Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 14 February 2018
  • By: korbar

 Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 3 декабри соли 2015, №591 тасдиқ шудааст.

Кодекси мазкур мувофиқи қисми 2 моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ кабул карда шудааст.

Кодекси одоби хизматчиидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.

Кодекси мазкур аз 5 боб ва 51 модда иборат аст, ки дар поён вобаста ба хар як боб ва моддаи он мухтасар истода мегузарем:

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1. Муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад.
2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, ба Кодекси мазкур шинос шуда, вазифадор аст талаботи онро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд. 
*Эзоҳ: Рафтори хизматӣ - рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегардад.
**Эзоҳ: Рафтори ғайрихизматӣ - рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта, берун аз ҷои кор ва ҷомеа зоҳир мегардад.

БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИ

3. Кодекси мазкур ба принсипҳои зерини одоби хизматчии давлатӣ, ки аз принсипҳои хизмати давлатӣ бармеоянд, асос меёбад ва хизматчии давлатӣ ӯҳдадор аст дар фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ онҳоро ба роҳбарӣ гирад:
- қонуният - риояи дақиқ ва иҷрои пурраи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст; 
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - таъмини ҳифз ва мусоидат ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ мебошанд; 
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон - ҳисси муҳаббат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ - эҳтиромона муносибат намудан ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, ки арзиши олӣ мебошанд, одилона, бовиҷдонона амал намудан, таъмини риояи адолати иҷтимоӣ зимни қабули қарорҳо;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ - фаъолияти шаффофи хизматчии давлатӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи он ба ҷомеа, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, ба ҷуз фаъолият ва маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад; 
- таҳаммулпазирӣ - эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат, ақида, дин, эҳтиромона муносибат намудан бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон ва ҷомеа; 
- поквиҷдонӣ ва беғаразӣ - татбиқи идоракунии самаранок, роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо, амалҳои коррупсионӣ, аз рӯи таъинот ва ба нафъи умум истифода кардани воситаҳои моддию пулӣ, беғараз будан дар қабули қарорҳо;
- қатъият - муносибати сахтгирона доштан ва масъулият зоҳир кардан дар татбиқи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ - доштани донишҳои мушаххаси касбӣ, тахассус, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, шахсӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва ботаҷрибагӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ мегарданд; 
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ - таъин (интихоб) гардидан ба мансаби дигар ё мансаби баланд бе роҳ додан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ.
4. Кодекси мазкур ба дигар принсипҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи рафтор низ асос меёбад. 

БОБИ 3. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ХИЗМАТИ ВА
ҒАЙРИХИЗМАТИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИ

