд аз таваққуфи тўлонӣ дубора ба фаъолият шурўъ

намудани корхонаҳои “Тоҷиккимсаноат” ва оҳакбарорӣ, дар натиҷаи

таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ташкил гардидани зиёда аз

сад хоҷагии деҳқонӣ ва истифодаи самаранок аз қитъаҳои замини

Президентӣ барои зиёд шудани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ

мусоидат намудаанд ва имкон фароҳам омад, ки садҳо нафар

сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор гашта, сатҳи зиндагии худро

баланд бардоранд.

Соли 1998 дар ҳудуди ноҳия 11 корхонаи хурду калони саноатӣ

фаъолият дошт, ки дар анҷоми сол маҳсулоти истеҳсолкардаи

онҳо маблаѓи 5,6 млрд. рублро ташкил дод. Кишоварзон ҳамон

сол дар майдони 24738 га зироат кишт карданд, ки нисбат ба як

соли пеш 355 га зиёд буд. Дар натиҷаи заҳматҳои бурдборонаи

26

Файзиддини Муҳаммадӣ

худ соли 1998 деҳқонони ноҳия 23231 тонна пахта, 13628 тонна

ѓалладона, 7502 тонна сабзавот ва зиёда аз 8200 тонна дигар на-

муди зироату меваҷот ба даст оварданд, ки ин нишондиҳандаҳо

дар чанд соли охир натиҷаи беҳтар ба ҳисоб мерафтанд.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар 6126 гектар замин кишти зироатҳо

ва боѓу токзорҳоро ба роҳ монда, барои баланд гардидани

ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти кишоварзии ноҳия саҳми арзанда ме-

гузоштанд. Хоҷагиҳои иҷоравӣ ва деҳқонии “Ёвон-4”, “Қайнар”,

“Лахш”, “Пахтакор”, “Мирзоӣ”, “Ба номи Р.Нуров”, “Шер”, “Ширин-

мурод”, “Моша Гурез”, “Абдураҳим”, “Ба номи Қ.Одинаев”, “Набӣ”,

“Собир ” ва чанде дигар аз зумраи ҳамон субъектҳое буданд, ки

дар оѓози давраи таҷдиди соҳаи кишоварзӣ ташкил гардида, бо

натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ бартарияти ин навъи хоҷагидориро

собит намуданд.

Бо вуҷуди он ки рўзи 18 майи соли 1998 селбориши шадид

дар ҳудуди деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, ба номи Г.Юсуфова ва

Даҳана 2202 га замини киштро вайрон намуд, кишоварзони ноҳия

бо иродаи матин заҳмат кашида, мавсими киштро дар он сол бо

дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд.

Соли 1999 дар рўҳияи озоду демократӣ баргузор шудани як

қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Прези-

денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба интихоботи вакилон

ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва маҷлисҳои

маҳаллӣ

ва таҷлили ҷашнвораи 1100-солагии давлати Сомониён

фазои солими сиёсиро комилан таъмин намуда, эътимоди мар-

думро ба ояндаи дурахшон қавӣ гардониданд.

Сокинони ноҳияи Ёвон аз иқдомҳои бунёдкоронаи Роҳбари дав-

лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерўи тоза гирифта, соли 1999 бо

кору фаъолияти пурсамар ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ

ва беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии худ ноил гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 декабри соли

1999 Холмурод Мирзобеков раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.

МИРЗОБЕКОВ ХОЛМУРОД. 13 июни соли 1952 дар деҳаи

Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурх таваллуд шудааст. Баъд аз

гирифтани

таҳсилоти миёнаи умумӣ ва адои хизмати ҳарбӣ соли

1974 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур до-

хил шуда, онро соли 1979 бомуваффақият хатм мекунад. Муддати

27

Ахтари иқболи Ёвон

10 сол дар собиқ хоҷагии номдори “Ёвон-4” ҳамчун агроном ва

сарагроном ва солҳои 1989-1999 дар вазифаи сарвари хоҷагии

мазкур кор кардааст.

Аз соли 2006 то замони таҷдидёбии собиқ хоҷагии “Ёвон- 4 ”,

яъне то соли 2009 Мирзобеков Х. ба ҳайси роҳбари хоҷагии маз-

кур фаъолият намуда, ҳоло вазифаи сарварии хоҷагии деҳқонии

“Шаҳдрез”-ро ба уҳда дорад.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои ўро бо

нишони “Шараф” (соли 1999) ва медали “Хизмати шоиста” (соли

2004) қадр кардаанд.

Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон

дақиқназарона нигоҳ кунем, мушоҳида мегардад, ки охири садаи

XX ва ибтидои асри XXI ба давраи бартарафсозии оқибатҳои

пурзиёни даргириҳои дохилӣ ва оѓози марҳилаи бунёдкориҳову

созандагиҳо рост меояд. Воқеан ҳам, халқи Тоҷикистон дар ҳамин

давра хисороти ҷанги нангини бародаркушро бартараф намуда, бо

дарки аҳамияти пурарзиши Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона

ба шоҳроҳи тараққиёт қадам гузошт.

Бо фароҳам омадани шароити мусоид соли 2000-ум заҳматкашони

ноҳия дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ натиҷаҳои дилхоҳи

истеҳсолӣ ба даст оварданд ва дар натиҷа қисми даромади буҷаи

маҳал зиёда аз 1 млн. сомониро ташкил дод, ки ин баробари 108,3

фоизи нақша буд.

Нишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатии ноҳия, ки ибтидо аз

соли 1995 тамоюли пастравӣ касб намуда буданд, дар соли 2000-

ум беҳтар гардиданд. Ҳамон сол корхонаҳои саноатии ноҳия ба

маблаѓи 10,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, нақшаи

иҷрои корҳои сохтмонӣ 125 фоиз, алоқа 123 фоиз ва муомилоти

моли чакана 101 фоизро ташкил дод. Бо таъсис ёфтани Корпо-

ратсияи “Хима” (дар заминаи Иттиҳодияи таъминоти техникаи

кишоварзӣ (“Сельхозтехника”) ва ба ноҳия ворид гардидани 20

адад тракторҳои Т- 4 фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия ҳам рў

ба беҳбудӣ овард.

Иҷтимоиёт низ дар ин давра ба маҷрои тараққӣ дохил шуд ва

заминаҳои воқеии пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ устувор гардиданд. Соли 1998

28

Файзиддини Муҳаммадӣ

дар шаҳраки Ёвон таъсис ёфтани филиали Омўзишгоҳи омўзгории

ноҳияи Рўдакӣ як андоза мушкилоти норасоии кадрҳои соҳаи мао-

рифро осон намуд (муассисаи мазкур то охири соли 2007 фаъолият

карда, мактабҳои ноҳияро бо зиёда аз 700 нафар кадрҳои омўзгорӣ

таъмин намудааст). Соли 2000-ум хатмкунандагони муассисаҳои

таҳсилоти умумии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои

фаннӣ фаъолона ширкат варзида, аввалин бор дар даврони

соҳибистиқлолии мамлакат соҳиби ду медали тилло гаштанд.

Дар давоми соли 2001 фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ

барқарор гардида, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳия

17 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар шаш соли

қаблӣ ба қайд гирифта нашуда буд.

Роҳи оҳани Қўрѓонтеппа – Ёвон, ки дар натиҷаи офатҳои табии

соли 1996 хароб гардида буд, бо ташаббуси Роҳбари давлат ва

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2001 дар ма-

софаи 8,7 км барқарор гардида, барои ба роҳ мондани содироти

маҳсулоти саноатӣ ва тақвият ёфтани иқтидори иқтисодии ноҳия

мусоидат кард. Акнун содаи каустикӣ, содаи калсийдор, хлори

моеъ, оҳаки хлор, оҳаки аълосифат, намаки суда ва нахи пахта

барин маҳсулоти корхонаҳои “Тоҷиккимсаноат”, оҳакбарорӣ, “На-

маки Ёвон”, “Ба номи У.Қобилов” ба воситаи қатораҳо бе мамониат

берун аз ноҳия ва ҷумҳурӣ интиқол дода мешуданд.

Он сол барои кишоварзон ҳам соли бобарор буд. Деҳқонони

ноҳия дар майдони 15400 гектар пунбадона кишт намуда, 28245

тонна пахта рўёниданд, ки ин нишондиҳанда дар ҳафт соли охир

дастоварди беҳтарини пахтакорон маҳсуб мегашт. Дар ин ѓалабаи

меҳнатӣ саҳми кишоварзони хоҷагии иҷоравии “Ёвон-4” ва ассот-

сиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Қайнар” шоистаи таҳсин буд. Онҳо

ҳосилнокии пахтаро аз ҳисоби миёнаи ноҳия (18,4 с/га) баланд

намуда, дар он мавсим аз ҳар гектар замин 25,1 - 29,2 сентнерӣ

дурри гаронбаҳо ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, оѓози асри нав барои сокинони ноҳия давраи дастовардҳои

дилхоҳи меҳнатӣ, марҳилаи созанданиву бунёдкорӣ ва

ободонӣ гашта, барои инкишофи густурдаи соҳаҳои иқтисодиву

иҷтимоӣ заминаҳои боварибахш муҳайё намуд.

Соли 2002 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон ҷиҳати ба таври сазовор истиқбол гирифтани 10-

умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии

29

Ахтари иқболи Ёвон

Тоҷикистон дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷи тоза

гирифтанд. Дар деҳаҳои Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурх,

Баҳори деҳоти Норин ва Ҳаштуми Марти шаҳраки Ҳаёти Нав

биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, дар назди муассисаҳои

таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 25, 62 ва 66 синфхонаҳои

иловагӣ, дар деҳаи Ѓарави деҳоти Даҳана бунгоҳи тиббӣ, дар бо-

лои шохобе, ки аз байни деҳаҳои Оби Мукӣ ва Даштободи деҳоти

Обшорон мегузарад, як пули мошингузар сохта, бо дастгирии

ташкилотҳои кумакрасон ба 23 деҳа хатти оби ошомиданӣ гуза-

ронида шуд, дар майдони 8,47 га боѓҳои нав бунёд гардиданд ва

дар доираи корҳои ободонӣ таваллудхонаи Беморхонаи марказии

ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Мавриди корбарӣ қарор гирифтани дастуру супоришҳои Пре-

зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин мақсад ба ноҳия сафарҳои

корӣ анҷом додани ходимони собиқадори хизмати давлатӣ, ади-

бони маҳбуб ва шахсиятҳои маъруф дар оѓози панҷсолаи сеюми

Истиқлолият барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия

такони ҷиддӣ дода, дар таҳкими ѓояҳои созанданиву бунёдкорӣ

ва маърифати ватандўстонаи сокинони ноҳия нақши бузургеро

иҷро намуданд.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон ба ноҳияи Ёвон, боздид аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ, му-

ассисаи таълимии литсей ва мулоқотҳои он кас бо кишоварзону

толибилмон, ки рўзи 10 апрели соли 2004 ба вуқўъ пайваст, дар

амри вусъат додани тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба сокинони

ноҳия рўҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар давоми моҳи майи соли 2002 муовини раиси Ҳаракати

Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сиёсатмадори соҳибтаҷриба

С.Мирзошоев, узви раёсати Ҳаракати мазкур шоири халқии Тоҷикистон

М.Қаноат, аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

А.Самад ва М.Бахтӣ, шоирон С.Хатлонӣ, З.Ибод, А.Хатлонӣ,

У.Билол ва Хайрандеш ба ноҳияи мо омада, бо роҳбарияти

муассисаҳо, фаъолон, намояндагони занон ва ҷавонон суҳбатҳои

пурмазмун доир намуданд, ки ин иқдом барои устувор гардидани

рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таъсири амиқ

гузошта, минбаъд ба ҳукми анъана даромад.

Дар давоми ин панҷсола бунёд гардидан ва мавриди баҳрабардорӣ

қарор гирифтани боѓи истироҳатии “Фароѓат”, муассисаи

30

Файзиддини Муҳаммадӣ

таълимии гимназияи хонандагони лаёқатманд, бинои истиқоматии

баландошёна дар маркази ноҳия, кохи фарҳанг дар маркази

ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, баргузор гардидани озмунҳо ва

чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, сафарҳои ҳунарии санъаткорони

ноҳия ба ҳар гўшаву канори ҷумҳурӣ, бо роҳи ташкил намудани

ҳашарҳои дастҷамъона равнақ додани корҳои ободонӣ гувоҳи беш

аз пеш густариш пайдо намудани арзишҳои муқаддаси милливу

ватандорӣ дар миёни аҳолии ноҳия буданд.

Соҳаҳои иҷтимоии ноҳия дар давоми панҷсолаи сеюми Истиқлолият

ба маҷрои рушди устувор дохил гардида, сатҳи некўаҳволии

сокинон ба маротиб баланд шуд. Мушкилоти таъмини

шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ тавассути доир намудани ярмаркаҳои

ҷойҳои корӣ нисбатан осон гардида, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии

табақаи ниёзманд беҳбудӣ ёфтанд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шарофати Истиқлолият

ва сулҳу суботи комил имкон пайдо кард, ки масоили ҳалталаби

соҳаи маорифро дар маркази диққат қарор дода, сатҳи

таълиму тарбияи насли наврасро баланд бардорад. Дар давоми

панҷсолаи сеюми соҳибистиқлолии кишвар бунёду азнавсозии

биноҳои панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ, сохта шудани чандин

синфхонаҳои иловагӣ, таъсис ёфтани муассисаи таълимии гим-

назияи хонандагони лаёқатманд, бартараф намудани мушкилоти

норасоии китобҳои дарсӣ, ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил гар-

дидани 286 нафар хатмкунандагони синфи 11 (2004), дар қатори

панҷ шаҳру ноҳияҳои кишвар ба раванди ислоҳоти соҳаи маориф

дохил гардидани ноҳия, дар озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол”

ѓолиб омадани омўзгори ҷавон К.Каримов (2003), дар саҳни би-

нои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 қомат афрохтани

нимпайкараи омўзгори маъруф Б.Назуров (2006) аз он шаҳодат

медоданд, ки соҳаи маорифи ноҳия ба маҷрои бемайлони инки-

шоф ворид гардидааст.

Мутаассифона, баъд аз он ки дар заминаи корхонаи азими

“Тоҷиккимсаноат”

корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр бо номи

“Кимиё” ташкил гардид (соли 2002), соҳаи саноати ноҳия дар ин

давра натавонист рушди босуботи худро таъмин намояд. Таъсисдиҳандагони

корхонаи нав умед доштанд, ки бо истифода аз роҳу

усулҳои муносиботи бозаргонӣ даромади калон ба даст меоранд,

аммо дар ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии

31

Ахтари иқболи Ёвон

ноҳия дар соли 2003 маълум гардид, ки нисбат ба соли 2001

истеҳсол ва фурўши маҳсулоти содиротии корхонаи мазкур- со-

даи каустикӣ 285 тонна, хлори моеъ 1222 тона ва оҳаки хлордор

404 тонна кам шудааст. Корхонаҳои саноатии “Намаки Ёвон” ва

оҳакбарорӣ низ, ки фаъолияташон бо “Тоҷиккимсаноат” алоқаманд

буд, дар натиҷаи ин тадбири бебарор, инчунин, аз сабаби нара-

сидани гази табиӣ ва оби дарёи Кофарниҳон, баъд аз соли 2002

чанд муддат ба корхонаҳои зараровар мубаддал шуданд ва ҳамин

буд, ки дар соли 2005 қарзи дебитории корхонаҳои ноҳия зиёд

шуда ба 722 ҳазор сомонӣ расид.

Бо вуҷуди пастравии нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳои

зикргардида соли 2002 маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳия дар

қиёс бо даҳ соли аввали Истиқлолият баландтар гардид, ки ин аз

натиҷаи фаъолияти муваффақонаи корхонаҳои коркарди пахтаи

“Ба номи У.Қобилов” ва “Аноҳид” вобаста буд. Ин корхонаҳо дар он

мавсим 10126 тонна нахи пахта истеҳсол намуданд, ки ин рақам

дар қиёс бо як соли пеш 2276 тонна ва нисбат ба соли 1996 8698

тонна бештар буд. Истеҳсоли 17159 тонна чигит, 683 тонна тибит,

570 тонна пат ва 397 тонна торак низ боиси афзун гаштани маҷмўи

маҳсулоти саноатии ноҳия дар соли 2002 гаштанд.

Бахши хусусии соҳаи саноати ноҳия маҳз дар ҳамин давра

тараққӣ ёфта, фаъолияти қариб 1100 нафар соҳибкорон ба рушди

соҳа, қавӣ гардидани иқтидори иқтисодии маҳал ва беҳтар шудани

сифати зиндагии сокинон таъсири мусбат гузошт. Бо саҳми бево-

ситаи соҳибкорон ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳия дар

соли 2005 қариб ба 60 млн. ва соли 2006 ба 63 млн. 787,7 ҳазор

сомонӣ расонида шуд.

Дар давоми солҳои 2001-2006 хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, ки

теъдоди онҳо аллакай ба наздики 4000 адад расида буд, барои

тавсеа ёфтани соҳаи кишоварзии ноҳия саҳми босазо гузоштанд.

Соли 2004 пахтакорони ноҳия ҳосилнокии заминҳоро аз ҳисоби

миёнаи 11,2 с/га то ба 25,2 с/га расонида, зиёда аз 34 ҳазор тонна

пахта ҷамъоварӣ карданд, ки ин дастовард аз соли 1992 то ба ҳоло

нишондиҳандаи рекордӣ ҳисоб меёбад. Хоҷагии иҷоравии “Ёвон-4”

ва ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ба номи С.Умаров” (собиқ

хоҷагии деҳқонии “Қайнар”) ва хоҷагии деҳқонии “Сомониён” дар

он мавсим ҳосилнокии пахтаро аз ҳар як гектар то 31 сентнерӣ

32

Файзиддини Муҳаммадӣ

расонида, бештар аз чоряки нақшаи пахтасупории ноҳияро таъмин

намуданд.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ян-

вари соли 2006 Холов К.У. раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.

ХОЛОВ КОМИЛҶОН УЗБЕКХОҶАЕВИЧ. 13 майи соли 1959

дар ноҳияи Данѓара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омўзишгоҳи

техникии шаҳри Сарбанд (1977), Донишгоҳи омўзгории шаҳри Кўлоб

(1982) ва факултети Иқтисодиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С.Осимӣ (1987) мебошад. Фаъолияти кориаш-

ро ҳамчун омўзгор шурўъ намуда (1987-1992), сипас дар вазифаҳои

раиси Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш (1992-1993), раиси

Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаҳои саноатию кишоварзии вилояти

Хатлон (1993-1996) ва раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи

комплекси агросаноатии Тоҷикистон (1996-2006) кор кардааст.

Соли 2006 ба мансаби раиси ноҳияи Ёвон таъин гардида, то соли

2008 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт.

То соли 2006 дар асоси таҷдид намудани соҳаҳои хоҷагии халқ

дар ҳудуди ноҳия 20 иншоот, 32 адад техникаи давлатӣ ва дигар

муҳиммоти соҳаи саноат хусусӣ гардонида, рушди иқтисодӣ дар

заминаи бахши хусусӣ ба роҳ монда шуда буд.

Сафари кории собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Оқилов

ба ноҳияи Ёвон ва аз тарафи он кас мавриди таҳлилу интиқод

қарор гирифтани вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ масъуло-

ни хоҷагии халқи ноҳияро вазифадор намуд, ки баҳри татбиқи

саривақтӣ ва босифати Паёми Роҳбари давлат дар самти таъмини

рушди босуботи кишвар бештар аз пештара саҳмгузор бошанд.

Тавре ки аз таҳлили натиҷаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии

ноҳия дар соли 2006 бармеояд, масъулони ҳама соҳаҳои хоҷагии

халқ аз таъкидҳои Сарвазири мамлакат хулосаҳои дуруст баро-

варда, он сол муваффақиятҳои зиёди меҳнатӣ ба даст овардаанд.

Корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, ки теъдоди онҳо 17 ада-

дро ташкил медод, он сол маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳияро

ба 58 млн. 945,8 ҳазор сомонӣ расонида, барои ѓанӣ гардидани

қисми даромади буҷаи маҳал ҳиссаи арзанда гузоштанд.

Соли 2006 кишоварзон ва чорводорони ноҳия низ ба нишондиҳандаҳои

баланди истеҳсолӣ ноил гардида, 25867 тонна пахта,

32215 тонна ѓалладона, 15553 тонна сабзавот, 4586 тонна поле33

Ахтари иқболи Ёвон

зиҳо, 3970 тонна картошка, 259,3 тонна гўшт, 1519 тонна шир ва

19,2 тонна пашм ба даст оварданд. Он сол ҳаҷми буҷети ноҳия 4

млн. 705 ҳазор сомониро ташкил дод ва ин нишондиҳандаи дар

даврони

соҳибистиқлолии кишвар бесобиқа шароит муҳайё намуд,

ки ҳаҷми маблаѓгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия афзоиш ёбад.

Дар робита бо тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми солҳои

2007-2011 нисбат ба 15 соли қаблии даврони соҳибистиқлолии

ҷумҳурӣ

таҳким ёфта, ба маҷрои устувори рушд ворид гардиданд.

Аз оѓози панҷсолаи чоруми замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати

кишвар дар баробари тақвият додани соҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди

воқеии иқтисодиёт, яъне саноату сохтмон, кишоварзию коммуни-

катсия ва соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда,

аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 25 фоизи онро ба ин самтҳо

равона намуд.

Дар ин давра дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 20 субъекти соҳибкорӣ

фаъолияти истеҳсолӣ доштанд, ки аксарияти онҳо навтаъсис бу-

данд. Саҳми корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия дар ибтидои

панҷсолаи чоруми Истиқлолият дар амри баланд гардидани сатҳи

иҷтимоиёт ва густариш ёфтани муносибатҳои нави соҳибкорӣ хеле

калон аст.

Ҳарчанд се корхонаи азими саноатии ноҳия “Тоҷиккимсаноат”,

“Намаки Ёвон” ва корхонаи истеҳсоли оҳак дар он давра ҳамагӣ

бо 20-30 фоизи иқтидори истеҳсолиашон фаъолият мекарданд,

соли 2007 ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳия тавассути

кори пурсамари ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ба 58 млн.

сомонӣ расида, нисбат ба соли 2002 як маротиба афзоиш ёфт.

Субъектҳои соҳибкории “Сомон ЯРЗ”, “Намуна” (“Аноҳид”), “Ҷунда”,

“АКМА”, “Ѓаюр”, “Ато”, “Токфеникс”, “Хима текстил”, “Истиқлол-2010”,

“Тоҷметпласт” ва чанде дигар имкон фароҳам оварданд, ки даро-

маднокии соҳаи саноати ноҳия дар охири панҷсолаи чорум то 84

млн. 157 ҳазор сомонӣ боло равад.

16 январи соли 2008 Юсуфзода Б. раиси ноҳияи Ёвон таъин

гардида, то 29 ноябри соли 2011 дар ҳамин мансаб адои вазифа

намуд.

ЮСУФЗОДА БАРОТАЛӢ. Соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё

омадааст. Соли 1988 Техникуми кишоварзии ноҳияи Бохтар ва соли

34

Файзиддини Муҳаммадӣ

2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро бо

ихтисоси муҳандис-мелиоратор хатм кардааст. То замони раиси

ноҳияи Ёвон таъин гардиданаш дар вазифаҳои сардори Идораи

давлатии хоҷагии оби вилояти Хатлон (2001-2006) ва муовини

раиси вилояти Хатлон (2006-2008) фаъолият дошт.

Соли 2008 барои кишоварзони ноҳия соли бобарор буд. Ба

туфайли истифодаи босамари усулҳои муосири агротехникӣ дар

қиёс бо соли қаблӣ ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла пахта ва ѓалла

1-сентнерӣ, ангур 5 сентнер, мева 9 сентнер, сабзавот 17 сентнер,

картошка 32 сентнер афзоиш ёфт ва дар мавсими ҳосилѓундорӣ

23971 тонна пахта, 36556 тонна ѓалла, 20597 тонна сабзавот ва

5474 тонна картошка истеҳсол гардида, ҳаҷми умумии маҷмўи

маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба 227885 сомонӣ расонида шуд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ёвон, ки

рўзи 1 майи соли 2008 ба вуқўъ пайваст, заҳматкашони ноҳияро

ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун сохт. Роҳбари

давлат зимни ин сафари кории худ бо рафти корҳои барқарорсозии

Маркази барқу гармидиҳӣ шинос гардид ва аз як қатор иншоо-

ти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дидан намуда, бо рафти корҳои

сохтмонӣ дар корхонаи бунёдшавандаи “Хима текстил” ошноӣ

пайдо кард. Дар анҷоми шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ

Президенти кишвар дар бошишгоҳи хоҷагии деҳқонии “Руқия”-и

деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо кишоварзон ва намоянда-

гони аҳли ҷамоатчигии ноҳия мулоқоти судманд баргузор намуд.

Тавре ки дар боло ишора рафт, вазъи соҳаҳои иҷтимоии

ҷумҳурӣ дар тўли панҷсолаи чоруми Истиқлолият нисбат ба солҳои

пешин беҳбудӣ ёфт. Агар дар соли 2001 барои соҳаҳои иҷтимоии

кишвар 126,0 млн. сомонӣ ё ин ки 40 фоизи буҷети давлатӣ раво-

на шуда бошад, пас, ин рақам дар соли 2011 бештар аз 4 млрд.

сомонӣ ё худ 50 фози хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дод.

Ҳукумати кишвар дар ин давра бо мақсади рушди соҳаи мао-

риф, ки самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад,

маблаѓгузориро дар соли 2010 то ба 1092 млн. сомонӣ расонд, ки

ин 4,7 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, нисбат

ба соли 2000-ум 26,6 баробар ва дар қиёс бо соли 2005-ум 4,5

маротиба бештар буд.

Ин нишондиҳандаҳо дар ноҳияи мо низ назаррасанд. Агар дар

соли 2005 ба соҳаи маорифи ноҳия 249 млн. сомонӣ ҷудо гарди-

35

Ахтари иқболи Ёвон

да бошад, пас, ин рақам вобаста ба афзоиши маҷмўи маҳсулоти

дохилӣ дар соли 2010 ба 15 млн. 233 ҳазор сомонӣ расид. Қобили

зикр аст, ки дар ин давра мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳия ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, ҷиҳати

таҳкими соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва суѓуртаи иҷтимоӣ

қариб 5 млн. сомонӣ равона намуд.

Дар давоми солҳои 2007-2011 дар ҳудуди ноҳия 2 муассисаи

нави таҳсилоти умумӣ (№ № 72 ва 74), 1 муассисаи таҳсилоти

ибтидоӣ

(№ 73) таъсис ёфта, биноҳои 4 муассисаи таълимӣ азнавсозӣ

гардиданд (№ 39, 51, 63, 65) ва 2 муассисаи таълимӣ аз

вагонҳо

бароварда, дар биноҳои навбунёд ҷойгир карда шуданд

(№ № 54 ва 62).

Бо вуҷуди он ки соли 2009 дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буҳрони азими

иқтисодиву молиявӣ ба авҷи худ расид ва нишондиҳандаҳои иқтисоди

ҷаҳонӣ коҳиш ёфтанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

роҳандозии

як қатор тадбирҳои мушаххас тавонист, ки таъсири

буҳронро кам намуда, дар ин давра тамоюли рушди иқтисодиёти

кишварро нигоҳ дорад.

Соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, ки асоси даромади буҷети

ноҳияро ташкил медиҳанд, дар охири панҷсолаи чоруми Истиқлолият

баҳри таъмини рушди иқтисодии ноҳия ҳиссаи сазовор

гузоштанд ва натиҷаи ҳамин буд, ки дар соли 2011 ҳаҷми маҷмўи

маҳсулоти дохилии ноҳия қариб ба 100 млн. сомонӣ баробар гар-

дид.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки иқтидори соҳаи чорводории

ноҳия ниҳоят пас аз 20 соли соҳибистиқлолии мамлакат барқарор

гардида, ҳаҷми истеҳсоли гўшту шир нисбат ба чанд соли сипа-

ригардида афзоиш ёфт. Чорводорон дар соли 2010 3737 тонна

гўшт, 21645 тонна шир, беш аз 4 млн. дона тухм, 173 тонна пашм,

3402 тонна пилла ва 20,1 тонна асал истеҳсол намуданд.

Соли 2011 деҳқонони ноҳия низ майдони кишти зироатҳоро

васеъ намуда, ба 31669 га расонданд, ки дар натиҷа 28173 тонна

пахта, 36728 тонна ѓалла, 8562 тонна картошка, 28878 тонна саб-

завот, 10724 тонна полезиҳо, 2878 тонна мева, 5529 тонна ангур

ҷамъоварӣ карда шуд.

Дар давоми панҷсолаи чоруми соҳибистиқлолии кишварамон

дар ҳудуди ноҳия 15 адад корхонаҳо ва коргоҳҳои хурду бузур-

ги истеҳсолӣ ва 1500 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфтанд ва ва ин

36

Файзиддини Муҳаммадӣ

омилҳо боис гаштанд, ки зиёда аз 1600 ҷойи нави корӣ муҳайё

карда шавад.

Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2011 ба андозаи

101 фоиз таъмин гардида, 23 млн. 862 ҳазор сомониро ташкил

дод, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 4 млн. 366 ҳазор сомонӣ

ва дар қиёс бо соли 2006 се маротиба зиёд аст.

Вобаста ба афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва

қисми даромади буҷети маҳаллӣ вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ беҳбудӣ

ёфта, соли 2011 ба соҳаҳои маориф 17 млн. 400 ҳазор сомонӣ,

тандурустӣ 5 млн. 425 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 479,1

ҳазор

сомонӣ, кишоварзӣ 472,8 ҳазор сомонӣ, мақомоти ҳифзи

ҳуқуқ 253,7 ҳазор сомонӣ, суѓуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 250

ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 556,5 ҳазор сомонӣ

равона гардид.

Болоравии ҳаҷми маблаѓгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ асосан

дар натиҷаи ҷорӣ намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва рушди

бесобиқаи соҳибкории хурду миёна ба миён омад. Бо иқдоми

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани соҳибкорони ватанӣ

ва хориҷӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ

ҳангоми ба ҷумҳурӣ ворид гардонидани таҷҳизоти технологию

истеҳсолӣ, инчунин, ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона” вобаста ба

низоми бақайдгирии соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои фаъолияти

сохтмонӣ, мустаҳкам гардидани ҳуқуқҳои сармоягузорон бо роҳи

беҳтар намудани қонунгузорӣ оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва сода

намудани расмиёти муфлисшавӣ ба таъсисёбии субъектҳои нави

соҳибкорӣ ва фаъолияти босамари онҳо мусоидати фаъол намуд.

Як қатор иншооти навтаъсис ё аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ

хусусигардонидашуда, аз қабили ҷамъиятҳои дорои масъулияти

маҳдуди “Ѓаюр”, “Намаки Ёвон”, “Комплекс Токфеникс”, “Эком”,

“Ато” ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ дар натиҷаи ҳамкорӣ бо

соҳибкорон ва ширкатҳои хориҷӣ ба мисли ширкатҳои чинии

Чжон Шен ва Хуан Эйша Инвестсемент, Ширкати “Токфеникс-

Инвесменс-ЛТД”-и давлати Кипр, Бонки рушд ва тараққиёти Ав-

рупо, ташкилотҳои Фонди глобалӣ, USAID, GTZ, Karitas, Барно-

маи озуқаи ҷаҳонӣ ва ѓайраҳо дар давоми солҳои 2007-2011 ба

нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардиданд.

Саноатчиёни ноҳия соли 2011 ба маблаѓи 173 млн. 748 ҳазор

сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, иҷрои нақшаро ба қадри 199,7

37

Ахтари иқболи Ёвон

фоиз таъмин намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ

43 млн. 917 ҳазор ва мутаносибан бо соли 2001 147 млн. 641 ҳазор

сомонӣ зиёд буд.

Тавассути фаъолияти бомароми корхонаҳо ва ҷамъиятҳои

сохтмонии “Ѓаюр”, “Зуҳали Убайдулло”, “Эксперт-саноат”, “Наврўз”,

“Навбаҳор”, “КВДИС” ва чанде дигар соли 2011 нақшаи дурна-

мои ноҳия барзиёд иҷро гардида, ба маблаѓи 7 млн. 183 ҳазор

сомонӣ корҳои пудратӣ ва 21 млн. 204 ҳазор сомонӣ корҳои сох-

тмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд. Сохтмончиёни ноҳия

дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон 41 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои кор-

хонаи “Эком”, филиали “Тоҷиксодиротбонк”, маҷмааи варзишии

“Ваҳдат”, 15 маркази тиҷоратӣ ва ѓайраҳоро бунёд намуда, мав-

риди истифода қарор доданд.

Дар баробари корхонаҳои саноатӣ кишоварзони ноҳия низ дар

давоми ин панҷсола бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро

ба роҳ монда, ба марҳилаи нави пешравиҳо ворид гардиданд.

Ширкатҳои хориҷӣ дар ин муддат тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ ба

793 хоҷагии пахтакори ноҳия барои парвариши пахта 19 млн. 198

ҳазор сомонӣ маблаѓгузорӣ намудаанд, ки ин ба як гектар майдони

пахтазор 2750 сомонӣ рост меояд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки деҳқонони ноҳия тавонистанд дар соли

2011 мавсими ҷамъоварии зироатҳои кишоварзиро бомуваффақият

ҷамъбаст намуда, 28173 тонна пахта, 43131 тонна ѓалла, 11170

тонна картошка, 37067 тонна сабзавот, 15292 тонна полезиҳо,

5064 тонна мева, 6839 тонна ангур, 22908 тонна шир, 3942,8 тон-

на гўшт, 250 тонна пашм, 21,2 тонна пилла, 56,7 тонна асал ва

4 млн. 328,4 ҳазор дона тухм ба даст биёранд. Нақшаи содироти

маҳсулоти

кишоварзӣ низ дар он сол ба андозаи 102,7 фоиз иҷро

гардида, беш аз ду ҳазор тонна сабзавоту меваҷот ба хориҷи

кишвар интиқол дода шуд.

Аз таҳлили мухтасари вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар

давоми панҷсолаи чоруми соҳибистиқлолии Тоҷикистон аён ме-

гардад, ки заҳматкашони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дар тўли 20

соли соҳибистиқлолии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил

гардида, бо мақсади рушди ояндаи маҳал ва саҳм гузоштан дар

таҳкими рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ садоқатмандона ҷидду

ҷаҳд меварзанд.

38

Файзиддини Муҳаммадӣ

Дар охири ин панҷсола, моҳи октябри соли 2011 Таѓоев Р.

ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуд.

ТАЃОЕВ РАҶАБАЛӢ. 26 марти соли 1953 дар шаҳраки Ёвон

ба дунё омада, баъд аз гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ

солҳои

1969-1973 дар факултети Забонҳои хориҷии Донишгоҳи

давлатии

омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва солҳои 1978-

1983 дар факултети Банақшагирии хоҷагии халқи Донишгоҳи

миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби ихтисосҳои омўзгор ва

иқтисодчӣ

шудааст. Ў фаъолияти кории худро ба ҳайси омўзгор

оѓоз намуда, солҳои 1977-1981 дар Кумитаи комсомоли ноҳия, аз

соли 1981 то соли 2007 дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ,

солҳои 2007-2011 ба ҳайси директори Маркази стандартизатсия,

метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон

кор кардааст. Хатмкардаи Мактаби олии Ҳизби коммунистӣ дар

шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия мебошад (1990).

То 12 декабри соли 2013 масъулияти роҳбарии ноҳияро ба уҳда

дошт.

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар давоми

солҳои

соҳибистиқлолӣ бараъло гувоҳӣ медиҳанд, ки ноҳияи

Ёвон дар зарфи чор панҷсола заминаҳои боэътимоди пешравии

ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро зина ба зина ба вуҷуд оварда,

дар партави сиёсати тараққихоҳонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати

миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба маҷрои рушди

устувор ворид гардидааст.

Панҷсолаи охир барои сокинони ноҳия марҳилаи созандагиву

бунёдкориҳои беҳамто ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои

2012-2016 соҳаҳои саноату сохтмон ва кишоварзӣ, ки асоси

даромади буҷаи ноҳияро ташкил медиҳанд, ба дастовардҳои

бузург ноил гардида, барои таъмини шароити шоистаи зиндагии

сокинон саҳми босазо гузоштанд.

