Вохӯрии раиси ноҳия Ёвон бо сокинони деҳоти Ситораи Сурхи ноҳия

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: korbar

Имрӯзҳо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту вохӯриҳо раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур бо сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида истодаанд.

 

Зимни вохӯрии раиси ноҳияи Ёвон бо сокинони деҳоти Ситораи дар саҳни бинои Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

 

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони деҳоти мазкур, аз қабили оҳангарӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, санги осиётарошӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тарроҳӣ ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

Раиси ноҳия аз намоишгоҳи мазкур дидан карда, ба маҳорати ҳунармандони чирадаст баҳои баланд дод. Ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ин деҳоти овозадор изҳор дошт, ки бо мақсади густариши ҳунарҳои мардумӣ имсол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 45 нафар ҳунармандони ҳудуди ноҳия маблағҳои грантӣ ҷудо менамояд.

 

Ҷойи зикр аст, ки дар асоси тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва як қатор соҳибкорони ноҳия, ки алҳол дар ҳудуди Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, дар ояндаи наздик намунаи маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия барои намоиш ва фурӯш ба ин мамлакат содирот карда хоҳанд шуд.