Ҳисоботи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2018

  • Posted on: 16 April 2018
  • By: korbar

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалаии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар семоҳаи аввали соли 2018 баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 293 млн. 968,4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 201769 млн. 716,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 258 млн. 519,3 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 35 млн. 449,1 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 67 млн. 306,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва 2 млн. 410 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ бештар аст.

Нақшаи пешбинишудаи даромади буҷети маҳаллӣ ба қадри 95,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 38 млн. 473,3 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 36 млн. 605,5 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки нисбати нақша 1,8 млн. сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 7 млн. 945,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зиёдшавии пардохтҳои андоз аз ҳисоби андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз барои захираҳои табии, боҷи давлатӣ, андоз тибқи низоми соддакардашуда, андози ягона ва дигар пардохтҳои маҳаллӣ мебошад.

Қисми хароҷоти буҷа дар ин давра 100,0 фоизро ташкил медиҳад.Аз 18 млн.869,1 ҳазор сомонии банақшагирифташуда 18 млн.962,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо азхуд гардида, барои соҳаҳои маориф 11 млн.916,1 ҳазор сомонӣ (101%), тандурустӣ 4 млн.367,0 ҳазор сомонӣ (100%), мақомоти роҳбарикунанда 691,7 ҳазор сомонӣ (99%), соҳаи фарҳанг 305,3 ҳазор сомонӣ (100%), соҳаи кишоварзӣ 41,9 ҳазор сомонӣ (100%), хоҷагии манзилию коммуналӣ 301,7 ҳазор сомонӣ (100%), идораи сохтмон1 млн. сомонӣ (100%) ва барои дигар хароҷотҳо 120,9 ҳазор сомонӣ  маблағгузорӣ карда шудааст.        

Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ барои пардохти нафақаи 13 ҳазору 728 нафар нафақахӯрони ноҳия, ки хароҷоти моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна 3 млн. 415,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, шароит фароҳам овард ва нафақахӯрону ниёзмандон саривақт бо нафақапулӣ таъмин гардиданд.

Дар корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ 12 млн.890,4 ҳазор сомонӣ музди  меҳнат ҳисоб карда шудааст, ки аз ин маблағи андози иҷтимоӣ 3 млн.46,3 ҳазор сомониро  ташкил  медиҳад. Дар ин давра маблағҳои андози иҷтимоӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ ба буҷа ворид  карда шудааст.

Бақияпулиҳои андозҳои давлатӣ ба ҳолати 1 апрели соли 20187 млн.649,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба аввали соли равон2 млн. 88,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

         Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби маҷбуран ситонидани андозҳои давлатӣ 806,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

       Кишоварзони ноҳия аз имконияту шароитҳои дохилӣ истифода бурда,имсол дар майдони 9433 га зироатҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ кишт карданд, ки аз он 6690 га зироатҳои ғалладонагӣ, 6165 га гандум, 853 га зироатҳои техникӣ, 250 га картошка, 1150 га сабзавот пиёз 900 га, 110 га карам, 80 га сабзӣ ва 60 га дигар сабзавотҳо мебошад.

       Дар ҳама хоҷагиҳои кишоварзӣ техникаҳои кишткунанда, ҳамворкунанда ва тухмипошакҳо омодаи кишт  қарор дошта, мувофиқи меъёри кишт пумбадонаи тухмӣ мавҷуд аст ва хоҷагиҳои пахтакор дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаҳои пахтатозакунӣ ва ширкатҳои сармоягузор фаъолият намуда истодаанд.

       Алҳол дар ноҳия 8855 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки ин баробари 77,0фоизи дурнамо аст. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида кишти пахта бояд дар давраи аз 5 апрел то 25 апрел ба итмом расонида шавад. Имрӯзҳо кишти ин намуди зироат бомаром идома дорад.

       Имсол мувофиқи талаботи“Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” хоҷагидорони ноҳиядар заминҳои корами лалмӣ ва талу теппаҳое, ки намнокиаш ба бунёди боғу токзор мусоидат менамояд, дар майдони 11 га боғу токзорҳои нав (9 га боғ ва 2 га токзор) бунёд намуданд.

       Алҳол дар майдони 15,2 га гармхонаҳои доимоамалкунанда мавҷуданд, аз он 14,0 га ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва ёрирасони кишоварзӣ ва 1,2 га ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ доранд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар ин давра аз гармхонаҳои мазкур203,4 тонна сабзавот ба бозорҳои ноҳия ва ташкилоту корхонаҳо ба фурӯш бароварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134,5 тонна зиёд мебошад.

