“Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”

  • Posted on: 28 February 2018
  • By: korbar

Дар доираи амалисозии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби ошомиданӣ имрӯзҳо бо дастгирии хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаи дахлдор амалӣ гардида истодааст. Мутобиқи ин лоиҳа бунёди пойгоҳҳои обкашӣ, сохтмони хатти нави обрасонӣ, обанбори нави ҳозиразамон, харидани техникаи нав, аз таъмири куллӣ баровардани кӯлҳои механикӣ ва қубурҳои обпарто ба нақша гирифта шудааст.