“Дави наврӯзӣ ва веломарафон” зери унвони “Рӯҳи солим дар тани солим аст”

  • Posted on: 17 March 2018
  • By: korbar

Субҳи 17 март дар маркази ноҳияи Ёвон чорабинии варзишии “Дави наврӯзӣ ва веломарафон” зери унвони “Рӯҳи солим дар тани солим аст” баргузор шуд, ки дар он 2180 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонону наврасон, аз он ҷумла зиёда аз 500 нафар духтарону бонувон ширкат варзида, масофаи 3 километрро тай намуданд. Иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои пулӣ ва хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Чунин иқдом дар маркази дигар шаҳраку деҳоти ноҳия низ бо иштироки беш аз 4950 нафар сокинон амалӣ амалӣ гардид.