Солҳои 2012-2013 фаъолияти истеҳсолии ҷамъиятҳои дорои

масъулияти маҳдуди “Хуаксин Ѓаюр семент”, “Ѓаюр”, “Ваҳдат”,

“Хима текстил”, “Ато”, “Комрон Агро Холдинг”, “Кавсар”, “Ар-

боб”, “Прогресс”, “Сабр”, “Сатториён”, корхонаҳои коркарди

пахтаи

“Эком”, “Истиқлол-2010”, “Намуна” (“Аноҳид”), “Ба номи

У.Қобилов”, “Ёвон коттон” ва ѓайраҳо, инчунин, дар асоси таҷдиди

39

Ахтари иқболи Ёвон

хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфтани беш аз 1000 хоҷагии

хурди деҳқонӣ ва ба ноҳия ворид гардидани теъдоди зиёди

техникаи кишоварзӣ рушди иқтисодии ноҳияро таъмин наму-

да, барои тавсеаи соҳаҳои иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам

оварданд.

Соҳибкорони ноҳия аз ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар сам-

ти инкишоф додани соҳаи саноат ва бо ин мақсад дар давоми

солҳои

2012-2013 се маротиба ба ноҳия ташриф овардани он

кас рўҳу тавони нав гирифта, корҳои созандагиву бунёдкориро

вусъати тоза бахшиданд.

Вазъи соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ,

фарҳанг ва варзиш низ тайи ин солҳо хеле беҳтар гардид. Дар

муддати ду сол дар назди ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ

(№ № 9 ва 50) биноҳои нави таълимӣ бунёд ёфтанд, дар деҳаи

Мирамшоҳии деҳоти Даҳана як муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ,

дар деҳоти гуногун 7 нуқтаи хизматрасонии тиббӣ сохта шуда,

заминаи

моддию техникии соҳаи тандурустӣ бо ворид намудани

таҷҳизоти муосири тиббӣ беҳтар гардид. Бо афзоиш ёфтани

ҳаҷми

маблаѓгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бунёди муассисаҳои

фарҳангиву

варзишӣ низ вусъат пайдо намуда, сатҳи хизматра-

сонии ин соҳаҳо бамаротиб беҳтар гардид.

Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 2013 хонандагони муассисаҳои

таълимии

ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ

соҳиби 14 ҷойи ифтихорӣ гашта, 703 нафар хатмку-

нандагон ба донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар

дохил шуданд ва варзишгарони ҷавон аз мусобиқаҳои сатҳи гуно-

гун 282 медал, аз он ҷумла 104 медали тилло ба даст оварданд

(ин нишондиҳанда то ҳоло дастоварди рекордии варзишгарони

ноҳия маҳсуб меёбад).

Пахтакорони ноҳия пас аз панҷ сол дубора собит наму-

данд, ки дар ин соҳа таҷрибаи ѓанӣ доранд. Дар мавсими

ҳосилѓундории соли 2012 деҳқонони хоҷагиҳои пахтакор, ново-

баста аз душвориҳои зиёд дар натиҷаи ҳамкориҳо пурсамар бо

бонкҳои маблаѓгузор ва ширкатҳои хусусӣ 29600 тонна ҳосил

рўёниданд, ки ин аз нақша 12,7 фоиз ва нисбат ба соли 2011

1427 тонна зиёд буд.

Соли 2013 бошад дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия 54688

тонна ѓалла, 12843 тонна картошка, 44853 тонна сабзавот, 18553

40

Файзиддини Муҳаммадӣ

тонна полезӣ, 6690 тонна мева, 8103 тонна ангур ҷамъоварӣ

гардида,

4848 тонна гўшт, 41005 тонна шир, 313,2 тонна пашм

ва 62,1 тонна асал истеҳсол шуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар

давоми

22 соли соҳибистиқлолии мамлакат дастовардҳои бе-

назир ба шумор мерафтанд.

Моҳи декабри соли 2013 вазифаи роҳбарии ноҳия ба зиммаи

Амирбеки Темур вогузор карда шуд.

АМИРБЕКИ ТЕМУР. 25 декабри соли 1960 дар ноҳияи Бох-

тар таваллуд шуда, баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1982-

1988 дар факултети Иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи миллии

Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси коргари оддӣ оѓоз на-

муда, аз соли 1988 то соли 2001 дар собиқ хоҷагии “Коммунизм”

(ҳоло хоҷагии “Меҳвар”)-и ноҳияи Бохтар ҳамчун ҳисобчӣ, иқтисодчӣ,

котиби ташкилоти ҳизбӣ, раиси комиссияи тафтишотӣ ва

роҳбари хоҷагӣ кор кардааст. Суботкориву матиниродагиашро

ба эътибор гирифта, соли 2003-юм ўро ба мансаби муовини

якуми раиси ноҳияи Бохтар ва пас аз як сол ба вазифаи раиси

ноҳияи Ҷиликўли вилояти Хатлон таъин намуданд. Солҳои 2006-

2007 ба ҳайси муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти

Хатлон фаъолият намудааст. Солҳои 2007 ва 2012, яъне ду

навбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон интихоб гардида, то соли 2013 дар ин мақоми бо-

нуфузи қонунгузор фаъолият дошт. Айни замон роҳбарии ин

ноҳияи сернуфусро, ки аҳолияш беш аз дусад ҳазор нафарро

ташкил медиҳад, ба уҳда дорад.

Соли 2014 барои заҳматкашони ноҳия давраи муваффақиятҳои

бемисл гардид. Музди миёнаи маоши кормандон дар ин сол

723,0 сомониро ташкил дод, ки ин танҳо дар муқоиса бо соли

2013 270,0 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи даромад ба андозаи

105 фоиз иҷро шуда, ба буҷаи маҳал қариб 75 млн. сомонӣ во-

рид гашт, ки ин рақам нисбат ба соли пешин 3 млн. 515 ҳазор

сомонӣ ва дар муқоиса бо соли 2011 беш аз 51 млн. сомонӣ

зиёд аст. Фаъолияти корхонаҳо ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва

рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ имкон доданд, ки маҷмўи

маҳсулоти дохилии ноҳия дар соли 2014 ба 1 млрд. 289,6 млн.

сомонӣ расонида шавад.

41

Ахтари иқболи Ёвон

Умуман, тавассути таъсисёбии корхонаҳои саноатии то охи-

ри соли 2015 бунёдгардида ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии

ноҳия аз 84,1 млн. сомонии охири панҷсолаи чорум дар соли

2015 то ба 713,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин омил барои

муҳайё намудани ҷойҳои зиёди корӣ ва афзоиш ёфтани қисми

даромади буҷаи маҳал мусоидати фаъол намуд.

Корхонаҳои ноҳия дар давоми соли 2015 ба миқдори 1 млн.

92,3 ҳазор тонна семент, 5,8 ҳазор тонна нахи пахта, 7 млн.

514,2 дона ѓишт, 293,1 тонна риштаи ресандагӣ, 1 млн. 815 ҳазор

ҷуфт ҷўроб, 12,8 ҳазор тонна орд, 6000 тонна нон ва маҳсулоти

нонӣ, 13 намуд маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ

истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо дар қиёс бо солҳои

гузашта хеле зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷаи маҳаллӣ бошад дар ин давра 113,0

фоизро ташкил дода, ба ҷойи 58 млн. 141 ҳазор сомонии ба нақша

гирифташуда 65 млн. 592 ҳазор сомонӣ аз худ гардидааст.

Соли гузашта ба соҳаҳои маориф 42 млн. 121 ҳазор сомонӣ ё

116 фоиз, тандурустӣ 13 млн. 883 ҳазор сомонӣ ё 121 фоиз,

мақомоти

роҳбарикунанда 3 млн 197 ҳазор сомонӣ ё 154 фоиз,

соҳаҳои

фарҳанг ва варзиш 1 млн. 87 ҳазор сомонӣ ё 135 фоиз,

соҳаи кишоварзӣ 686,1 ҳазор сомонӣ ё 105 фоиз, хоҷагии ман-

зилию коммуналӣ 1,2 млн. сомонӣ ё 221 фоиз ва барои дигар

хароҷотҳо 1 млн. 82 ҳазор сомонӣ маблаѓгузорӣ карда шудааст.

Рушду инкишофи иқтисоди кишвар ва таъмини некўаҳволии

мардум ба фаъолияти соҳибкорону тоҷирон вобастагии калон до-

рад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, алалхусус,

чанд соли охир аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади беҳтар гардони-

дани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хурду

миёна, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои

нави корӣ ва аз байн бурдани монеаҳои барзиёди маъмурӣ

тадбирҳои зиёд амалӣ гардиданд. Бо пешниҳоди Роҳбари дав-

лат ҷиҳати дастрасӣ ба усулҳои инноватсионии истеҳсолот,

барои ҳарчӣ бештар ба ҷумҳурӣ ворид намудани техника ва

технологияи муосир ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба

соҳибкороне, ки корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулот таъсис

медиҳанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шуданд.

42

Файзиддини Муҳаммадӣ

Фаъолияти пурсамари корхонаи истеҳсолии “Хуаксин Ѓаюр се-

мент”, ки натиҷаи ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва Ҷумҳурии

Халқии Хитой мебошад, инчунин, чандин корхонаҳои дигар имкон

дод, ки ноҳияи Ёвон дар баробари таъмини буҷаи маҳал дар

таъмини буҷаи вилояти Хатлон низ ҳиссагузор шавад. Соли 2015

сементи баландсифати ин корхонаи муқтадир ҳамчун маҳсулоти

содиротӣ ба хориҷи кишвар бароварда шуд, ки ин на танҳо ба-

рои ноҳияи мо, балки барои ҷумҳурӣ дастоварди нодир мебо-

шад. Корхонаи мазкур бо мақсади ширкати фаъолона дар ҳаёти

ҷамъиятӣ Фонди “Ман Тоҷикистонро дўст медорам”-ро созмон

додааст, ки он тибқи низомномаи худ ҳамасола баҳри беҳдошти

соҳаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия дар ҳудуди 1 млн. сомонӣ маблаѓ

ҷудо менамояд.

Аз ноҳияи субвенсионӣ ба ноҳияи худкифо табдил ёфтани

ноҳияи Ёвон асосан ба оѓози фаъолияти корхонаи “Хуаксин Ѓаюр

семент” марбут аст. Ноҳия, ки то соли 2013 аз ҳисоби буҷаи вилояти

Хатлон субвенсия мегирифт, инак, соли сеюм аст, ки на

танҳо қисми хароҷоти буҷаи худро таъмин менамояд, балки ба

буҷаи вилоят низ ҳисса ҷудо мекунад.

Ба рақамҳои зерин таваҷҷуҳ намуда, сатҳи рушди босуръати

ноҳияро дар давоми панҷсолаи охири даврони соҳибистиқлолии

кишварамон бараъло мушоҳида мекунем: нақшаи даромади

буҷаи маҳал дар соли 2012 қариб 30 млн. 785 ҳазор, соли 2013

зиёда аз 40 млн. 636 ҳазор, соли 2014 наздики 71 млн. 395

ҳазор, соли 2015 беш аз 101 млн. 710 ҳазор ва соли 2016- 484

млн. 483 ҳазору 252 сомониро ташкил додааст. Соли 2012 ноҳия

аз буҷаи вилояти Хатлон ба андозаи 4 млн. 300 ҳазору 773 сомонӣ

ва соли 2013 ба миқдори 8 млн. 857 ҳазору 801 сомонӣ

субвенсия гирифта, соли 2014 ба буҷаи вилоят қариб 9 млн. 253

ҳазор ва соли 2015 зиёда аз 40 млн. 513 ҳазор сомонӣ ҳисса

ҷудо намудааст.

Маҳсули фаъолияти сохтмончиёни ноҳия низ дар ин давра

хеле назаррас аст. Тайи панҷ соли охир бинокорон дар ҳудуди

ноҳия 8 бинои истиқоматии баландошёна, се бинои муассисаи

нави таҳсилоти умумӣ (№ № 76, 77 ва 78), 11 бинои нави таълимӣ

(дар назди муассисаҳои таълимии № № 6, 9, 13, 16, 37,

50, 57, 58, 60, 66 ва 71), беш аз 200 синфхонаи иловагӣ, даҳҳо

иншооти

фароѓатию

маишӣ ва варзишӣ бунёд намуданд. Агар

43

Ахтари иқболи Ёвон

дар соли 2011 ҳаҷми корҳои пудратӣ ва сохтмонию васлкунӣ 84

млн. 157 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас, ин рақам дар

соли 2015 қариб 40 фоиз афзоиш ёфта, ба 124,7 млн. сомонӣ

расидааст.

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар оѓози панҷсолаи панҷуми

Истиқлолият ба 563,5 млн. сомонӣ ва дар соли 2015 ба 787,9

млн. сомонӣ расид, ки ин дастоварди деҳқонони ноҳия дар дав-

рони соҳибистиқлолии кишварамон бесобиқа мебошад.

Дар давоми соли 2015 иншооти муҳимтарини ҳама соҳаҳои

хоҷагии халқи ноҳия - нақби обгузари Бойѓозӣ-Ёвон дар тўли

фаъолияти қариб 50-солаи худ аввалин маротиба аз таъмири

капиталӣ капиталӣ бароварда шуд. Ин тадбири амалигардида

имконият

медиҳад, ки ин иншооти азим боз даҳсолаҳои дигар

бемамониат барои шодоб намудани водӣ хизмат намуда, ҷиҳати

боз ҳам рушд ёфтани соҳаи кишоварзии ноҳияҳои Ёвон ва

Абдураҳмони Ҷомӣ мусоидати фаъол дошта бошад.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра масъалаи таъминоти аҳолӣ

бо сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон ҳалли худро да-

рёфт намуд ва соли 2015 тавассути фаъолияти якҷояи кишо-

варзони маҳаллию хитоӣ аз 196 гармхонаи тозабунёд 160 тонна

маҳсулоти барвақтӣ ҷамъоварӣ гардида, на танҳо ба бозорҳои

ноҳия, балки бозорҳои шаҳру ноҳияҳои наздик бароварда шуд.

Имрўзҳо аз 14 га гармхонаҳои Ширкати чиноии “Сзинян Инхай”

ва ҶДММ “Воҳиди Саид” ба аҳолии ноҳия, шаҳри Душанбе ва

дигар ноҳияҳои ҳамсоя ҳамарўза беш аз 3 тонна сабзавоти тару

тоза пешниҳод карда мешавад.

Дастовардҳои соҳаи чорводории ноҳия, ки дар давоми солҳои

аввали соҳибистиқлолӣ тамоюли пастравӣ касб карда буданд,

солҳои охир хеле баланд гаштанд. Саршумори чорвои калони

шохдор дар соли 2015 дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия

90253 сар, бузу гўсфанд 162551 сар, асп 6056 сар, паранда

138455 сар, занбўри асал 4368 оиларо ташкил дод, ки ин нис-

бат ба соли аввали соҳибистиқлолӣ 56818 сар чорвои калони

шохдор,

105017 сар бузу гўсфанд, 4263 сар асп ва 89423 сар

паранда бештар буда, баландтарин дастоварди соҳаи чорводо-

рии ноҳия маҳсуб меёбад.

Албатта, фаъолияти босамари соҳаҳои саноату сохтмон,

кишоварзию

чорводорӣ ва баланд гардидани ҳаҷми маҷмўи маҳ44

Файзиддини Муҳаммадӣ

сулоти дохилӣ боиси таҳким ёфтани соҳаҳои мактаб ва маориф,

тандурустӣ

ва фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ мегардад.

Бо мақсади беҳдошти вазъи таълиму тарбия дар соли 2015

ба соҳаи маорифи ноҳия 45 млн. 966,7 ҳазор сомонӣ (нисбат

ба соли 2010 30 млн. 733,7 ҳазор сомонӣ зиёд) ҷудо карда шуд.

Соҳаи тандурустии ноҳия низ тайи се соли охир ба таври

назаррас

таҳким ёфта, ба талаботи рўзафзуни аҳолӣ ҷавобгў

гардид. Моҳи ноябри соли 2014 бо мақсади беҳтар кардани си-

фати хизматрасонии тиббӣ Шуъбаи нави таваллудии Беморхонаи

марказии ноҳия бо шароиту имкониятҳои муосир ба истифода

дода шуда, бо буридани лентаи рамзӣ аз тарафи Президенти

Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият

шурўъ намуд. Мавриди зикр аст, ки ҳамон сол соҳибкорони маҳаллӣ

ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия се мошини ёрии таъҷилӣ

харида, ба Беморхонаи марказӣ тақдим намуданд.

Соли 2015 барои беҳдошти соҳаи тандурустии ноҳия аз ҳисоби

буҷаи маҳал 15 млн. 784,6 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд,

ки ин рақам нисбат ба соли 2010 11 млн. 768,6 ҳазор сомонӣ

бештар

аст.

Заминаи моддию техникии соҳаи фарҳанги ноҳия низ дар

ин муддат мустаҳкам гардида, имсол Кохи фарҳанги ба номи

Таѓоймурод

Хушвахтов ба таври замонавӣ азнавсозӣ карда шуд.

Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар соли 2015 барои ҳифзи

иҷтимоии

аҳолӣ имконияти созгор фароҳам овард ва дар натиҷа

ҷиҳати таъмини музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ 43 млн.

481,2 ҳазор сомонӣ ва бо мақсади додани нафақаи 12 ҳазору 104

нафар нафақахўрон ва ниёзмандон 30 млн. 984 ҳазор сомонӣ

саривақт пардохт карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади

иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллию давлатӣ оид ба

баланд

бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа соли 2014 ба 20

нафар занони ниёзманди ноҳия ба маблаѓи 50 ҳазор сомонӣ,

соли 2015 ба 35 нафар ба маблаѓи 70 ҳазор сомонӣ ва соли

2016 ба 40 нафар дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ маблаѓҳои грантӣ

ҷудо намуд.

Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ёвон соли 2014 бо ноҳияи

45

Ахтари иқболи Ёвон

Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва соли 2015 бо шаҳри

Хуан Шии музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр

гашта, бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан

судманд

дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, илму тех-

ника ва фарҳанг бо ин шаҳрҳо созишномаҳои ҳамкориро ба

имзо расонд. Дар пайи ин иқдомҳои созанда якчанд маротиба

боздиди ҳайатҳои кории ҷонибҳо аз шаҳру ноҳияҳои якдигар

сурат гирифта, дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳия корхо-

наи пахтатозакунӣ сохта шуд ва ҳоло дар заминаи ин корхона

коргоҳҳои коркарди нахи пахта бунёд ёфта истодаанд.

Маҳз аз баракати Истиқлолият аст, ки дар давоми панҷ соли

охир ноҳияи мо ҳам дар самти саноату сохтмон ва ҳам дар

соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ба таври бесобиқа тараққӣ ёфт

ва маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар давоми соли 2015 ба 1 млрд.

492,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам танҳо нисбат ба

соли 2014 202 млн. 363,3 ҳазор сомонӣ ва мутаносибан ба соли

1991 1 млрд. 220,35 миллион сомонӣ бештар аст.

Тавассути бунёд гардидани корхонаву коргоҳҳои нав ва ба-

корандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар давоми соли

2015 бо мақсади ҳарчи бештар ба шуѓл фаро гирифтани аҳолӣ

дар ноҳия 4680 адад ва дар давоми ҳафт моҳи соли 2016 беш

аз 2000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи некўаҳволии со-

кинон ба таври назаррас боло рафтааст.

Аз таҳлили мухтасари вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар

тўли солҳои соҳибистиқлолии кишварамон аён мегардад, ки тайи

бисту панҷ соли охир соҳаҳои хоҷагии халқи маҳал мушкилоти

беҳисоберо

пушти сар намуда, имрўз ба дастовардҳои беназир

ноил гардидаанд.

Танҳо дар давоми соли 2016 дар ҳудуди ноҳия сохта ба

истифода

дода шудани корхонаҳои муқтадири “Хуаҷиан Ѓаюр

Индастриал”,

Ҷунгтсай Моҳир семент” ва “Криолит”, коргоҳи ран-

губори риштаи ҶДММ “Ваҳдат”, қитъаи роҳи оҳани “Ваҳдат-Ёвон”,

биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 66,

16 ва 13, кўдакистони “Ситора”, маҷмааи фароѓатӣ-тандурустии

“Бунёди Ёвон” ва майдони футбол дар деҳоти Даҳана, ду муассисаи

тандурустӣ дар деҳоти Обшорон ва Норин, бинои нави

“Терминал” дар шаҳраки Ёвон, корхонаи истеҳсоли орд ва хўроки

чорво дар шаҳраки Ҳаёти Нав ва иншооти зиёди хизматрасонӣ

дар ҳама деҳоти ноҳия аз он шаҳодат медиҳанд, ки Истиқлолияти

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду ободонии кишвари

азизамон нақши бузургу беҳамто дорад.

Сохтмончиёни ноҳия ният доранд, ки дар арафаи ҷашни

25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳраки Ёвон боз якчанд

иншооти дигареро, аз қабили бинои баландошёнаи истиқоматӣ

ва бинои маъмурии Нозироти андози ноҳия мавриди истифода

қарор диҳанд.

Месазад зикр намоем, ки ин ҳама дастовардҳо аз нусрати Истиқлолу

ваҳдат ва сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар муддати кутоҳи таърихӣ ин

ноҳияи

файзборро на танҳо ба як минтақаи пешрафтаи саноатӣ,

балки ба оинаи таҷаллогари рушди босуботи кишвар мубаддал

гардонид.

Фасли II.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ

ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ

48

Файзиддини Муҳаммадӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчун сохтори

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз соли 1934 то соли 1963 дар кўчаи

Меҳвари шаҳраки Ёвон (шафати Маркази стоматологии имрўза)

дар як бинои хурдакаки якқабата, аз соли 1965 то соли 1968 каме

дуртар аз он дар ҳамон кўча (рў ба рўи гиназияи № 1, собиқ би-

нои Маркази шуѓли аҳолӣ), аз соли 1968 то соли 1994 дар бинои

имрўзаи Ҷамоати шаҳраки Ёвон (кўчаи М.Турсунзода-42) ва аз

соли 1994 инҷониб дар мақоми ҳозирааш (кўчаи М.Турсунзода-38)

фаъолият дорад.

МУОВИНОНИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ДАР ДАВОМИ

СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон ва маънавиёти

ҳар як ноҳия ба малакаву маҳорат ва кордонии масъулони аввали

ин соҳаҳо робитаи мустақим дорад. Ба таърихи ноҳияи Ёвон дар

даврони соҳибистиқлолии мамлакат назар афканда, метавон гуфт,

ки муовинони раиси ноҳия дар давоми 25 соли охир дар таъмини

рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳал саҳми босазо гузоштаанд.

МУОВИНОНИ ЯКУМИ РАИСИ НОҲИЯ

Агар то соли 1995 муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон соҳаҳои

сохтмон ва саноатро назорат мекард, пас, аз ҳамон сол то инҷониб

шахси дар ин вазифа фаъолиятдошта масъулияти назорати соҳаи

кишоварзии ноҳияро ба зимма дорад (солҳои 1993-1995 масъули-

яти назорати соҳаи кишоварзии ноҳия бар дўши сардори Раёсати

кишоварзии ноҳия Сангимуродов Убайдулло буд).

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат шахсони зерин

дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон кор кардаанд:

Буриев Ҷунайдулло (1991-1992), Ѓаффоров Саид (1993-1999),

Юсупов Ҷаҳонбек (2000-2005), Ҳамроев Аҳрор (2005-2006), Юсупов

Ҷаҳонбек

(2006-2014).

49

Ахтари иқболи Ёвон

Аз соли 2014 инҷониб вазифаи мазкур ба зиммаи Набизода

Аскар Ашурбек вогузор гардидааст.

МУОВИНОНИ СОҲАВИИ РАИСИ НОҲИЯ

ОИД БА САНОАТ ВА СОХТМОН

Татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти бунёд намудани корхонаҳои

истеҳсолӣ ва тараққӣ додани умури меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷумлаи

вазифаҳои низомномавии муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои

мазкур мебошад. Рушди бемайлони соҳаҳои саноат ва сохтмон ва

ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани ноҳияи Ёвон ба фаъоли-

яти босамари масъулони аввали ин соҳаҳо робитаи мустақим до-

рад. Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ин вазифаро шахсони

зерин ба зимма доштанд: Буриев Ҷунайдулло (1991-1992), Ѓаффоров

Саид (1993-1995), Мирзоев Ҳалимхон (1995-2000), Носиров

Маҳмадулло (2000-2006), Ҳасанзода Қаҳҳорбек Намоз (2006-2010).

Аз соли 2010 то инҷониб дар вазифаи муовини раиси ноҳия

оид ба соҳаҳои саноат ва сохтмон Саъдуллозода Неъматулло кор

карда истодааст.

МУОВИНОНИ СОҲАВИИ РАИСИ НОҲИЯ

ОИД БА ИҚТИСОДИЁТ

Вазифаи муовини соҳавии раиси ноҳияи Ёвон оид ба иқтисодиёт

соли 1993 таъсис ёфта, соли 2011 аз сохтори мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия хориҷ карда шудааст.

Тайи ин муддат шахсони зерин дар ин вазифа кор карда, масъ-

улияти пешбурди соҳаи иқтисодиёти ноҳияро бар дўш доштанд:

Кенҷаев Абдуҷалил (1993-1994), Каримиён Имомназар (1995-1998),

Зоѓов Муҳаммадҷон (1998-2000), Раҳматуллоев Амир (2000-2002),

Раҷабов Раҷабалӣ (2002-2006), Каримиён Имомназар (2006-2011).

МУОВИНОНИ СОҲАВИИ РАИСИ НОҲИЯ

ОИД БА МАЪНАВИЁТ

Масъулони аввали соҳаи маънавиёти ноҳия дар давоми 25

соли охир баҳри таҳким бахшидан ба соҳаҳои маориф, фарҳанг,

50

Файзиддини Муҳаммадӣ

тандурустӣ, кор бо занон ва ҷавонон, инчунин, бо мақсади баланд

бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва дараҷаи маърифат-

нокии аҳолӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудаанд. Дар давоми

ин солҳо шахсони зерин вазифаи мазкурро ба зимма доштанд:

Холназаров Назар (1990-1992), Каримиён Имомназар (1993-1995),

Худойбердиева Тоҷинисо (1995-2006), Шарифова Тоҷинисо (2006-

2010), Умматзода Зумрад Қамбаралӣ (2010-2016).

ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ

Дастгоҳи раиси ноҳия сохтори ёрирасон буда, бо мақсади таъ-

миноти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии

фаъолияти раиси ноҳия созмон дода шудааст.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то моҳи январи

соли 1994 ин вазифаро котиби Кумитаи иҷроияи ноҳия адо ме-

кард. Сохтори мазкур аз 22 январи соли 1994 то соли 1999 бо

номи “Дастгоҳи раиси Ҳукумати ноҳия” ва аз он вақт то инҷониб

бо номи “Дастгоҳи раиси ноҳия” фаъолият дорад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шахсони зерин сохтори

мазкурро роҳбарӣ кардаанд: Ҳусейнов Зайналобиддин (1991-1992),

Раҷабов Раҷабалӣ (1993-2002), Сафархолов Муҳаммадамин (2002-

2004), Сатторов Абулқосим (2004-2008), Мирзоев Абдуллохон

(2008-2010), Иброгимов Ислом (2010-2011).

Аз соли 2011 то ҳоло ин масъулият ба зиммаи Раҷабов Раҷабалӣ

Шарипович гузошта шудааст.

Алҳол дар тобеияти Дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон се шуъба, як

бахш ва сармутахассис-ҳуқушинос фаъолият доранд, ки дар поён

оид ба ҳар яки он маълумот дода шудааст.

ШУЪБАИ УМУМӢ, НАЗОРАТ ВА МУРОҶИАТИ

ШАҲРВАНДОН

Вазифаҳои ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, назорат ва таъми-

ни гардиши ҳуҷҷатҳои ба Дастгоҳи раиси ноҳия воридгардида, ба

расмият даровардани қарорҳо ва амрҳои раиси ноҳия, қабул ва ба

роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия пешниҳод намудани муроҷиатҳои

шаҳрвандон ба зиммаи Шуъбаи мазкур гузошта шудааст.

51

Ахтари иқболи Ёвон

Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ шахсони зерин

дар вазифаи мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои

шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон кор кардаанд: Содиқов

Насрулло (1990-1993), Кабиров Нуралӣ (1993-1995), Азизова Ҳокимой

(1995-1997), Бобогулов Ҳамза (1997-1999), Мирзоев Абдулло-

хон (1999- 2006), Ҳамроқулова Мавҷуда (2006-2010).

Аз соли 2010 то инҷониб ин вазифаро Аҳлиддини Абдуҷалил ба

уҳда дорад. Айни замон Қурбонзода Ширингул ба ҳайси сармутахассис,

Холов Иқтидо ҳамчун мутахассиси пешбар ва Бахтовари

Холмурод ба сифати мутахассис дар Шуъбаи умумӣ, назорат ва

муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳия кор мекунанд.

ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ ВА КОР БО КАДРҲО

Ин Шуъбаи Дастгоҳи раиси ноҳия идоракунии кадрҳои мақоми

давлатӣ, назорати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”,

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, амру

фармонҳои

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси

Олӣ, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои

маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва ноҳия, амру қарорҳои раиси

вилоят ва ноҳия оид ба корҳои ташкилӣ ва оммавӣ-сиёсиро ба

зимма дорад.

Аз соли 1991 то инҷониб дар вазифаи мудири Шуъбаи ташкилӣ

ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳия инҳо кор кардаанд: Алиев

Тилавмурод (1990-1995), Азизов Насрулло (1995-2000), Азизов

Шарифхон (2000-2004), Каримова Мавҷуда (2004-2011), Раҷабов

Раҷабалӣ (2011-2012).

Аз моҳи феврали соли 2012 то айни замон дар ин вазифа

Иброгимов

Ислом кор карда истодааст. Ҳоло Лолаева Гулдаста

сармутахассис,

Мирзоев Абдуллохон мутахассиси пешбар ва Бекназаров

Хайриддин мутахассиси Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

раиси ноҳия мебошанд.

ШУЪБАИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА

Соли 1994 ба сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

таѓйирот ворид гардида, номи пешинаи он- “Кумитаи иҷроияи

52

Файзиддини Муҳаммадӣ

ноҳия” ба “Ҳукумати ноҳия” табдил дода шуд. Дар ҳамин роби-

та, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якчанд шуъбаву

бахшҳои нав, аз ҷумла Шуъбаи мазкур таъсис ёфтанд.

Ин ниҳод дар замони Иттиҳоди Шўравӣ бо номи “Шуъбаи

таблиѓотӣ” зерсохтори Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳия маҳсуб

мешуд.

Шуъбаи мазкур дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат

се маротиба таѓйири ном карда, аз соли 2011 инҷониб ҳамчун

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси

ноҳия фаъолият дорад. Вазифаҳои низомномавии он татбиқи си-

ёсати давлатӣ оид ба фарҳанг, маънавиёт, ҳамкорӣ бо созмонҳои

ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, созмонҳои сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳо

мебошад. Ташкил намудану гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ

низ аз ҷумлаи уҳдадориҳои ин шуъба аст.

Тайи солҳои 1995-2010 дар вазифаи мудири Шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия шахсони зерин

кор кардаанд: Қандиев Сафар (1995-1996), Иброгимов Ислом (1996-

1997), Мусулмонов Раҷаб (1997-2004), Азизов Шарифхон (2004-

2005), Алимардонов Эмомалӣ (2005-2008), Сафоев Саломатшоҳ

(2008-2009), Зубайдуллоев Раҳматулло (2009-2010).

Аз соли 2010 то имрўз ин вазифаро Алимардонов Эмомалӣ

бар дўш дорад. Айни замон дар вазифаҳои сармутахассиси Шуъ-

ба Раҷабов Файзулло, мутахассиси пешбар Қурбонов Маҳмуд ва

мутахассис Қурбонов Ибодулло кор мекунанд.

БАХШИ МОЛИЯ ВА ХОҶАГИДОРӢ

Амволи ба Дастгоҳи раиси ноҳия вобасташуда, истифодаи

мақсаднок

ва гурўҳбандии воситаҳои молию пулӣ, инчунин, маблаѓгузории

хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи раиси ноҳия ва сохторҳои

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро, ки аз ҳисоби

буҷаи маҳаллӣ ва дигар маблаѓҳо дар мувофиқа бо Раёсати мо-

лияи ноҳия анҷом дода мешаванд, Бахши мазкур назорат ва иҷро

мекунад. То вақти таъсисёбии ин Бахш масъулияти ҳисобдорӣ ба

зиммаи сармутахассис-сармуҳосиби Дастгоҳи раиси ноҳия вогузор

карда шуда буд.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ Шералиев Мирзо

ва Шералиева Нина дар вазифаи сармутахассис-сармуҳосиби

53

Ахтари иқболи Ёвон

Дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият намудаанд. Ҳоло дар Бахши маз-

кур Қурбонов Абдураҳмон дар вазифаи мудир, Исматов Аҳмадулло

ба ҳайси мутахассиси пешбар кор карда истодаанд ва Қодиров

Тиллохон вазифаи хоҷагидории Дастгоҳи раиси ноҳияро ба зимма

дорад.

САРМУТАХАССИС-ҲУҚУҚШИНОСИ

ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ

Мустаҳкам намудани қонунгузорӣ дар фаъолияти мақомоти

намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза

бурдан бар зидди ҷиноят ва ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳо ва талаботи

қонунии муассисаву корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, назорати рафти иҷрои санадҳои аз

ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хат-

лон ва раиси ноҳияи Ёвон қабулгардида ва дигар санадҳои ме-

ъёрии ҳуқуқии амалкунанда аз ҷумлаи уҳдадориҳои мансабии

Сармутахассис-ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси ноҳия мебошанд.

Вазифаи Сармутахассис-ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси ноҳия

соли 2010 таъсис дода шудааст. То он замон ин масъулиятро

мутахассис-

ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси ноҳия ба уҳда дошт.

Ҳуқуқшиноси варзидаи ноҳия марҳум Шеров Саид солҳои зиёд

дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 2010 то инҷониб шахсони зерин дар вазифаи Сармутахассис-

ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси ноҳия кор кардаанд: Қурбонзода

Бахтиёр (2010-2011), Ёрзода Масрур (2011-2013), Боев

Хушқадам (2013-2015).

Ҳоло ин масъулият ба зиммаи Раҷабов Аҳрор вогузор гарди-

дааст.

СОХТОРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ

ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ

Дар баробари сохтори Дастгоҳи раиси ноҳия фаъолияти ни-

зомномавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро Раё-

сати кишоварзӣ, Комиссияи ҳуқуқи кўдак, ду шуъба ва ҳашт бахш

амалӣ месозанд.

54

Файзиддини Муҳаммадӣ

РАЁСАТИ КИШОВАРЗӢ

Раёсати кишоварзии ноҳия фаъолияти худро оид ба масъалаҳое,

ки мансуби доираи ваколаташ мебошанд, дар ҳамкорӣ бо

Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳия, инчу-

нин, бо шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,

корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.

Ин ниҳод таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи

кишоварзӣ амалӣ карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

ва аҳолӣ иттилооти дахлдорро дастрас менамояд.

Сардории Раёсати мазкурро дар давоми солҳои соҳибистиқлолии

мамлакат шахсони зерин ба зимма доштанд: Малахов Сафаралӣ

(1988-1992), Сангимуродов Убайдулло (1993-1996) (тавре ки дар

боло зикр гардид, Сангимуродов У. солҳои 1992-1993 ҳамзамон

муовини раиси ноҳия маҳсуб мешуд), Қиличов Ҷалол (1996-1999),

Сангимуродов

Убайдулло (1999-2006), Иброгимов Ислом (январ-

майи 2006), Ҷураев Хушвахт (июн-декабри 2006), Сангимуродов

Убайдулло (2007-2008), Зоиров Асомиддин (2008-2009), Ҷураев

Хушвахт (2009-2010).

Аз соли 2010 то ҳоло дар ин вазифа Ёқубзода Сафар кор карда

истодааст. Айни замон Ятимов Усмон - муовини сардор, Сангов

Мирзо - сармутахассис оид ба молия, Ҳайитов Бобоазиз- сарму-

тахассис оид ба соҳаи чорводорӣ, Миров Ѓиёс - сармутахассис

оид ба механизатсия, Холов Ҳасен - мутахассиси пешбар оид ба

иқтисодиёт, Қодиров Хусрав - мутахассиси пешбар оид ба сифати

маҳсулоти кишоварзии Раёсати кишоварзии ноҳия мебошанд.

ШУЪБАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Шуъбаи кор бо занон ва оила чун дигар шуъбаҳо ва бахшҳои

мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия воҳиди мустақили

сохторӣ буда, дар доираи ваколатҳои худ барои татбиқи сиёсати

давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила,

муҳайё сохтани шароитҳои баробар ҷиҳати амалӣ гардидани ҳуқуқу

манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ

намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию

иқтисодӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ менамояд.