         Баҳри амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзотгардонии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”ҳоло дар ҳама бахшҳои чорводории ноҳия 95 ҳазору 574 сар чорвои калони шохдор, аз он 47 ҳазору 784 сар модагов, 182 ҳазору 246  сар чорвои майда, 6131 сар асп, 190 ҳазору 278  сар  парранда ва 4391 оилаи занбӯри асал парвариш меёбанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 778 сар чорвои калони шохдор, 293 сар модагов, 6956  сар чорвои майда, 29 сар асп, 1502 сар парранда зиёд мебошад.

         Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ чорводорони ноҳия 6471,0 тонна шир, 565,0 тонна гӯшт, 2888,5 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 32,0 тонна гӯшт, 290,0 тонна шир ва 124,4 ҳазор дона тухм бештар аст.

         Кирмакпарварӣ низ яке аз соҳаҳои асоси хоҷагии халқи ноҳия ба шумор меравад.Имсол дар ноҳия истеҳсоли 32,0 тонна пилла ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади иҷрои он алҳол парвариши кирмак идома дорад.

Дар ин давра мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замини ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ченаки кишти картошка ва аз тарафи кумитаи ноҳиявӣ ченаки кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, натиҷаи он тибқи намунаҳои тасдиқгардида ба кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи идораи замини вилояти Хатлон пешниҳод карда шуд. Натиҷаи ченаки кишти зироатҳо ва кишти байни қаторҳо ҳамарӯза тибқи намунаҳои тасдиқгардида бо мувофиқаи шуъбаи омор ва раёсати кишоварзии ноҳия ба кумитаи идораи замини вилояти Хатлон пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ то ба имрӯз ба маблағи 126,0 ҳазор сомонӣ корҳои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, шабакаҳои обёрӣ ба дарозии 36 км ба маблағи 497 ҳазор сомонӣ, таъмири дидбонгоҳҳои обченкунӣ 18 адад, таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 22 адад, таъмири дастгоҳҳои обкашӣ 52 адад, таъмири трансфарматорҳо 13 адад, таъмири силсилаҳо 75 адад, таъмири ғалақаҳо 62 адад, ҷамъ ба маблағи 3 млн. 264,4 ҳазор сомонӣ корҳоро ба сомон расонида шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳия 3 бозори доимӣ(ҶДММ «Бозори Марказӣ» ва ҶДММ «Ансор»), 4 бозори яквақта («Ганҷи Деҳқон», «Сомон», «Шурча» ва «Фаровон»), ҷамъ 7бозор фаъолият доранд.

Дар давоми семоҳаи аввали имсол муомилоти мол дар бозорҳои ноҳия 55,7 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.          

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 дар ноҳия маҷмӯи маҳсулотҳои саноатӣ ба 258 млн. 519,3 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.   

Қайд намудан ҷоиз аст, ки ибтидо аз моҳи декабри соли 2015 ноҳияи мо ба ноҳияи содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ табдил ёфт ва дар ин муддат аз корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 236 ҳазору 135 тонна семент, 35 тонна намаки ошӣ, 107 ҳазору 506 дона гачкартону варақаҳои гачӣ, 302,9 тонна риштаи пахтагин, 575,7 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ва 14,4 тонна риштаҳои рангкардашуда ба маблағи умумии 93 млн. 599 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 37 млн. 943 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо содироти маҳсулот бомаром идома дорад.

 Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қарор «Дар бораи  Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул мегардад. Соли равон дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор додани се коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳо коргоҳи ордбарорӣ бо иқтидори коркарди 2,3 ҳазор тонна гандум дар як сол бо 10 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои азбестӣ, бо иқтидори истеҳсоли 70 ҳазор бомпӯшҳо дар як сол барои 12 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли рангҳои эмулсионии шусташаванда бо иқтидори истеҳсоли 700 тонна рангҳо дар як сол барои 12 ҷойи корӣ ба нақшаи гирифта шудааст, ки дар муҳлатҳои муайян мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. 

