Сафари намояндагони сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим ба ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 16 May 2018
  • By: korbar

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон, ки аз 10 то 14 майи соли 2018 баргузор гардид, рўзҳои 11-13 май 170 нафар сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим таҳти сарпарастии муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдуназар ба ноҳияи Ёвон сафар карданд.        

Меҳмононро рўзи 11 май, соати 17:30 дар саҳни Кохи фарҳанг раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Маросими пешвозгириро ҳунарнамоии аҳли фарҳанги ноҳия шукӯҳи зиёд бахшид.

Ҳама меҳмонон бо мақсади ошноии бештари онҳо бо урфу одат ва тарзи зиндагии сокинони ноҳияи Ёвон муддати ду рўз дар манзилҳои истиқоматии мардуми маҳаллӣ ҷойгир карда шуданд.

Рўзи 12 май бо иштироки меҳмонон ва намояндагони аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ёвон чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз қабили маҳфилҳои “Ширу шакар” (бо иштироки зиёиён, дар МТМУ №57), “Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат” (бо иштироки занону духтарон, дар Кохи фарҳанг), “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” (бо иштироки ҷавонон, дар МТМУ №16), Намоиши ҳунарҳои мардумӣ (дар Боғи “Ғалаба”-и шаҳраки Ёвон) баргузор гардиданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз ҳайати меҳмонон аз як қатор корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, гармхонаҳо, нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон ва дигар мавзеъҳои тамошобоби ноҳия дидан карданд.

Ҳамин рӯз, соати 17:30 дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки ҳунармандони ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Ёвон барномаи консертии “Шоми дӯстӣ” намоиш дода шуд, ки онро беш аз 4000 меҳмонону сокинони ноҳия тамошо карданд.

Шоми 12 май ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон дар тарабхонаи “Ёвон” барномаи рангини фарҳангӣ ва зиёфати расмии расмии раиси ноҳияи Ёвон доир гардид.

Субҳи 13 май дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон маросими ботантанаи гусели меҳмонон ба самти маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Ин гуна чорабиниҳо, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд, бешубҳа, барои боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, густариш пайдо намудани муносибатҳои дӯстона ва мақоми шоиста касб кардани арзишҳои миллӣ мусоидати фаъол хоҳанд дошт.