55

Ахтари иқболи Ёвон

Бо ҳамин мақсад соли 1994 дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия (он вақт Ҳукумати ноҳия) Кумитаи кор бо

занон ва оила ташкил гардид ва он соли 2011 ба Бахш ва моҳи

январи соли 2015, бинобар сабаби васеъ гардидани доираи фа-

ъолияти худ, ба Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия табдил дода шуд.

Роҳбарии ин ниҳодро аз соли таъсисёбияш то ҳоло шахсони

зерин ба уҳда доштанд: Азизова Ҳокимой (1994-1995), Азизова

Муҳаббат (1995-1999), Шарифова Тоҷинисо (1999-2006), Холму-

родзода Гулнисо (2006-2009), Мирзоева Шодигул (2009-2011),

Саидова

Гулрухсор (2011-2012), Азизова Муҳаббат (2012-2014).

Айни замон Саидова Гулрухсор дар вазифаи мудир, Ҳоҷиева

Таҳмина ба ҳайси сармутахассис ва Ҷурахонова Фирўза дар вази-

фаи мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти

иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия кор мекунанд.

ШУЪБАИ МАОРИФ

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи

маориф, инчунин, фаъолияти таълимӣ, тарбия, васояту парасторӣ,

дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии хонандагон ва тарбиятгирандагони

муассисаҳои таълимии ноҳияро татбиқ менамояд. Шуъбаи маз-

кур ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии

ноҳияро дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои

шаҳраку деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ

месозад.

Сохтори Шуъбаи маориф аз Бахши Хадамоти давлатии назорат

дар соҳаи маориф, Кабинети методӣ, Маркази дарёфт ва рушди

истеъдодҳо, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникат-

сия иборат аст. Ҳоло Шарипов Амриддин сармутахассиси Бахши

Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Абдурауфов Ру-

стам мудири Кабинети методӣ, Азизов Бобоалӣ директори Маркази

дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Ҳомилов Амирҳамза директори

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Шуъбаи

маорифи ноҳия мебошанд.

Имрўз дар тобеияти Шуъбаи маорифи ноҳия 82 муассисаи

таҳсилоти ҳамагонӣ, аз ҷумла 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи

56

Файзиддини Муҳаммадӣ

умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ,

1 литсей, 2 гимназия, 1 мактаб-интернат, инчунин, 5 муассисаи

томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 47428 нафар хонандагон

ва беш аз 1100 нафар кўдакони синни то шашсола ба таълиму

тарбия фаро гирифта шудаанд.

Мудирони Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-

латии ноҳия дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон инҳо буданд: Воҳидов Маҳмадраззоқ (1988-1994), Ка-

биров Нуралӣ (1994-2000), Боваев Қалуѓшоҳ (2000-2005), Назу-

ров Ибодулло (2005-2009), Мирзоев Мирзо (2009-2012), Нарсов

Исломиддин (2012-2015).

Аз соли 2015 то инҷониб ин вазифа ба зиммаи Собиров Сафаралӣ

гузошта шудааст. Айни замон Мусулмонова Мория ба ҳайси

сармутахассиси Шуъбаи маорифи ноҳия кор мекунад.

БАХШИ ИҚТИСОД ВА САВДО

Дида баромадан ва таҳлилу дастрас намудани нишондиҳандаҳои

дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, фароҳам овардани

шароит барои ҷалби сармоягузорони хориҷию дохилӣ дар самти

азнавсозии истеҳсолот, алалхусус, дар соҳаи кишоварзӣ, саноат

ва сохтмон, барқарор намудан ва ба кор андохтани иқтидорҳои

мавҷуда ва бунёди корхонаҳои нави муштарак аз ҷумлаи вазифаҳои

низомномавии ин Бахш мебошанд.

Аз соли 1991 то инҷониб дар вазифаи мудири Бахши мазкур

инҳо кор кардаанд: Раҷабалиев Нарзулло (1990-1993), Гуляев

Фармонқул

(1993-1999), Усмонов Азизулло (1999-2001), Изомов

Сафар (2001-2003), Саидов Маҳмадназар (2003-2013).

Аз моҳи марти соли 2013 то айни замон дар ин вазифа Шу-

куров Хуршед кор карда истодааст. Алҳол вазифаи мутахассиси

пешбари Бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия ба зиммаи Ҷамшед Назарзода аст.

БАХШИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ

АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

Ин Бахш соли 1993 таъсис дода шудааст. Вазифаҳои он таъ-

мини иҷрои муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар

57

Ахтари иқболи Ёвон

бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” ва “Дар бораи хусуси-

гардонии фонди манзил”, аз рўи тартиби муайянгардида ба иҷора

супоридани амволи давлатӣ ва тибқи нақшаи стратегӣ хусусӣ

гардонидани корхонаҳои миёна ва калон ва муқаррар намудани

шартҳои фурўши иншооти давлатӣ мебошанд.

Аз рўзи таъсисёбии Бахши мазкур то айни замон шахсони зерин

масъулияти роҳбарии онро ба уҳда доштанд: Шукуров Хур-

шед (1993-1999), Раҷабов Суярбек (1999-2007), Шукуров Хуршед

(август-ноябри 2007), Иззатов Маҳмадшариф (2007-2009), Холов

Барфихон (январ-октябри 2009), Иброгимов Ислом (2009-2010),

Раҳматуллоев Мақсуд (2010-2012), Раҷабов Суярбек (2013-2015).

Ҳоло Раҳимов Файзалӣ ба ҳайси мудир ва Асрор Аҳмад ҳамчун

мутахассиси пешбари Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи дав-

латии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кор мекунанд.

БАХШ ОИД БА КОРҲОИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА

ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ МИЛЛӢ

Соли 2007 бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон” Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну

маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

ҳамчун ниҳоди маҳаллии Кумита оид ба корҳои дин, танзими

анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Вазифаҳои низомномавии ин Бахш назорати иҷрои Қонунҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва

иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар

таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрии дахлдор

мебошад.

Ҳамчунин, комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

миллӣ, 9 комиссияи доимии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва

53 комиссияи ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ масъу-

ли амалисозӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи

танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ҳастанд.

58

Файзиддини Муҳаммадӣ

Дар тобеияти Бахши мазкур 9 нафар сармутахассисон оид ба

корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ кор ме-

кунанд, ки татбиқи муқаррароти се қонуни зикргардида дар деҳоти

ноҳия ба зиммаи онҳо мебошад.

Масъулияти назорати фаъолияти иттиҳодияҳои динии ноҳия

низ ба зиммаи ҳамин Бахш гузошта шудааст. Айни замон дар

ҳудуди ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷиди ҷомеъ,

165 масҷиди панҷвақта ва 1 ибодатхонаи христианӣ фаъолият

доранд.

Аз соли таъсисёбии Бахш то ҳоло вазифаи мудирии онро шах-

сони зерин ба зимма доштанд: Мирзоева Шодигул (2007-2009),

Сафоев Саломатшоҳ (2009-2010), Шарбатов Маҳмадалӣ (2010-

2012), Раҷабов Файзулло (2012-2013), Зубайдуллоев Раҳматулло

(2013-2014).

Ҳоло Файзализода Эмомалӣ дар вазифаи мудир ва Азизов

Исмат дар вазифаи мутахассиси пешбари Бахш оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият доранд.

БАХШИ САНОАТ ВА СОХТМОН

Агар дар оѓози солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия

ҳамагӣ панҷ корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, имрўз теъдоди

онҳо аз 40 адад гузаштааст. Вусъат ёфтани муносибатҳои саноатӣ

ва корҳои сохтмонӣ зарурати таҳлилу баррасӣ ва танзими фаъо-

лияти ин соҳаҳоро ба миён овард ва ҳамин буд, ки моҳи январи

соли 2015 Бахши саноат ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия таъсис дода шуд.

Бахши мазкур тибқи фаъолияти низомномавӣ фаъолияти ху-

дро дар ҳамкорӣ бо муовини соҳавии раиси ноҳия, ташкилоту

муассисаҳо, корхонаҳои саноатию сохтмонӣ ва дигар сохторҳои

дахлор ба роҳ монда, риояи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи

саноат ва сохтмон амалӣ месозад.

Аз рўзи таъсиси Бахши саноат ва сохтмони мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия то айни замон вазифаи мудирии он ба

зиммаи Раҳмонов Қимматулло вогузор карда шудааст.

59

Ахтари иқболи Ёвон

БАХШИ ФАРҲАНГ

Ташаккул додан ва қонеъ гардонидани талаботи фарҳангӣ, эҳтиёҷоти

маънавӣ, инкишофи ташаббус ва эҷодиёти халқ, таъмини

фароѓати мардум, эҳё ва рушди анъанаҳои фарҳангӣ, тарбияи

насли наврас дар рўҳияи ахлоқи ҳамида ва ватандўстӣ аз ҷумлаи

вазифаҳои низомномавии Бахши мазкур мебошанд.

Дар тобеияти Бахши фарҳанги ноҳия Кохи фарҳанги ба номи

Таѓоймурод Хушвахтов, Ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон”,

Театри халқӣ, Мактаби бачагонаи санъати ба номи Файзулло

Шарифов, Осорхона, 28 китобхонаи оммавӣ, 1 кох ва 7 толори

фарҳангии деҳотӣ фаъолият доранд.

Ҳоло директори Кохи фарҳанг Убайдуллоев Салоҳиддин, роҳбари

бадеии Ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон” Авѓонов

Бахтиёр,

режиссёри Театри халқӣ Тоҳиров Музаффар, директо-

ри Мактаби бачагонаи санъат Шарипов Сироҷиддин, директори

Осорхона Шарипов Рустам ва директори Системаи китобхонаҳои

марказонидашуда Ѓаниев Маҳмадулло мебошанд.

Роҳбарии Бахши фарҳанги ноҳияро дар давоми солҳои соҳибистиқлолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин ба зимма доштанд:

Шулашов Бобохон (1987-1993), Тураев Ҳасен (1993-1995),

Холмуродов Муҳаммад (1995-1996), Шулашов Бобохон (1996-1998),

Тураев Ҳасен (1998- 2004) Шарбатов Маҳмадалӣ (2004-2010), То-

иров Музаффар (2010-2012), Шарбатов Маҳмадалӣ (2012-2015).

Аз соли 2015 то инҷониб вазифаи мудири Бахши фарҳанги

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба уҳдаи Қулов

Аҳлиддин

гузошта шудааст. Аз соли 2011 то ҳоло дар вазифаи

мутахассиси

пешбари Бахши мазкур Убайдова Гулрафтор кор

карда

истодааст.

БОЙГОНИИ БАЙНИИДОРАВӢ

Идораи бойгонии байниидоравии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия, ки ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ ва ҳуҷҷатҳои

аҳамияти миллидоштаи корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои

ноҳиявиро

нигаҳдорӣ мекунад, аз соли 1978 инҷониб амал меку-

над. Соли 2012 бо мақсади пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи

60

Файзиддини Муҳаммадӣ

бойгонӣ дар баробари идораи мазкур Бахши бойгонии мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шудааст.

Айни замон ҳуҷҷатҳои 90 корхонаву муассисаҳо, ки аз 90 фонд,

2 фонди шахсии шахсони муътабар ва 90349 адад ҳуҷҷатҳо ибора-

танд, дар бойгонии байниидоравии ноҳия маҳфуз дошта мешаванд.

Вазифаи роҳбарии Идораи бойгонии байниидоравии наз-

ди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар замони

соҳибистиқлолии мамлакат шахсони зерин ба зимма доштанд:

Гурезова Халича (1991-2006), Шамсова Соира (2006-2008), Раҷабов

Суярбек (2008-2010), Алиев Тилавмурод (аз соли 2010 то ҳоло).

Дар вазифаи мудири Бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия аз 2012 то соли 2015 Алиев Тилавмурод

фаъолият

кардааст ва ин масъулият аз соли 2015 то инҷониб бар

дўши Лолаев Абдураҳмон мебошад. Айни замон Сангалиев Маҳмадназар

дар вазифаи сармутахассиси Бахши мазкур кор карда

истодааст.

БАХШИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

Ободонӣ ва ба тарҳи замонавӣ бунёд ёфтани иншооти таъиноти

гуногун, аз он ҷумла биноҳои маъмурию идорӣ, мактабу

муассисаҳои

таълимӣ, хонаҳои истиқомативу ҷойҳои фароѓатӣ,

боѓу гулгаштҳо ва роҳҳову хиёбонҳо асосан аз фаъолияти Бахши

меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия вобастагӣ дорад. Айни замон дар

ин Бахш 16 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд.

Фаъолияти соҳаи меъмории ноҳия бо бунёд ёфтани шаҳракҳои

Ёвон ва Ҳаёти Нав оѓоз гардида, ба ибтидои солҳои шастуми асри

гузашта рост меояд. То замони обёрӣ гардидани ноҳия (1968) ал-

лакай дар шаҳраки Ёвон якчанд биноҳои дуошёнаи истиқоматӣ,

Кохи фарҳанг, бинои Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ

қомат афрохта буданд ва дар нимаи дуюми солҳои шастум дар

маркази ноҳия сохтмони иншооти наву ҳозиразамон авҷи тоза

гирифт.

Аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта сар карда, вобаста

ба бунёд ёфтани корхонаи муқтадири барқу гармидиҳӣ ва баъд-

тар корхонаи кимиёвӣ, шаҳраки Ёвон ба арсаи сохтмонҳои азим

мубаддал гашт. Мутобиқи қарори Ҳукумати ҳамонвақта соли 1972

ноҳияи Ёвон минтақаи озоди меҳнати зарбдор эълон шуд ва дар

61

Ахтари иқболи Ёвон

ду соҳили Ёвонрўд бо суръати тез биноҳои чорошёнаву панҷошёна

бунёд ёфтан гирифтанд. Барои бо қувваи корӣ таъмин намудани

соҳаи сохтмон ба ноҳияи мо аз Вилояти мухтори куҳистони Бадах-

шон, вилояти Суѓд, ноҳияи Рашт ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон

муҳоҷирони ихтиёрӣ ва экологӣ кўчонида оварда шуданд.

Солҳои ҳафтодум ба туфайли бунёд ёфтани корхонаҳои Марка-

зи барқу гармидиҳӣ ва “Тоҷикимсаноат” дар ҳудуди деҳоти Даҳана

минтақаи саноатӣ ташкил гардид ва инфрасохтори муҳандисии

маркази ноҳия ва атрофи он тараққӣ ёфт. Дар ҳамин давра роҳҳои

автомобилгарди Ёвон-А.Ҷомӣ ва Ёвон-Душанбе сохта шуданд,

дар шаҳраки Ёвон биноҳои наву замонавии мактабҳои № № 1,

2, 5, Литсейи касбии техникӣ, муассисаҳои томактабии № №

13 ва 14, марказҳои савдои “Универсам” (ҳоло ба тарабхонаи

“Ориён” табдил дода шудааст), “Бункер”, иншооти зиёди маиши-

ву хизматрасонӣ қомат афрохтанд, инфрасохтори муҳандисиву

иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ дар марказҳои шаҳраки Ҳаёти Нав,

деҳоти Ситораи Сурх, Обшорон, Норин ва ба номи Г.Юсуфова

вусъат пайдо намуданд.

Биноҳои хушсохти мактаби № 45, “Телеком”, Боѓи “Ѓалаба”,

Кохи “Наврўз”, маркази тиҷоратии “Ҳафт авранг”, гулгашти ба номи

М.Турсунзода, пулҳои калони мошингузар ва даҳҳо иншооти ман-

зилию маишӣ, ки дар охири солҳои ҳафтодуму солҳои ҳаштодуми

асри сипаригашта қомат рост кардаанд, симои меъмории маркази

ноҳияро куллан таѓйир дода, онро ба як шаҳри зебову дилоро

мубаддал намуданд.

Суръати корҳои сохтмонӣ дар миёнаҳои солҳои ҳаштодум он

қадар афзун шуд, ки дар давоми як моҳ дар кўчаи А.Ҷомӣ то 4

адад биноҳои истиқоматии 4-5-қабата бунёд меёфтанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия

чандин тарҳҳои нави меъморӣ амалӣ гардида, иқтидорҳои нави

истеҳсолӣ бунёд ёфтанд, ки ободонии мавзеъҳои таърихӣ, сох-

тмони корхонаҳои “Аноҳид”, “Ба номи У.Қобилов”, “Намаки Ёвон”,

“Хима текстил”, “Эком”, “Ваҳдат”, “Хуаксин Ѓаюр семент”, “Мурѓи

беҳамто”, “Хуаҷиан Ѓаюр Индастриал”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”,

“Криолит”, Терминали “Ёвон”, бозори “Тиҷорат”, 14 муассисаи

нави таҳсилоти ҳамагонӣ, 25 бинои нав дар назди муассисаҳои

таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ, чандин биноҳои истиқоматию

62

Файзиддини Муҳаммадӣ

маъмурӣ, марказҳои зиёди тиҷорату хизматрасонӣ, тарабхонаҳо

ва иншооти дигари таъиноти гуногун аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар амалӣ шудани тарҳу лоиҳои номбаргардида саҳми собиқадорони

соҳаҳои сохтмону шаҳрсозӣ Гарнага, Маҳмадалиев Ру-

стам, Миклошевич, Худойбердиев Вайсиддин, Ѓуломов Асадулло,

Таѓоев Сайдалӣ, Қараева Маргарита, Расулов Теша, Раҷабов

Бобоқул, Раҳмонов Саидмаҳмуд, Самадов Абдулмаҷид, Аҳмадов

Абдулло, Саидов Ҷаббор, Каримов Бозор, Раҷабов Сангимурод,

Гурезов Сафарбек, Гурезов Муҳаббат, Аҳмадов Асо ва дигарон

хеле калон аст.

Охири соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи ге-

нералии нави шаҳраки Ёвонро тасдиқ намуд, ки мутобиқи он дар

давоми 25 соли оянда даҳҳо иншооти бузурги меъморӣ, теъдоди

зиёди манзилҳои истиқоматии баландошёнаву муосир, муассисаҳои

таълимиву иҷтимоӣ, роҳҳо ва пулҳои нав, боѓу фароѓатгоҳҳо қомат

афрохта, маркази маъмурии ноҳияро боз ҳам васеъ ва ободу

зеботар хоҳанд кард.

Дар давоми солҳои соҳибистқлолии мамлакат шахсони зе-

рин вазифаи роҳбарии Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба зимма доштанд: Сарабе-

ков Равшанбек (1990-1992), Тураев Ҷурабек (1992-1995), Тураев

Асрор (1995-2003), Иззатов Маҳмадшариф (2003-2007), Ѓиёсов

Иззатулло (2007-2010), Усмонов Азизулло (2010-2014).

Аз соли 2015 то ҳоло дар ин вазифа Сафаров Гулмурод кор

карда истодааст.

БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Соли 2004 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия Шуъбаи

меҳнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис ёфт

ва он соли 2014 ба Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табдил дода шуд.

Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

барои нафақахўрон, маъюбон, собиқадорон ва дигар табақаҳои

ниёзманд татбиқ намуда, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии

аҳолиро бо шўроҳои ҷамъиятӣ, ташкилот ва ҷамъиятҳои имтиёздор

ҳамоҳанг месозад ва вазъи хизматрасонии иҷтимоиро дар маҳал

таҳлил намуда, ба мақомоти болоӣ маълумот пешниҳод мекунад.

63

Ахтари иқболи Ёвон

Вазифаи роҳбарии ин ниҳодро аз рўзи таъсисёбии он то имрўз

шахсони зерин ба уҳда доштанд: Нуралиев Илҳомиддин (2004-

2007), Аҳлиддини Абдуҷалил (2007-2008), Фақирова Сайлонбӣ

(2008-2011), Холмуродзода Гулнисо (2011-2013).

Аз соли 2013 то ҳоло Шарифзода Умед Гурез ба ҳайси мудир

ва Холмуродзода Гулнисо ҳамчун мутахассиси пешбари Бахши

ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳия кор мекунанд.

КОМИССИЯИ ҲУҚУҚИ КЎДАК

Соли 2008 дар заминаи Комиссияи кор бо ноболиѓони ноҳия

Бахши ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

таъсис ёфта, соли 2011 ба Комиссияи ҳуқуқи кўдаки мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табдил дода шудааст. Солҳои

1991-1993 Шарипова Мусаллама ва солҳои 1993-2008 Шарипова

Сайригул дар вазифаи нозири кор бо ноболиѓони ноҳия кор кар-

даанд. Вазифаи мудири Бахши зикргардида дар давоми се соли

мавҷудияти он ба зиммаи Воҳидов Холмаҳмад (2008-2010) ва

Алимардонов Эмомалӣ (2010-2011) вогузор гардида буд.

Ниҳоди мазкур сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии оила ва кўдак,

фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию

ҷисмонии ноболиѓоне, ки дар вазъи хавфнок ё ногувори иҷтимоӣ

қарор доранд, ислоҳоти низоми идоракунии ҳуқуқи кўдакон, инчу-

нин, ҳуқуқҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои кўдаконро,

ки аз Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бармеоянд, назорат

ва иҷро мекунад.

Аз соли 2008 то инҷониб Шарипова Сайригул ба ҳайси сар-

мутахассис-котиби Комиссияи ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият дорад.

НИҲОДҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

Вазъияти сиёсии солҳои 90-уми асри XX аз Ҳукумат ва аҳли

ҷомеа тақозо намуд, ки ба хотири тақвият додани раванди оѓозгардидаи

истиқрори сулҳ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ

ниҳоди бонуфузи ҳамоҳангсозеро таъсис диҳанд.

64

Файзиддини Муҳаммадӣ

Аз ҳамин лиҳоз, Ҳукумати кишвар иқдом гирифт, ки иттиҳодияҳои

ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар якҷоягӣ фаъолият намуда, вази-

фаи ҳамоҳангсозии тамоми нерўҳои сиёсиву ҷамъиятиро адо на-

моянд. Ҳамин тавр, ѓояи ташкили Шўрои ҷамъиятӣ ба миён омад,

ки имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа асоси ҳуқуқиву сиёсии онро

ташкил медиҳад.

Зарур шуморида шуд, ки Шўрои мазкур дар низоми корбарии

ҷамъиятӣ ва давлатӣ фаъолияти дигар сохторҳоро такрор накар-

да, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас дошта бошад.

Имрўз Шўрои ҷамъиятӣ ба як мактаби бузурги таҳлиливу

машваратӣ табдил ёфтааст ва минбаъд ҳам дар ҳаллу фасли

бисёр масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву

фарҳангии мардуми мо мусоидат хоҳад кард.

Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Ёвон ҳамчун ниҳоди маҳаллии Шўрои

ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои

ҷамъиятӣ, шахсони муътабар, соҳибтаҷриба ва ватандўст

бо мақсади ҳамоҳанг сохтани нерўҳои созанда таъсис ёфта, пеш-

рафту тараққиёти бомароми ҷомеаро мароми худ қарор додааст.

Маҷлисҳое, ки аз тарафи Шўрои ҷамъиятӣ бо иштироки сохторҳои

ҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, хабарниго-

рон ва созмонҳои байналмилалӣ гузаронида мешаванд, имкони-

ят фароҳам меоранд, ки аз тарафи иштирокчиён оид ба роҳҳои

бартараф

намудани масъалаҳои баррасишаванда ва монеаҳои

ҷойдошта

таклифҳо пешниҳод гардида, тадбирҳои судманд ан-

дешида шаванд.

Масъулияти раисии Шўрои ҷамъиятии ноҳияро раиси ноҳия,

вазифаҳои муовини ўро муовини соҳавии раиси ноҳия оид ба

маънавиёт ва котиби Шўроро мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия ба зимма доранд.

Роҳбарият ва раисони Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат,

Ҷамъияти ҷанговарони байналмилал, Ҷамъияти иштирокчиёни

бартарафсозии

оқибатҳои садамаи стансияи атомии Чернобил,

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, Ҷамъияти

маъюбон, Ҷамъияти нобиноён, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,

Кумитаи марказии ҲКТ дар ноҳия, бахши ноҳиявии ҲДТ, Иттифоқи

касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ, Иттифоқи касабаи корман-

дони соҳаи маориф, ташкилотҳои ҷамъиятии «Рўҳафзо» ва «Сай-

ёраи умед» ва сархатиби ноҳия ки аъзои Шўрои ҷамъиятии ноҳия

65

Ахтари иқболи Ёвон

мебошанд, дар равандҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву

фарҳангии ҷомеа мақоми хоса доранд.

Дар поён оид ба ниҳодҳои аъзои Шўрои ҷамъиятии ноҳия маъ-

лумоти мухтасар оварда шудааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар ноҳияи Ёвон сохтори ноҳиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ буда,

ҳамчун

ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо роҳи иштирок дар ҳаёти

сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ,

ҳуқуқбунёд,

дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин, рушди устувори

иқтисодӣ

ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият ме-

намояд. Кумитаи мазкур ва аъзоёни он дар фаъолияти Шўрои

ҷамъиятии ноҳия, корҳои ободонӣ ва рушди устувори ҷомеа дар

ҳама ҷанбаъҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳоло шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи мо ба 10891 нафар

расидааст, ки 3893 нафари онҳоро занон ташкил медиҳад.

Аз соли 1994 то инҷониб вазифаи раисии Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Ёвонро шахсони зерин ба зимма доштанд: Ҷабборов

Латиф (1994-2003), Ҳамроқулова Мавҷуда (2003-2006), Мир-

зоева Шодигул (2006-2007), Азизов Шарифхон (2007-2008), Иззатов

Маҳмадшариф (январ-октябри 2009), Азизов Исмат (2009-2010),

Холов Барфихон (2010-2014), Зубайдуллоев Раҳматулло (2014-

2015) ва Нарсов Исломиддин (аз 12 ноябри соли 2015 то ин замон).

Кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар

ноҳияи

Ёвон ҳоло дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 9 ташкилоти

ибтидоии

минтақавӣ ва дар назди ташкилоту муассисаҳо 57 ташкилоти

ибтидоӣ дошта, дар ҳайати худ беш аз 1200 нафар аъзоро

муттаҳид

намудааст. Солҳои 1990-1992 роҳбари Ҳизби коммуни-

стии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Муҳаммадамин Сафархолов

буд. Аз соли 1993 то ҳоло ин вазифаро Шамсиддин Раҳимов ба

зимма дорад.

Бахши ноҳиявии Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи

Ёвон, ки вазифаи роҳбарии онро Усмон Ятимов ба уҳда дорад,

дар сафҳои худ 1229 нафар аъзо дорад.

Бахши дар ноҳияи Ёвон будаи Ҳизби демократии Тоҷикистон

16 нафар аъзо дорад. Раиси Раёсати Демократии Тоҷикистон дар

ноҳияи Ёвон Ҷалолиддин Таѓойзод мебошад.

Иттифоқи касабаи кормадони соҳаи маорифи ноҳия таш-

килоти ҷамъиятӣ буда, ҳамчун ниҳоди маҳаллии Иттифоқи каса66

Файзиддини Муҳаммадӣ

баи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1965 таъсис

ёфтааст.

Ҳадафҳои он иборатанд аз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои

иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, фардӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзоён, ин-

чунин, муттаҳид намудан, тақвият бахшидан ва ҳамоҳанг сохтани

ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касаба.

Бо ҳамин мақсад, дар давоми соли сипаригардида аз ҷониби

Кумитаи мазкур 177 нафар аъзоёни он ба истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳои

кишвар фиристода шуданд. Ҳамасола тахминан ҳамин қадар

аъзоёни Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо

роҳхатҳо таъмин мегарданд. Ҳоло дар ҳайати Кумитаи Иттифоқи

касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия 90 ташкилоти ибтидоӣ

шомил буда, шумораи умумии аъзоёни онҳо 3337 нафарро ташкил

медиҳад.

Масъулияти роҳбарии ин ниҳодро муддати 35 сол (1979-2014)

марди пухтакор Аълочии маорифи Иттиҳоди Шўравӣ Гулов Мир-

зо ба уҳда доштанд. Аз соли 2014 то ҳоло ин вазифа ба зиммаи

Абдуллоев Қурбоналӣ Исматович гузошта шудааст.

Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳия ҳамчун

ниҳоди ноҳиявии Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон

барои муаррифӣ ва ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳои

қонунии аъзоёнаш созмон дода шудааст. Алҳол Иттифоқи касабаи

комплекси агросаноатии ноҳия дар ҳайати худ беш аз 16 ҳазор на-

фар аъзо дорад, ки бо мақсади дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои

дахлдорро амалӣ менамояд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии

кишвар Иттифоқи мазкурро Партобов Одина, Қузиқулов Раҷаб,

Тилабов Шамсиддин ва Алиев Тилавмурод роҳбарӣ кардаанд. Аз

соли 2010 то ҳоло ин вазифа ба зиммаи бонуи озодакор, шахси

масъулиятшинос Ҳамроқулова Мавҷуда гузошта шудааст.

Ҷамъияти собиқ ҷанговарони байналмилали ноҳия, ки

таҳти

сарварии Раҳимов Абдухолиқ фаъолият дорад, соли 1986

таъсис ёфта, дар ҳайати худ зиёда аз 210 нафар аъзо дорад (аз

ин шумора 4 нафар маъюби гурўҳи II ва 5 нафар маъюби гурўҳи

III мебошанд).

Ҷамъияти иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи

стансияи атомии Чернобил соли 1998 таъсис ёфта, 21 нафар

аъзо дорад, ки 12 нафари онҳо иштирокчиёни бевоситаи барта-

рафсозии садамаи мазкур мебошанд (9 нафар бартарафсозони

67

Ахтари иқболи Ёвон

оқибатҳои садама маъюбони гурўҳҳои II ва III ҳастанд). Роҳбарии

Ҷамъияти мазкурро Нарзуллоев Аъзам ба уҳда дорад.

Ҷамъияти маъюбони ноҳия, ки дар ҳайати худ 1860 нафар

аъзо дорад (аз ин шумора 580 нафар занонанд), соли 1998 ташкил

карда шудааст. Ҳоло вазифаи роҳбарии ин Ҷамъиятро Тилабов

Шамсиддин ба уҳда дорад

Ҷамъияти нобиноёни ноҳия, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои

гурўҳи ниёзманди аҳолӣ соли 2003 ташкил гардида, 212 на-

фар аъзо дорад. Роҳбарии ин ниҳоди ҷамъиятӣ ба зиммаи Пиров

Бобокалон гузошта шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати

ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ, расонида-

ни кумак ба ҷамъиятҳои миллӣ ва эҳтиёҷмандон ташкил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун

ташкилоти ҷамъиятии мустақил ва сохибихтиёр бо мақсади сабук

кардан ва пешгирӣ намудани азобу шиканҷаи одамон, новобаста

аз миллат, эътиқоди динӣ ё ақидаҳои сиёсии онҳо соли 1996 таъ-

сис дода шудааст (ин Ҷамъият дар кишвари мо аз соли 1927 то

соли 1996 дар ҳайати Федератсияи ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмар ва

Салиби Сурх фаъолият мекард).

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон то имрўз иқдомҳои хайрхоҳонаи

зиёдеро дар ноҳия роҳандозӣ намудааст, ки бо доруворӣ

ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани 26 муассисаи тиббии ноҳия

(то соли 2008, ба маблаѓи 300000 сомонӣ), ба аҳолии аз офатҳои

табиӣ зарардидаи ноҳия дастрас намудани асбобу анҷоми рўзгор,

кумак ба беморони эҳтиёҷманд, бунёди бинои бунгоҳи тиббӣ дар

деҳаи Чаманзори деҳоти Даҳана (2008), гузаронидани хатти оби

ошомиданӣ ба 5 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Обшорон ва Ситораи

Сурх (солҳои 2009-2015) аз ҷумлаи онҳоянд.

Вазифаи котиби масъули Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон

дар ноҳияи Ёвонро аз соли 2004 то инҷониб Холов Маҳмадзоир

Навотович

ба зимма дорад.

Ташкилоти ҷамъиятии “Рўҳафзо” ташкилоти ихтиёрии худидоракунӣ,

ѓайридавлатӣ ва ѓайритиҷоратӣ буда, соли 2004 бо

мақсади

мусоидат намудан дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ,

иқтисодӣ,

экологӣ ва ҳифзи сиҳатии мардум, инчунин, баланд бардоштани

сатҳи фарҳангии аҳолӣ таъсис дода шудааст.

68

Файзиддини Муҳаммадӣ

Ташкилоти мазкур дар тўли фаъолияти худ барои татбиқи

лоиҳаҳои

зиёде дар самти рушди соҳибкорӣ, пешгирии бемориҳои

сироятӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон,

кўдакон ва ҷавонон, мубориза бар зидди хариду фурўши одамон,

баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ ва маърифати экологии

аҳолӣ дар ноҳияи Ёвон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хат-

лон саҳмгузорӣ намудааст.

Ташкилот нақша дорад, ки дар оянда бо мақсади дастгирии

занони ноҳия лоиҳаҳои дахлдореро дар ҳамкорӣ бо шарикони

рушди мамлакат роҳандозӣ намояд.

Роҳбарии ташкилоти ҷамъиятии “Рўҳафзо”-ро Раҳматуллоева

Мунира ба зимма дорад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи умед» соли 2012 бо мақсади

тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи инсондўстӣ ва

ватанпарварӣ, ҳурмат намудану пос доштани забони модарӣ ва

муносибатҳои миллӣ, таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо,

арзишҳои умумибашарӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ташкил

карда шудааст.

Ташкилоти мазкур соли 2014 барои пешгирии нашъамандӣ ва

бемориҳои сироятӣ, баррасии масъалаҳои гендерӣ, солимии репродуктивӣ

ва муҳоҷирати меҳнатӣ лоиҳаи «Хатсайри бехатар»-ро

дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳои касбии

техникӣ ва коллеҷи тиббии ноҳия бо фарогирии 6700 нафар, аз

ҷумла 3350 нафар духтарон амалӣ намуда, алҳол ба таври мун-

тазам бо кумитаҳои падару модарон ва ассотсиатсияҳои волидону

омўзгорони назди муассисаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои судмандро

ба роҳ мондааст.

Роҳбарии ин ташкилоти ҷамъиятиро аз рўзи таъсисёбии он то

ҳоло Бобобеков Хусрав Раҷаббекович ба уҳда дорад.

Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия аз рўзи таъсисёбиаш

дар робитаи зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳия фаъолият дошта, дар амри татбиқи сиёсати давлатӣ дар

самти ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия тадбирҳои

дахлдорро амалӣ менамояд.

Аввалин раиси Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия

дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Каром Мирзоев, ки наздики

20 сол ин вазифаро ба зимма дошт, бо мақсади ба роҳ мондани

ҳамкории пурсамари собиқадорон бо ҳокимияти маҳаллӣ ва ба

69

Ахтари иқболи Ёвон

ин васила ҳарчӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани насли

соҳибтаҷриба заҳматҳои пурмаҳсул намудааст. Бо ташаббуси ў

барои гиромидошти хотираи шаҳидони ҶБВ дар марказҳои ҳама

ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гўшаҳо ва лавҳаҳои махсус таш-

кил гардидаанд, ки оид ба корнамоиҳои иштирокчиёни ҷанг маъ-

лумоти муфассал медиҳанд.

Дар Осорхонаи шахсии мавсуф, ки дар кўчаи А.Ҷомии шаҳраки

Ёвон ҷойгир аст, таърихи зиндаи солҳои ҶБВ, мактубҳои куҳнаи

таърихи беш аз ҳафтодсоладошта, ашё ва расмҳои пураҳаммият

маҳфузанд. Тамошои ин хонаи ба чашм хурдакак, вале ба мазмуну

муҳтаво бузург ҳаёти ибратомўзи баҳодурони солҳои 50-уму 60-ум

ва 70-уму 80-уми ноҳияро дар пеши назар ба ҷилва меорад ва

хотироти гувороеро дар зеҳнҳо бедор мекунад.

Агар дар ибтидои замони соҳибистиқлолии кишварамон сафи

иштирокчиёни ҶБВ дар ноҳия ба 197 нафар мерасид, пас, имрўз

аз он фидокорон ҳамагӣ 13 нафар дар қайди ҳаёт мондаанд.

Баъд аз даргузашти К.Мирзоев (01.12.2001) Шўрои собиқадорони

ҷанг ва меҳнати ноҳияро то соли 2009 Расул Раҷабов ва сипас

то соли 2014 Чоршанбе Ѓафуров роҳбарӣ кардаанд. Таҳти сарва-

рии ин ду иштирокчии арсаи ҷанг собиқадорони ноҳия дар ҳама

чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзиш-

манди худро дар таъмини сулҳу субот ва тарбияи насли наврас

мегузоштанд.