Дар ин муддат баистифодадиҳии фондҳои асосӣ дар соҳаи сохтмон ба зиёда аз 20 млн. 700 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017   15 млн 305 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

                Дар ин муддат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 60 иншоотҳои фароғатӣ, маданӣ, хизматрасониву маишӣ, тандурустӣ, манзилҳои хусусии шаҳрвандон ва ғайраҳо ба итмом расонида, мавриди истифода қарор дода шуданд.                                                        

               Яке аз ин иншоотҳои муҳими стратегии ноҳия пули мошингарди назди «Бозори марказӣ»-и шаҳраки Ёвон, ки рӯзи 25 апрели соли 2014 дар натиҷаи омадани сел ба дарёчаи Ёвонрӯд афтода, ба куллӣ аз байн рафта буд, алҳол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон барқарор гардида истодааст.

Маблағи лоиҳаи барқарорсозии пули мазкур 23 млн. сомонӣ лозим ташкил медиҳад ва он то рӯзи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. То ҳоло бо истифода аз имкониятҳо дар иншооти мазкур ба маблағи 14,6 млн. сомонӣ, ки аз ин 5 млн. 200 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳал пардохт карда шудааст, корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.

                Дар  семоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби ҶСК “Шабакаҳои барқии Ёвон” 99,3 млн. кВт/с нерӯи барқ қабул карда шудааст, ки аз ин 85,1 млн. кВт/с-ро барқи фоиданок ва 14 фоизро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобкардашуда 29 млн. 921,8 ҳазор сомониро ташкил дода, то имрӯз аз он 28  млн. 0,1 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 93,6 фоиз ҷамъоварӣ карда шудааст.

              Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зебову тоза нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, оро додани гулгаштҳо ва дар ҳолати хуби меъморӣ қарор додани биноҳои баландошёна ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард мебошад.

Дар ин давра аз ҳудуди шаҳраки Ёвон ба миқдори  5 ҳазору 840  метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ кашонида, 7 ҳазору 110 метри тӯлонӣ ҷӯйборҳои обгузар аз лойю ифлосиҳо тоза карда шудаанд. Дар мавсими ниҳолшинонӣ   аз ҷониби корхонаи  350 бех дарахтони ороишӣ  шинонида шуда, то ин ҷониб 7500 ҳазор бех гулҳои садбарг ва 2500 дона гулҳои мавсимӣ дар кӯчаҳо ва гулгашту хиёбонҳои шаҳраки Ёвон шинонида шуд.  Корҳои ободониву кабудизоркунӣ бомаром идома доранд.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия  масъулияти нигоҳубин ва таъмири 233,3 км роҳҳои автомобилгарди ноҳияро ба уҳда дорад, ки аз ин 79,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад, ки ҳаракати нақлиётҳои сабукраву боркаш тавассути ин роҳҳо ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта пайваста идома дорад.

Новобаста аз он ки ҳамасола барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз буҷаи маҳал маблағҳо ҷудо гардида, таъмирҳои ҷорӣ гузаронида мешаванд, дар натиҷаи гаштугузори шабонарӯзии нақлиёти гаронвазни бо бори аз меъёр зиёд ҳаракаткунанда роҳҳои автомобилгарди ноҳия, хусусан 79,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон-А.Ҷомӣ ва Ёвон-Ваҳдат вайрону валангор гардидаанд.

Тайи солҳои охир бозгашти шаҳрвандон аз муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд гардида, бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ба масъалаи ҳалталаб табдил ёфтааст. Дар давоми семоҳаи аввали соли равон 576 нафар шаҳрвандони бекор ҷиҳати дарёфти ҷои кори дилхоҳ муроҷиат намудаанд, ки 329 нафари онҳо дар асоси роҳхат бо кор таъмин карда шудаанд. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф соли ҷорӣ 58 млн. 591 ҳазору 414 сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки ин барои пардохти музди маоши омӯзгорону кормандон ва муҳайё намудани шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равона мегардад.

Дар давоми соли таҳсили 2017-2018 ҷиҳати рафъи мушкилоти норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар деҳаи Меҳристони деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бинои нави ҳозиразамони МТМУ №57 барои 640 нафар, инчунин дар назди 11 муассисаи таълимӣ 23 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд ва ҳоло дар кӯчаи ба номи А.Ҷомии шаҳраки Ёвон сохтмони бинои сеошёнаи як муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар назди 8 муассиса бунёди 18 синфхона идома ёфта истодааст. 

Бо назардошти ҳамасола то 2500-3000 нафар зиёд шудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷиддитар гаштани мушкилоти ҷойҳои нишаст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии иттиҳодияҳои динӣ то оғози соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1334 миз, 2668 курсӣ ва 162 тахтаи синфӣ дастрас менамояд.

Мутобиқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар ноҳия сохта ба истифода додани 8 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ ва 12 бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳои мавҷуда ба нақша гирифта шудааст, ки ин тадбир метавонад дар ҳалли мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия такони ҷиддӣ бубахшад.

Соли равон ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии худ 137 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳри Бохтар гузашта, 1080 нафар омӯзгорон ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд.

Иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ гувоҳӣ медиҳад, ки та туфайли ислоҳоту навсозии соҳаи маориф, таҷдиди назари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, ба қадри имкон бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидани толибилмон, беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сифати таълим сол то сол беҳтар гардида истодааст.

Дар даври сеюми олимпиадаҳои фаннӣ, ки моҳҳои январ-феврал дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардиданд, 168 нафар хонандагони муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия ширкат варзида, 35 нафари онҳо, аз ҷумла 8 нафар хонандагони синфи 11 бо ба даст овардани ғолибият ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 4 нафар хонандагони синфи 11 имкони дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи номии даставӣ иштирок карданро ба даст оварданд.

Алҳол бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар миёни хонандагони синфҳои 5-8 аз фанҳои математика, физика ва география озмунҳои фаннӣ ҷараён гирифта истодаанд, ки ин баҳри баланд намудани сатҳи донишандӯзии толибилмон мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади мусоидат намудан дар таҳсилоти касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст. То охири моҳи март аз 3051 нафар хонандагони синфи 11 зиёда аз 67 фоизи онҳо бо мақсади дохил шудан ба макотиби олӣ ва литсейҳои касбии техникӣ ба ММТ ҳуҷҷат супоридаанд.

Кормандони соҳаи маориф вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ карда истодаанд.

Ҷойи зикр аст, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №835 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва қарори дахлдори раиси ноҳияи Ёвон аз 17 марти соли 2017, №396 дар 107 маҳаллаву деҳаҳо, дар назди 9 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 80 муассисаи таълимӣ 196 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба татбиқи Қонуни болозикр таъсис дода шудааст.

Имрӯз бо мақсади нигаҳдошти саломатии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳия беморхонаи марказии ноҳия (дорои 22 шуъба, 3 беморхонаи рақамӣ, 3 маркази махсусгардонидашуда), 22 маркази саломатии деҳотӣ, 53 бунгоҳи саломатӣ 7 нуқтаи тиббӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ ва 8 адад марказҳои махсус (тибби оилавӣ, мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, солимии репродуктивӣ, эмтаъминкунӣ, тарзи ҳаёти солим, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, мубориза бар зидди бемории ВНМО ва стоматологӣ) амал мекунанд, ки дар онҳо 189 нафар табибон ва 905 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Алҳол ҷиҳати таъмини рушди соҳаи тандурустии ноҳия дар як қисмати комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ корҳои таъмирию азнавсозӣ идома ёфта истодаанд. Аз 5 маркази саломатие, ки бунёд намудани онҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст, сохтмони 2-тои онҳо (дар деҳаи Дӯстии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов ва деҳаи Кӯлободи деҳоти Чоргул) дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

         Дар давоми се моҳи сипаришуда дар ноҳия 1470 нафар кӯдак таваллуд шудааст (нишондоди таваллуд 6,3 %-промил). Аз ин шумора 10 нафар кӯдакон (0,7 %) дар хона таваллуд ёфтаанд. Нишондиҳандаи таваллуди навзодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 нафар ва таваллуди хонагӣ 14 ҳолат камтар ба қайд гирифта шудааст.

         Фавти ҳамагон дар ин давра 168 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 134 нафар калонсолон, 34 нафар кӯдакону наврасони то 18-сола мебошанд (кӯдакони то 1-сола: 27 нафар).

         Аз аввали сол то имрӯз дар шуъбаҳои беморхона 4799 нафар беморон бистарӣ гардида, 4738 нафари онҳо вазъи сиҳатии худро барқарор кардаанд (иҷроиши кат/рӯз: 50,8 фоиз).

Тайи се моҳи аввали соли 2018 дар корхонаҳои истеҳсоли маводи хӯрока, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, ошхонаву дӯконҳо, бозорҳо, иншооти коммуналӣ ва муассисаҳои томактабию мактабӣ 169 маротиба санҷишҳо гузаронида, нисбати 112 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар рафти санҷишҳо 18 номгӯйи маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истифодаашон гузашта дар ҳаҷми умумии 694 кг аз муомилот гирифта, аз ҳисоби вайронкунандагони қонун дар ҳаҷми 8350 сомонӣ ҷарима рӯёнида, фаъолияти 17 нуқтаи фурӯши маводи ғизоӣ, бинобар сабаби ба талаботи қоидаҳо ва талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданашон муваққатан боздошта шудааст.