5. Хизматчии давлатӣ бояд:
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифз намояд, ба таърихи кишвари худ, ба урфу одатҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳтиромона муносибат намояд, манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузорад ва нисбати муроҷиати шаҳрвандон бодиққат ва бомасъулият муносибат кунад; 
- аз истифодаи мақоми хизматӣ, зуҳури ғарази шахсӣ ва худнамоӣ дар нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намояд;
- маъракаҳои бодабдаба, ки бархилофи қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сурат мегиранд, нагузаронад ва ба сӯйистеъмоли нушокиҳои спиртӣ роҳ надиҳад;
- аз таъсири шаҳрвандони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста набошад. 
6. Хизматчии давлатӣ бояд одилона амал намояд. Ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки дар асоси мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк ва дигар асосҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад.
7. Хизматчии давлатӣ бояд ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд. 
8. Хизматчии давлатӣ бояд дар фаъолияти касбии худ поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда, ба шаъну шараф, обрӯю эътибори хизматчии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ иснод наоварад. 
9. Хизматчии давлатӣ, ки вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро ба ҷо меоварад ё ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва ё маъмурию хоҷагидориро анҷом медиҳад, ӯҳдадор аст, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад. 
10. Хизматчии давлатӣ, ки мансаби роҳбарикунандаро ишғол менамояд, бояд ҷиҳати риояи одоб ва ташкили шароити мувофиқ барои кори тобеони худ мусоидат намояд. 
11. Хизматчии давлатӣ набояд то қабул намудани қарор, фармоиш, амр ё дигар қарори шахси мансабдор ё мақомоти давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, маълумотро дар бораи онҳо, ҳамчунин иттилооти нопурра ва дурӯғро паҳн намояд ва ё барои гирифтани иттилооти хизматӣ, ки ба ваколати ӯ дохил намешавад, кӯшиш кунад.
12. Хизматчии давлатӣ дар доираи ӯҳдадориҳои мансабии худ бояд ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма оид ба иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори мақоми давлатӣ барои гирифтани иттилооти дақиқ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, мусоидат намояд. 
13. Хизматчии давлатӣ набояд пешниҳоди шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ, намояндагони воситаи ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро, ки ба талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, қабул намояд. 
14. Хизматчии давлатӣ бояд ҷиҳати роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо, ҷиҳати танзими ҳолатҳои пайдошудаи бархӯрди манфиатҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора андешад ва ҳаракатҳоеро, ки ба таъсири манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо иртибот доранд ва барои бовиҷдонона иҷро кардани ӯҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, истисно намояд.
15. Хизматчии давлатӣ бояд ба кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат намояд, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи онҳо тадбирҳо андешад, ба гирифтан ва додани ҳар гуна тӯҳфаҳо барои иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабии худ, аз ҷумла ҳангоми дар сафари хизматӣ дар шакли моддӣ (пул, тӯҳфа) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ), ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, роҳ надиҳад.
16. Хизматчии давлатӣ бояд ба роҳбари худ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи муроҷиати шахсон бо мақсади моил кардани ӯ барои содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ маълумот диҳад ва аз иштирок дар амалҳое, ки беғаразии ӯ зери шубҳа қарор мегирад, даст кашад.
17. Хизматчии давлатӣ набояд вазъи хизматии худро барои таъсир расонидан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон суйистифода намояд, дар аҳдҳо ва вазъияти ихтилофнок иштирок намояд. 
18. Хизматчии давлатӣ бояд воситаҳои давлатии (шабакаи Интернет, шабакаи дохилӣ, почтаи электронӣ, телефон, факс, нусхабардор, дигар таҷҳизот, воситаҳои нақлиёти хизматӣ, арзишҳои моддию ғайримоддии) ба ӯ пешниҳодшударо барои манфиатҳои хизматӣ истифода намояд.
19. Хизматчии давлатӣ ӯҳдадор аст интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд.
20. Хизматчии давлатӣ набояд фикри худро оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва фаъолияти хизматӣ баён намояд, агар он:
- ба самтҳои асосии сиёсати давлат мувофиқ набошад;
- иттилооти хизматиро паҳн кунад, ки барои ба маълумоти умум расонидани он иҷозат набошад ё сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда бошад;
- нисбат ба шахсони мансабдори давлатӣ ифодаҳои аз одоб берунро доро бошад.
21. Хизматчии давлатӣ бояд дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ хоксору хушмуомила бошад.
22. Хизматчии давлатӣ бояд дар фаъолияти худ санъати сухан, қоидаҳои умумии муошират ва пӯшидани либосро мутобиқи расмиёти одоби корӣ риоя кунад.
23. Хизматчии давлатӣ бояд ба ташрифоварандагон таваҷҷуҳ карда, ба арзи онҳо таҳаммулпазирона муносибат намояд ва ба онҳо тартиби баррасии муроҷиатҳо ва қонунгузории дахлдорро фаҳмонда, дар доираи салоҳият қарор қабул намояд.
24. Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад бо шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо тартиби муқарраршуда мулоқоти корӣ ва гуфтушунид гузаронад, бояд ҳангоми муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ обрӯйи мақомоти давлатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст назанад, масъалаҳои ба доираи ӯҳдадориҳои мансабӣ дохилнабударо муҳокима нанамояд.

БОБИ 4. НАЗОРАТИ РИОЯИ КОДЕКСИ МАЗКУР. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ ОИД БА ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИ

25. Назорати риояи Кодекси мазкур дар мақоми давлатӣ аз тарафи комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ (минбаъд-комиссия) амалӣ карда мешавад. 
26. Комиссия бо фармоиши (қарори, амри) роҳбари мақоми давлатӣ дар ҳайати раис, котиб, аъзои комиссия иборат аз 3-7 нафар аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, аъзои кумитаи иттифоқи касаба таъсис дода мешавад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Низомномаи комиссия, ки аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқ карда мешавад, фаъолият менамояд. Ба ҳайати комиссия мумкин аст 
кормандони ташкилотҳои низоми мақоми давлатӣ, ки хизматчии давлатӣ намебошанд, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти дахлдор ворид карда шаванд.
27. Роҳбари мақоми давлатӣ раиси комиссия буда наметавонад.
28. Номзадҳо ҷиҳати ворид (бозхонд) ба (аз) ҳайати комиссия дар ҷаласаи ҳайати мушовара ва кумитаи иттифоқи касаба ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. 
29. Аъзои комиссия дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунанд. 
30. Комиссия аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:
- дастури роҳбари мақоми давлатӣ; 
- муроҷиати хизматчии давлатӣ;
- муроҷиати хаттии шаҳрвандон;
- дар мавриди аз тарафи комиссия ошкор намудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Кодекси мазкур.
31. Ҷаласаҳои комиссия дар 3 моҳ як маротиба ва ё бе маҳдудияти мӯҳлат аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.
32. Комиссия ҷаласаи худро дар муддати 14 рӯзи корӣ аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Кодекси мазкур мегузаронад. 
33. Ҷаласаи комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошанд.
34. Комиссия аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар ҷаласаи комиссия баррасишаванда маърӯзачиро муайян менамояд ва аз шахсони дахлдор оид ба ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои Кодекси мазкур баёнот мегирад. 
35. Комиссия дар доираи салоҳияти худ аз натиҷаи муҳокима яке аз қарорҳои зеринро қабул намуда, ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод менамояд:
- дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчии давлатӣ;
-дар бораи фиристодани мавод ҷиҳати баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ;
- дар бораи қатъ намудани баррасӣ.
36. Қарори комиссия дар ғоибии хизматчии давлатӣ бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссия ҳалкунанда ҳисоб меёбад. 
37. Рафти ҷаласаи комиссия ва қарори он бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. 
38. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.
39. Қарори комиссия ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод карда шуда, барои татбиқи муҷозоти интизомӣ тибқи қонунгузорӣ асос мегардад.
40. Роҳбари мақоми давлатӣ дар мавриди ошкор намудани ҳолатҳои нопуррагӣ ё вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур метавонад маводро ҷиҳати баррасии иловагӣ ё такрорӣ ба комиссия баргардонад.
41. Нисбати қарори комиссия ё қарори роҳбари мақоми давлатӣ дар мӯҳлати як моҳи эътибори қонунӣ пайдо намудан ба комиссия, роҳбари мақоми давлатӣ, мақомоти болоӣ, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. 
42. Шикоятро мақоми дахлдор аз болои қарори комиссия ва ё роҳбари мақоми давлатӣ баррасӣ намуда, дар сурати ошкор шудани ҳолати риоя нагардидани тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба комиссия ва роҳбари мақоми давлатӣ дар бораи бекор кардани қарори қабулшуда пешниҳод манзур менамояд.
43. Ба вазифаҳои комиссия дохил мешаванд:
- амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекси мазкур дар мақоми давлатӣ; 
- баррасии ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти Кодекси мазкур аз тарафи хизматчиёни давлатӣ; 
- гузаронидани санҷиш ва рейдҳои ногаҳонӣ дар мақомоти давлатӣ;
- доир намудани ҷаласаҳои комиссия;
- гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз хизматчиёни давлатии дахлдор оид ба масъалаи баррасишаванда;
- бо тартиби муқарраргардида талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор;
-ҷалб намудани коршиносон (экспертҳо), мутахассисон ва кормандони дахлдори мақоми давлатӣ барои пешниҳоди хулоса;
-баррасии шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ нисбат ба қарорҳои комиссия;
- машварат додан ба хизматчиёни давлатӣ оид ба масъалаҳои одоб;
- гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии Кодекси мазкур;
- фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси мазкур.
 