Аз соли 2014 то ҳоло ин масъулиятро собиқадори меҳнат Қутбиддин

Сафархолов ба уҳда дорад. Зиндагинома ва корномаҳои ин

марди наҷиб, ки беш аз 25 соли умри азизашро ҳамчун корманди

Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар сарфи хизмати халқу

давлат кардааст, хеле ибратбахшанд. Садоқат ба касби интихоб-

намуда, матонату иродаи оҳанин ва дасту дили покаш он касро

аз зинаи корманди қатории мақомоти амниятӣ то ба вазифаҳои

сардори шуъбаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии Кумитаи давлатии амни-

яти миллӣ расондаанд.

Ростӣ, дар зиндагӣ зиёд нестанд касоне, ки ба синну соли

қариб якасраи худ нигоҳ накарда бо азму иродаи қавӣ дар паҳлуи

ҷавонон истода, хизмати халқу Ватанро мароми зиндагияшон

қарор бидиҳанд. Устод Қ.Сафархолов аз зумраи ҳамон ашхоси

ангуштшумореанд, ки дар синни 81-солагӣ ин Шўрои бонуфузро

роҳбарӣ карда, бо кору рафтори омўзандаи худашон зиндагиро

70

Файзиддини Муҳаммадӣ

маънии дигар мебахшанд. Дўст ва ҳамсабақашон Маҳмадалӣ

Зиёев боре дар тавсифи Қ.Сафархолов дуруст гуфтанд, ки: “Он

кас, дар ҳақиқат, “инсони халқӣҳастанд”.

Заҳматҳои пурмаҳсули он кас бо нишону медалҳои зиёде аз

қабили нишонҳои “Барои хизмати шоиста” (1987), “Барои шуҷоати

шахсӣ” (1989, дар ҳудуди Осиёи Миёна аввалин корманди соҳаи

амнияти бехатарӣ, ки ба ин шараф сазовор гардидааст), нишо-

ну медалҳои зиёди ҷашнӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр

карда шудаанд.

Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия тавассути кордонӣ

ва масъулиятшиносии Қ.Сафархолов дар давоми беш аз ду соли

охир чорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ карда, бо иштироки хонан-

дагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ даҳҳо нишаст, конфе-

ренсия ва мизҳои мудаввар баргузор намудааст.

Имрўз 13 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва 4 нафар заҳматкашони

ақибгоҳ аз ноҳияи Ёвон гули сари сабад ва зиннатбахши ҳама

ҷашну маъракаҳо мебошанд.

МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

ПРОКУРАТУРА

Мақомоти Прокуратураи ноҳия фаъолияти худро ҳанўз аз за-

мони ташкил гардидани собиқ ноҳияи Лақайтоҷик (1923) ҳамчун

филиал оѓоз намуда, бо таъсис ёфтани ноҳияи Ёвон (11.06.1934)

ба ниҳоди мустақили ноҳиявӣ табдил дода шудааст.

Дар давоми фаъолияти қариб якасраи худ Прокуратураи ноҳия

дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, Кумитаи давлатии амнияти миллии

кишвар дар ноҳия, Суди ноҳия ва дигар сохторҳои назоратӣ баҳри

таъмини фазои солими сиёсӣ ва тантанаи қонун корҳои зиёдеро

ба сомон расонидааст. Ба эътидол омадани вазъи мураккаби

сиёсӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта аз бисёр ҷиҳат

аз фаъолияти бонизоми ин ниҳод вобастагӣ дошт.

Шоистаи тазаккур аст, ки соли 2005 дар кўчаи М.Турсунзодаи

шаҳраки Ёвон бинои наву хушсохти Прокуратураи ноҳия бунёд

гардид, ки аз 14 ҳуҷра ва толорҳои алоҳида иборат буда, бо ша-

роити мусоиди корӣ таъмин мебошад.

71

Ахтари иқболи Ёвон

Тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шахсони зерин дар

вазифаи прокурори ноҳияи Ёвон кор кардаанд: Саидов Ашуралӣ

(1988-1992), Саидов Ятим (1992-1996), Маҷидов Ҳомидҷон (1996-

2001), Юлдошев Турсунқул (2002-2010), Раҷабзода Рустам Таѓоймурод

(2010-2015).

Аз моҳи апрели соли 2015 то ҳоло ин масъулиятро Амирзода

Давлаталӣ

Раҳмоналӣ ба уҳда дорад.

Айни замон Муқимзода Мурод Муқим муовини прокурор, Са-

мизода Наврўз ёрдамчии калони прокурор, Ҳусейнзода Исломид-

дин ёрдамчии прокурор, Саидзода Абдуқодир муфаттиши калон,

Қурбонзода Орзу муфаттиш ва Бекбобозода Баҳодур мутахассиси

Прокуратураи ноҳия мебошанд.

СУД

Фаъолияти мақомоти судии ноҳия ҳанўз аз соли 1924 (замоне

ки водии Ёвон ба ҳайати собиқ ноҳияи Лақайтоҷик шомил буд),

оѓоз гардидааст. Он вақт дар ҳудуди имрўзаи ноҳияҳои Рўдакӣ,

Хуросон,

Ҷомӣ ва Ёвон як нафар ба ҳайси раиси Суд фаъолият

мекард.

Баробари таъсисёбии ноҳия (1934) Суди ноҳия ҳамчун

ниҳоди маҳаллии Суди олии кишвар ташкил гардид, ки нахустин

раиси он домулло Абдураҳмони Ширинчашмагӣ буд.

То соли 1969 ин шохаи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кўчаи

М.Турсунзода (дар шафати Маркази стоматологӣ) дар як бинои

якошёна ҷойгир буд ва ҳамон сол ба бинои ҳозираи худ ба кўчаи

Меҳвар-6 кўчонида шуд.

Муродалӣ Солеҳов, Поргӣ Назаров, Собит Назаров, Олим Аб-

дукаримов, Тоҳирҷон Орифҷонов, Раҷаб Насриев, Ҳомуддин Ша-

рипов, Бойзода Темур, Зулайхо Арипова аз ҷумлаи собиқадорони

мақомоти судии ноҳия мебошанд.

Тайи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

вазифаи

раиси Суди ноҳияро шахсони зерин ба уҳда доштанд:

Алимардонов

Ҳазратқул (1986-2006), Садиров Нусрат (2006-2012),

Ализода Шодмон Шамс (2012-2015).

Аз аввали соли 2015 то инҷониб раиси Суди ноҳия генерал-

майори адлия, ҳуқуқшиноси дараҷаи олӣ Салимзода Юсуф Сафар

мебошад.

72

Файзиддини Муҳаммадӣ

Ҳоло муовини раиси Суд Абдуллозода Орзу, судяҳо Зарифзода

Абулхайр, Зарифзода Гулбаҳор, Қурбонзода Иброҳим, ёрдам-

чии раиси Суд Ҳакимов Майҳан, котибони маҷлиси судӣ Ёрзода

Масрур, Сулаймонзода Фаридун, Ализода Искандар, Раҳмонзода

Фирўзҷон, Мирзоалиев Муҳаммад, Ҷалолов Зайдулло, сардори

Шуъбаи умумии Суди ноҳия Мусулмонов Рустам, иҷрочии калон

Абдукаримов Олим ва иҷрочиён Шарифзода Ховар, Абдуллозода

Аҳлиддин, Ҳасанзода Ҷамолиддин ва Абдуллоев Хурсанд дар

ҳамин шохаи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият намуда ис-

тодаанд.

ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Таърихи ташкилёбии ин Шуъба, ки масъулияти ҳимояи сохти

конститутсионии давлат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза

бар зидди ҷиноят ва ҷинояткориро ба зимма дорад, аз соли 1923

оѓоз мегирад (замони таъсиси ноҳияи Лақайтоҷик ва ташкилёбии

Ревкоми Ёвон). Дар китоби “Ёвон-Ориён” (Убайдуллоҳи Ширин,

2012) омадааст, ки нахустин сардори Ревкоми Ёвон Мирзо Маҳмуд

ном шахс буд, ки вазифаи муовини ўро Қарчӣ Одинаев ба зимма

дошт. Сипас ба сафҳои гарнизони ҳарбӣ наврасоне аз қабили

Теша Раҷаб, Шариф Офарин, Кукани Уроқ, Ҳомид Холмирзоев,

Таѓой Қурбонов, Саидмурод Султонов, Мулло Қудрат (шогирди

Шоҳ-паҳлавон), Кукани Мирзоалӣ ва чанд тани дигар ихтиёран

шомил шудаанд. Аъзои ин гарнизон дар қатори Шариф Раҳимов,

Шариф Азимов, Парда Нуров ва Қувондиқ Алашев барин ҳомиёни

сохти нав баҳри устувории ҳокимияти Шўроҳо дар муборизаҳои

мусаллаҳонаи зидди босмачиён фаъолона иштирок кардаанд

(илова менамоем, ки қабл аз ин воқеаҳо дар ҳудуди ноҳия се от-

ряди ихтиёриён таҳти сарварии Шариф Раҳимов, Қ.Одинаев ва

Қувондиқ Алашев ташкил гардида буд).

Баробари таъсисёбии ноҳия (1934) ниҳоди мустақили умури

корҳои дохилии мамлакат дар ноҳияи Ёвон ташкил гардида, то

имрўз вазифаҳои низомномавии худро иҷро карда омада исто-

дааст.

Солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат барои кормандони

шуъбаи мазкур бисёр давраи пурташвиш буд. Моҳи июни соли

73

Ахтари иқболи Ёвон

1992 бинои шуъба оташ зада шуд ва дар натиҷа низоми кори он

то дараҷае фалаҷ гардид. Моҳи апрели соли 1993 бинои валан-

горшуда таъмиру азнавсозӣ шуд ва кормандони он ба фаъолияти

муътадил баргаштанд.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

ноҳияи Ёвон бо мақсади хомўш намудани оташи ҷанги шаҳрвандии

оѓози солҳои 90-ум, халъи силоҳи ѓайриқонунӣ ва мубориза бар

қувваҳои зиддидавлатӣ нақши арзанда гузоштааст. Дар он солҳои

ноором 22 нафар милитсионерҳои ШВКД-и ноҳия дар роҳи ба эъ-

тидол овардани вазъи ноороми сиёсӣ, нигоҳ доштани тартиботи

ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳукумати конститутсионӣ ҷони худро аз даст до-

даанд. Дар қатори онҳое, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ қурбон

шудаанд, метавон номи собиқ ваколатдори шуъбачаи кофтукови

ҷиноятии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Қудратулло Шамсовро

зикр намуд, ки соли 1971 аз дасти ҷинояткорон ба ҳалокат расида

буд (кўчае, ки номбурда дар он ҷо ба шаҳодат расонида шудааст,

имрўз дар ҳудуди шаҳраки Ёвон номи ўро дорад).

Салихов Гургило, Садриддинов Ибодулло, Шамсов Абдусаттор,

Сатторов Абдулҳай, Музаффаров Сангалӣ, Бобоалимов Қурбонмурод,

Холтураев Раҷабмурод, Каримов Хайриддин, Назарамонов

Қосималӣ, Иброҳимов Сафармурод, Малангов Насур, Назаров

Бобомурод, Раҳимов Абдураҳим, Зарифов Юсуф, Раҷабов Са-

фарбек, Зарифов Амин, Қурбонзода Исматулло, Абдулов Тоҳир ва

чанде дигарон аз ҷумлаи собиқадорони милитсияи Ёвон мебошанд,

ки беш аз 20-25 соли умри худро баҳри нигаҳдории тартиботи

ҷамъиятӣ сарфи хизмати халқ кардаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки зодагони ноҳия собиқ сардо-

ри Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои

дохилии кишвар Миралӣ Холов, собиқ корманди баландрутбаи

умури корҳои дохилӣ Сафар Нурхонов, собиқадори милитсияи

ҷумҳурӣ

Давлат Бекназаров, собиқ кормандони Вазорати корҳои

дохилии

кишвар Қутбиддин Малахов ва Сангалӣ Музаффаров,

собиқ сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Ваҳдат Абдулло Гурезов ва

чанде дигарон солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ин

мақомоти қудратӣ садоқатмандона кор карда, шарафи милитсияи

ватаниро баланд бардоштаанд.

Собиқадорони ин соҳаи қудратии ноҳия, ки ҳоло шумораа-

шон 135 нафарро ташкил медиҳад, бо вуҷуди он ки дар синни

74

Файзиддини Муҳаммадӣ

нафақаанд, худро аз ҳаёти ҷамъиятӣ, чорабиниҳои ноҳиявию

вилоятӣ ва корҳои ободонӣ дар канор намегиранд. Шўрои

собиқадорони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар замони соҳибистиқлолии мам-

лакат таъсис ёфта, тайи чанд соли охир бо мақсади тарѓиб ва

ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва барои

дар рўҳияи ҷасоратмандиву ватандўстӣ тарбия намудани насли

наврас корҳои назаррасеро ба сомон расондааст. Мавриди зикр

аст, ки Шўрои мазкур таҳти роҳбарии подполковники мустаъфии

милитсия Сатторов А. бо фаъолияти босамари худ дар миёни

шўроҳои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соҳиби

нуфузу эътибори хос аст.

Аз соли 1991 то имрўз шахсони зерин дар вазифаи сардори

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи

Ёвон кор кардаанд: Малахов Қутбиддин (1991-1992), Эркабоев

Ҷумъабой (1992-1996), Резмонов Таваккал (1996-1997), Девонаев

Сафиалло (1997-1999), Ҳасанов Камолиддин (1999-2007), Абдул-

лоев Зиннатулло (2007-2012).

Аз соли 2012 то инҷониб масъулияти роҳбарии ин ниҳоди қудратӣ

ба зиммаи полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷаъфар

Комил гузошта шудааст. Ҳоло подполковникҳои милитсия Қурбонзода

Исматулло, Ҷуразода Давлат ва Бобизода Бобораҷаб дар

вазифаҳои муовинони сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон оид ба ҳайати шахсӣ, оид

ба корҳои фаврӣ ва оид ба хизмат кор мекунанд.

Айни замон дар вазифаҳои сардори Гурўҳи тафтишотии ШВКД

ҶТ дар ноҳияи Ёвон майори милитсия Вализода Билолиддин Ҳабибулло,

сардори Шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ майор Билолов

Абдусамад, сардори Шуъбачаи мубориза бар зидди гардиши

ѓайриқонунии маводди мухаддир майор Нурзода Шоҳин, сардо-

ри Шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ майор Қодиров

Раҳматулло, сардори Шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ май-

ор Зиёзода Саидхон, сардори ШМД “Дўстӣ” майор Сангимуродов

Абубакр,

сардори ШМД “Ҳаёти Нав” майор Қаюмов Абдулло ва

сардори Шуъбаи шиносномадиҳӣ лейтенанти калон Зокирзода

Мансур фаъолият доранд.

75

Ахтари иқболи Ёвон

БАТАЛЁНИ 2-ЮМИ БРИГАДАИ 6593-И САРРАЁСАТИ

ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баталёни мазкур аз ду рота иборат аст, ки яке дар маркази

ноҳияи

Ёвон ва дуюмӣ дар шаҳри Норак ҷойгир шудаанд. Ситоди

Баталён дар ҳудуди ротаи 1-ум, яъне дар ноҳияи Ёвон мустақар

гаштааст.

Ротаи 1-уми Баталёни 2-юми бригадаи 6593-и Сарраёсати

иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

мақсади нигаҳбонии маҳбасхонаи ноҳия соли 1956 таъсис дода

шудааст ва аз 3 взвод иборат мебошад. Дар ин қисми низомӣ

9 нафар афсарони ситоди Баталён ва ротаи 1-ум ва 25 нафар

прапоршикҳо

кору фаъолияти ҳарбӣ доранд. Шумораи сарбозони

ротаи мазкур аз 70 то 80 нафарро ташкил медиҳад.

Қисми низомии мазкур чанд маротиба аз Рота ба Баталён ва

аз Баталён ба Рота табдил ёфта, аз соли 2011 то ҳоло ҳамчун

Баталён амал мекунад.

Шахсони зерин дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вази-

фаи командирони Рота ва Баталён хизмат кардаанд: подполков-

ник Парнов А. (то соли 1993), капитан Коробкин С. (1993-1994),

лейтенанти калон Раҳимов Ҳ. (1994-1995), лейтенант Тошов М.

(1995-2003), капитан Назаров С. (2003-2004), капитан Муродов

Б. (2004-2005), майор Тошов М. (2005-2006), майор Раҷабов И.

(2006-2007).

Аз соли 2007 то имрўз подполковник Тошов Миралӣ командири

Баталён мебошад. Алҳол вазифаи командири ротаи 1-ум ба зиммаи

капитан Бердиев Аскар гузошта шудааст.

КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

Комиссариати ҳарбии ноҳия, ки масъулияти ба сафҳои Қувваҳои

Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани шаҳрвандони

синни даъватии ноҳия, инчунин, дар ҳолати омодабош қарор доштани

шаҳрвандони эҳтиётӣ ва дар сурати пайдо шудани зарурат

сафарбарии онҳоро ба зимма дорад, баробари ташкилёбии ноҳия,

соли 1934 таъсис дода шудааст.

76

Файзиддини Муҳаммадӣ

Комиссариати ҳарбӣ дар ҳамбастагӣ бо мақмоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва Ташки-

лоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия ҷиҳати иҷрои Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва

хизмати ҳарбӣ» ва иҷрои фармонҳои Президенти мамлакат оид

ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ пай-

васта тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, аз оѓози соли 2012 то

моҳи июни соли равон зиёда аз 2000 нафар ҷавононро ба сафҳои

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар кардааст. Ҳамасола 380 –

400 нафар насли навраси ноҳия бо мақсади адои хизмати Модар

– Ватан ба сафҳои Артиши миллии кишвар равона мегарданд.

Митскевич Василий, Марков Николай, Волков Юрий, Неъматов

Ҳаёт, Воҳидов Марат, Содиқов Насрулло, Назиров Қутбиддин,

Шодиев Абдувакил ва чанде дигарон аз ҷумлаи собиқадорони

Комиссариати ҳарбии ноҳия буда, баҳри иҷрои вазифаҳои низом-

номавии худ солҳои зиёд содиқона кор кардаанд.

Айни замон афсарони фаъол Алимардонов Шамсиддин, Қосимов

Исроил, Таѓойбеков Файзалӣ, Темуров Умедҷон, Шарипов Муҳаммадалӣ,

Шодиев Иброҳим, Камолов Шафқат ва мутахассисон

Азизов Акмал, Саидов Амриддин, Нодиров Тоҳир ва Шарипов

Турдиқул

дар пайравӣ аз ҳамтоёни собиқадорашон дар пешбурди

кори соҳа саҳмгузорӣ карда истодаанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат вазифаи комиссари

ҳарбии ноҳияро шахсони зерин ба уҳда доштанд: Арабҷонов Иброҳимҷон

(1991-1992), Ҷермакян Владимир (1992-1995), Одинаев

Неъматулло

(1995-1999), Шарипов Ситам (1999-2004), Аҳмадов

Умархон (2004-2006), Турсунов Давлат (январ-декабри 2006), На-

заров Дилмурод (2006-2008), Бустонов Абдулазиз (2008-2011),

Тоҷов Фарҳодҷон (2011-2013), Азимов Дилшод (2013-2014).

Аз моҳи декабри соли 2014 то ҳол ин масъулиятро подполков-

ник Рустами Азизулло ба зимма дорад.

ҚИСМИ МУСТАҚИЛИ 29-УМИ ҲАРБИКУНОНИДАШУДАИ

ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ

Омодагӣ барои сўхторхомўшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ

аз сўхтор аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи низомно-

77

Ахтари иқболи Ёвон

мавии Қисми мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии

оташнишонӣ мебошанд.

Ин муассисаи Хадамоти оташнишонӣ, ки соли 1967 таъсис

ёфтааст

(роҳбари аввалинаш Голенков С.Г.), то давраи аввали

Истиқлолияти

кишвар ҳамчун Муассисаи касбии гражданӣ фаъо-

лият дошт ва соли 1992 ба Қисми мустақили ҳарбикунонидашуда

табдил

дода шудааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат

муассиса

бо техникаҳои махсусгардонидашуда, радиостансияҳо ва

таҷҳизоти

муосири оташнишонӣ таъмин гардида, иқтидори худро

афзун намудааст.

Холназаров Самандар, Раҳимов Мурод, Ҷайсанов Раҷабалӣ,

Ҷайсанов

Ҳайталӣ, Одинаев Абдулазиз, Авазов Қурбон, Назаров

Абдусаттор, Миров Нурмаҳмад, Тоҳиров Маҳмадюсуф, Бобокало-

нов Сайфиддин, Латифов Раҳматулло аз ҷумлаи собиқадорони

соҳаи оташнишонӣ дар ноҳия мебошанд.

Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

шахсони зерин вазифаи роҳбарии ин муассисаро ба зимма

доштаанд: Шарипов Хайрулло (1988-1992), Сафолов Парда (1992-

1997), Файзов Ҷумъа (1997-1998), Шарипов Мақсад (1998-2000),

Файзов Ҷумъа (2000-2002), Катиков Хурсанд (2002-2007), Шарипов

Тоҳир (2007-2015).

Аз соли 2015 то айни замон лейтенанти калони хизмати дохилӣ

Азимов Манучеҳр ба ҳайси сардори Қисми мустақили 29-уми ҳарбикунонидашудаи

Хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёса-

ти Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон кор мекунад.

ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ МАДАДГОРИ МУДОФИА

Ин муассиса ҳамчун ташкилоти худмаблаѓгузор соли 1946 бо

мақсади

тарбияи ватандўстии ҷавонон, тавсеа додани навъҳои

ҳарбии варзиш, таҳкими маърифати техникӣ, омода намудани

кадрҳо оид ба касбҳои техникӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтааст.

Аз давраи таъсисёбии ташкилот то имрўз зиёда аз 16 ҳазор

ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар ин даргоҳ бо гирифтани дараҷаҳои

А, В, С, Д соҳиби касби ронандагӣ гардида, бисёре аз онҳо то

имрўз дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳмгузоранд.

Соли чорум аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳия ҳамасола 120 нафар шаҳрвандони синни даъватӣ

дар курсҳои ронандагии ТҶММ таҳсил намуда, ҳамчун мутахас-

сис ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона

мегарданд.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Ёвон дар

чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои Картингронӣ ва

Мотокросс иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва мукофотҳо

гардидааст. Варзишгарони касбии ташкилот оид ба намудҳои дар

боло зикргардида Расулов Наврўз, Маҳмадалиев Ашуралӣ, Ако-

биров Анвар, Ҳикматов Шодихон бо маҳорати баландии касбии

худ номи ташкилот ва зодгоҳи худро дар миқёси ҷумҳурӣ шараф-

мандона муаррифӣ менамоянд.

Назаров Аваз, Абилаев Ваҳҳоб, Раҳимов Сироҷиддин, Нарзул-

лоев Бахтиёр, Иброҳимов Ашур, Тураев Сайфиддин ва боз чанде

дигарон аз ҷумлаи собиқадорони ин корхона буда, дар тарбияи

чандин наслҳои мутахассисон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Имрўз омўзгорону устодони варзида Ашуров Мирзомиддин,

Абилаев Тоҳир, Маҳмадалиев Шералӣ ва дигарон нозукиҳои касби

ронандагиро ба навомўзон таълим медиҳанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Раҳимов Шам-

сиддин (1985-1993), Ҳалимов Ашур (1993-1998), Шарипов Сангалӣ

(1998-2001), Ёров Субҳон (2001-2002), Воҳидов Зафар (2002-2004)

ва Маҳмадалиев Ашуралӣ (2004-2013) ба ҳайси сардори Ташкилоти

ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия кор кардаанд.

Аз моҳи январи соли 2013 то ҳоло ин масъулиятро Воҳидов

Икром ба зимма дорад.

Фасли III.

НИҲОДҲОИ НОҲИЯВИЕ, КИ

СИЁСАТИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО

ДАР САМТҲОИ ГУНОГУН

АМАЛӢ МЕСОЗАНД

80

Файзиддини Муҳаммадӣ

РАЁСАТИ МОЛИЯ

Вазифаи низомномавии Раёсати молияи ноҳия назорат наму-

дани даромад ва хароҷоти буҷаи маҳал мебошад. Он дар асоси

таҳлилу натиҷагириҳо қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷаро ҳисоб

карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод

менамояд. Раёсати мазкур айни замон ба 120 ташкилоти буҷетии

ноҳия, ки дорои 6648 воҳиди корӣ мебошанд, хизмат мерасонад

(аз ин: 146 нафар хизматчии давлатӣ, 4460 нафар кормандони

соҳаи

маориф, 1200 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, 101

нафар

соҳаи фарҳанг, 60 нафар ҳифзи ҳуқуқ ва ѓ.)

Гулаев Чимпўлод ва Мирзоев Бобосаид аз ҷумлаи собиқадорони

соҳа мебошанд, ки яке ба ҳайси сардори шуъбаи нозирот ва ди-

гаре ҳамчун сармуҳосиби Раёсати молияи ноҳия беш аз 30 сол

содиқона кор кардаанд.

Сархазинадори Раёсат Чочиева Тина (мувофиқи шартнома),

назоратчӣ Гулов Маҳмадраҳим, сармутахассис Хурсанов Холбой,

сархазинадор Ҷурахонов Аслиддин, муовини сардор Ҳасанов Бах-

тиёр ва мутахассис Солиҳова Зулқаъдамоҳ солҳои зиёд аст, ки

баҳри пешбурди кори соҳаи молияи ноҳия саҳмгузоранд

Сардорони Раёсати молияи ноҳия аз соли 1991 то имрўз шах-

сони зерин буданд: Бобобеков Туѓай (1991-1993), Раҷабалиев

Нарзулло

(1993-1997), Ҳомилов Маҳмадѓафур (1998-2003).

Аз соли 2003 то инҷониб дар ин вазифа Гулаев Фармонқул

кор мекунад.

НОЗИРОТИ АНДОЗ

Сатҳ ва сифати даромади буҷаи маҳал, саривақт бо маош ва

нафақа таъмин гардидани кормандони ташкилоту муассисаҳои

буҷавӣ ва нафақахўрон ва рушди бонизоми соҳаҳои иҷтимоии

ноҳия аз фаъолияти Нозироти андози он вобастагии зиёд дорад.

81

Ахтари иқболи Ёвон

То соли 1990 дар ноҳия масъулияти ҷамъоварии андозҳои

давлатиро

шуъбаи андози Раёсати молия ба зимма дошт ва моҳи

апрели ҳамон сол бо ин мақсад Инспексияи андози ноҳия таъсис

дода шуд (аз соли 1995 то соли 2007 дар назди Инспексияи андози

ноҳия (ҳоло Нозироти андози ноҳия) политсияи андоз низ амал

мекард). Соли 2002 Инспексияи мазкур ба Нозироти андози ноҳия

табдил дода шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия теъдоди

субъектҳои андозсупор тадриҷан афзун гардида, имрўз ба 6726

адад расидааст, ки аз он 575 адад корхонаҳои ҳуқуқӣ ва 3780

адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) буда, 576 нафар соҳибкорон

фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома ва 1795 нафар тибқи

патент ба роҳ мондаанд.

Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки тайи солҳои охир бо таъсис ёф-

тани корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ ва беш аз пеш ба соҳибкорӣ

рў овардани аҳолӣ буҷаи маҳал ѓанӣ гардида, имсол нисбат ба

соли 2008 дар ноҳия ҳаҷми андозҳои давлатӣ 147 млн. 300 ҳазор

сомонӣ зиёд шудааст. Агар маблаѓи андозҳои давлатӣ дар соли

2012 дар ноҳия ҳамагӣ 46 млн. 584 ҳазору 100 сомониро ташкил

дода бошад, пас, ин рақам соли равон ба 159 млн. 310 ҳазор

сомонӣ расидааст.

Амир Раҳматуллоев, Шералӣ Гулов, Муҳаммадҷон Зоѓов,

Маҳмадӣ

Воҳидов, Маҳтоббӣ Мирова, Ҳайдаралӣ Ҳасанов, Таѓой

Пиров, Шодмон Бобобеков, Талбӣ Фатуев, Асрор Гурезов ва Ис-

фандиёр Сафархолов аз ҷумлаи собиқадорони мақомоти андози

ноҳия мебошанд. Аз ин миён Раҳматуллоев А. чандин муддат

вазифаҳои

пурмасъулияти сардори Раёсати политсияи андози

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати дастгоҳи

марказии

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо

коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошту

Зоѓов М. солҳои зиёд дар вазифаҳои масъул, аз он ҷумла роҳбари

корхонаи овозадори “Ганҷи табиат”, муовини раиси ноҳияи Ёвон

ва сардори Нозироти андози ноҳияи А.Ҷомӣ кор кардааст.

Имрўз кормандони фаъоли Нозироти андози ноҳия Исмат Воҳидов,

Муҳиддин Воҳидов, Абдулмуъмин Абров, Маҳмадназар

Саидов

ва чанде дигарон дар пайравӣ аз собиқадорони соҳа дар

амри таъмини нақшаи даромади буҷаи маҳал саҳми арзанда ме-

гузоранд.

82

Файзиддини Муҳаммадӣ

Вазифаи роҳбарии мақомоти андози ноҳияро аз давраи таъси-

сёбии он то ҳоло шахсони зерин ба зимма доштанд: Раҳматуллоев

Амир (1990-2000), Зоѓов Муҳаммадҷон (2000-2008), Саъдуллоев

Нурулло (2008-2009), Ҳасанов Ҳайдаралӣ (2009-2012), Гурезов

Асрор (2012-2013), Раҷабов Мунаввар (2013-2016).

Аз моҳи майи соли 2016 то инҷониб дар вазифаи сардори Нозироти

андози ноҳия Наимов Ватан кор карда истодааст.

РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУЃУРТАИ ИҶТИМОӢ

ВА НАФАҚА ДАР НОҲИЯ

Раёсати мазкур, ки то соли 2012 ҳамчун Шуъбаи Агентии дав-

латии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълум буд, дар тобеияти

Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамчун мақоми ваколатдор соҳаи

ҳифзи иҷтимоиро дар самти татбиқи таъин ва пардохти нафақаю

кумакпулиҳо ба танзим медарорад.

Айни замон Раёсати Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ба беш аз

12400 нафар нафақахўрон хизмат мерасонад, ки хароҷоти моҳонаи

онҳо зиёда аз 2 млн. 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Собиқ кормандони ин ниҳод Холов Миралӣ, Ҷалилов Саидқул,

Шарипов Саидмурод, Наҷмуддинов Садриддин, Ёрова Маѓфират

ва Пўлодова София беш аз 20 сол баҳри таъмини сиёсати давлатӣ

дар ин самт заҳмат кашидаанд.

Дар давоми 25 соли охир шахсони зерин вазифаи роҳбарии ин

сохторро ба уҳда доштанд: Шеров Саид (1991-1993), Раҳматуллоева

Раҷабмоҳ (1993-1996), Садриддинова Афзалмоҳ (1996-1997), Ёров

Каром (1997-2000), Холов Миралӣ (2000-2004), Бобоҷонов Ашуралӣ

(2004-2009), Ҷалилов Саидқул (2009-2012).

Аз соли 2012 то инҷониб, яъне аз замоне ки Раёсати меҳнат

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва

нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя гардиданд,

Бобоҷонов Ашуралӣ ба ҳайси сардори Раёсати Агентии суѓуртаи

иҷтимоӣ

ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

ноҳияи Ёвон кор карда истодааст.

83

Ахтари иқболи Ёвон

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НИГОҲДОРИИ

РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

Ин муассиса, ки вазифаҳои нигоҳдорӣ ва иҷро намудани корҳои

таъмирии роҳҳои автомобилгард, муқаррар кардани қоидаҳо,

стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва низомномаҳо оид ба масъалаҳои

лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳоро ба зимма дорад, соли

1965 таъсис дода шудааст (нахустин сардори муассиса аввалин

раиси ноҳияи Ёвон Ѓиёсов Таѓоймурод буд).

Ҳоло мутахассисон ва кормандони корхона 224,6 км роҳҳои

автомобилгарди ҳудуди ноҳия (аз он 70,8 км роҳҳои аҳамияти

ҷумҳуриявидошта

(таркибаш: асфалт-бетонӣ) ва 153,8 км роҳҳои

аҳамияти маҳаллидошта (таркибаш: 36,8 км асфалт-бетонӣ, 107,9

км мумқири сиёҳ, 7,1 км шаѓалӣ ва 2,0 км хокӣ), 14 адад пул (да-

розии умумиашон 494 метр) ва 61 истгоҳро нигоҳдорӣ мекунанд.

Муассиса дар тўли фаъолияти худ бо мақсади саривақт амалӣ

намудани сиёсати ягонаи комплекси нақлиётӣ, мутобиқкунонии

фаъолияти муассисаҳои нақлётӣ ва роҳдорӣ корҳои зиёдеро ба

сомон расонида, тайи панҷ соли охир 5 км роҳро ба маблаѓи беш

аз 1 млн. 350 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ кардааст ва бо харҷи зиёда

аз 3 млн. 365 ҳазор сомонӣ дар масофаи 999 км таъмири ҷории

роҳҳоро амалӣ сохтааст.

Алиқулов Таѓой, Раҳматов Раҷаб, Файзуллоев Рустам, Акра-

мов Ҷамшед ва чанде дигарон аз ҷумлаи собиқадорони корхона

мебошанд, ки аз 20 то 42 сол дар ҳамин соҳа фидокорона хизмат

кардаанд. Аз ин миён Алиқулов Таѓой бо унвони Роҳсози фахрӣ

сарфароз гардонида шудааст.

Сайдалиев Тоҷиддин, Шарипова Майрам, Хоҷаев Салоҳиддин,

Маҳмадҷонова Зулфия, Ҳошимов Фатҳулло, Занҷиров Илҳом,

Қултоев Мусулмон ва Раҳматуллоев Нурулло аз зумраи фаъолони

имрўзаи корхона мебошанд.

Вазифаи сардории Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои

автомобилгарди ноҳияро дар давоми солҳои соҳибистиқлолии

мамлакат Раҳматуллоев Ашур (1990-1998), Шоев Хуҷамурод (1998-

2006) ва Хоҷаев Қурбоналӣ (2006-2009) ба уҳда доштанд.

Аз соли 2009 то ҳоло ин масъулият ба зиммаи Файзалиев

Маҳмадулло

Раҷабалиевич гузошта шудааст.

84

Файзиддини Муҳаммадӣ

РАЁСАТИ КОММУНАЛӢ-ИСТЕҲСОЛӢ ВА

ИСТИФОДАИ МАНЗИЛИИ ШАҲРАКИ ЁВОН

Вазифаи оинномавии ин Раёсат нигоҳдории манзилҳои давлатӣ

ва шахсӣ хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳраки Ёвон, таъмир намудани

хонаҳои истиқоматии баландошёна ва роҳҳои дохили шаҳрак, аз

партовҳо тоза намудани нуқтаҳои партовпартоӣ ва таъмини со-

лимии вазъи санитарию эпидемиологӣ мебошад.

Ин корхона аввали солҳои 60-уми асри гузашта дар маркази

ноҳия бо номи “Комбинати муассисаҳои истиқоматию коммуналӣ

ҷиҳати хизматрасонии коммуналӣ таъсис дода шудааст. Соли

1990 идораҳои Обу ташноб, Сохтмонию таъмирӣ, Гармидиҳӣ ва

Комбинати муассисаҳои истиқоматию манзилии шаҳраки Ёвон

муттаҳид

гардонида шуданд, вале ҳамагӣ пас аз як сол (1991),

бинобар сабаби паст гардидани маҳсулнокӣ ва сифати кор, онҳоро

аз ҳамдигар ҷудо намуда, ба ҳолати аввала баргардониданд.

Корхона, ки то соли 1997 номи Комбинати муассисаҳои комму-

налиро дошт, соли 1997 бо Шуъбаи коммуналӣ-манзилии корхонаи

“Тоҷиккимсаноат” якҷоя шуда, номи Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ

ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвонро гирифт.

Корхонаи мазкур аз рўзи таъсисёбии шаҳраки Ёвон дар корҳои

ободонии ин мавзеъ саҳми босазо гузошта омада истодааст. Собиқ

роҳбарон ва кормандони Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва исти-

фодаи манзилии шаҳраки Ёвон Ёров Зубайдулло, Сафоев Аскар,

Ѓуломов Самад, Паллаев Мавлоназар, Таѓоймуродов Шамсиддин,

Азизов Султон, Буриев Ҷунайдулло, Ёров Қурбон, Зоѓов Қурбоналӣ,

Табаров Баҳром, Маҳмадшоева Робия, Исмоилова Садбарг Ашуров

Абдукарим, Давлатов Сафарбек, Нуров Маҳмадшариф, Шодиев

Мусулмон, Сафаров Бобокалон ва дигарон барои сабзу хуррам

намудани маркази маъмурии ноҳия заҳмати зиёд кашидаанд.