         Дар ин семоҳа ҳамагӣ 45 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар кам аст. Вазъи эпидемиологии ноҳия муътадил буда, бемориҳои домана, исҳоли хунин, дарунрав, солманелёз, зардпарвин, буғумдард, сӯзок, вараҷа ва хоришак ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давоми се моҳи соли равон бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо якчанд барномаҳои ҳунарӣ таҳия ва пешкаши сокинону меҳмонони ноҳия карданд, ки чорабиниҳои бахшида иди Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 аз зумраи онҳо мебошанд.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 48 муассисаи фарҳангӣ (кох ва толорҳои фарҳангӣ- 5 адад, толор-клубҳои деҳотӣ- 7 адад, клубҳои сайёр- 6 адад, мактаби бачагонаи санъат- 1 адад, осорхона- 1 адад ва китобхонаҳои оммавӣ- 28 адад) фаъолият дошта, барои татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ саҳмгузорӣ мекунанд.          

Аз шумораи умумии аҳолии ноҳия 106 ҳазору 330 нафар ё худ 49 фоизро занон ташкил медиҳанд. Бонувони ноҳия дар рушду тараққии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нақши арзанда доранд. Алҳол дар вазифаҳои роҳбарикунанда 150 нафар, дар соҳаҳои маориф 1929 нафар, тандурустӣ 976 нафар, фарҳанг 52 нафар, соҳибкорӣ 1544 нафар, молия ва андоз 8 нафар, почта ва алоқа 5 нафар ва дар соҳаи кишоварзӣ 16 ҳазору 336 нафар занон кору фаъолият мекунанд. Аз ҳисоби занҳои ноҳия 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 8 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 33 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Дар давоми се моҳи гузашта бо мусоидати Корхонаи воҳиди давлатии Маркази таълимии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳия, Филиали Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон 80 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва дигар санадҳои дахлдор дар давоми муддати сипаригаштаи соли 2018 як зумра тадбирҳо ба сомон расонида шуд.

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ҷиҳати амалисозии паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра аз рӯи усули “Хона ба хона” бо 491 оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ҳангоми чунин вохӯриҳо дар ҳузури аъзои оилаҳо оид ба мазмуну муҳтаво ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, барои ҳарчӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани занони хонашин дастуру тавсияҳо дода мешавад.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 5 феврал то 12 март дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гардиданд, ки занону бонувон дар онҳо фаъолона иштирок намуда, намунаи ҳунарҳои чеварӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳунармандони халқии ноҳия рӯзҳои 28-29 январ дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар маркази вилояти Хатлон гузашт, 29-30 январ дар Боғи “Дӯстии халқҳо”- шаҳри Душанбе, 13-14 феврал дар Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон, 6 март дар озмуни вилоятии “Нонпази беҳтарин”, 7 март дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Кулчақанд – зеби хони тоҷикӣ” ва “Зардӯзи беҳтарин” ва 22 март дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи “Ирам”-и шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ширкат варзида, маҳсули ҳунари худро берун аз ноҳия муаррифӣ карданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар робита бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади эҳё намудани суннатҳои мардумӣ ва дастгирии занони ҳунарманд озмуни “Грантҳои раиси ноҳия”-ро баргузор намуд, ки рӯзҳои наздик ғолибони он бо грантҳои муқараршуда сарфароз гардонида мешаванд.   

Сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон рукни муҳими сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷавонон ояндаи миллатанд ва чигунагии ҳаёти ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагии калон дорад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз арзишҳои миллӣ дар арафаи Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми Низомии 6593-и Вазорати адлияи кишвар озмун ва мусобиқаҳои “Ҳомии Ватан”, “Сипар” ва як қатор чорабиниҳои варзишӣ доир карда шуд, ки дар онҳо ҷавонони синни даъватӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Баргузор шудани марҳилаи аввали (ноҳиявии) Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки имсол расми кушодашавии он рӯзи 23 март дар варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 сурат гирифт, барои ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҷавонон ва тавсеаи бозиҳои миллии варзишӣ нақши калон мегузорад. Зимни гузаронидани ин чорабинӣ мусобиқаҳои зиёд аз рӯи намудҳои давидан, варзиши сабук, шоҳмот, дастхобонӣ, бандкашӣ, гӯштини миллӣ ва ғайраҳо доир гардида, ғолибон ба диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷавонони ноҳия дар баробари иштироки фаъолона дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва аксияҳои иттилоотӣ дар мусобиқаҳои гуногунпояи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Дар ин давра 36 нафар варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 2 медали тило гардиданд. 

Иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссияҳои доимии шаҳрак ва деҳот бомаром ҷараён дорад.

Дар давоми се моҳи сипаригашта дар ноҳия 530 тӯйи домодиву арӯсӣ (-2) ва 2 тӯйи домодию арӯсии хайривӣ баргузор гардидааст. Ҳамчунин дар ин давра баргузории 30 маъракаи чил ва сол ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо мутобиқи талаботи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бе забҳи чорво ва хароҷоти зиёдатӣ доир гардидаанд. Теъдоди умумии маъракаҳо ба 564 адад расидааст, ки ин дар қиёс бо семоҳаи аввали соли гузашта 258 адад камтар аст. Хароҷоти маъракаҳо дар маҷмӯъ 2 млн. 821 ҳазору 30 сомониро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1 млн. 764 ҳазору 297 сомонӣ камтар гардидааст. Хароҷоти як маърака ба 5002 сомонӣ баробар мебошад. Дар ин давра ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо 2 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

            Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва иҷрои Фармонҳои Президенти мамлакат оиди ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллии мамлакат дар мавсими баҳории соли 2018 то имрӯз зиёда аз 76 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, боз 30 нафар хатмкардагони курси кутоҳмуддати ронандагии назди Ташкилоти ҷамъиятиии мададгори мудофиаи ноҳия дар рӯзҳои наздик сафарбар карда мешаванд.  

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ дар ноҳия 102 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта (нисбат ба ҳамин даваи соли гузашта 19 ҳолат кам), 95,4 фоизи онҳо онҳо кушода шудааст.

         Дар семоҳаи аввали соли 2018 дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва раиси вилоят як қатор  қарорҳо ба имзо расонида шуда, иҷроиши онҳо дар тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

         Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, ташкилоту кумитаҳои вилоятӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дар ин давра 590 асноди назоратӣ ворид гардидааст, ки дар муҳлатҳои  муқарраргашта баррасӣ карда шудаанд.

         Аз 590 санади назоратии бақайдгирифташуда 89 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 45 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, 85 адад аз вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, 187 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, 15 мактубу протоколҳо аз кумитаю шуъбаҳои вилоятӣ, 21 адад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 87 адад аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва 93 адад хабарномаву барқияҳо ворид гардидааст.

         Алҳол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 5 консепсия, 9 стратегия, 78 барнома, 10 қарори назоратӣ, инчунин, 5 нақшаи чорабиниҳо оид ба сафарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.

Дар ин давра 999 адад муроҷиати хаттӣ шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 69 адади он аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 адад аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  барои  баррасӣ ба унвони раиси ноҳия ворид  гардидаанд. Муроҷиатҳои мазкур дар муҳлатҳои муайянгардида мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуда, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз назорат бароварда шудаанд.

Қисми зиёди шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони мағозаи замонавӣ, кумаки молиявӣ ва ғайра муроҷиат намудаанд. 

Дар ҳамин давра аз тарафи раиси ноҳия 463 қарор ва 29 амр баҳри иҷрои Фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон оиди рушди соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмону саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хусусигардонии амволи давлатӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), сохтмони нуқтаҳои тиҷоратӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳаҳои буҷавӣ, ба парасторӣ қабул намудан ва ғайраҳо ба имзо расонида шуда, рафти  иҷроиши онҳо таҳти назорат қарор дода шудаанд.

Дар ноҳия 40 ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мавҷуд буда, 40 нафар вакилони аз тарафи шаҳрвандони ноҳия интихобгардида дар маҳал фаъолият доранд. Дар давоми соли ҷорӣ 2 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир гардида, дар он мувофиқи нақшаи тасдиқгардида рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои номгузории як қатор маҳаллаву деҳаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-202” ва ҳисоботи сардори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолии ноҳия мавриди баррасӣ карор дода шуд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар 6 комиссияи доимӣ муттаҳид гардида, дар кори комиссия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолона ширкат варзида, дар баррасии масъалаҳои муҳокимашаванда саҳмгузорӣ  менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ тамоми тадбирҳоро меандешад, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ гардонида, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардад.