Озмуни «Ватанпарвар» таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шара фаст!»

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: korbar

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи ноҳия Озмуни «Ватанпарвар» таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шара фаст!», бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Љумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия рӯзи 20 январ дар варзишгоҳ марказӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз 49 муассисаҳои таълимӣ дархостњо пешниҳод гардида зиёда аз 500 нафар ҷавонон бо либоси ҳарбї шартҳои зерринро иҷро намуданд:

  1. Саф кашидан бо либосҳои ҳарбӣ ва иҷро намудани амрҳои “Ҷо ба ҷо, баробар шав, Низом;
  2. Дар ҷой қадамзанӣ ва ба тарафҳо гаштан;
  3. Аз пеши минба бо сурудҳои ҳарбт гузаштан;
  4. Аз пеши минба бо амри Низом қадамзанон гузаштани дастаҳо;
  5. Бардоштани гири 16 кг (як нафар аз ҳисоби дастаҳо);
  6. Бандкашӣ (10 нафар аз ҳисоби дастаҳо)

Аз миёни 49 дастаҳои муассисаҳои таълимӣ ҷайи аввалро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 ва бо дар назардошти холҳои баробар доштани ду муассиса ҷойи дуюмро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 ишѓол намуданд, ки бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдони карда шуданд. Инчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №2, №57, №36 ва №29 барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.