Чун дигар ташкилоту муассисаҳо дар давоми солҳои соҳибистиқлолии

кишвар заминаи моддию техникии Раёсати мазкур беҳтар

гардидааст. Танҳо тайи чанд соли охир корхона бо 1 мошини

партовҷамъкунии тамѓаи “DongFen”, 1 трактори МТЗ-80, 2 ядак, 10

нуқтаи партовҷамъкунӣ ва 98 партовқуттӣ таъмин гардида, сатҳи

хизматрасонии коммуналиро баланд бардоштааст. Айни замон бо

мақсади таъмири роҳҳои дохилии шаҳраки Ёвон ва бо техникаҳои

85

Ахтари иқболи Ёвон

нави ҳозиразамон ва партовгоҳҳо таъмин намудани корхона Лоиҳаи

нав ба маблаѓи 4 млн. доллари ИМА дар арафаи иҷрошавист.

Ҳоло Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии

шаҳраки Ёвон аз 4 шуъба, бунгоҳи техникӣ, шуъбаи таъмири дохили

хонаҳо ва шуъбаи кор бо мизоҷон иборат буда, дар тавозуни

он 12 адад техникаҳои гуногун мавҷуданд. Имрўз дар ҳудуди

шаҳраки Ёвон барои 205 хонаи баландошёна ва 275 хонаи ҳавлидор

19 адад нуқтаҳои партовҷамъоварӣ мавҷуданд, ки бо 115 адад

қуттиҳои партовҷамкунӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Имрўзҳо заҳматкашони гулдасти корхона Раҷабов Азизулло,

Аҳмадов Ҳикмат, Таѓойалиев Маҳмадсаид, Бердиназаров Музаф-

фар, Холов Маҳмурод, Шарипов Ибод, Астонов Худойдод, Ёров

Абдусаттор, Мусалламов Хайрулло, Мусалламов Ҳидоятулло,

Ѓуломов Парда, Раҳимов Қудрат, Насриддинова Зайнаббибӣ,

Ѓоибов Нозим, Авазова Бибӣ, Сафарова Оиша, Раҳмонова Гул-

даста, Ризоев Ҳамроҳ, Ҳасанов Ятим, Алиева Зинатой, Камолова

Ѓалатмоҳ, Катурова Бибибахт, Раҳмонова Норбегим, Раҳмонова

Гулбаҳор, Боймонова Сарвиноз ва дигарон барои тозаву озода

нигоҳ доштани кўчаҳои шаҳраки Ёвон ва бо мақсади болида наму-

дани хотири сокинону меҳмонони ноҳия софдилона кор мекунанд.

Масъулияти роҳбарии корхона дар давоми солҳои Истиқлолияти

давлатӣ ба зиммаи шахсони зерин буд: Сангаков Раҷаб (1991-

1992), Таѓоев Раҷабхол (1992-1996), Ёров Каром (1996-1997), Та-

баров Баҳром (1997-2002), Ёров Субҳон (2002-2003), Ёров Каром

(2003-2004), Ёров Субҳон (2004-2007), Холиқов Насриддин (2007-

2009), Ёров Қурбон (2010-2011), Мирзоев Абдуллохон (2011-2012).

Аз соли 2012 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати коммуналӣ-

истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон Ёров

Субҳон Саъдуллоевич кор карда истодааст.

КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ ФАРЪИИ ОБТАЪМИНКУНӢ,

КАНАЛИЗАТСИЯ ВА ГАРМИДИҲӢ

Корхона соли 1970 таъсис ёфта, оѓози фаъолияти он ба ибтидои

ободонии шаҳраки Ёвон рост меояд. Он замон дар маркази ноҳия

акнун иншооти сохти нав қомат меафрохтанду ҳамагӣ каме бештар

аз 20 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ мавҷуд буданд.

Имрўз бошад, корхонаи мазкур ба истиқоматкунандагони 174 бинои

86

Файзиддини Муҳаммадӣ

баландошёна (78 бинои дуошёна, 56 бинои чорошёна, 40 бинои

панҷошёна), қариб 6000 бинои якошёна ва 584 хонаи ҳавлидор,

инчунин, 23 корхонаи буҷавӣ, 20 корхонаи худмаблаѓгузор ва 75

корхонаи хурди шахсӣ хизмат мерасонад.

Ҳоло дар тавозуни корхонаи давлатии фаръии Обтаъминкунӣ,

канализатсия ва гармидиҳии ноҳия 33,5 км қубури оби хунук, 27

км қубури оби гарм ва 16 км қубури канализатсионӣ мавҷуданд

(қубурҳои оби гарм аз сабаби муддати тўлонӣ мавриди истифода

қарор надоштанашон аксаран фарсудаву корношоям шудаанд).

Корхона барои ба таври бенуқсон таъмин намудани аҳолии

шаҳраки Ёвон бо оби тоза ва сифатноки ошомиданӣ, ки ба меъёрҳои

стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ хоҳад буд, бо Бонки Рушд ва

иқтисод шартнома ба имзо расонидааст, ки маблаѓи он зиёда аз 5

млн. 750 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба нақша гириф-

та шудааст, ки марҳилаи аввали амалисозии ин лоиҳа дар арафаи

ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оѓоз карда шавад.

Айни замон 57 нафар мутахассисону коргарони ин муассиса ба

таъмири ҷории қубурҳои обгузар ва канализатсионӣ машѓул буда,

ба зиёда аз 34 ҳазор сокинони шаҳраки Ёвон хизмат мерасонанд.

Юсуфов Таѓоймурод, Шоҳаншоев Ѓарибшоҳ, Раҷабов Абул,

Шарипов Фатҳулло, Раҷабов Абдулазиз, Рустамов Мирзо, Каримов

Раҷабалӣ, Рустамов Тоҷиддин, Шодихонова Баҳриносо, Саман-

даров Исо, Баротова Саодат, Сангов Саидхон ва чанде дигарон

аз зумраи он нафароне ҳастанд, ки муддати зиёд дар корхонаи

зикршуда

фаъолият намуда, собиқадорони ин соҳаи хизматрасонӣ

маҳсуб меёбанд.

Роҳбарии корхонаи давлатии фаръии Обтаъминкунӣ, канализат-

сия ва гармидиҳиро дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат

шахсони зерин ба зимма доштанд: Таковенко Василий (1987-1995),

Раҷабов Абдулазиз (1995-2008) Ёров Субҳон (2008-2009).

Аз соли 2010 то имрўз директори корхона Партобов Файзалӣ

Кочкирович мебошад.

КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН

Кумитаи мазкур ҳамчун сохтори ноҳиявии Кумитаи давлатии

идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 бо номи

87

Ахтари иқболи Ёвон

Кумита оид ба захираҳои замин ва заминсозии ноҳия таъсис ёфта,

ду маротиба - солҳои 2002 ва 2014 ба шаклҳои Кумитаи заминсозӣ

ва Кумитаи идораи замини ноҳия таѓйири ном кардааст. (То соли

1996 пешбурди соҳаи назорати замин ва заминсозӣ ба зиммаи

шуъбаи заминсозии Раёсати молияи ноҳия вогузор гардида буд).

Ин Кумита дар доираи салоҳияти худ барои таҳия ва татбиқи

корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри замин, бақайдгирии давлатии

молу мулки ѓайриманқул, бақайдгирии ҳуқуқи заминистифодаба-

рандагон, анҷом додани ислоҳоти замин ва вазифаҳои монанди

ин масъул аст.

Дар назди Кумитаи идораи замин “Корхонаи давлатии фаръ-

ии бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул” фаъолият мекунад,

ки он охири соли 2005 бо номи КДФ “Заминсоз” таъсис дода

шуда буд. Соли 2013 КДФ “Барўйхатгири техникӣ”-и ноҳия ва

КДФ “Заминсоз” муттаҳид гардида, номи КДФ “Бақайдгирии

молу мулки ѓайриманқул”-ро гирифтанд. Ин корхона, ки фаъо-

лияти худро аз оѓози соли 2014 шурўъ намудааст, аз се шуъ-

ба- Заминсозӣ, Техникӣ ва Бақайдгирӣ иборат мебошад ва 30

нафар мутахассис дорад. Ҳоло дар вазифаи директори КДФ

“Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул” Набиев Маҳмадризо

кор карда истодааст.

Дар ноҳия сиёсати ягонаи давлатиро оид ба замин ва идораи

он Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул”

амалӣ месозанд: аввалӣ назорати замин ва дуюмӣ

тақсимоти давлатӣ ва бақайдгирии онро ба уҳда доранд.

Гулов Додарҷон, Тошмаҳмадов Ёрмаҳмад, Шарипов Абдуалӣ,

Раҳматуллоев Сафаралӣ ва чанде дигарон аз ҷумлаи собиқадорони

Кумитаи идораи замини ноҳия мебошанд.

Аз соли 1996 то имрўз вазифаи роҳбарии Кумитаи мазкурро

шахсони зерин ба зимма доштанд: Шаркевич Игор (1996-1997),

Ҳамроев Аҳрор (1998-2005), Каримов Шавкат (2005-2008), Иброҳимов

Турахон (2008-2009), Зарифов Мирзомиддин (аз соли 2009

то инҷониб).

Ҳоло Шарипов Абдуалӣ, Раҳматуллоев Сафаралӣ ва Расулов

Нуралӣ мутаносибан дар вазифаҳои муовини раис, сармутахас-

сис ва мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия кор карда ис-

тодаанд.

88

Файзиддини Муҳаммадӣ

ИДОРАИ ДАВЛАТИИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН

ВА ОБЁРИКУНӢ

Таъсиси ин муассиса ба оѓози шодоб гардидани ноҳия, яъне

ба соли 1968 рост меояд. Обёрӣ намудан ва дар ҳолати муътадил

нигоҳ доштани вазъи мелиоративии беш аз 25000 га заминҳои ко-

рами обии ноҳия доираи фаъолияти муассисаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар тавозуни муассиса 177,2 км шохобҳои обёрикунанда, 702

км қубурҳои обёрикунандаи пўшида, 1140 км заҳбуру заҳкашҳо, 25

чоҳи амудии хушккунанда, 16 пойгоҳи обкашӣ ва якчанд техникаву

таҷҳизоти техникӣ қарор дорад.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар даво-

ми соли 2015 ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии

заминҳои киштшаванда 454 ҳазор сомониро азхуд намуда, ба

миқдори 232 га заминҳои ҳолати мелиоративиашон ѓайриқаноатбахшро

ба ҳолати заминҳои кишоварзӣ баргардонид. Ҳаҷми корҳои

тоза кардани шабакаҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо дар

ҳамин давра 68,5 ҳазор м3 ва дарозии 19,1 ҳазор метри мураб-

баъро ташкил медиҳад.

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки фаъолияташон

бевосита ба ин муассиса алоқа дорад, масъулияти бо оби полезӣ

таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияро ба зимма доранд.

Собиқадорон ва собиқ кормандони Идораи давлатии беҳдошти

замин ва обёрии ноҳия Вассерблай Я., Асоев Қ., Қараев Ҳ., Та-

ковенко, В.М., Тен В.С., Сафаров Ѓ., Авазов И., Хушвахтов А.,

Ѓуломов

С., Исматов Н., Тошев Б., Ҷураев А., Каримов Н, Норов

Х., Набиев Н., Сангов Ё., Искандаров А., Бобиев С., Мирзоев Ҳ.,

Шарифов

Н., Гулов Ҳ. ва дигарон дар тўли солҳои зиёд баҳри

обёрӣ намудани заминҳои кишт ва беҳтар гардидани фаъолияти

соҳаи кишоварзии ноҳия хизматҳои шоиста кардаанд.

Аз соли 1991 то имрўз Каримов Насим (1990-1997), Сангали-

ев Файзалӣ (1997-1998), Мусулмонов Мирзо (1998-2001), Набиев

Низомиддин (2001-2002), Искандаров Маҳмадраҷаб (2002-2004),

Зарифов Насриддин (2004-2006), Мирзоев Ҳалимхон (2006-2008),

Набиев Низомиддин (2008-2010), Холов Иқтидо (2010-2011) дар

вазифаи

сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия кор

кардаанд.

89

Ахтари иқболи Ёвон

Аз соли 2011 то инҷониб ин масъулият ба зиммаи Мирзоев

Ҳалимхон

Сангакович гузошта шудааст.

БАХШИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Таъмини иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ, идора ва назорати дав-

латии истифода ва ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот,

хоҷагиҳои моҳипарварию шикорӣ, ҳудудҳои муҳофизатшаванда,

ҷангалзорон, чарогоҳҳо, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, за-

мин ва қаъри он, канданиҳои фоиданок, муомилот бо партовҳо,

идоракунии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи ёдгориҳои табиӣ ва

таъмини бехатарии экологии ноҳия аз ҷумлаи вазифаҳои Бахши

мазкур ба ҳисоб мераванд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии эколо-

гии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” ва Фармони

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ

доир ба рушди соҳаи боѓу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2010-2014” дар давоми чор сол дар ҳудуди ноҳия

132,4 га боѓу токзори нав бунёд карда шудааст, ки таъмини ҳифзи

онҳо ба зиммаи ин Бахш аст.

Султонбекова Кобулмоҳ аз ҷумлаи собиқадорони соҳа маҳсуб

меёбад. Ў дар ҳамин Бахш собиқаи кории беш аз 20-сола дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат шахсони зерин дар

вазифаи

мудири Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия кор кардаанд:

Иброгимов Ислом (1989-1993), Раҳимов Давлат (1993-1995), Сан-

гимуродов Усмон (1995-1999), Расулов Нуралӣ (1999-2006).

Аз соли 2006 то инҷониб масъулияти роҳбарии Бахши мазкур

бар дўши Мирзоев Қурбонназар Каримович гузошта шудааст.

БАХШИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

То замони соҳибистиқлолии мамлакат масъулияти кор бо ҷавонон

ба зиммаи Кумитаи комсомол гузошта шуда буд. Аввали

соли 1992 Кумитаи комсомоли ноҳия ба Созмони ҷавонони ноҳия

ва соли 1997 ба Шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳия табдил карда

шудааст.

Аз соли 1997 то соли 2006 пешбурди кор бо ҷавонон ба зим-

маи ду ниҳод: Шуъбаи кор бо ҷавон ва Кумитаи варзиш вогузор

90

Файзиддини Муҳаммадӣ

карда шуда буд. Соли 2006 ба ин ду шохаи кор бо ҷавонон соҳаи

сайёҳӣ ҳамроҳ гардид ва ҳар се муттаҳид карда, ба Бахши ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии ноҳия табдил дода шуданд.

Дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар

бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Консепсияи миллии

сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати

давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии

рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар

қарорҳову барномаҳои ба ҳаёти ҷавонон нигаронидашуда асосан

аз фаъолияти ҳамин Бахш вобастагӣ доранд.

Ба ҷавонону наврасон аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намудани Асосгу-

зори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки ин соҳа дар

даврони соҳибистиқлолии кишварамон беш аз пеш рушд намуда,

барои беҳтар шудани ҳаёти ҷавонон ва касбомўзии онҳо шароити

созгор фароҳам оварда шавад.

Дар давоми панҷ соли охир дар соҳаи кор бо ҷавонон тадбирҳои

зиёде амалӣ гардиданд, ки чашмрастарини онҳо инҳоянд: 36 нафар

ҷавонони ноҳия аспирантураҳоро хатм намуда, 1 нафар доктори

илм, 18 нафар номзади илм, 17 нафар муаллими калон шуданд

(ҳоло 26 нафар ҷавонони ноҳия дар аспирантураҳо таҳсил кар-

да истодаанд); аз ҷумлаи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти

умумӣ беш аз 100 нафар тариқи квотаи Президентӣ донишҷў

гашта, 3290 нафар ба макотиби олии мамлакат, 242 нафар ба

донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва 3327 нафар ба коллеҷу литсейҳои

касбӣ дохил шуданд; дар маркази ноҳия Маркази ҷумҳуриявии ит-

тилоот ва тамоюл бо ҷавонон ва дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот

марказҳои ҷавонон таъсис ёфтанд (аз соли 2011 то инҷониб дар

назди ин марказҳо беш аз 300 нафар ҷавонону наврасон дар

курсҳои кутоҳмуддат ба омўзиши забонҳо (англисӣ ва русӣ), азхуд

кардани касбу ҳунарҳои дўзандагӣ, кандакорӣ ва кор бо компю-

тер ҷалб карда шуданд); ҷалби ихтиёриён бо мақсади татбиқи

лоиҳаҳои соҳавӣ (то имрўз беш аз 70 нафар ҷавонони ноҳия ба

гурўҳҳои ихтиёриён ҷалб гардида, таҷрибаи корӣ омўхтаанд); соли

2012 бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия

Рўзҳои фарҳангии ҷавонони кишвар дар ноҳияи Ёвон баргузор

гардид, ки дар он намояндагони ҷавонони кулли шаҳру ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд; соли 2013

91

Ахтари иқболи Ёвон

ҳамоиши Наврўзии ҷавонони вилояти Хатлон дар ноҳия баргузор

гардид; соли 2013 дар ҳудуди деҳоти ба номи Г.Юсуфова ҷавонони

ноҳия дар масоҳати 1 га “Боѓи ҷавонон”-ро бунёд намуданд; дар

ин муддат дар арафаи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати

миллӣ, Наврўз ва Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади ҷалби

насли наврас ба тарзи ҳаёти солим 20 маротиба аксияҳо, зиёда

аз 10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 17 мусобиқаи вилоятии варзишӣ

баргузор гардиданд; 13 маротиба ҳамоишҳо ва конференсияҳои

илмиву адабӣ баргузор гардиданд, ки Форуми вилоятии олимон ва

муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Ҷавонон рушди нерўи кишвар”

(20 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мактаби № 16) аз

ҷумлаи онҳост.

Ҳаёти солимро бе варзиш тасаввур кардан имкон надорад.

Варзиш аст, ки ҷавононро солиму бардам нигоҳ дошта, барои дар

зиндагӣ муваффақ гаштани онҳо мусоидат мекунад. Таваҷҷуҳи

ҷавонони ноҳия ба ин тарзи ҳаёти солим хеле зиёд аст. Ҳамин

аст, ки варзишгарони ҷавони мо танҳо дар зарфи панҷ соли охир

аз мусобиқаҳои сатҳи гуногун 372 медали тилло, 261 медали нуқра

ва 412 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Соли 2013 барои варзишгарони мо аз ҳама соли бобарор

буд: онҳо аз мусобиқаҳои сатҳи гуногун 104 медали тилло, 63

медали

нуқра ва 115 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин

нишондиҳандаи

рекордӣ ва дар миёни ҳама шаҳру ноҳияҳои ви-

лояти Хатлон дастоварди беназир ҳисоб меёбад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 1 маҷмаа, 31 толор, 1 ҳавзи

шиноварии болопўшида, 3 ҳавзи шиноварӣ ва беш аз 100 май-

дончаи варзишӣ мавҷуданд, ки ҷавонону наврасон ҳамарўза дар

онҳо машқу тамрин мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар расми кушодашавии маҷмааи варзи-

шии “Ваҳдат” ва ҳавзи шиноварии болопўшидаи “Форам” (соли

2013) Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прези-

денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат

варзида буд.

Дар бораи соҳаи варзиши ноҳия андешаронӣ карда, месазад

номи як зумра паҳлавонони машҳур ва шахсонеро, ки барои пеш-

рафти ин соҳа хизматҳои арзанда кардаанд, ёдовар шавем. То

замони Ҳукумати Шўравӣ Шоҳ паҳлавони Даҳанагӣ, мулло Ятими

Ёвонӣ ва Шукурбойи Меҳристонӣ ҳамчун паҳлавонони номдор

92

Файзиддини Муҳаммадӣ

дар қаламрави Бекигарии Ҳисор машҳур буданд. Баъд аз онҳо

мулло Қудрати Таѓойободӣ, Холмуроди Шурчагӣ, Раҷабов Амон,

Ҳайитов Бобоҷон, Қараев Амонқул, Эламонов Раҷабмурод, Буриев

Лақай, Моша Гурез, Сафархолов Қутбиддин, Турдиқул, Эшкокул

ва Қушкокул Саидовҳо, Раҷабалӣ паҳлавон (Оби Мукӣ) ва аз пайи

онҳо Қараев Бобоқул, Файзалиев Раҷабалӣ, Бозор Сафар, Зилфиев

Сафар, Норбой-паҳлавон, Уроз-паҳлавон, Партобов Файз, Ашу-

ров Икром, Ашуров Шамс, Ёқубов Некқадам, Бобоазиз-паҳлавон,

Турдиев Азиз, Суяр Бобоҷонов, Сафар-паҳлавон ва дигарон дар

давоми солҳои гуногун шуҳрату эътибори варзиши ноҳияро ҳимоя

намудаанд. Хизматҳои арзишманди Расулов Муқим, Қодиров Сат-

тор, Абдураҳмонов Давлат, Исмоилов Исломиддин, Давлатов

Аҳмад, Мусулмонов Ѓозибек ва боз чанд нафари дигар дар самти

тарбияи насли наврас дар рўҳияи ҷасоратмандӣ ва тарзи ҳаёти

солим шоистаи таҳсин аст.

Мактаби варзишии кўдакон ва наврасон, ки яке аз сохторҳои

муҳимтарини Бахши мазкур ба ҳисоб меравад, соли 1972 таъсис

ёфта, дар амри ба воя расонидани варзишгарони номие ба мис-

ли Бурӣ Садриддинов, Бурӣ Холов, Раҷаб Тешаев, Қиём Исрои-

лов, Муҳаммад Ҷураев, Хушвахт Раҳимов, Чорӣ Партобов, Шамс

Қаландаров, Рустам Юсупов, Бешкокул-паҳлавон, Мирзо ва Шер

Ёровҳо, Муҳаммад Бодаков, Мансур Раҷабов, Нусрат Раҷабов,

Собир, Шуҳрат ва Комрон Карликовҳо, Баҳром Сафархолов, Асрор

ва Искандар Ашуровҳо, Сорбон Қулов, Бадриддини Умед, Гулосо-

ри Суҳроб, Нусратшоҳ ва Ҳотамшоҳ Имомовҳо, Муҳриддин Нар-

сов, Нур Назаров, Исмоил Зиёқулов, Абдулваҳҳоб ва Абдулвоҳид

Сатторовҳо ва боз даҳҳо нафар варзишгарони маъруфи дигар

нақши босазо гузоштааст.

Ҳоло 17 нафар мураббиҳои ин мактаб дар 44 гурўҳ (19 гурўҳи

ибтидоӣ ва 25 гурўҳи машқварзӣ) ба 460 нафар кўдакону навра-

сон намудҳои гуногуни варзишро омўзонда истодаанд. Аз миё-

ни омўзгорони Мактаби варзишии кўдакон ва наврасони ноҳия

Абдураҳмонов Давлат, Ашуров Икром, Исмоилов Исломиддин,

Давлатов Аҳмад ва Раҳимов Хушвахт бо унвони Корманди шоистаи

варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат 2 нафар варзиш-

гарони ноҳия ҷоизадори Универсиадаи ҷаҳон миёни донишҷўён:

Бадриддини Умед (каратэ-до, Вротслав- Полша, 2009, ҷойи II) ва

93

Ахтари иқболи Ёвон

Имомов Нусратшоҳ (самбо, Қазон, 2013, ҷойи III); 5 нафар соҳиби

унвонҳои Чемпиони ҷаҳон: Бодаков Муҳаммад (каратэ-до, Москва,

2003), Партобов Файз (самбо, Турсунзода, 2004), Ашуров Икром

(самбо, Минск, 2008), Бадриддини Умед (каратэ-до, Москва, 2012)

ва Гулосори Суҳроб (каратэ-до, Истамбул- Туркия, 2012. Бодаков

Муҳаммад, Ашуров Икром, Бадриддини Умед ва Гулосори Суҳроб

соҳиби унвони Устоди байналмилалии варзиш мебошанд); 6 на-

фар ҷоизадори чемпионатҳои ҷаҳон: Сафоев Далер (каратэ-до,

Токио, 2008), Расулов Шамс (самбо, Салоника- Гретсия, 2011),

Болиев Алан (каратэ-до, Москва, 2011), Фарангиси Баҳромзода

(каратэ-до, Москва, 2011), Лиситса Лола (каратэ-до, Истамбул-

Туркия, 2012) ва Шарипов Дилшод (каратэ-до, Истамбул- Туркия,

2013); 2 нафар ѓолиби Ҷоми ҷаҳон: Гулосори Суҳроб (каратэ-до,

Тошканд, 2012) ва Раҳимов Фаррух (каратэ-до, Волгоград, 2014); 3

нафар ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон: Ашуров Искандар (самбо, Уралск,

2011), Имомов Ҳотамшоҳ (самбо, Марокко, 2013) ва Файзуллоев

Сиёвуш (каратэ-до, Волгоград, 2013); 2 нафар Чемпиони Осиё:

Бадриддини Умед (каратэ-до, Гонконг, 2007) ва Карликов Комрон

(самбо, Сеул, 2013); 5 нафар ҷоизадори чемпионатҳои Осиё:

Раҷабов Мансур (каратэ-до, Истамбул- Туркия, 1996), Сафархо-

лов Баҳром (каратэ-до, Истамбул- Туркия, 1996), Раҷабов Нусрат

(каратэ-до, Тошканд, 1999), Ашуров Искандар (дзю-до, Қазон, 2010)

ва Қаҳрамони Сафар (зўрозмоии универсалӣ, Душанбе, 2013); 31

нафар ѓолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ ва беш

аз 800 нафар чемпион ва ҷоизадори мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ

гаштаанд.

Боиси ифтихори зиёд аст, ки дар байни варзишгарони номдо-

ри ноҳия номи 11 нафар духтарони ҷасур низ сабт гардидааст.

Бояд гуфт, ки Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар тўли

солҳое, ки роҳбарии онро бонуи пурѓайрат Саёҳат Абдуллоева ба

зимма дошт, ба дастовардҳо ва муваффақиятҳои пурарзиш ноил

гардидааст.

Ҷойи тазаккур аст, ки соли 2015 бо мақсади боз ҳам беҳтар

шудани сатҳу сифати кор бо ҷавонон аз ҷониби Роҳбари давлат

Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин, албатта, барои ба дастовардҳои

аз ин ҳам бештар ноил гардидани насли наврас мусоидат намуда,

94

Файзиддини Муҳаммадӣ

ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба идоракунии давлат заминаи

созгор фароҳам меорад.

Аз соли 1991 то инҷониб масъулияти роҳбарии ниҳоди кор бо

ҷавонони

ноҳияро шахсони зерин ба зимма доштанд: Раҷабов

Раҷабалӣ (1990-1992), Таѓоев Саидаҳмад (1992-1994), Таѓоев Му-

заффар (1994-2000), Муъминов Шоҳин (2000-2001), Ҳасанова Зул-

фия (2001-2005), Қурбонов Илҳомиддин (2006-2007), Шарифзода

Умед (2008-2009), Сафархолов Баҳром (2009-2010), Абдуллоева

Саёҳат (2010-2015).

То замони таъсисёбии Бахши мазкур вазифаи раиси Кумитаи

варзиши ноҳияро аз соли 1975 то соли 2003 Абдураҳмонов Дав-

лат ва аз соли 2003 то соли 2006, яъне то замони мавҷудияти он

Карликов Собир ба зимма доштанд.

Аз соли 2015 то инҷониб дар вазифаи мудири Бахши ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии ноҳия Раҷабов Эраҷ кор карда истодааст. Айни

замон Мирзоев Эраҷ ба ҳайси сармутахассис ва Меликова Умеда

ҳамчун мутахассиси Бахши мазкур кор мекунанд.

БАХШИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Асноди ҳолати шаҳрвандӣ вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян

мекунанд. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳаёти шахсии ҳар

як фард аҳамияти хос дорад. Ин Бахш сиёсати давлатӣ оид ба

сабти вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро амалӣ менамояд.

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия мувофиқи муқаррароти

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии

давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Кодекси оилаи Ҷумҳурии

Тоҷикистон” ва дигар санадҳои дахлдор ҳифзи манфиатҳои қонунии

сокинонро таъмин мекунад.

Дар бойгонии Бахши мазкур 1115 адад китобҳо маҳфузанд,

ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандони ноҳияро аз соли 1938 то

инҷониб дар бар гирифтаанд.

Сафаров Қаҳҳор, Самадова Мунаввара, Ҳасанов Файзулло,

Нуриддинова Хосият, Саидова Зебо ва Маҳмадшоева Ҷумъагул

аз ҷумлаи собиқадоронеанд, ки дар рушди ин соҳа саҳми босозо

гузоштаанд.

Дар давоми соли 2015 ва ду моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи

Бахш 8465 сабти таваллуд, 771 сабти вафот, 1010 сабти муқаррар

95

Ахтари иқболи Ёвон

намудани падарӣ, 26 сабти фарзандхонӣ, 1189 сабти иваз наму-

дани ному насаб, 2469 сабти ақди никоҳ ва 188 сабти бекоршавии

ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби корҳои анҷомёфта

ба буҷаи маҳал 215400 сомонӣ ворид гардидааст.

Дар тўли солҳои соҳибистиқлолии кишвар Саидова Шодигул

(1986-2005) ва Азизова Ҳокимой (2005-2011) дар вазифаи мудири

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия кор кардаанд.

Аз соли 2011 то ҳоло ин масъулият ба зиммаи Қурбонзода

Бахтиёр

Қурбонбек гузошта шудааст.

Айни замон Фақерова Сайлонбӣ сармутахассис, Таѓоева Бунаф-

ша, Зокирова Саодат, Худододова Зулқаъда. Назурова Миҷгона

ва Шукуров Сафарбек мутахассисони Бахши мазкур мебошанд.

СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ, ШУЃЛИ АҲОЛӢ

ВА МУҲОҶИРАТ

ШУЪБАИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУЃЛИ АҲОЛӢ

ВА БАХШИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

Соли 1972 дар ноҳия Бюрои бакортаъминкунии аҳолӣ таъсис

ёфта, моҳи майи соли 1991 ба Маркази шуѓли аҳолӣ табдил дода

шуд.

Соли 1992 ин Марказ ба Бахши ноҳиявии Хадамоти давлатии

муҳоҷират табдил меёбад ва соли 1998 салоҳияти он миёни Бах-

ши муҳоҷират ва Маркази шуѓли аҳолӣ тақсим мешавад. Ин ду

ниҳод тобеи Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон буданд.

Соли 2007 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар

бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират”

Бахши муҳоҷират ва Маркази шуѓли аҳолӣ ба Раёсати Агентии

давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи

Ёвон табдил дода мешаванд.

Соли 2011 мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи Хадамоти муҳоҷират дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон” салоҳияти Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,

шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират ду тақсим шуда, пешбурди сиёсати

давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба салоҳияти ШВКД-и ноҳия

96

Файзиддини Муҳаммадӣ

гузашт ва салоҳияти пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати

экологӣ ва дохилӣ дар зиммаи Раёсати болозикр боқӣ монд.

Соли 2014 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон“ салоҳияти Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,

шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират миёни се ниҳод (Шуъбаи меҳнат ва

шуѓли аҳолӣ, Бахши муҳоҷират ва Бахши ҳифзи иҷтимоӣ) тақсим

гардид.

Бамаврид аст зикр гардад, ки моҳи марти соли 1993 Кумитаи

иҷроияи ноҳия бо мақсади ба ноҳия баргардондани гурезаҳои

иҷборӣ таҳти сарварии собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Бек-

назарзода С.С. Комиссияи кор бо гурезагонро таъсис дода буд,

ки дар амри иҷро гардидани вазифаҳои он саҳми муовини раиси

Комиссияи мазкур Каримиён Имомназар, собиқ муовини сардори

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Ибодов Садриддин, собиқ директори

Маркази шуѓли аҳолии ноҳия, собиқадори меҳнат Ёров Каром, кор-

манди Марказ Раҳматуллоев Зубайдулло, инчунин, аъзои Комиссия

Раҳматуллоева Нозигул ва Мирзоева Шодигул хеле калон аст.

Комиссияи кор бо гурезагон тибқи амри Роҳбари давлат дар як

муддати кутоҳ тамоми фирориёнеро, ки баъд аз оѓози нооромиҳои

сиёсии кишвар дар давоми соли 1992 тарки манзил намуда, аз

ноҳия кўч баста буданд, ба манзилҳои доимиашон баргардонда,

ҷиҳати барқарор намудани хонаҳои аксаран валангоршудаи онҳо

хизматҳои арзишманд кардааст.

Алҳол Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ ва Бахши Хада-

моти муҳоҷират дар тобеияти Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуѓли

аҳолии кишвар ва Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Масъулияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бекору корҷў

ва ба касбомўзӣ фаро гирифтани корҷўёни беихтисос ба зиммаи

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ вогузор карда шудааст.

Ин ниҳод тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат қариб 35 ҳазор

ҷойҳои нав ва ҷойҳои холии кориро ба қайд гирифта, барои бо

ҷойи кор таъмин гардидани ҳазорон нафар сокинони ноҳия мусо-

идат намудааст. Тавассути хизматрасонии Шуъба дар давоми 25

соли охир 2449 нафар шаҳрвандон ба касбомўзӣ ва 2022 нафар

97

Ахтари иқболи Ёвон

барои гирифтани ҳуҷҷати намунавии малакаи касбӣ ба таҳсил ва

ҳунаромўзӣ ҷалб гардиданд.

Вазифаҳои низомномавии Бахши Хадамоти муҳоҷират ва

шуѓли аҳолӣ татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар самти ба эътидол овардани самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ,

экологӣ ва дохилӣ-ихтиёрӣ, инчунин, иҷрои вазифаҳо оид ба тар-

тиби муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи

кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави дохилӣ, омўзиши

касбу ихтисос ба муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин намудани

шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, назорати муҳоҷирони хориҷӣ дар

дохили кишвар, ба роҳ мондани алоқа бо ҳамватанони бурунмарзӣ,

мусоидат намудан ба муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ-ихтиёрӣ ме-

бошад.

Дар тўли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат роҳбарии ин

мақомотро шахсони зерин ба зимма доштанд: Ёров Каром (1972-

1994), Зубайдуллоев Раҳматулло (солҳои 1994-2007 директори

Маркази шуѓли аҳолӣ ва солҳои 2007-2009 сардори Раёсати Аген-

тии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират), Холов

Муҳаммад (1998-2007- сардори бахши Хадамоти муҳоҷират), Сат-

торов Абулқосим (2009-2014- сардори Раёсати Агентии давлатии

ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират).

Аз моҳи июни соли 2014 то инҷониб Сатторов Абулқосим Гуре-

зович вазифаи сардори Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Ёвон ва Холов Муҳаммад вазифаи сардори Бахши

Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияро ба уҳда доранд.

СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Оѓози фаъолияти соҳаи тандурустии ноҳия ба соли 1935 рост

меояд. Он вақт масъулияти ҳифзи сиҳатии аҳолии ноҳия ба зим-

маи Шуъбаи тандурустӣ вогузор гардида буд.

Аввалин бинои беморхонаи ноҳиявӣ соли 1938 бунёд кар-

да шудааст. Соли 1960 бо таъсис ёфтани Беморхонаи марказии

ноҳия ва ба биноҳои сохти финӣ кўчонидани якчанд шуъбаҳои

он масъулияти мудири Шуъбаи тандурустӣ ба уҳдаи сардухтури

ноҳия мегузарад. Сипас, дар давоми солҳои 70-уми асри гузашта

шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ дар биноҳои нисбатан хушсохт

98

Файзиддини Муҳаммадӣ

ҷой мегиранд. Биноҳои замонавии Маркази ноҳиявии саломатӣ ва

Беморхонаи марказӣ, ки имрўз дар хизмати аҳолӣ қарор доранд,

мутаносибан солҳои 1985 ва 1987 бунёд гардидаанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ҳадафмандонаи

роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ

дар мамлакат марҳала ба марҳала рушд ёфта истодааст.