44. Раиси комиссия:
- фаъолияти комиссияро ташкил менамояд ва онро роҳбарӣ мекунад;
- рӯзномаи ҷаласаи комиссияро муайян мекунад;
- ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;
- кормандони мақомоти давлатиро, ки баррасии масъала ба ваколати онҳо мансуб аст, ба кори комиссия ҷалб менамояд;
- дар хусуси ворид намудан ба ҳайати комиссия ё бозхонди аъзои он ба мушовараи мақоми давлатӣ таклиф пешниҳод менамояд;
- ба ҳуҷҷатҳои комиссия ва протоколи ҷаласаи комиссия имзо мегузорад.
45. Котиби комиссия:
- кори комиссияро дар мувофиқа бо раиси комиссия ташкил мекунад;
- коргузории комиссияро пеш мебарад; 
- хизматчии давлатиро бо маводҳое, ки нисбаташ баррасӣ мегарданд, на дертар аз 3 рӯз то оғози ҷаласаи комиссия шинос менамояд;
- дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаи комиссия аъзои комиссия ва шахсонеро, ки нисбати онҳо ва аз рӯи муроҷиати онҳо мавод баррасӣ карда мешавад, хабардор менамояд; 
- протоколи ҷаласаи комиссияро тартиб медиҳад ва ба он имзо мегузорад;
- хизматчии давлатиро бо қарори комиссия дар давоми 1 рӯзи корӣ ва қарори роҳбари мақоми давлатӣ дар давоми 3 рӯзи корӣ шинос менамояд; 
- чорабиниҳои омӯзишии Кодекси мазкурро ташкил мекунад;
- фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси мазкурро ба роҳ мемонад;
- фаъолияти комиссияро тарғиб менамояд.
46. Маводҳо оид ба вайрон кардани қоидаҳои Кодекси мазкур нисбат ба аъзои комиссия, ба истиснои хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурии категорияи олӣ, аз тарафи ҳайати мушовараи мақоми давлатӣ, машварати назди раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ё комиссия оид ба одоби мақоми болоӣ баррасӣ карда мешаванд.
47. Маводҳо оид ба вайрон кардани қоидаҳои Кодекси мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурии категорияи олӣ, аъзои комиссия, ки хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва категорияи олӣ мебошанд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар мақомоти давлатии дахлдор баррасӣ карда мешаванд.
 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

48. Риояи қоидаҳои Кодекси мазкур ӯҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
49. Риояи меъёрҳои Кодекси мазкур ҳангоми гузаронидани аттестатсия, баҳодиҳии фаъолият, иштирок дар озмун, таъин (интихоб) кардани хизматчии давлатӣ ба мансаб, бо мукофотҳо сарфароз гардонидан, рутба додан, дохил кардан ба захираи кадрҳо барои ишғоли мансаби баландтар, таҳияи тавсифнома ё тавсиянома ва ҳангоми ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан ба инобат гирифта мешаванд. 
50. Роҳбари мақоми давлатӣ бояд барои пешгирии вайрон намудани қоидаҳои Кодекси мазкур тадбирҳои зеринро андешад:
- дар асоси пешниҳоди комиссия бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ;
- гузаронидани машварату семинарҳо дар бораи омӯзиши Кодекси мазкур;
- андешидани дигар чораҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. 
51. Ҳангоми дар амалу кирдорҳои хизматчии давлатӣ мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҷиноят ё кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки баррасии онҳо салоҳияти дигар мақомоти давлатӣ мебошанд, маводи дахлдор бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан фиристода мешаванд.

 Андешаи ман дар ин мавзуъ яъне тарбияи ахлокии инсон ин худ доштани одобу ахлоки хамидаи инсонист. Барои хамин хам ба мо зарур аст ки хиси масъулиятшиносиро дар худ бештар чалб кунем ва бахри ободии ватани азизи худ сахмгузор бошему ватанро дўст дорем, яъне ба омўзиши адабиёти ниёгони худ инчунин ба омухтани илмхои дакик ва донистани забонхои хоричи майлу рагбати зиёд дошта бошем то Точикистони азизи худро бо дигар давлатхои мутараккии чахон баробар намоем.

Вазифаи шахрвандии мо-хизматчиёни давлати дар шароити имрўза аз он иборат аст, ки чанбахои мусбати Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро таквият бахшида, хамеша дар пайи ислохи камбудихо ва бартараф намудани нуктахои заъфи татбики он бошем ва ба ин восита рисолати шахрванди ва масъулияти базиммадоштаи худамонро анчом дихем.