Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 23 February 2018
  • By: korbar

23 феврал дар Баталёни 2-юми бригадаи посбоникунандаи 6593-и Вазорати адлияи Ҷумњурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки Ёвон ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ чорабинии идона баргузор карда шуд.

Дар ин рӯз саҳни Қисми низомӣ ба таври идона оро ёфта буду шодиву нишоти хизматчиёни ҳарбиро интиҳо набуд. Падару модарон, собиқадорони меҳнат, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дигар фаъолони ҷомеа бо нону намак ва туҳфаҳои идона ба табрики аскарони Ватан омада буданд.

Қабл аз оғози қисмати тантанавии чорабинӣ бо иштироки донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, литсейҳои касбии техникӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмуни “Ватанпарвар” доир гардида, ғолибон бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Амирбеки Темур дар оғози чорабинӣ сарбозону афсаронро табрик гуфта, ба 15 нафар собиқадорони соҳаи хизмати ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ, ба 6 нафар афсарону сарбозони фаъоли Қисми низомӣ ва 4 нафар кормандони Комиссриати ҳарбӣ Сипоснома ва ба сарбозон ҳадяҳои идона тақдим намуданд.

Комиссари ҳарбии ноҳия Ширинзода Саъдулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Сафархолов Қутбиддин, сарбизи қатории Қисми низомӣ Азими Сулаймон зимни табрикоти худ хизмат ба Меҳанро нишони садоќату шараф номиданд.

Барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия зери унвони “Сарбози Ватан”, ки аз суруду тарона ва саҳнаҳои ватандӯстона мураттаб гашта буд, аз тарафи сарбозону афсарон, волидони сарбозон, собиқадорон, ҷавонони фаъол ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ ба хушӣ истиқбол ёфт.