Вусъати тоза пайдо кардани ташаккули соҳаи тандурустӣ имкон

медиҳад, ки тавассути баланд бардоштани сатҳу сифати хизма-

трасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхису

табобат ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати кишвар- беҳдошти

саломатии аҳли ҷомеа, таблиѓи тарзи ҳаёти солим ва бо ҳамин

роҳ ташаккули миллати солим муваффақона амалӣ карда шавад.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки имрўз як зумра ҳамдиёрони мо ба

мисли Воҳидов Абдукарим, Имомов Абдувалӣ, Ортиқов Хуршед,

Алиев Эмомназар, Искандаров Ширинбек, Ҳайдаров Саломатшоҳ,

Чориев Шуҳрат, Боймуродов Абдуѓаффор ва Шукурова Садбарг

ҳамчун духтурони соҳибмалака ва соҳибнуфуз дар муассисаҳои

тандурустии ҷумҳуриявӣ фаъолият дошта, баҳри тавсеаи соҳаи

тандурустии кишвар ҳиссагузоранд.

Агар ҳоло вазъи соҳаи тандурустии ноҳия, бо кадрҳои ихтисосманд,

таҷҳизоту доруворӣ ва шароити хизматрасонии тиббӣ таъмин

гардидани муассисаҳои тиббӣ бо давраи то замони соҳибистиқлолии

мамлакат муқоиса карда шавад, мушоҳида мегардад, ки

тафовут хеле калон аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии

мамлакат рушди соҳаи тандурустиро яке самтҳои асосии

сиёсати давлатӣ эълон намуд. Ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ин

давра, алалхусус, дар панҷ соли охир рў ба инкишоф ниҳод: дар

ноҳия шумораи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ афзоиш ёфтанд,

биноҳои Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои тандурустии деҳотӣ

азнавсозӣ ва ба талаботи замон ҷавобгў сохта шуданд, шуъбаҳои

Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои тиббии деҳотӣ бо дастгоҳҳои

ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардиданд.

Имрўз пешбурди соҳаи тандурустии ноҳия ба зиммаи Сохтори

госпиталӣ, Сохтори КАТС ва Маркази назорати давлатии санита-

рию эпидемиологӣ гузошта шудааст. Илова ба сохтори давлатӣ,

айни замон дар шаҳраки Ёвон 5 муассиси хусусии тиббӣ мавриди

баҳрабардории ниёзмандон қарор доранд (ҶДММ “Шамс-стом”,

99

Ахтари иқболи Ёвон

Ҳуҷраи стоматологии духтур Искандаров А., ҳуҷраҳои ташхиси

ултрасадоии духтурон Мусулмонов И., Искандаров З. ва Одинаев).

Ҳоло дар ҳама муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия 178 на-

фар духтурони таҳсилоти олидошта ва 738 нафар кормандони

миёнаи

тиб фаъолият доранд.

БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ

Беморхонаи марказии ноҳия дорои 3 беморхонаи рақамӣ (воқеъ

дар деҳаи Урта Қайнари деҳоти Норин, шаҳраки Ҳаёти Нав, деҳаи

Даштобод деҳоти Обшорон), 4 маркази махсусгардонидашуда

(Мубориза

бар дидди бемории ВНМО, Стоматологӣ, Бемориҳои

тропикӣ, Ташаккули тарзи ҳаёти солим), 6 марказ (Бемориҳои рўҳӣ

ва нашъамандӣ, Иммунопрофилактика, Саломатии репродуктивӣ,

Бемориҳои

пўсту зуҳравӣ, Зиддисилӣ, Ҳамбастагии бемориҳои

кўдакона) ва 22 шуъба (Қабулгоҳ, Ёрии таъҷилӣ, Эҳёгарӣ, Ҷарроҳии

тоза, Ҷарроҳии фасодӣ, Ҷарроҳии кўдакона, Таваллудхона, Зано-

на, Бемориҳои навзодон, Кўдакона, Бемориҳои қалб, Бемориҳои

асаб, Шикастабандӣ, Бавлияшиносӣ, Бемориҳои сироятии калонсо-

лон, Бемориҳои сироятии кўдакон, Зиддисилӣ, Бемориҳои амрози

даруна, Бемориҳои меъдаву рўда, Бемориҳои гўшу гулўю бинӣ)

мебошад. Имрўз дар ҳама марказҳо ва шуъбаҳои Беморхонаи

марказии ноҳия 740 кат мавҷуд аст.

Тайи чанд соли гузашта як қисмати комплекси бинои Беморхо-

наи марказӣ, ки сохтмонаш аз соли 1987 то инҷониб нотамом боқӣ

монда буд, азнавсозӣ ва таъмир гардида, мавриди баҳрабардорӣ

қарор гирифт. Ин тадбир имкон фароҳам овард, то шуъбаҳои

асаб, дил ва кўдакона, ки то ин вақт дар бинои беморхонаи куҳна

ҷойгир шуда буданд, ба бинои нав кўчонида, шароити кор беҳтар

ва мушкилоти беморон осон карда шавад. Шуъбаи нави таваллуд-

хона, ки соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба истифода супорида шуд, мутобиқи ҳама стандартҳои ҷаҳонӣ

бунёд ёфта, бо асбобу ашёи навтарин таъмин мебошад. Ба нақша

гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик қисмати боқимондаи ком-

плекси нотамоми Беморхонаи марказӣ азнавсозӣ шуда, дар он

шуъбаҳои Гўшу гулўю бинӣ, Амрози даруна, Бемориҳои рўдаю

меъда, Бемориҳои сироятӣ, Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар

100

Файзиддини Муҳаммадӣ

зидди ВНМО, Стоматология, Наркологӣ, Бемориҳои тропикӣ, Пўсту

зуҳравӣ ва Ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷойгир карда хоҳанд шуд.

Солҳои охир бо татбиқ гардидани якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ

шароити хизматрасонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия

бамаротиб беҳтар беҳтар шуда, ҳама шуъбаҳои он бо таҷҳизоти

муосири тиббӣ таъмин гардидаанд. Соли 2015 аз ҷониби Вазорати

тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо сарфи 153 ҳазор

сомонӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили

рентгени мобилӣ, катҳои функсионалӣ, нимкатҳо, микроскоп ва

монитори назди кати бемор ворид гардида, бо саҳми буҷаи маҳал

(1 млн. 227 ҳазору 210 сомонӣ) ва дастгирии соҳибкор Ѓуломов

А. (200 ҳазор сомонӣ) ошёнаи 2-юми бинои Беморхонаи марказӣ

таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Бо маблаѓгузории иловагии буҷаи

маҳал Шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказӣ бо дастгоҳи обии

гармидиҳӣ таҷҳизонида, лифти солҳо аз фаъолият бозмонда ба

кор дароварда шуд.

Имрўз бо мақсади нигаҳдошти саломатии аҳолӣ дар Бемор-

хонаи марказии ноҳия ҳама шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда

шуда, сифати кори хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои гуногун хизматҳои таби-

бони Беморхонаи марказӣ - духтури ҷарроҳ Шарифов Маҳмадшариф

ва духтури момодоягӣ Иззатуллоева Соҷида аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Шафқат» қадрдонӣ шуда, дух-

турон ва кормандони тибб Халилов Бурҳониддин, Раҷабов Амон,

Холиқов Нурулло, Холназаров Назар ва Наширбанова Роза аз

тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони

Аълочии тандурустии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Собиқадорон ва кормандони фаъоли соҳа Авѓонов Муҳаммадӣ,

Миров Душан, Алиев Раҳим, Алифов Қодир, Исмоилов Исматул-

ло, Саидова Гулдаста, Манюкян Марям, Ашуров Маҳмадшукур,

Менглиев Рамил, Холов Муҳиддин, Сўфиев Раҷаб, Ҷурабеков

Абдухолиқ, Мусулмонов Илҳом, Камолов Абдулҳаким, Содиқов

Қиёмиддин, Артихолов Фахриддин, Нуров Намоз, Камолов Ас-

лонбек, Саидов Ислом ва боз бисёр табибони ҳозиқи дигар дар

миёни аҳолии ноҳия соҳиби обрўву эҳтироми хосаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат шахсони зерин

дар вазифаи сардухтури ноҳия кор кардаанд: Қаҳҳорова Хосият

(1985-1993), Ѓозиев Сангмаҳмад (август-ноябри 1993), Ҷабборов

101

Ахтари иқболи Ёвон

Сафархон (1993-1994), Ѓозиев Сангмаҳмад (1994-2001), Ашуров

Маҳмадшукур (2001-2004).

Аз соли 2004 то инҷониб ин масъулиятро Халилов Бурҳониддин

Ѓуломович

ба зимма дорад. Алҳол Холов Фирўз ва Сафаров Маҳмадалӣ

ба ҳайси муовинони менеҷери сохтори госпиталии ноҳия

фаъолият доранд.

ШАБАКАҲОИ КУМАКИ АВВАЛИЯИ

ТИББИЮ САНИТАРӢ

Ин ниҳод, ки фаъолияти Маркази саломатии ноҳия ва зиёда аз

80 муассисаи тандурустии деҳотиро назорат мекунад, соли 2007

дар заминаи Дармонгоҳи марказии ноҳия таъсис дода шудааст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии мамлакат аҳолии деҳоти

ноҳия низ ба хизматрасонии тиббӣ дастрасии бештар пайдо намуд.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 22 маркази

саломатии деҳотӣ, 53 бунгоҳи саломатии деҳотӣ ва 8 нуқтаи тиббӣ

(дар мактабу муассисаҳо ва деҳаҳо) ба эҳтиёҷмандон хизмати

тиббӣ мерасонанд.

Имрўз дар ҳама муассисаҳои ин сохтор 54 нафар духтурон, 310

нафар кормандони миёнаи тибб, 95 нафар кормандони хурд ва

17 нафар кормандони ҳархела фаъолият доранд, ки 107 нафари

онҳо дорои категорияи олӣ, 79 нафар категорияи I ва 52 нафар

категорияи II мебошанд.

Собиқадорони соҳа духтурон Шамсонова К., Файзов М., Қараев

Н., Алихонов И., Бобоев А., Мамадаминов Н., Каримов С.,

Қурбонова С., Қузиев З., Бойтуров О., Пирова Г. ва Юсупов А. аз

28 то 40 сол ва кормандони миёнаи тибб Бобохонов М., Абсаломов

Ҳ., Қурбонова С., Мавлоназаров С., Исмоилова З., Саидова Б.,

Саидова

Г., Фақирова Ч., Собирова Ҳ., Худоёрова С., Худойбер-

диева М., Турахонова У., Каримова Ш., Воҳидова С., Атахонова

С., Раҳимова Г. ва Раҷабова Р. беш аз 30 сол мешавад, ки ба

мардум

софдилона хизмат мерасонанд.

Кормандони сохтори кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия

Қузиев З., Файзов М., Қурбонова С. ва Мавлоназаров С. ба туфайли

фаъолияти босамари худ ба гирифтани унвони Аълочии тан-

дурустии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.

102

Файзиддини Муҳаммадӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади

беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои

деҳотии соҳа пайваста ѓамхорӣ зоҳир менамояд. Агар дар соли

2011 ба Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия аз

тарафи буҷаи маҳал 2 млн. 83 ҳазору 110 сомонӣ ҷудо гардида

бошад, пас, ин рақам дар соли 2016 ба 6 млн. 18 ҳазор сомонӣ

расонида шуд, ки дар муқоиса 3 млн. 934 ҳазору 890 сомонӣ беш-

тар аст.

Тайи 25 соли охир дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 6 марка-

зи саломатӣ ва 23 бунгоҳи тиббии деҳотӣ бунёд гардида, шумораи

кормандони Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 298

ба 476 нафар расидааст. Дар ин муддат қариб ҳама муассисаҳои

тандурустии деҳотӣ, ки дар вагонҳо ё биноҳои фарсуда фаъоли-

ят доштанд, бо биноҳои наву ҳозиразамон ва таҷҳизоти муосири

тиббӣ таъмин гардиданд.

Вазифаи менеҷери Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию сани-

тарии ноҳияро солҳои 2007-2010 Алифов Қодир, солҳои 2010-2013

Қузиев Зулфалӣ, солҳои 2013-2016 Баротов Зоир ба уҳда доштанд.

Аз моҳи июни соли 2016 то айни замон ин масъулият ба зиммаи

Аҳмадуллоев Зикрулло Аҳмадилоевич гузошта шудааст.

МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ

САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия

муассисаи зерсохтори Хадамоти давлатии санитарию эпидемио-

логии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоии Ҷумҳурии

Тоҷикистон буда, барои татбиқи назорати давлатӣ дар самти таъ-

мини амнияти санитарию эпидемиологии ноҳия масъул мебошад.

Он фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва

ташкилоту муассисаҳои ноҳиявиро доир ба масъалаҳои назорати

давлатӣ ва анҷом додани назорати истеҳсолӣ ва ҷамъиятии риояи

меъёру қоидаҳо ва иҷрои чорабиниҳои гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ

ҳамоҳанг месозад.

Маркази мазкур ҷиҳати таъмини ҳифзи сиҳатии аҳолӣ дар

доираи вазифаҳои низомномавии худ ҳолати санитарию эпиде-

миологии иншооти гуногунтаъинотро таҳти назорати доимӣ қарор

додааст.

103

Ахтари иқболи Ёвон

Шуъбаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва вогирии (эпидемиологии) Мар-

кази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар

самти таъмини гигиенаи коммуналӣ, хўрока, меҳнат, бехатарии

эпидемиологии

муассисаҳои томактабию мактабӣ, инчунин, ҷиҳати

безараргардонии манбаъҳои пайдоиши бемориҳои сироятӣ мун-

тазам чораандешӣ мекунанд.

Озмоишгоҳҳои санитарию кимиёвӣ ва бактериологии муассиса

барои муайян намудани тозагии ҳавои атмосфераи муҳити зист

ва маҳсулоти истеъмолӣ нигаронида шудаанд. Қобили зикр аст,

ки ташхисгоҳи санитарию кимиёвии Марказ соли гузашта бо дастгоҳҳои

замонавӣ аз қабили люсометр- барои санҷиши рўшноӣ,

пси-

хометр - барои санҷиши намнокӣ, дастгоҳи озмоишӣ барои санҷиши

сифати намак, нитротестер- барои санҷиши сифати полезиҳо,

дастгоҳи санҷиши сифати об ва дигар ашёи зарурӣ таъмин гар-

дида, пас аз 15 соли таваққуф бо ҷалби 10 нафар мутахассисон

дубора ба фаъолияти мунтазам баргашт. Ҳамчунин, дар доираи

корҳои ободонӣ соли гузашта бинои муассиса аз таъмири капиталӣ

бароварда, аз масофаи 5 км ба корхона оби нўшокӣ гузаронида

шуд, ки ин тадбирҳо барои беҳтар шудани фаъолияти кормандон

ва боз ҳам муассир гардидани чораҳои амалишаванда имконияти

мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳисоботи оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки ваъи эпидемиологии

ноҳия солҳои охир беҳтар гардида, тайи як-ду соли гузашта ҳолатҳои

ба бемориҳои сироятии хавфнок, аз қабили домана, вараҷа

ва исҳоли хунин гирифтор шудани сокинон ба қайд гирифта на-

шудааст.

Кормандони Марказ бо мақсади гирифтани пеши роҳи бемориҳои

сироятӣ дар давоми соли 2015 ва 5 моҳи соли равон нисбати

462 нафар соҳибкороне, ки дар нуқтаҳои хўроки умумӣ ва савдои

маводи хўрока талаботи санитарию гигиениро риоя накардаанд,

протоколҳо тартиб дода, аз онҳо ба андозаи 35260 сомонӣ ҷарима

рўёнидааст. Дар давраи зикргардида фаъолияти 30 иншооти бо ма-

води хўрока сарукордошта ва коммуналӣ-хизматрасонӣ муваққатан

қатъ гардонида шудааст.

Айни замон дар Маркази назорати давлатии санитарию эпиде-

миологии ноҳия 48 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд.

Тайи солҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат вазифаи роҳбарии

ин муассисаро шахони зерин ба уҳда доштанд: Ѓуломова

104

Файзиддини Муҳаммадӣ

Ё.М. (1990-1991), Аҳмадов Ҳ.Қ. (1992-2001), Қулматов Х.Б. (2002-

2003), Ёқубов И.Р. (2004-2006), Забирзода А.А. (2007-2009),

Аҳмадов Ҳ.Қ. (2009-2014).

Қайд намудан ҷоиз аст, ки собиқ директори муассисаи мазкур

марҳум Ҳусейн Қаландаров ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои

сироятӣ ва ҳифзи тозагии муҳити санитарию эпидемиологии

ноҳия дар давраи душвори оѓози солҳои навадуми асри гузашта

хизматҳои пурарзиш кардааст.

Аз соли 2014 то инҷониб директори Маркази назорати давлатии

санитарию эпидемиологии ноҳия духтури санитарии дараҷаи олӣ,

дорандаи нишони сарисинагии Аълочии тандурустӣ Забирзода

Ашуралӣ Амир мебошад.

Вазифаҳои мудирии Шуъбаи санитарӣ-гигиенӣ ва Шуъбаи во-

гириро Ѓаниев Икромиддин ва Ашуров Аскар ба зимма доранд.

БАХШИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ТАШХИСИ

ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

Муайян намудани қобилияти кории маъюбон, гурўҳи маъюбӣ

ва сабабҳои он, муддати дароз ё куллан гум кардани қобилияти

корӣ, ба маъюбон додани тавсияҳо оид ба шароити меҳнат ва

воситаҳои

ҳаракат, шаклҳои таълими касбӣ, андешидани чораҳои

амалӣ барои пешгирӣ ва паст кардани сатҳи маъюбии аҳолӣ ба

вазифаҳои низомномавии Бахши Хадамоти давлатии ташхиси

тиббию санитарӣ дохил мешаванд.

Ин Бахш зерсохтори маҳаллии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад, ки соли 1998 бо мақсади

саривақт аз ташхиси комиссияи тиббӣ-экспертӣ гузаштани бошан-

дагони Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон ва дигар сокинони

эҳтиёҷманди ноҳия таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки то замони тахсисёбии Бахши мазкур масъа-

лаи аз комиссияи тиббӣ-экспертӣ гузаштани маъюбон аз ҷумлаи

мушкилоти ҳалталаби ноҳия ҳисоб мешуд. Ба эҳтиёҷмандон ло-

зим меомад, ки барои аз чунин навъи ташхис гузаштан ба шаҳри

Ваҳдат ё ноҳияи Рўдакӣ сафар кунанд.

Ҳоло ин муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва шароити

муносиби

корӣ таъмин аст ва мутахассисони он баҳри иҷрои вазифаҳои

худ пайваста заҳмат мекашанд. Табиби бемориҳои асаб

105

Ахтари иқболи Ёвон

духтури соҳибтаҷриба Алиев Раҳим, духтурон Қузиев Зулфалӣ,

Камолов Абдуҳаким ва ҳамшираи шафқат Сатторова Маѓфират

кормандон ва собиқадорони ин соҳа мебошанд. Мудири Бахши маз-

кур Ҷабборова Н. ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии худ

дар шаҳри Алма Атои Ҷумҳурии Қазоқистон таҷрибаомўзӣ карда,

аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Мавсуф тавассути қобилият

ва заҳматҳои бурдборонааш соли 2012 бо нишони сарисинагии

Аълочии тандурустӣ сарфароз гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба туфайли мавриди истифода қарор ги-

рифтани муассисаҳои муосири тандурустӣ, баланд гардидани сатҳу

сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии саривақтии бемориҳои

сироятӣ ва ҷорӣ гардидани усулҳои нави муоина ва табобати бе-

морон солҳои охир сатҳи маъюбӣ дар ноҳия тамоюли пастравӣ

касб намудааст. Агар дар соли 1999 аз тарафи Бахши Хадамоти

давлатии ташхиси тиббию санитарӣ нисбати 263 нафар сокинони

ноҳия сатҳи маъюбӣ таъин гардида бошад, пас, ин рақам дар соли

2015 беш аз 55 фоиз кам гардида, ҳамагӣ 120 нафарро ташкил

медиҳад (ҳоло шумораи умумии маъюбон дар ноҳия ба 2014 на-

фар мерасад, ки 428 нафари онҳо шахсони то 18-сола мебошанд).

Аз рўзи таъсисёбии Бахш то инҷониб вазифаи мудирии онро

Ҷабборова Нуқрагул Сафархоновна ба зимма дорад.

СТАНСИЯИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ

БЕМОРИҲОИ ҲАЙВОНОТ

Ниҳоди мазкур, ки дар баробари муассисаҳои тандурустӣ масъ-

улияти ҳифзи сиҳатии аҳолиро ба уҳда дорад ва вазифаҳои ни-

зомномавиаш аз пешгирии манбаҳои пайдоиши бемориҳои сироятӣ

ва мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвонот иборат мебошанд, аз

соли 1955 инҷониб фаъолият дорад.

Абдуллоев Аҳтамбек, Ёқубов Раҳматулло, Розиқов Роман,

Таѓоев Лолахон, Қурбонов Қодир, Ашуров Султон, Холматов Кукӣ,

Бобоев Бозор, Шералиев Нарзулло ва Саъдуллоев Ибодулло аз

ҷумлаи собиқадорони ин соҳа мебошанд.

Аз соли 1991 то соли 2009 масъулияти роҳбарии ин ниҳодро

Ҳошимов

Саъдулло ба уҳда дошт ва аз соли 2009 то айни замон

Мирова Шамсия сарбайтор, сардори Стансияи мубориза алайҳи

бемориҳои ҳайвоноти ноҳия мебошад.

106

Файзиддини Муҳаммадӣ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ХОНА-ИНТЕРНАТИ

ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОН

Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия бо ташаббус

ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали

соли 1995 барои 100 нафар пирони барҷомондаву ниёзманд ва

40 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст.

Ҳоло дар Хона-интернати мазкур 134 нафар (81 нафар дар

шуъбаи калонсолон ва 53 нафар дар шуъбаи кўдакона) будубош

доранд, ки ба онҳо зиёда аз 50 нафар кормандон, духтурон ва

ҳамшираҳои тибб хизмат мерасонанд.

Маблаѓгузории муассиса аз ҷониби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ

карда мешавад. Аз ҳамин ҳисоб дар соли 2016 ба Хона-интернати

пиронсолон ва маъюбони ноҳия 2 млн. 433 ҳазору 900 сомонӣ

ҷудо карда шудааст.

Дар баробари ѓамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сарпарасти муас-

сиса ҶДММ “Хуаксин Ѓаюр семент”, ташкилоту муассисаҳо ва

шахсони савобҷў низ пайваста ба бошандагони ин муассисаи

иҷтимоӣ кумакҳои моддию молиявӣ мерасонанд. Дар давоми соли

2015 ошёнаи чоруми Хона-интернат бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ

таъмир гардида, ба бошандагони он ба маблаѓи 655 ҳазору 500

сомонӣ кумакҳо расонида шудаанд. Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия соли гузашта барои беҳдошти сатҳи

хизматрасонӣ ба муассиса як нақлиёти мусофирбари тамѓаи

“STAREX” тақдим намуд.

Вазифаи роҳбарии Муассисаи давлатии Хона-интернати пи-

ронсолон ва маъюбони ноҳияро аз соли таъсисёбии он то соли

2006 Ҷабборов Сафархон ба уҳда дошт.

Аз соли 2006 то ҳоло ин масъулият ба зиммаи Гулов Маҳмадюсуф

гузошта шудааст.

МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ

БАРОИ КЎДАКОНИ ЯТИМ

Ин муассисаи махсуси таълимию тарбиявии ҷумҳуриявӣ, ки

барои кўдакони ятиму бепарастор ва эҳтиёҷманд пешбинӣ гардида-

107

Ахтари иқболи Ёвон

аст, бо иқдоми Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

соли 1995 таъсис ёфтааст.

Фаъолияти Мактаб-интернат дар асоси муқаррароти Консти-

тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар

бораи маориф”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва тибқи

Оинномаи он ба роҳ монда шудааст. Имрўз дар муассисаи мазкур

236 нафар наврасон, аз ҷумла 79 нафар духтарон ба таълиму

тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони

ятими ноҳия таҳти ѓамхории доимии Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, сарпарасти муассиса - Вазорати кишоварзии мамлакат,

инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони

саховатманд қарор доранд.

Дар давоми соли 2015 ба муассиса аз тарафи сарпараст- Ва-

зорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти мусо-

фирбар, як адад яхдон, як адад тахтаи синфии электронӣ тақдим

гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,

ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманди ноҳия

ба маблаѓи 48 ҳазору 800 сомонӣ кумакҳо расонида шуданд.

Дар тўли 6 соли охир 47 нафар хонандагони муассиса синфи

11-ум ва 108 нафар синфи 9-умро хатм намудаанд. Ҳоло 36 нафар

хатмкардагони ин боргоҳи илму дониш дар донишгоҳу донишкадаҳо

(аз инҳо 24 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

ва коллеҷу литсейҳои ҷумҳурӣ, 3 нафар дар макотиби олии хориҷи

кишвар таҳсил карда истодаанд. Тарбиятгирандагони Мактаб-

интернати ноҳия ҳамасола дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона

ширкат меварзанд. Тайи ин муддат 16 нафари онҳо дар даври

вилоятӣ ва 2 нафар дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ,

инчунин, 2 нафар дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда,

4 нафари охир ѓолиб дониста шудаанд.

Аз соли таъсисёбии муассиса то имрўз шахсони зерин ба ҳайси

директори он фаъолият намудаанд: Олтибоев Ҷурақул (1995-1996),

Саидов Асадулло (1996-2000), Кабиров Нуралӣ (2000-2006), Гурезов

Сафаралӣ (2006-2008), Саломов Абдукарим (2008-2009),

Бобизода Гулшан (2009-2016).

Аз моҳи апрели соли 2016 вазифаи директори Мактаб-интерна-

ти ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятими ноҳия ба зиммаи Умматзода

Зумрад Қамбаралӣ гузошта шудааст.

108

Файзиддини Муҳаммадӣ

МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ИҶТИМОИИ

РЎЗОНАИ “УМЕД”

Ин Марказ соли 2009 бо мақсади дастгирии табақаи ниёзман-

ди аҳолӣ мутобиқи лоиҳаи намояндагии “Hilfswerk Austria” дар

Тоҷикистон бо маблаѓгузории Комиссияи Аврупо бунёд ёфтааст.

Маблаѓгузории Марказ то соли 2010 аз ҷониби Комиссияи мазкур

амалӣ карда мешуд. Солҳои 2010-2014 Вазорати меҳнат ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузории Марказро

ба зимма дошт ва аз аввали соли 2014 то ҳоло ин масъулият ба

зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар

гузошта шудааст.

Ин муассисаи махсуси иҷтимоӣ ба 55 нафар эҳтиёҷмандону

пиронсолон (аз инҳо 31 нафар занон ва 24 нафар мардон; 30

нафар

дар Марказ ва 25 нафар дар манзилҳояшон) хизмат мерасонад.

Аз ҷумлаи онҳое, ки аз дастгирии Марказ бархўрдоранд,

11 нафар маъюбони гурўҳи I, 14 нафар гурўҳи II ва 30 нафар пи-

рони барҷомонда ва шахсони яккаву танҳо мебошанд. Шумораи

кормандон ва хизматрасонҳои Маркази макур 12 нафарро ташкил

медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту

муассисаҳои соҳаи сохтмону саноати ноҳия пайваста дар арафаи

ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ ба ин муассиса кўмакҳои хайриявӣ

мерасонанд.

Масъулияти роҳбарии ин муассисаро аз рўзи таъсисёбии он

Умматзода Зумрад Қамбаралӣ (2009-2010) ва Бобошоев Бобоёр

(2010-2012) ба уҳда доштанд.

Аз соли 2013 то ҳоло ин вазифа ба зиммаи Азизова Ҳокимой

Назаровна

вогузор карда шудааст.

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ

КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Ин муассиса соли 1988 бо мақсади тайёр намудани кадрҳои

миёнаи тиббӣ дар яке аз биноҳои Беморхонаи марказии ноҳия

(ҳоло бинои Маркази стоматологӣ) таъсис ёфта, аз соли 2010

инҷониб

дар бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Лит-

сейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳия фаъолият дорад.

109

Ахтари иқболи Ёвон

Муассиса ҳамчун Омўзишгоҳ ташкил гардида, мутобиқи қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 ба Муассисаи давлатии

таълимии Коллеҷи тиббӣ табдил дода шудааст.

Вобаста ба талаботи соҳаи тандурустӣ ҳамасола шумораи

донишҷўёни

муассиса зиёд мегарданд. Дар соли таҳсили 2015-

2016 дар се шуъба - Кори ҳамширагӣ, Кори лабораторӣ ва Кори

момодоягии

Коллеҷи тиббии ноҳия 1244 нафар ҳунарҷўён таҳсил

мекунанд, ки 789 нафари онҳо духтаронанд. Муҳассилини муассиса

аз 96 нафар омўзгорону табибони соҳибтаҷриба касб меомўзанд.

Соли 2015 ҷиҳати намудани норасоии кадрҳои миёнаи тиббӣ

дар шаҳри Норак Гурўҳи мақсадноки Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

ташкил карда шуд, ки ҳоло 136 нафар ҷавононро ба таҳсил ва

касбомўзӣ фаро гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар асоси “Барномаи тайёр

намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” ва “Барномаи

давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва

миёнаи касбӣ барои солҳои 2012-2020” масъалаи таъмини му-

ассиса бо таҷҳизоти технологӣ беҳтар гардида, соли равон бо

мақсади татбиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти

миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консепсияҳои дахлдор

дар Коллеҷи тиббии ноҳия кафедраҳои Фанҳои умумитиббӣ ва

Фанҳои гуманитарӣ таъсис дода шуданд.

Як зумра хатмкардагон ва ҳунаромўзони Коллеҷи тиббии

ноҳия, ба мисли Шамсиддинова М.,Солиева М., Маҳмадқулов А.,

Шарипова М., Тешаева М., Эрназарова З., Ҳалимова С., Наимо-

ва Ф., Сироҷова С., Нигораи У., Азимова Қ. бо савияи дониш ва

дастовардҳои фанниву варзишӣ, инчунин, устодону омўзгороне

аз қабили Авѓонов М., Мазабова Н., Гутсунаева Т., Азимов Н.,

Холов

С., Худойбердиев В., Нодиров А., Баротова И., Абдуллоев

С., Ёдгорова И., Бойтураев Б., Худойназаров Ш., Шарипов Ш.,

Бобобеков Х. ва дигарон бо фаъолияти босамари худ шаъну эъ-

тибори муассисаро баланд бардоштаанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки собиқ донишомўзони муассиса Ава-

зов М. ва Одинаев Р. дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо мақсади

таъмини амнияти халқу Ватан ихтиёран ба сафҳои Артиши миллӣ

равона гардида, дар ин роҳ ҷони ҷавони худро аз даст додаанд.

Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар вази-

фаи директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии

110

Файзиддини Муҳаммадӣ

ноҳия шахсони зерин кор кардаанд: Ҳакимов Саъдӣ (1988-1992),

Ҷабборов Маҳмудхон (1992-2004), Ѓозиев Сангмаҳмад (2004-2008).

Аз соли 2008 то ҳоло ин масъулиятро Шарифзода Раҳмиддин

Бобоазиз ба уҳда дорад.

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ

ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКӢ

Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳия

соли 1978 бо номи “Омўзишгоҳи касбӣ-техникии № 2” бо мақсади

тайёр намудани кадрҳои коргарӣ барои корхонаи “Тоҷиккимсаноат”

таъсис дода шудааст. Дар тўли ин солҳо бештар аз ёздаҳ ҳазор

нафар ҷавонони ноҳия дар ин муассиса таҳсил карда, соҳиби

касбу ҳунар гаштаанд.

Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ, ки дар тобеияти Вазорати

меҳнат,

муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъо-

лият дорад, 440 нафар ҳунарҷўён аз рўи ихтисосҳои кафшерга-

ри газӣ, кафшергари барқӣ, кафшергари газию барқӣ, муҳосиб,

технологияи компютерӣ, барқчӣ ва қолинбофӣ касб мемўзанд ва,

илова бар ин, 60 нафар хоҳишмандон дар шуъбаҳои ѓоибона ба

таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Асоев Абдувалӣ, Саидов Қурбон, Сатторов Маҳмадшариф,

Маҳмуродова Нигина, Назуров Ибодулло, Кенҷаев Раҳматулло,

Солиҳов Таваккал ва Исмоилов Маҳмадшариф собиқадорони ин

даргоҳи касбу ҳунаранд, ки аз 10 то 32 сол дар тарбияи насли

наврас саҳм гузоштаанд.

Собиқ ҳунаромўзони муассиса Содиқова Манзарой (имрўз

директори ҳамин муассиса), Сангалиев Маҳмадназар (собиқ ди-

ректори муассисаи мазкур), Сангалиев Неъмат (сармуҳандиси

корхонаи “Тоҷиккимсаноат”), Кетманов Шарофиддин (муовини

директори корхонаи мошинсозии шаҳри Иркутски Федератсияи

Россия), Шоев Атохуҷа (корманди КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

ва боз даҳҳо нафароне, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ

сарбаландона кор мекунанд, номбардорони Литсейи касбии тех-

никии ноҳия мебошанд.

Ҳамчунин, хатмкардагони Литсей Бахтиёри Ҷумъабек, Алан

Болиев, Фирўзаи Меъроҷиддин, Эмомалӣ Самандаров, Мадинаи

Ѓанизод, Нилуфар Саидова, Сайлон Мансурова, Суман Қулова,

111

Ахтари иқболи Ёвон

Замира Туйдиева, Хурсандмуроди Бобомуродзода аз ҷумлаи он

нафаронеанд, ки бо донишу ҳунари худ на танҳо шарафи му-

ассисаро ҳимоя намудаанд, балки дар озмунҳо ва мусобиқаҳои

варзишии сатҳи баланд ѓолиб омада, шаъну эътибори ноҳияро

дар ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд бардоштаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон омўзгорони

зерин дар вазифаи директори муассиса фаъолият намудаанд:

Назуров Ибодулло (1983-2005), Азизов Исмат (2005-2006), Ху-

дойбердиева Тоҷинисо (2006-2007), Саидов Қурбон (2007-2008),

Сангалиев Маҳмадназар (2008-2011), Исмоилов Маҳмадшариф

(2011-2013), Мирзоев Мирзо (2013-2015).

Аз соли 2015 то ҳоло Содиқова Манзарой ба ҳайси директори

Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи

Ёвон кор мекунад.

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ЛИТСЕЙИ

КАСБИИ ТЕХНИКИИ САНОАТИ КИШОВАРЗӢ

Ин муассиса соли 1967 бо номи “Омўзишгоҳи касбӣ-техникии №

48” барои омода намудани кадрҳои коргарии соҳаҳои сохтмону са-

ноат ва кишоварзӣ таъсис ёфта, алҳол ҳамчун Муассисаи давлатии

таълимии “Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ” номгузорӣ

карда шудааст ва дар тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. То имрўз

зиёда аз 12000 ҷавонону духтарон дар ин муассиса таҳсил наму-

да, соҳиби касбу ҳунарҳои тракторчӣ-мутахассиси техникаи соҳаи

кишоварзӣ, ронандагӣ, кафшергарӣ ва дуредгарӣ гаштаанд.

Ҳоло 284 нафар толибилмон дар ин даргоҳи илму ҳунар касб

меомўзанд ва ҳамасола 150-170 нафар онро хатм намуда, ба соҳаҳои

гуногуни истеҳсолот равона мегарданд. Дар назди Литсей

гурўҳҳои шартномавии кутоҳмуддат низ амал мекунанд, ки дар

онҳо омўзиши касбу ҳунарҳои ронандагӣ, тракторчӣ-мошинист,

кафшергарӣ, дўзандагӣ, ҳисобчигӣ бо омўзиши кор дар компютер

ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол 600 нафар ҳунаромўзон муасси-

саро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ мегарданд.

Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат шурўъ аз соли

таҳсили

2016-2017 дар Литсейи мазкур боз як гурўҳи нав барои

омўзиши касби андовачӣ-хиштчин кушода мешавад.

112

Файзиддини Муҳаммадӣ

Назуров Исҳоқ, Ҳурматов Асадулло, Шарифов Эмом, Раҳимов

Сироҷиддин, Ёзиев Қутбиддин, Паллаев Ҳасан, Қурбонов Каром,

Иброҳимов Маҳмадюсуф, Убайдуллоҳи Ширин, Назаров Талбак,

Назаров Абдуқаҳҳор аз зумраи омўзгорон ва устоҳои таълимие

ҳастанд, ки беш аз 20 сол дар ин даргоҳи илму ҳунар фаъолият

кардаанд.

Аз соли 1991 то инҷониб шахсони зерин дар вазифаи директори

Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии саноати

кишоварзии ноҳия кор кардаанд: Ѓафуров Вайсиддин (1989-2008),

Азизов Шарифхон (2008-2009), Паллаев Ҳасан (2009-2015).

Аз соли 2015 то ҳоло ин масъулият ба зиммаи Мирзоев Мирзо

вогузор карда шудааст.

