Таҷлили Наврӯз дар муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ.

  • Posted on: 23 March 2018
  • By: korbar

Рӯзи 20 марти соли 2018 дар 3 муассисаи махсуси иҷтимоии н. Ёвон (Маркази иҷтимоии рӯзонаи “Умед”, Хонаи интернат ва Мактаб-интернат) бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур бахшида ба ҷашни Наврўз тантанаҳои идона баргузор гардид.

 

Раиси ноҳия ба бошандагону таълимгирандагони муассисаҳои мазкур бахшида ба ин ҷашни пуршукӯҳ туҳфаҳо ва кумакҳои идона тақдим намуда, дар чорабиниҳои фарҳангии онҳо ширкат варзид.

 

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳар се муассиса барномаҳои консертї намоиш дода, хотири кўдакону наврасон ва пирону маъюбон болида гардонида шуд.

 

Барномаи консертии таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳия, ки аз ҷониби кӯдакони ин макони илму одоб таҳия гардида буд, ба меҳмонону тамошобинон хеле хуш омад.

 

Тантанаҳои наврўзӣ дар ҳар як гўшаву канори Ёвон идома доранд.