РЎЗНОМАИ НОҲИЯВИИ “СУБҲИ ЁВОН”

Имсол аз санаи таъсисёбии рўзномаи ноҳиявии Субҳи Ёвон 80

сол сипарӣ гашт. Ин нашрия аз соли 1936 то соли 1951 бо номи

«Стахановчиёни Ёвон», сипас, то соли 1991 таҳти унвони «Коммунисти

Ёвон» ва аз 10 октябри соли 1991 то инҷониб бо номи

«Субҳи Ёвон» интишор ёфта истодааст.

Дар муддати 80 сол ин боргоҳи маърифат дар оѓўши худ ха-

барнигорони зиёдеро парваридаву дар амри баланд бардоштани

завқи бадеии мардум, таъмини фазои иттилоотии ноҳия, тарѓибу

таҳкими ѓояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми

арзишманд гузоштааст.

Сармуҳаррирони рўзнома Ш.Назаров, У.Азизов, М.Солеҳов,

Р.Абдуллоев, С.Комилов, Т.Наимов, Ф.Ҳалимов, М.Таѓоев, Ѓ.Муродалиев,

А.Муродов, З.Ҳусейнов, А.Сатторов ва М.Одинаев, ха-

барнигорон ва кормандони он Ҳ.Абдуллоев, Р.Кенҷаев, Б.Шоҳин,

Ш.Комилов, Ш.Ёқубов, Т.Таѓоев, Қ.Иззатуллоев, Ҷ.Фатҳуллоев,

М.Музаффаров, А.Шохонов, А.Солиев, С.Наҷмиев, И.Гурезов, К.

Ёров, Р.Исмоилов, Ҳ.Бурихонов, Т.Файзуллоев, С.Ашуров, Р.Зубайдуллоев,

М.Шамсиддинова, М.Бобоев, Ҷ.Холназаров, Т.Салимов,

С.Қосимӣ, А.Абраев, М.Холмаҳмадов, Қ.Ҳакимов, Х.Сангимуродов,

М.Эмомов, С.Маҷидов, Т.Азизмамадова, Ш.Давлатов ва дигарон

дар давоми 80 соли интишорёбии ин минбари эҷодкорон баҳри

таъмини фазои солими иттилоотии ноҳия ва инъикоси паҳлуҳои

гуногуни ҳаёти мардумони водӣ заҳмати зиёд кашидаанд.

113

Ахтари иқболи Ёвон

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки ба давраи

ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, бомаром аз чоп баромадани рўзномаи

«Субҳи Ёвон» ва дар ҳар саҳифаи он ба табъ расидани маво-

ду мақолаҳои таҳлилии хабарнигорони варзидаву ҷасоратманд

А.Сатторов, Т.Файзуллоев, З.Ҳусейнов, Ҳ.Бурихонов, С.Ашуров,

Г.Ҷондоров, С.Аминов ва чанде дигарон барои ба эътидол овар-

дани вазъи нобасомони сиёсӣ нақши арзишманде доранд.

Ҳоло рўзнома ҳафтае як маротиба бо теъдоди 2100 нусха аз

чоп баромада, ба дасти хонандагон мерасад.

Аз соли 1988 то соли 2004 вазифаи пурмасъулияти сармуҳаррири

рўзномаи ноҳиявии «Субҳи Ёвон» ба зиммаи узви Конфеде-

ратсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аъ-

лочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ Абулқосим Сатторов вогузор

гардида буд. Заҳматҳои пурмаҳсули ў соли 2002 тибқи Фармони

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста»

қадр карда шудаанд.

Аз соли 2004 то имрўз Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Кон-

федератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Одинаев Миралӣ ба ҳайси сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии

«Субҳи Ёвон» фаъолият карда истодааст.

ҚИТЪАИ ТЕХНИКИИ ҶСК “ТОҶИКТЕЛЕКОМ”

Ин муассиса то соли 1996 бо номи “Қисми алоқаи ноҳиявӣ

фаъолият дошт ва ҳамчун сохтори муҳимми соҳаи стратегӣ ба

аҳолӣ хизмат мерасонд. Пас аз барҳамхўрии Муассисаи истеҳсолии

“Душанбеалоқа”

ва зерсохторҳои он соли 1996 дар асоси Фармони

Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қисми мазкур ба Филиали

ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ноҳия табдил меёбад.

Аз соли 1986 (аз замоне ки муассиса ба бинои нав кўчид), дар

Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ноҳияи Ёвон стансияи худкори

маъмулӣ мавриди истифода қарор дошт, ки дорои 2000 рақами

телефонӣ буд. Моҳи сентябри соли 2004 дар арафаи 70-солагии

ноҳия стансияи аналогӣ бо стансияи рақамии ZTE иваз карда шуд,

ки он бо дороии 4000 рақам то имрўз фаъолият дорад.

Моҳи марти соли 2012 Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” ба “Қитъаи

техникии “Тоҷиктелеком” дар ноҳияи Ёвон” табдил дода шудааст.

114

Файзиддини Муҳаммадӣ

То давраи таъсисёбии Маркази алоқаи Почта роҳбарии Қисми

алоқаи ноҳиявиро Ҳабибуллоев Вайсиддин ба зимма дошт.

Сафаров Маҳмадёр, Сангов Ѓозӣ, Довудов Поргӣ, Мирзоев

Ятим, Зикилоев Иззатулло, Солиев Раҷабалӣ, Амонов Вайсиддин,

Фатҳуллоев Холмирзо, Қаршиев Мурод ва Зубайдов Хушвахт аз

ҷумлаи собиқадорони соҳаи алоқаи ноҳия мебошанд.

Аз соли 1996 то ба ин рўз шахсони зерин дар вазифаи сар-

варии ин муассиса кор кардаанд: Содиқов Файзалӣ (1996-2002),

Ҷурахонов Баҳриддин (2002-2003), Раҷабов Эмомиддин (2003-

2004), Тошматов Имом (2004-2005), Ҳомилов Амираҳтам (2005-

2006), Ёрматов Мирзо (2006-2007), Холзода Шерафкан (2007-2012),

Қурбонов Аслонбек (март-декабри 2012), Холзода Шерафкан (2012-

2015), Холов Манучеҳр (2015-2016).

Айни замон Холзода Шерафкан ба ҳайси сардори Қитъаи тех-

никии “Тоҷиктелеком” дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад.

МАРКАЗИ АЛОҚАИ ПОЧТА

Дар ноҳия Маркази алоқа ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳаёти иҷтимоии

ҷомеа ҳанўз соли 1924 дар як бинои хурдакаке, ки дар ҳудуди

имрўзаи Боѓи “Фароѓат” ҷойгир буд, таъсис ёфта, аввали солҳои

40-уми асри гузашта ба бинои дигар, ки то соли 1988 дар рў ба

рўи мазори “Озах” мавҷуд буд, сипас соли 1986 ба бинои ҳозираи

Қитъаи техникии ҶСК “Тоҷиктелеком” (воқеъ дар кўчаи Ҷомӣ-142

А) ва соли 2000 ба кўчаи Меҳвар-36 кўчонида шудааст.

То соли 1996 хизматрасониҳои почтавӣ ва алоқа бо номи “Мар-

кази алоқа” дар ҳамбастагӣ фаъолият доштанд. Аз ҳамон сол ин

ду навъи хизматрасонӣ аз ҳамдигар ҷудо гардиданд ва Маркази

алоқаи Почта дар бинои навсохти шафати бинои Қитъаи техникии

ҶСК “Тоҷиктелеком” ҷойгир карда шуд (айни замон он бинои чорошёнагӣ

мавриди истифода қарор надорад).

Маркази алоқаи Почтаи ноҳия дорои 11 шуъбаи алоқа мебо-

шад, ки дар онҳо маҷмўан 18 нафар кормандон фаъолият меку-

нанд. Вазифаи Марказ ба аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо дастрас

намудани рўзномаю маҷаллаҳо, мактубу расонаҳо, инчунин, гуза-

ронидани обуна ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ

мебошад.

115

Ахтари иқболи Ёвон

Абдулҳақов Гурез, Маҷидов Вайсиддин, Пушкина Мая, Алиев

Қурбоналӣ, Мирзоева Амина, Сафарова Зиёда, Ахмедова Мория,

Қодиров Иззат, Зокиров Муҳаммадсарвар, Ҳомилов Карим, Қулаев

Асадулло, Исматов Рустам, Аминбекова Зумрад, Қарақулов Асо-

миддин ва чанде дигарон аз ҷумлаи собиқадорон ва фаъолони

ин соҳа мебошанд.

Роҳбарии Маркази алоқаи Почтаи ноҳияро дар тўли солҳои

соҳибистиқлолии кишвар шахсони зерин ба уҳда доштанд: Ҳабибуллоев

Вайсиддин (1990-2000), Ҳомилов Амираҳтам (2000-2004),

Бобоев Қалуѓшоҳ (2004-2006), Ҳомилов Маҳмадшукур (2006-2010),

Худойбердиева Шукрия (2010-2013), Бобоалимов Қурбонназар

(2013-2014), Бекназаров Холмаҳмад (2014-2015).

Аз соли 2015 ин масъулият ба зиммаи Ҳомилов Маҳмадшукур

вогузор карда шудааст.

ҶДММ ”ТОҶИКМАТБУОТ” ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ҶДММ “Тоҷикматбуот дар ноҳияи Ёвон” муассисаи худмаблаѓгузор

аст, ки дар баробари Маркази алоқаи Почта рўзномаву маҷаллаҳои

матбуоти давриро ба ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ

дастрас менамояд.

То соли 1999 масъулияти ба матбуоти даврӣ обуна кунонидани

ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида, қариб ки пурра ба

зиммаи муассисаи “Союзпечат” меистод ва ҳамон сол ин муас-

сиса, бинобар сабаби аз ҷониби нашрияҳо дастгирӣ наёфтанаш

фаъолияти худро қатъ намуд. Солҳои зиёд сарвари муассисаи

“Союзпечат” дар ноҳия собиқадори соҳаи матбуот Пушкина Мая

Михайловна буд.

Соли 2009 ба ҷойи “Союзпечат” ҶДММ “Паҳнкунандагони мат-

буоти даврӣ ва ѓайридаврии “Тоҷикматбуот” дар ноҳияи Ёвон”

таъсис ёфта, обунаи се нашрияи давлатиро ба зимма гирифт. То

инҷониб ҶДММ “Тоҷикматбуот” дар ноҳияи Ёвон” дар ҳар мавсим

ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявиро

ба 450 нусха рўзномаи “Ҷумҳурият”, 450 нусха рўзномаи “Садои

мардум” ва 150-170 нусха маҷаллаи “Бонувон” обуна мекунад.

Аз соли 2009 то инҷониб сарварии муассисаро Ҳомилов Маҳмадѓафур

ба зимма дорад.

 

Фасли IV.

ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК

ВА ДЕҲОТИ НОҲИЯ

118

Файзиддини Муҳаммадӣ

Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия то охири соли 1994 бо номҳои

“кумитаҳои иҷроияи Шўрои депутатҳои халқ” ва то соли 2009

бо номи “мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа” маълум буданд

ва аз соли 2009 то инҷониб бо номи “Мақомоти худидоракунии

шаҳрак ва деҳот” фаъолият доранд.

То соли 1995 дар ҳудуди ноҳия 8 ҷамоати деҳоту шаҳрак мавҷуд

буд ва бо ташкил гардидани Ҷамоати деҳоти Даҳана (дар

ҳудуди деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова) шумораи онҳо ба 9 адад

расид, ки 2-тои онҳо ҷамоатҳои шаҳрак ва 7-тояшон ҷамоатҳои

деҳот мебошанд.

ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЁВОН

Тахминан 400 сол пештар қисмате аз аҳолии собиқ деҳаи

Гулхор

(дар наздикии деҳаи Мирзоии Болои деҳоти ба номи

Ҳ.Ҳусейнов)

ба ҷойи имрўзаи Ёвони Куҳна кўчида, дар соҳили

чапи Ёвонрўд гузари Гулхориҳоро асос ниҳоданд. Шояд сабаби

асосии аз деҳаи худ кўч бастани гулхориҳо фаромадани ярч ва

вайрон гардидани деҳаи онҳо бошад (деҳаи Гулхор се маротиба

ҷойивазкуниро аз сар гузаронидааст: он тақрибан дар асри XIV

бунёд ёфта, аввалан дар мавзеи “Чормаѓзи кўрак” (болотар аз

деҳаи Утаган), сипас дар ҳамвории “Сари ҳашар” (ҳоло дар қисмате

аз ин мазеъ боѓҳои себ бунёд гардидаанд) ва ахиран дар ҷойи

имрўзаи собиқ деҳаи Гулхор ҷойгир шудааст, гумон меравад, ки аз

мавзеи “Чормаѓзи кўрак” кўч бастани аҳолии деҳа ба фаромадани

ярч алоқаманд бошад). Саҳми гулхориҳо дар радифи сокинони

муқимии соҳили рости Ёвонрўд (Ёвони Уру) дар ободонии деҳаи

онрўзаи Ёвон хеле калон аст.

Соли 1934 бо таъсисёбии ноҳия дар маркази он “Совети қишлоқи

Ёвон” ташкил гардид, ки ба ҳудуди он деҳаҳои Ёвон (ҳоло

шаҳраки Ёвон), Сарқамиш, Қамбарӣ, Гургон (ҳоло Озодӣ), Тошохур,

Зулмобод (ҳоло Меҳристон), Дастгирак, Каҳдарав, Пастакон (деҳаи

Каҳдарав болотар аз деҳаи Қамбарӣ ва деҳаи Пастакон (баъдтар

119

Ахтари иқболи Ёвон

шаҳраки Пастакон) чанд километр дуртар аз он, дар соҳили дарёи

Вахш ҷойгир буданд, ки ҳоло ҳар ду ба қатори деҳаҳои матрук

дохил мешаванд), Тутбулоқи Намак (дар наздикии Кони намак),

Даҳана, Чу-Чу (имрўз Тоҷикобод), Хучаки Боло (дар ҳудуди имрўзаи

деҳоти Даҳана) ва Заркамар дохил карда шуданд. Нахустин раиси

Совети қишлоқи Ёвон Раҳмонов Кукан буд. Соли 1972 бо таъ-

сис ёфтани деҳоти ба номи Г.Юсуфова (он вақт “Навкорам”) ва

деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов (он вақт “Озодӣ”) қисмате аз шаҳраки

Ёвон ба ҳудуди онҳо гузашт ва ҳудуди маркази ноҳия дар миқёси

имрўзааш, яъне 613 га муқаррар гардид.

Ду бинои аввалини дуошёнаи маркази ноҳия (яке дар назди

Чойхонаи

“Диёр” ва дуюмӣ дар шафати Кохи синамои “Наврўз”)

аввали солҳои 50-уми асри асри гузашта сохта шудаанд, ки аввалӣ

ҳоло ҳам мавҷуд аст (ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар замони

мавҷудияти бекигарии Ҳисор қароргоҳи ҳокими (додхоҳи) Ёвон низ

(воқеъ дар маҳаллаи Ёвони Куҳнаи имрўза) аз як бинои похсагини

дуошёна иборат буд).

Ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта дар маркази ноҳия як-

чанд биноҳои истиқоматии дуошёнаи ҳозиразамон (дар кўчаҳои

имрўзаи Одинаев, Шамсов, Т.Хушвахтов) ва биноҳои маъмурии

сохти нав бунёд ёфтанд ва бо обшор шудани водӣ (1968) деҳаи

Ёвон ба шаҳраки ҳақиқӣ табдил гардид.

Шурўъ аз нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта бо мақсади

рушди инфрасохтори маркази ноҳия сокинони ду соҳили Ёвонрўд

ба деҳоти атрофи шаҳрак кўчонида шуданд ва ин мавзеъ ба арсаи

“меҳнати зарбдор” табдил ёфт, корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъ-

ат пайдо намуданд ва дар як муддати кутоҳ роҳҳои шаҳраки Ёвон

мумфарш гардида, дар ҷойи иншооти куҳна биноҳои истиқоматии

баландошёна, муассисаҳои таълимӣ, боѓчаҳо, биноҳои нави бемор-

хона, маркази саломатӣ, шуъбаҳои милитсия ва амнияти миллӣ,

ҳаммом, маѓозаву дўконҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва идораҳои

маъмурӣ қомат афрохтанд.

Дар давоми солҳои 80-уми асри гузашта бо бунёд ёфтани даҳҳо

иншооти нав ва се пули калони мошингузар дар болои Ёвонрўд

маркази ноҳия тавассути заҳматҳои пурмаҳсули сокинони маҳалливу

намояндагони дигар минтақаҳои Тоҷикистон, миллатҳои русу

украин, арманиву осетин ва дигар халқҳо ба макони сабзу хуррам

мубаддал гашт.

120

Файзиддини Муҳаммадӣ

Шаҳраки Ёвон соли 1994 мақоми шаҳриро гирифт ва соли 2004

дубора ба шаҳрак табдил дода шуд.

Маркази ноҳия аз маҳаллаву кўчаҳои Меҳвар, М.Турсунзода,

Б.Ѓафуров, К.Қурбонов, Т.Хушвахтов, Одинаев, Шамсов, Тоҷикистон,

К.Мирзоев, Р.Раҷабов, А.Ѓуломов, Дўстӣ, Ёвони Куҳна, С.Айнӣ,

С.Шерозӣ, 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Спут-

ник, Орзу, А.Ҷомӣ, Ҷ.Бобиев, А.Раҳматуллоев, Т.Карликов ва як-

чанд тангкўчаҳо иборат буда, шумораи аҳолии он имрўз беш аз

34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳраки Ёвон ҳама ниҳодҳои ноҳиявии Вазоратҳо

ва Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои ноҳиявии мақомоти ҳифзи

ҳуқуқ (Прокуратура, Суд, Шуъбаи корҳои дохилӣ, Шуъбаи амният);

Комиссариати ҳарбии ноҳия, Қисми низомии 6593, Маҳбасхона,

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, филиалҳои 6 бонк

(Амонатбонк, Ориёнбонк, Промбонк, Агроинвестбонк, Содиротбонк,

Эсхата, инчунин, ташкилотҳои хурди қарздиҳии Имон Интернешнл,

Ҳумо, Финка, Оксус ва ѓ.), фабрикаи дўзандагӣ ва бофандагии

“Ваҳдат”, корхонаи коркарди шири “Комрон Агро Холдинг”, якчанд

корхонаҳои хурд ва миёнаи истеҳсолӣ, зиёда аз 210 бинои истиқоматии

баландошёна, 5 муассисаи томактабӣ (№ № 1, 5, 11,

13, 14), 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№ № 1, 2, 5, 45,

75, 77, Литсей, Гимназия, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ), се му-

ассисаи ибтидоии касбӣ (Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникӣ,

Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ), Гурўҳи мақсадноки

Коллеҷи омўзгории ноҳияи Рўдакӣ (дар бинои МТМУ № 45), Мак-

таби бачагонаи санъат ба номи Ф.Шарифов, мактаби варзишии

кўдакон ва наврасон ба номи Р.Тешаев, Кохи фарҳанги ба номи

Т.Хушвахтов, Кохи синамои “Наврўз”, Осорхона, се китобхонаи

оммавӣ, Матбааи “Субҳи Ёвон”, Маркази алоқаи Почта, Қитъаи

техникии “Тоҷиктелеком”, Маркази телевизиони кабелӣ, Радиои

маҳаллӣ, Хонаи пиронсолон ва маъюбон, Маркази минтақавии

рўзонаи “Умед”, Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ,

5 нуқтаи тиббии хусусӣ, 21 дорухона, теъдоди зиёди тарабхонаҳо

(“Ёвон”, “Кушон”, “Дунё”, “Шоми Ёвон” ва ѓ.), даҳҳо

марказҳои

хизматрасонии иҷтимоӣ, маишӣ ва техникӣ, дўкону

маѓозаҳо, ҳаммомҳо, чор бозори тиҷоратӣ (Меҳргон, Тиҷорат, Ан-

сор, Фаровон), Терминали мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд ва

Варзишгоҳи

марказӣ, 1 Маҷмаа, 1 Ҳавзи шиноварии болопўшида,

121

Ахтари иқболи Ёвон

якчанд толор ва майдончаҳои варзишӣ, 3 боѓи истироҳатӣ (Фароѓат,

Ѓалаба, ба номи Б.Ѓафуров) ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавриди

баҳрабардории аҳолӣ қарор доранд.

Масофаи роҳҳои мошингарди шаҳраки Ёвон 130 км аст, ки

аз он 20 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Аз рўи

ҳисоботи пешакӣ аҳолии шаҳраки Ёвон то соли 2035 ба 55-60

ҳазор нафар мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳудуди он дар ояндаи

наздик мутобиқи Нақшаи генералии нав (28 декабри соли 2015

аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст)

васеъ гардида, аз 613,17 гектар ба наздики 1300 гектар расонида

хоҳад шуд.

Лоиҳаи Нақшаи генералии мазкур, бо дарназардошти афзоиши

талабот барои бунёди манзилҳои истиқоматии 9-12 ошёна- 35%,

биноҳои 4-6 ошёна- 40% ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ (0,04-0,06 га)-

25% пешбинӣ менамояд. Тибқи ин санад дар баробари сохтмони

манзилҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия бунёд намудани биноҳои

маъмурию ҷамъиятӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, боѓҳои фароѓатӣ, 4

муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 мактаб-ин-

тернат, марказҳои фарҳангӣ ва ҷавонон, осорхона ва китобхонаи

замонавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар асоси Нақшаи генералӣ сохтори нақлиётӣ нигоҳ дошта ме-

шавад, кўчаҳо таҷдид гардида, шоҳроҳҳои нав сохта, минтақаҳои

коммуналӣ, ҷойҳои истироҳати аҳолӣ ва системаи шоҳроҳҳои

шаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ ба низом дароварда мешаванд.

Хизматҳои арзандаи як зумра сокинони шаҳраки Ёвон аз қабили

Қулов Шариф, Тоштемиров Шамсиддин, Ҳоҷиев Боймурод,

Ѓуломов Абдусамад, Назуров Борон, Гурезов Сангимурод, Гурезов

Абдулҳақ, Ҳоҷиев Саидмурод, Қурбонов Таѓойбек, Раҷабов Расул,

Мирзоев Каром, Ҷураев Табаралӣ, Шарипов Шодихон, Таѓоев

Раҷабалӣ, Сафархолов Муҳаммадамин, Алимардонов Ҳазратқул,

Воҳидов Маҳмадраззоқ, Раҳмонов Саидмаҳмуд, Бекназаров Дав-

лат, Ѓаффоров Саид, Ёров Каром, Қараева Маргарита, Раҷабов

Раҷабалӣ ва боз даҳҳо нафари дигар дар пешрафту тараққиёти

соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ шоистаи таҳсину пайравист.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат шахсони зерин

дар вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвон кор кардаанд: Қулов

Шариф (1988-2000), Азизова Ҳокимой (2000-2004), Қандиев Сафар

(2004-2005), Раҷабов Раҷабалӣ (2006-2011).

122

Файзиддини Муҳаммадӣ

Аз соли 2011 то ҳоло ин масъулиятро Ҳасанзода Қаҳҳорбек

Намоз ба зимма дорад. Айни замон Холов Раҷабалӣ ва Шабнами

Самандар мутаносибан дар вазифаи муовинони раиси Ҷамоати

шаҳраки Ёвон оид ба соҳаҳои саноат ва сохтмон ва оид ба соҳаи

маънавиёт ва Шарипов Муқимҷон дар вазифаи котиби Ҷамоат кор

карда истодаанд.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОБШОРОН

Деҳоти мазкур баробари таъсисёбии ноҳия соли 1934 бо

номи “Совети қишлоқи Оби Мукӣ” ташкил гардида, соли 1994

номи “Деҳоти

Оби Мукӣ” ва соли 2012 номи “Деҳоти Обшорон”-

ро гирифтааст. Он 15 км дуртар аз маркази ноҳия дар самти

ҷанубии шаҳраки Ёвон ҷойгир буда, бо деҳоти ба номи Г.Юсуфова

(аз шимол), деҳоти Чоргул (аз ѓарб), деҳоти Ситораи Сурх (аз

ҷануб) ва ноҳияи Данѓара (аз шарқ) ҳаммарз аст. Маркази маъ-

мурии Ҷамоат соли 1980 аз деҳаи Оби Мукӣ ба деҳаи Даштобод

кўчонида шудааст.

Дар ҳудуди деҳоти Обшорон 12 деҳа: Даштобод, Парчасой, Оли

Сомон, Қайнама, Санҷитак, Анористон, Қашқараҳа, Таѓойобод-1,

Таѓойобод-2, Оби Мукӣ, Деҳқонобод ва Қирѓизобод ҷойгир шудаанд,

ки аҳолии онҳо дар маҷмўъ қариб ба 32 ҳазор нафар мерасад.

Масоҳати деҳоти мазкур 15366 га, заминҳои корами он 3778

га (аз он корами обӣ: 3078 га), чарогоҳҳо 9078 га ва заминҳои

наздиҳавлигии

аҳолӣ зиёда аз 780 га мебошад. Аз миёни деҳоти

Обшорон шоҳроҳи мошингарди Ёвон-Қўрѓонтеппа мегузарад ва

умуман, дар ҳудуди он 84 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта

мавҷуданд.

Шуѓли асосии аҳолии деҳоти Обшорон кишоварзӣ ва чорводорӣ

аст. Тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи собиқ

Хоҷагии таълимии-2, як қисмати Хоҷагии таълимии-1 ва хоҷагиҳои

калонҳаҷми кишоварзӣ дар деҳоти мазкур 390 хоҷагиҳои деҳқонӣ

(фермерӣ) таъсис дода шудаанд.

Имрўз хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Обшорон ба ҳисоби миёна

дар майдони умумии 1440 га пунбадона, қариб 900 га ѓалладона,

90 га сабзавот, беш аз 30 га полезиҳо, беш аз 60 га хўроки чорво

ва дигар навъҳои зироатҳои техникӣ кишт мекунанд.

123

Ахтари иқболи Ёвон

Масоҳати умумии боѓу токзори деҳоти Обшорон 450 гектарро

ташкил медиҳад, ки 256 гектари он дар зарфи 25 соли охир бунё

ёфтаааст.

Фермаи ширию молии ҶДММ “Мадина”, ки дар ҳудуди деҳоти

мазкур ҷойгир аст, алҳол 900 сар чорвои калон (аз он 300 сар

говҳои

хушзоти ширдеҳ)-ро парвариш менамояд. Мавриди зикр

аст, ки аз ин ферма ҳамарўза наздики 3 тонна шир ба корхонаи

коркарди шири ноҳия ва шаҳри Душанбе бароварда мешавад.

Муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ҳудуди деҳоти Обшорон,

ки теъдодашон ба 10 адад расидааст, имрўз наздики 7000 на-

фар хонадагонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Шумораи

омўзгорони

ин муассисаҳо 251 нафарро ташкил медиҳад. Дар

давраи

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди

3 муассисаи таҳсилоти умумӣ биноҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди деҳоти Об-

шорон 3 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббии нав таъсис ёф-

тааст. Айни замон ба аҳолии деҳот 11 муассисаи тандурустӣ, аз

он ҷумла 1 беморхонаи рақамӣ хизмат мерасонанд.

Фарзандони номдори деҳоти Обшорон Бекназарзода Саъдулло,

Ашуров Қара, Сафаров Нурхон, Саримсоқов Шамсиддин, Бекна-

заров Давлат, Омон Раҷаб, Холов Сарабек, Тошбоев Таѓойқул,

Ҳаётов Қодирѓулом, Ҳасанов Шоҳимардон, Воҳидов Насриддин,

Қиличев Мусулмон, Қиличева Назокат, Файзов Мирзораҷаб,

Қаҳҳоров Абдулҳақ, Ҳасанов Ҷурақул, Бобоёров Азиз, Ҳайитов

Бобоҷон, Ашуров Партоб, Қодирѓуломов Убайдулло, Назуров

Наҷмиддин ва дигарон дар давоми солҳои гуногун баҳри ободо-

нии деҳоти Обшорон ва пешрафту тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву

иҷтимоии ноҳия хидматҳои босазо кардаанд.

Вазифаи роҳбарии Ҷамоати деҳоти Обшоронро дар давоми

солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шахсони зерин ба зимма

доштанд: Холиёров Маҷид (1982-1995), Қурбонов Сангалӣ (1995-

1996), Эламонов Тоҳир (1997-2000), Сироҷиддинова Ҳоҷимоҳ (2000-

2003), Набиев Наҷмиддин (2003-2007), Мачитиев Гулмурод (2007-

2008), Назаров Ашур (2008-2009), Саидмуродов Акрам (2009-2010).

Аз соли 2010 то ҳоло ин масъулиятро Азимов Муъмин ба уҳда

дорад. Айни замон Нозуков Шамсиддин ва Саидов Қурбон дар

вазифаи муовинони раиси Ҷамоат ва Ашуров Маҳмадраҷаб дар

вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти Обшорон кор карда истодаанд.

124

Файзиддини Муҳаммадӣ

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НОРИН

Бо таъсисёбии ноҳия соли 1934 дар қисмате аз ҳудуди имрўзаи

деҳоти Даҳана, Чоргул ва Норин ду Совети қишлоқ- Қайнар ва Но-

рин ташкил карда шудаааст. Ба тобеияти собиқ “Совети қишлоқи

Қайнар” деҳаҳои Урта Қайнар, Шурча, Эшма, Малай, Қарсанбулоқ,

Дўѓдона, Қараёѓоч, Патталик ва ба ҳудуди “Совети қишлоқи Норин”

деҳаҳои Норин, Туячӣ, Уздан, Қодирбердӣ, Такасакирдӣ, Бешкаппа,

Ѓарав, Гулисой, Қармиш, Чу-Чу, Кўл ва Кўсаобод дохил мешуданд.

Соли 1956 деҳшўроҳои мазкур якҷоя гардида, номи “Совети

қишлоқи Норин”-ро гирифтаанд.

Имрўз масоҳати деҳоти Норин бо шумули деҳаҳои Урта Қайнар,

Бош Қайнар, Баҳор, Оби Шифо, Пахтакор, Наврўз, Якуми Май,

Оқсанглох

ва Мингчинор 9380 га ва аҳолии он зиёда аз 22000

нафарро ташкил медиҳад. Он дар самти ҷанубу ѓарбии шаҳраки

Ёвон ҷойгир буда, аз маркази ноҳия то деҳаи Урта Қайнар (мар-

кази маъмурии Ҷамоат) 24 км масофа аст.

Деҳоти Норин 4468 га замини корам, аз он 3723 га замини

обӣ дорад. Шуѓли асосии сокинони онро кишоварзӣ, чорводорӣ

ва соҳибкорӣ ташкил медиҳанд. Заҳматкашони ин гўшаи диёр дар

давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар 658 хоҷагии деҳқонӣ таъ-

сис додаанд ва ҳамасола дар майдони қариб 2000 га пунбадона,

зиёда аз 600 га ѓалладона, беш аз 130 га полезӣ ва қариб 530 га

хўроки чорво кишт намуда, дар як мавсим ба ҳисоби миёна беш

аз 5000 тонна пахта мерўёнанд, ки ин саҳми арзандаи онҳо дар

таъмини нақшаи пахтасупории ноҳия аст. Илова бар ин, дар 271

га замини ҳудуди деҳоти мазкур боѓҳои дарахтони анор, ангур ва

дигар ниҳолҳои мевадиҳанда бунёд карда шудаанд.

Фаъолияти пурсамари як зумра деҳқонон ва масъулони соҳаи

пахтакории деҳоти Норин, ки аз ҳар гектар замини пахтазор то

35-40 сентнер ҳосил мерўёнданд, аз он ҷумла устоди пахта Ҳайталӣ

Менглиқулов, Қудрат Урунов, Амонқул Худойқулов, Намоз

Мустақов, Ҳасан Артихолов, Холмурод Алламуродов, Саъдулло

Маматраҷабов, Нормат Шамсиддинов, Бахтиёр Эшонқулов, Орти-

хол Юсупов, Ҳабибулло Боймуродов, Ҷура Абдузоиров, Муроталӣ

Зиёев ва дигарон илҳомбахши кишоварзони ноҳия аст. Ҳоло Илҳом

Менглиқулов - писари номбардори Ҳ.Менглиқулов дар пайравӣ аз

падари худ бурдборона дар соҳаи кишоварзӣ заҳмат мекашад ва

125

Ахтари иқболи Ёвон

натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2013 ў ба гирифтани медали “Хизмати

шоиста” мушарраф гардидааст.

Дар ҳудуди деҳоти мазкур 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ,

2 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти

ибтидоӣ ва 1 Гимназияи давлатии хонандагони лаёқатманд бо

шумораи

умумии зиёда аз 5100 нафар хонандагон ва 253 нафар

омўзгорон, инчунин, 1 беморхонаи рақамӣ (№ 1, воқеъ дар деҳаи

Урта Қайнар), 4 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ фаъолият

доранд.

Дар давоми чанд соли охир соҳаҳои иҷтимоии деҳоти Норин

чун дигар деҳоти ноҳия инкишоф ёфта, дар деҳаи Урта Қайнар

Гимназияи давлатии хонандагони лаёқатманд таъсис дода шуд,

биноҳои ду муассисаи таълимӣ (№ № 55 ва 60) азнавсозӣ гар-

диданд, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 ду

бинои иловагӣ, дар деҳаҳои Пахтакор, Баҳор, Оби Шифо, Наврўз,

Оқсанглох ва Мингчинор маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ,

инчунин, қариб дар ҳама деҳаҳо марказҳои хизматрасонию савдо

сохта шуданд.

Сокинони деҳоти Норин номзади илмҳои ҷуѓрофия ва табиатшиносӣ

Алиқул Утаганов, номзади илмҳои иқтисодӣ Хушаев Юлчӣ,

номзади илмҳои тибб Шуҳратҷон Чориев ва муаллими хизматни-

шондодаи ҷумҳурӣ Бурихон Файзов дар тавсеаи риштаҳои гуногуни

илми ватанӣ саҳми арзанда доранд.

Дар давоми 25 соли охир шахсони зерин ба ҳайси раиси

Ҷамоати деҳоти Норин ифои вазифа кардаанд: Эшонқулов Алимуҳаммад

(1984-1993), Бекмуродов Муҳаммадсаид (1993-1996), Маҳмараҷабов

Саъдулло (1996-2000), Каримов Таѓойбек (2000-2006),

Боймуродов Ҳабибулло (2006-2008), Каримов Таѓойбек (2006-2010),

Холиқулов Мир (2010-2011).

Аз соли 2011 то айни замон ин масъулиятро Боймуродов Ҳабибулло

ба зимма дорад. Алҳол дар вазифаҳои муовини раиси

Ҷамоат Хуррамов Субҳонқул ва котиби Ҷамоат Бекмуродов Муҳаммадсаид

кор мекунанд.

ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ҲАЁТИ НАВ

Шаҳраки Ҳаёти Нав соли 1971 аз ҳисоби як қисми ҳудуди имрўзаи

деҳоти Ситораи Сурх ва Норин дар самти ҷанубу ѓарбии

126

Файзиддини Муҳаммадӣ

ноҳия, дар соҳили рости Ёвонрўд таъсис дода шудааст. Масоҳати

он бо шумули шаҳраки Ҳаёти Нав, деҳаҳои Ҳаштуми Март, Саъдӣ

Шерозӣ, Алишер Навоӣ, Ваҳдат ва Ҳамза 6049 гектарро ташкил

медиҳад. Аҳолии шаҳрак ва деҳаҳои мазкур наздики 20000 нафар-

ро ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо узбекзабон мебошанд. Дар

шаҳраки Ҳаёти Нав наздики 3500 нафар ва деҳаҳои номбаршуда

аз 2600 то 3050 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд.

Шуѓли асосии сокинони шаҳраки Ҳаёти Нав кишоварзӣ,

соҳибкорӣ ва чорводорӣ аст. То замони соҳибистиқлолии

Тоҷикистон дар ҳудуди он ду хоҷагии калон “50-солагии СССР”

(дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ “Ба номи Р.Абдураҳим”) ва

“Ёвон-6” (дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ “Ёвон-Хима”) фаъо-

лият доштанд, ки то имрўз дар заминаи онҳо зиёда 650 хоҷагии

деҳқонию ёрирасон таъсис ёфта, ба кишоварзию боѓдорӣ шуѓл

меварзанд.

Аз 6049 гектар масоҳати шаҳраки Ҳаёти Нав 4992 га заминҳои

корам (аз он 4762 га обӣ), 1227 га чарогоҳ, 833 га заминҳои наздиҳавлигӣ,

135 га заминҳои ёрирасон ва 1074 га дигар намуди

заминҳо мебошад. Ҳамасола дар заминҳои корам тахминан 1050

га ѓалладона, 3500 га зироатҳои техникӣ (пахта: то 3400 га, заѓир:

50 га) ва то 30 га картошка кишт карда мешавад. Тайи солҳои

соҳибистиқлолӣ деҳқонони ин минтақа дар майдони 128 га боѓҳои

зардолу, себ, чормаѓз, бодом, олу, ангур ва анор бунёд кардаанд.

Саршумори чорвои калони шохдори сокинони шаҳрак ҳоло

қариб ба 12000 сар, моли майда наздики 18000 сар, асп 507 сар,

паранда 14860 сар ва занбўри асал ба 446 оила расида, тамоюли

зиёдшавӣ дорад.

Корхонаҳои коркарди пахтаи “Истиқлол-2010” (бо иқтидори

коркарди

35000 тонна пахта дар як сол, барои 60 ҷойи корӣ) ва

“Сзинян Инхай Хуанфантсюй” (бо иқтидори коркарди 20 ҳазор

тонна пахта дар як сол, барои 200 ҷойи корӣ), ки тайи солҳои

охир бунёд ёфта, самараи Истиқлолияти давлатии мамлакат ме-

бошанд. Бо мақсади то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани нахи

пахта дар назар дошта шудааст, ки дар заминаи корхонаи “Сзинян

Инхай Хуанфантсюй” дар ояндаи наздик коргоҳҳои ресандагӣ,

рангуборкунӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ бунёд карда шаванд.

Корхонаи истеҳсоли орди “Кипарис-2010” бо иқтидори истеҳсоли

15 тонна орд ва 15 тонна хўроки чорво дар як шабонарўз, ки соли

127

Ахтари иқболи Ёвон

равон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Маханов Рустам бо харҷи

125000 доллари ИМА барои 20 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода

шуд, аз ҷумлаи иншооти саноатии навбунёди ҳудуди шаҳраки

Ҳаёти Нав мебошад.

Дар муддати 20 соли охир дар шаҳраку деҳаҳои Ҷамоат 51

адад марказҳои савдову хизматрасонӣ ва хўроки умумӣ, 9 осиё-

би ордбарорӣ, 6 нуқтаи фурўши сўзишворӣ, 4 дўкони нонпазӣ, 1

сартарошхона ва 2 коргоҳи хурди коркарди пахта қомат афрохта,

мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нав ва 5 деҳаи мазкур 10 муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумӣ (№ № 36, 42, 43, 47, 48, 50, 54, 59, 61,

66), 1 муассисаи таҳсилоти асосӣ (№ 74) ва 1 муассисаи таҳсилоти

ибтидоӣ (№ 78) мавҷуданд, ки дар онҳо 4400 нафар хонандагон

таълим мегиранд. Шумораи омўзгорони ин муассисаҳои таълимӣ

198 нафарро ташкил медиҳад (аз он ҷумла занон 74 нафар).

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар назди

муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 48, 50, 61 ва 66

биноҳи нави таълимӣ бунёд гардида, дар деҳаи Ваҳдат муассисаи

наву ҳозиразамони таҳсилоти ибтидоӣ (№ 78) таъсис дода шудааст.

Ба сокинони шаҳраки Ҳаёти Нав 1 беморхонаи рақамӣ (№ 2,

воқеъ дар шаҳраки Ҳаёти Нав), 2 маркази саломатӣ (дар шаҳраки

Ҳаёти Нав ва деҳаи Саъдӣ Шерозӣ) ва 8 бунгоҳи тиббӣ (дар ҳама

деҳаҳо) хизмати тиббӣ мерасонанд. Аз иншооти мазкур 1 маркази

саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ дар зарфи шаш соли охир бунёд

ёфта, дар ҳамин муддат 6 бунгоҳи тиббӣ аз вагонҳо бароварда,

дар биноҳои нави хушсохт ҷойгир карда шудаанд.

Барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти маънавии сокинони шаҳраки

Ҳаёти Нав дар ин ҷо як китобхонаи оммавӣ ва як толори фарҳангӣ

мавҷуданд.

Эшмаҳмад Зикруллоев, Ҷумъа Солиев, Холбердӣ Шамсидди-

нов, Суюн Исмоилов, Ҷумъа Ҳайдаров, Холмуъмин Ёқубов, Пар-

тов Маҳмадов, Аслонхуҷа Ҳакимов, Маҳмадӣ Юсупов, Зиёвиддин

Мирзоев, Худойқул Буйраев, Қаҳҳор Ширинов, Нуъмон Қурбонов,

Ҳалимхон Мирзоев, Саид Холиқов, Алимардон Алиев, Абдуқаҳҳор

Ширинов, Абдулаҳад Маханов, Рустам Маханов, Асад Бойқузиев,

Тоштемир Шоймардонов, Ҳазратқул Бердиқулов, Мустафоқул

Батошов, Ҳасан Файзов ва боз чандин нафари дигар аз ҷумлаи

128

Файзиддини Муҳаммадӣ

ашхоси номдору обрўманди шаҳраки Ҳаёти Нав мебошанд, ки

ҳаёту фаъолияти онҳо мояи ибрати насли наврас гаштааст.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат шахсони зе-

рин дар вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав кор карда-

анд: Қобулов Очилдӣ (1987-1993), Қодиров Абдулло (1993-1995),

Иброгимов Ислом (1995-1996), Алланазаров Ёриқул (1996-2001),

Умирзоқов Абдимурод (2001-2005), Соҳибназаров Зулфиқаҳор

(2005-2006), Хушқадамов Ҳабибулло (2005-2006), Нуралиев Аб-

дусамад (март-сентябри 2006), Ёқубзода Сафар (2006-2007),

Хушқадамов

Ҳабибулло (2007-2009), Соҳибназаров Зулфиқаҳор

(2009-2015).

Аз моҳи марти соли 2015 то ҳоло ин вазифаро Шозода Субҳон

Фраймон ба зимма дорад. Вазифаҳои муовини раиси Ҷамоати

мазкур ба уҳдаи Шодиев Шодӣ ва котиби Ҷамоат ба уҳдаи Нура-

лиев Кароматулло вогузор карда шудааст.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ГУЛСАРА ЮСУФОВА

Соли 1972 дар натиҷаи гузаронидани таѓйироти ҳудудӣ Ҷамоати

шаҳраки Ёвон (он замон “Совети қишлоқи Ёвон”) ба се қисмат:

шаҳраки Ёвон, деҳоти Навкорам (ҳоло ба номи Г.Юсуфова) ва

Озодӣ (ҳоло ба номи Ҳ.Ҳусейнов) ҷудо карда шуд. Яъне санаи

таъсисёбии деҳоти ба номи Г.Юсуфова ба соли 1972 рост меояд.

Он замон миқёси деҳоти ба номи Г.Юсуфова нисбат ба ҳудуди

имрўзаи он хеле фарохтар буд. Соли 1995 аз ҳисоби заминҳои

деҳоти мазкур деҳоти Даҳана таъсис ёфт ва деҳаҳои Чаманзор,

Сарчашма, Тоҷикобод-1, Тоҷикобод-2, Яккатут, Кўл, Тутбулоқи

Сари Санг, Мирамшоҳӣ, Даҳана, Заркамар ва Ѓарав ба ҳудуди

он гузаштанд.

Деҳоти мазкур то соли 2004 номи “Навкорам”-ро дошт ва ҳамон

сол ба номи собиқадори меҳнат Гулсара Юсуфова, ки тўли 18

сол сарбаландона масъулияти раисии ҳамин Ҷамоатро уҳда кар-

дааст, номгузорӣ карда шуд. Деҳоти мазкур дар самти ҷанубу

шарқии шаҳраки Ёвон ҷойгир буда, аз ҷониби шимол бо шаҳраки

Ёвон, аз шарқ бо ноҳияи Данѓара, аз ҷануб бо деҳоти Обшорон,

аз ҷанубу ѓарб бо деҳоти Чоргул ва аз шимолу ѓарб бо деҳоти

Даҳана ҳаммарз аст.

129

Ахтари иқболи Ёвон

Ҳоло масоҳати деҳоти ба номи Г.Юсуфова ба 6315 га, шумо-

раи аҳолии он қариб ба 21 ҳазор нафар ва теъдоди деҳаҳояш

ба 10 адад мерасад (Сарқамиш, Қамбарӣ, Тутбулоқ, Обшорон,

Навкорам, Будинобод, Гулдара, Бустон-1, Бустон-2 ва Гулистон).

Маркази маъмурии деҳоти мазкур деҳаи Навкорам маҳсуб меёбад,

ки масофаи миёни он ва шаҳраки Ёвон 5 км-ро ташкил медиҳад.

Имрўз дар ҳудуди деҳоти ба номи Г.Юсуфова 1 муассисаи

томактабӣ (“Парасту”, воқеъ дар деҳаи Навкорам), 5 муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумӣ (№ № 6, 30, 49, 62, 65, мутаносибан дар

деҳаҳои Қамбарӣ, Навкорам, Бустон-2, Сарқамиш ва Гулдара),

корхонаи пахтатозакунии “Аноҳид”, Муассисаи назорати давлатии

роҳҳои автомобилгарди ноҳия, 1 истгоҳи телевизионӣ, 1 коргоҳи

дўзандагӣ, 2 пойгоҳи обкашӣ (№ № 1 ва 2), 2 маркази саломатӣ

(дар деҳаҳои Навкорам ва Бустон-2), 5 бунгоҳи тиббӣ (дар деҳаҳои

Қамбарӣ, Сарқамиш, Гулдара, Бустон-1 ва Гулистон), 2 дорухона, 1

китобхона ва 1 толори фарҳангӣ (дар деҳаи Навкорам), 6 майдони

варзишӣ, 4 коргоҳи ордбарорӣ, 4 устохонаи таъмири техникӣ, 5

нуқтаи фурўши сўзишворӣ ва зиёда аз 60 адад марказҳои хизма-

трасонию савдо фаъолият доранд.

Корхонаи азими “Аноҳид”, коргоҳи пахтатозакунӣ, се бунгоҳи

тиббӣ (воқеъ дар деҳаҳои Сарқамиш, Гулдара ва Гулистон), ду

дорухона, устохонаҳои таъмири мошинҳо, нуқтаҳои сўзишворӣ ва

қариб ҳама марказҳои савдову хизматрасонӣ дар давоми солҳои

соҳибистиқлолии мамлакат бунёд карда шудаанд. Ҳамчунин, дар

ин давра дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № №

6, 62, 65 биноҳои нави таълимӣ (маҷмўан иборат аз 16 синфхона)

ва боз дар назди 5 мактаби фавқуззикр 16 синфхонаи иловагӣ

бунёд гардидааст.

Дар 5 муассисаи таҳсилотии ҳудуди деҳоти ба номи Г.Юсуфова

3524 нафар хонандагон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 175 нафар

омўзгорон дарс мегўянд.

То солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар қисмати бештари заминҳои деҳоти ба номи Г.Юсуфова хоҷагии

кишоварзии (совхози) “Конститутсияи СССР” (аз соли 1966 то

соли 1976 “Ёвон-1”, аз соли 1994 то соли 2004 “Ба номи С.Боев”)

фаъолият дошт, ки дар заминаи он тайи солҳои соҳибстиқлолӣ

хоҷагиҳои бисёри деҳқонӣ ташкил ёфтанд. Ҳоло 335 хоҷагии деҳқонии

дар ин ҳудуд фаъолиятдошта аз 1987 га замини киштша-

130

Файзиддини Муҳаммадӣ

ванда (аз он 1781 га замини обӣ) истифода бурда, ба боѓдорию

зироаткорӣ шуѓл меварзанд.

Як зумра фарзандони деҳоти мазкур солҳои зиёд дар соҳаҳои

гуногуни хоҷагии халқ софдилона заҳмат кашида, баҳри ободонии

диёр хизматҳои арзанда кардаанд, ки Ҷўгӣ Раҳимова, Одинамоҳ

Боймуродова, Гулсара Юсуфова, Мирзо Каромов, Вайсиддин Ху-

дойбердиев, Маҳмадюсуф Иброҳимов, Ҷаббор Сатторов, Давлат

Самадов, Таѓой Бобохонов, Ҳасан Абдукаримов, Абдулло Со-

биров, Ҳайдар Амиров, Ашур Воҳидов, Сафаралӣ, Қутбиддин

ва Муслиҳиддин Малаховҳо, Ибодулло Садриддинов, Зайнулло

Ятимов,

Раҷаббек Қодиров, Ҷаҳонбек Юсуфов, Зарнигор Бой-

муродова, Ибодулло Назуров, Қодир Алифов, Руқия Раҳимова,

Раҷабалӣ Бобобеков, Нуралӣ Кабиров, Нозигул Раҳматуллоева,

Файзулло Раҳимов, Неъмат, Ҳикмат ва Сафарбек Мирзоевҳо,

Миралӣ Ҷалолов ва чанде дигарон аз ҷумлаи онҳоянд.

Собиқ раисони хоҷагии кишоварзии “Конститутсияи СССР”

Монголов Муча, Намозов Зикирхол, Нуров Рашид ва Мухаммедов

Садриддин барои ободонии деҳоти ба номи Г.Юсуфова хизматҳои

шоиста кардаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар шахсони зерин дар

вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова кор кардаанд:

Илёсов Маҳмадназар (1990-1992), Гурезов Маҳмад (1992-1995),

Нарзуллоев Ҷунайдулло (1995-2000), Азизов Насрулло (2000-2003),

Фақирова Сайлонбӣ (2003-2008), Қурбонов Қурбонназар (2008-

2013), Азизов Исмат (2013-2016).

Айни замон ин масъулиятро Боронова Умедахон Шодиевна ба

зимма дорад. Ҳоло Назуров Ҷамшед дар вазифаи муовини раис

ва Таѓоев Саидаҳмад ба ҳайси котиби Ҷамоати деҳоти ба номи

Г.Юсуфова кор карда истодаанд.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҲАСАН ҲУСЕЙНОВ

Ин Ҷамоат соли 1972 дар ҳудуди собиқ Совети қишлоқи На-

вкорам бо номи “Совети қишлоқи Озодӣ” таъсис ёфта, 30 декабри

соли 1994 ҳамчун “Ҷамоати деҳоти Озодӣ” ва охири соли 2012

бо номи “Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов” номгузорӣ

гардидааст.

Маркази маъмурии он соли 1980 аз деҳаи Озодӣ ба

деҳаи Чароѓчӣ кўчонида шудааст.

131

Ахтари иқболи Ёвон

Дар қаламрави деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов деҳаҳои Чормаѓзак,

Утаган, Дарагӣ, Челонзор, Муллобаротӣ, Ҳасанӣ, Чароѓчӣ, Ширин-

чашма, Тутак, Оҳуҷар, Гургон, Чашмасор-1, Чашмасор-2, Озодӣ,

Навобод, Дўстӣ, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Меҳристон,

Тошохур, Мирзоии Боло, Мирзоии Поён, Дунис, маҳаллаҳои 20-со-

лагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомӣ-2 ҷой гирифта-

анд (деҳаҳои Тошохур, Меҳристон, Дастгираки Поён ва Дастгираки

Боло соли 1994 аз ҳудуди деҳоти ба номи Г.Юсуфова ба деҳоти

ба номи Ҳ.Ҳусейнов гузаронида шудаанд).

Алҳол шумораи аҳолии деҳоти мазкур қариб 26000 нафар ва

масоҳати он 12555 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди он 150 км

роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта, 1437 га заминҳои

корам (аз он 1049 га заминҳои обӣ), 6181 га чарогоҳ ва 781 га

заминҳои наздиҳавлигӣ мавриди истифодаи аҳолӣ қарор доранд.

Деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов дар қисмати шимолу шарқии ноҳия,

дар доманаи қаторкуҳҳои Қаротоѓ ва Боботоѓ ҷойгир буда, таби-

ати зебову нотакрор дорад. Аҳолии ҳама деҳаҳои он аз обҳои

мусаффои

чашмаҳои куҳӣ истифода мебаранд. Аз самти ҷанубӣ

бо шаҳраки Ёвон, аз самти ҷанубу ѓарбӣ бо деҳоти Даҳана, аз

самти шимолу ѓарбӣ бо шаҳри Ваҳдат, аз самти шарқ бо шаҳри

Норак ва деҳоти ба номи Г. Юсуфова ва ҳамсарҳад аст.

Дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии

Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов хоҷагиҳои ки-

шоварзии “Сабзавоткорӣ” (соли 1988 ба номи Шариф Раҳимов

номгузорӣ гардида буд), “Дўстӣ” (соли 1979 дар заминаи совхозҳои

“Сабзавоткорӣ” ва “Конститутсияи СССР” ташкил гардидааст) ва

“Ба номи Ашур Ѓуломов” (соли таъсисёбиаш 1990) фаъолият до-

штанд, ки ба сабзавоткорӣ, боѓдорию токпарварӣ ва чорводорӣ

шуѓл меварзиданд (соли 1994 хоҷагиҳои “Ба номи Ш.Раҳимов” ва

“Ба номи А.Ѓуломов” муттаҳид гардида, соли 2002 дар натиҷаи

таҷдидёбии хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ба хоҷагиҳои хурди

деҳқонӣ тақсим шуданд.).

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар заминаи се

хоҷагии зикрёфта 890 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст.

Хоҷагиҳои боѓу токпарварии деҳоти мазкур, ки ҳоло теъдодашон

ба 375 адад расидааст, дар майдони 1017 га дарахтони себу анор,

шафтолую зардолу ва ноку ангур парвариш мекунанд. Онҳо дар

132

Файзиддини Муҳаммадӣ

зарфи 25 соли охир дар майдони 215 га боѓу токзори нав бунёд

намудаанд.

Дар фермаҳои ширию молии ҶДММ “Ваҳдат”, кооперативи

истеҳсолии “Ба номи Р.Нуров” ва боз ду фермаи дигари ширию

молии ҳудуди деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов қариб 700 сар чорвои

калон ва беш аз 3500 сар моли майда нигоҳубин карда мешавад.

Яке аз корхонаҳои азими саноатии ноҳия- Корхонаи оҳакбарорӣ,

ки то замони Истиқлолият дар таъмини ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти

саноатии маҳал нақши калон дошт, дар байни деҳаҳои Дарагӣ ва

Челонзори деҳоти мазкур ҷойгир аст. Соли 2005 ҶДММ “Ѓаюр” ин

корхонаро хусусӣ гардонида, бо ворид намудани технология ва

таҷҳизоти ҳозиразамон онро пурра азнавсозӣ намуд. Ҳоло он дар

як сол беш аз 400 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад. Роҳбарии

корхонаи зикргардидаро соҳибкори ҷавон Акмал Ѓуломов ба уҳда

дорад.

Соли 2013 бо ибтикори роҳбари ҶДММ “Ѓаюр” Акбар Ѓуломов

дар ҳамкорӣ бо ширкати чиноии “Хуаксин семент” дар шафати

корхонаи мазкур корхонаи “Хуаксин Ѓаюр семент” бунёд гардид,

ки он вақт дар ҳудуди Осиёи Миёна беҳамто буд. Айни замон

сементи хушсифати корхонаи “Хуаксин Ѓаюр семент” дар бозори

дохилию хориҷӣ харидорони зиёд дорад. Тайи се соли охир ин

корхона дар амри ѓанӣ гардидани буҷаи маҳал ва афзоиш ёфтани

маҳсулоти содиротии ноҳия нақши беназир гузошта истодааст.

Коргоҳи “Сангшикани Ёвон”, ки соли 2011 дар ҳудуди деҳаи

Оҳуҷар, дар соҳили дарёчаи Ёвонрўд бунёд карда шудааст, бо

истеҳсоли қуму шаѓал дар таъмини маҷмўи маҳсулоти саноатии

ноҳия саҳмгузор аст.

Дар ҳудуди деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов 13 муассисаи таҳсилоти

ҳамагонӣ мавҷуд аст, ки 1-тои он дар замони соҳибистиқлолии

мамлакат бунёд ёфтааст (№ 70). Ҳамчунин, тайи ду соли охир

муассисаҳои

таҳсилоти миёнаи умумии № № 11 ва 58 ба биноҳои

хушсохти навбунёд кўчонида шуда, айни замон дар назди му-

ассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 сохтмони бинои нави

муҳташам идома дорад. Дар назди мактаби № 9 бунёд ёфтани

бинои нави таълимӣ ва дар назди дигар муассисаҳои таҳсилотии

ҳудуди деҳот мавриди истифода гирифтани зиёда аз 60 синфхонаи

иловагӣ низ аз ҷумлаи самараҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

133

Ахтари иқболи Ёвон

Тоҷикистон мебошад. Ҳоло шумораи хонандагони ин муассисаҳо

4635 нафар ва омўзгорон 251 нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷумлаи хатмкардагони муассисаҳои таъ-

лимии ҳудуди деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов 3 нафар ба гирифтани

унвони Доктори илм мушарраф гардида (Иброҳимов Холназар, Ша-

ропов Фаррух ва Маҳмадова Меҳрӣ), 11 нафар номзади илмҳои гу-

ногун шудаанд (Раҷабов Таѓоймурод, Ашуров Сироҷиддин, Раҷабов

Фахриддин, Акрамов Убайд, Раҳмонов Қиёмиддин, Каримова Иди-

гул, Тураев Сабур, Музаффаров Бадриддин, Раҳимов Наврўз,

Тилабов Ёрибек ва Гулмуродов Исомиддин). Имрўзҳо 9 нафар

сокинони ин деҳот ба ҳайси муаллим ва ходимони калони илмӣ,

5 нафар ҳамчун ассистент дар макотиби олии кишвар фаъолият

дошта, якчанд нафар дар аспирантураҳо ва зиёда аз 800 нафар

дар донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ таҳсил мекунанд.

Аз 15 нуқтаи тиббии ҳудуди деҳот 4 адади онро марказҳои

саломатӣ ва 11 ададро бунгоҳҳои тиббӣ ташкил медиҳанд. Дар

давоми

солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар деҳаҳои Чормаѓзак

ва Ширинчашма марказҳои саломатӣ, дар деҳаҳои Дарагӣ, Муллобаротӣ,

Чашмасор-2, Навобод, Дастгираки Боло ва Тошохур

бунгоҳҳои тиббии нав бунёд гардида, ҳоло дар деҳаҳои Чормаѓзак,

Дўстӣ ва Ширинчашма бунёди марказҳои нави саломатӣ идома

дорад.

Айни замон теъдоди муассисаҳои фарҳангии деҳоти ба номи

Ҳ.Ҳусейнов 10 адад (7 китобхонаи оммавӣ ва 3 толори фарҳангӣ)

ва иншооти варзишӣ 8 ададро ташкил медиҳанд (3 толор ва 5

майдон). Ду китобхона ва ҳама иншооти варзишии мазкур дар

давраи Истиқлолияти давлатӣ сохта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки як зумра фарзандони номдори деҳоти ба

номи Ҳ.Ҳусейнов, аз қабили Шариф Раҳимов, Ҳасан Ҳусейнов,

Тилло Солиев, Шоҳин Боев, Султон Холов, Усмон Файзов, Абдулҳамид

Саидов, Сафо Холов, Сироҷ Шарипов, Раҳмон Айналов,

Қурбон Холов, Қодир Шоҳназаров, Бой Шарипов, Фақер Ҳалимов,

Қутбиддин Сафархолов, Маҳмадюсуф Таѓоев, Аҳмадҷон Самадов,

Сафолбек Шаропов, Ҷурахон Фатҳуллоев, Наимов Тура, Файзул-

ло Шарифов, Саломатшоҳ Ҳасанов, Абдуқаюм Мирзоев, Солеҳа

Каримова, Ҷунайдулло Буриев, Сангалӣ Музаффаров, Абдусат-

тор Шамсов, Абулхайр Нарзуллоев, Қурбоналӣ Азизов, Сироҷ

Муродов, Муҳаммадҷон Зоѓов, Мавлуда Ҳасанова, Зайналобид-

134

Файзиддини Муҳаммадӣ

дин Ҳусейнов, Маҳмадулло Носиров, Қурбони Собир, Шамсиддин

Раҳимов, Тоҷинисо Маҳмадова, Нурулло Раҳматуллоев, Эмомалӣ

Алимардонов, Камол Боймуродов, Маҳмуд Ҳоҷиев, Қаҳҳорбек

Ҳасанзода ва боз бисёр дигарон то замони Истиқлолияти давлатӣ

ва дар дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри пеш-

рафти соҳаҳои хизмати давлатӣ, илму маориф ва саноату кишо-

варзии ноҳия ва кишвар содиқона хизмат кардаанд.

Дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

вазифаи роҳбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейновро шахсо-

ни зерин ба зимма доштанд: Ҳоҷиев Маҳмуд (1988-1993), Боваев

Қалуѓшоҳ (1993-2000), Алимардонов Эмомалӣ (2000-2005), Азизов

Шарифхон (2005-2006), Азизов Исмат (2006-2008), Алимардонов

Эмомалӣ (2008-2010), Шарифова Тоҷинисо (2010-2015).

Аз соли 2015 то инҷониб раиси Ҷамоати мазкур Муродов Исо

мебошад.

Айни замон Боев Илёс ва Холов Сулаймон дар вази-

фаи муовинони раис ва Муродов Сафархон дар вазифаи котиби

Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов кор карда истодаанд.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИТОРАИ СУРХ

Деҳоти Ситораи Сурх 15 феврали соли 1977 дар қисмати ҷанубии

ноҳия аз ҳисоби ҳудуди деҳоти Обшорон ва шаҳраки Ҳаёти

Нав таъсис дода шудааст.

Масофаи байни шаҳраки Ёвон ва деҳоти Ситораи Сурх (мар-

кази маъмурии он деҳаи Рўдакӣ дар назар аст), 22 километрро

ташкил медиҳад. Деҳоти мазкур 13100 га масоҳат ва беш аз 21

ҳазор нафар аҳолӣ дошта, аз ҷониби шарқ бо ноҳияи Данѓара, аз

шимол бо деҳоти Обшорон, аз ѓарб бо деҳоти Норин ва шаҳраки

Ҳаёти Нав ва аз ҷануб бо ноҳияи А.Ҷомӣ ҳамсарҳад аст.

Дар ҳудуди деҳоти Ситораи Сурх 11 деҳа: Деҳқонобод, Меҳнатобод,

Калфи Сабад, Навобод, Зафаробод, Рўдакӣ, Фирдавсӣ,

Пахтакор,

Фурқат, Чўпонобод ва Шота Руставелӣ; 8 муассисаи

таҳсилоти

миёнаи умумӣ (№ № 27, 29, 32, 33, 35, 37, 38, 40); 2

маркази

саломатӣ (дар деҳаҳои Рўдакӣ ва Фурқат); 9 бунгоҳи тиббӣ

(дар деҳаҳои Деҳқонобод, Меҳнатобод, Калфи Сабад, Навобод,

Пахтакор, Фирдавсӣ, Шота Руставелӣ (2 адад) ва Чўпонобод); 3

китобхона (дар деҳаҳои Рўдакӣ, Фурқат, Шота Руставелӣ) ва 1

Кохи фарҳанг (дар деҳаи Рўдакӣ) ҷойгир шудаанд.

135

Ахтари иқболи Ёвон

Дар байни деҳаҳои мазкур деҳаҳои Калфи Сабад ва Навобод

таърихи нисбатан қадима дошта, аксарияти аҳолии онҳо асосан

аз собиқ деҳаҳои Калфи Сабади куҳна, Анористон, Газаи Қоқ,

Қўшбулоқ, Кўл, Куҳкўтал ва Қавқолӣ дар давоми солҳои 30-уму

40-юми асри гузашта кўчида омадаанд (ин 6 деҳа бо обёрӣ шу-

дани ноҳия, аввали солҳои 70-ум матрук гардида, аҳолии онҳо,

ки тахминан 350-400 оиларо ташкил медоданд, асосан ба деҳоти

Калфи Сабади имўза, Навобод (Чойхона), Қирѓочак (деҳоти Об-

шорон) кўчонида шуданд).

Як қисмати сокинони деҳаҳои Оби Ошиқ, Челон ва Заранбулоқ

дар деҳаҳои Пахтакор ва Фурқат маскан гирифта, дар ҳамроҳӣ

бо муҳоҷирони ихтиёрӣ ва экологӣ, ки охири солҳои 60-уми

асри сипаришуда асосан аз ноҳияи А.Ҷомӣ кўчида омадаанд,

маҳаллаи мазкурро ба як мавзеи ободу зебо табдил додаанд.

Деҳаҳои Деҳқонобод, Меҳнатобод, Зафаробод, Фирдавсӣ, Пах-

такор, Шота Руставелӣ ва Чўпонобод низ аз тарафи муҳоҷирони

экологии навоҳии Рашт, Оби Гарм, Файзобод, Данѓара, Турсунзода

ва А.Ҷомӣ бо обёрӣ гардидани водии Ёвон (охири солҳои 60-ум

ва ибтидои солҳои 70-ум) таъсис ёфтаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат инфрасохтори

ҳама деҳаҳои мазкур таҳким ва ташаккул ёфта, сатҳу сифати ҳаёти

сокинони онҳо бамаротиб беҳтар гардидааст.

Дар ин давра дар ҷои биноҳои куҳнаи муассисаҳои таҳсилоти

миёнаи умумии № № 35, 37 ва 38 биноҳои наву замонавӣ мута-

носибан барои 1100, 1050 ва 240 нафар хонанда, инчунин, дар

назди мактабҳои боқимонда 17 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст.

Ҳоло дар 8 муассисаи таълимии деҳоти Ситораи Сурх наздики

5100 нафар хонандагон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 265 нафар

омўзгорон дарс мегўянд.

Тайи чанд соли охир дар деҳаҳои Меҳнатобод, Деҳқонобод ва

Шота Руставелӣ бунгоҳҳои тиббии нав бунёд гардида, 8 муасси-

саи тиббии боқимонда пурра азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири

тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар муассисаҳои мазкур ҳамагӣ

46 нафар духтурон ва кормандони миёнаи тибб ба аҳолӣ хизмат

мерасонанд.

Бо ташаббуси бунёдкоронаи шодравон Хушвахт Ҷураев, ки

он замон вазифаи роҳбарии собиқ хоҷагии “Ёвон-4”-ро ба зимма

дошт, соли 1999 идораи бинои Ҷамоати мазкур ба бинои азнав-

136

Файзиддини Муҳаммадӣ

сохташуда кўчонида, соли 2002 толори фарҳангии деҳаи Рўдакӣ

ба Кохи фарҳанги боҳашамат табдил дода шуд.

Китобхонаи деҳаи Шота Руставелӣ (2013), пойгоҳҳои обкашӣ

дар деҳаҳои Чойхона (2014), Оби Ошиқ (2014), Калфи Сабад

(2015) ва даҳҳо нуқтаҳои хизматрасонию тиҷоратӣ, ки аз бара-

кати Истиқлолияти давлатии мамлакат дар деҳоти Ситораи Сурх

бунёд карда шудаанд, боиси беҳбудӣ ёфтани ҳаёти сокинони ин

гўшаи ноҳия гаштаанд.

Чун дигар мавзеъҳои ноҳия дар ҳудуди деҳоти Ситораи Сурх

низ соҳаи кишоварзӣ, алалхусус, пахтакорӣ афзалият дошта,

машѓулияти асосии сокинонро таъмин менамояд. То соли 2008

фаъолияти ин соҳа ба собиқ хоҷагии иҷоравии “Ёвон-4” воба-

ста буд. Дастовардҳои камназири хоҷагии мазкур, ки ба ҳисси

масъулиятшиносӣ ва дараҷаи баланди ихтисосмандии роҳбари он

Холмурод Мирзобеков ва сипас пайрави мактаби кории ў Хушвахт

Ҷураев иртиботи бевосита доранд, на танҳо дар ноҳияву вилоят,

ҳатто дар миқёси ҷумҳурӣ маълуму машҳуранд. Собиқ хоҷагии

иҷоравии “Ёвон-4” охири солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокии

заминҳои пахтаро аз ҳар як гектар то ба 39,8 сентнер расонида,

ҳамасола қариб то 8000 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ ме-

намуд.

Алҳол дар заминаи хоҷагии мазкур 506 хоҷагиҳои хусусӣ таъ-

сис дода шудааст, ки аз он 458 хоҷагии деҳқонӣ ва 48 хоҷагии

ёрисасон мебошад. Миқдори заминҳои обии деҳоти Ситораи Сурх

3358 га ва заминҳои лалмию чарогоҳҳои он 7000 гектарро ташкил

медиҳад.

Сокинони деҳоти мазкур собит намудаанд, ки заминдорӣ шуѓли

сердаромад аст ва сирри муваффақияти деҳқони заҳматкаш дар

муносибати оқилонаву ѓамхоронаи ў бо замин мебошад.

Аз меҳнати ҳалол даромад пайдо намудану баҳри ободонии

маҳал саҳми сазовор гузоштан, ҳарчӣ бештар ҷаҳон гаштану неку

бадро дар амал санҷидан аз ҷумлаи хислатҳои фитрии мардуми

ин мавзеъ аст. Як қатор парвардагони обу хоки деҳоти Ситораи

Сурх, аз қабили Нуралӣ Шодмонов, Хуррам Раҳимов, Таѓоймурод

Хушвахтов,

Ҳукмиддин Фозилов, Алӣ Эшназаров, Холмурод Мирзо-

беков, Акбар Воҳидов, Гулмирзо Ҳафизов, Маҳмадраззоқ Воҳидов,

Ҳабибулло Шолчаев, Қандӣ Ҷураев, Абдураҳмон Тилабов, Нар-

зулло Валиев, Амир Раҳматуллоев, Имомиддин Гурезов, Худо-

137

Ахтари иқболи Ёвон

ёр Акрамов, Маҳмадѓафур Ҳомилов, Бобохуҷа Шоев, Бозорқул

Қодиров, Маҳмадшукур Ҳомилов, Абдусаттор Убайдуллоев,

Маҳмурод Ҳомилов, Нурулло Алиев, Гурез Валиев, Ҳабибулло

Алиев, Хушвахт Ҷураев, Нуриддин Давлатов, Сафар Қандиев, Мир-

зобек Шарипов, Мирзо Аъзамов, Сайдалӣ Зарифов, Холмуҳаммад

Раҳимӣ, Абдулло Бобохонов ва боз бисёр дигарон дар соҳаҳои

илму санъат ва хоҷагии халқ хизматҳои шоиста карда, сазовори

эҳтироми мардум гаштаанд.

Тайи 25 соли охир шахсони зерин вазифаи раиси Ҷамоати

деҳоти Ситораи Сурхро ба зимма доштанд: Саидов Каримҷон

(1989-1992), Гурезов Эмомиддин (1993-1996), Алиев Ҳабибулло

(1996-2006), Мирзоев Абдуллохон (2006-2008), Одинаева Моҳинав

(2008-2013), Акбарзода Рустам (2013-2016).

Аз моҳи феврали соли 2016 то ҳоло ин масъулият бар дўши

Ѓаффоров Абдурасул Абдуҷабборович гузошта шудааст. Айни за-

мон Нуралиев Неъмат муовини раис ва Гурезова Мавлуда котиби

Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх мебошанд.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРГУЛ

Деҳоти Чоргул соли 1983 дар қисмати ҷанубу ѓарбии ноҳия

аз ҳисоби заминҳои деҳоти Норин ва Обшорон ташкил гардида,

18 км дуртар аз шаҳраки Ёвон, дар соҳили рости Ёвонрўд ҷойгир

шудааст. Масоҳати он 7642 га ва шумораи аҳолияш зиёда

аз 16000 нафар мебошад. Дар қаламрави деҳоти Чоргул 30 км

роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 35 км роҳҳои аҳамияти

маҳаллидошта мавҷуданд. Бо деҳоти ба номи Г.Юсуфова (аз

самти шарқ), Норин (аз ҷанубу ѓарб), Обшорон (аз ҷанубу шарқ)

ва Даҳана (аз шимолу шарқ) ҳаммарз аст. Деҳаи Чоргул маркази

деҳоти мазкур мебошад. Дар наздикии ин деҳа ёдгории таъри-

хие бо номи “Чоргулқалъа” ҷойгир аст, ки ба асрҳои III-V мелодӣ

мансуб мебошад (мутаассифона, солҳои 80-уми асри гузашта

Чоргулқалъа ба хок яксон гардида, имрўз аз он, қариб ки нишоне

боқӣ намондааст).

Дар ҳудуди деҳоти Чоргул 5 деҳаи калон- Чоргул, Кўлобод,

Гулафшон, Сабзазор ва Шурча, инчунин, корхонаҳои саноатии

“Тоҷиккимсаноат”, “Маркази барқию гармидиҳӣ”, “Криолит”, “Рам-

зи Ам