Иқдоми наҷиб дар шаҳраки Ёвон

  • Posted on: 10 February 2018
  • By: korbar

Бунёд гардидани як муассисаи таҳсилоти умумӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст ва боору номус Баҳриддин Ҷурахонов мебошад. Ёдрас мешавем, ки иншооти мазкур дар доираи ҳидояту супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бунёд меёбад.

Дар ҷараёни корҳои ободонӣ раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур аз рафти ин сохтмон дидан карда, бо коргарон суҳбати самимӣ доир намуд. Имрӯзҳо сохтмони мактаби нав, ки барои 1300 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, босуръат идома дорад ва он дар давоми ҳамин сол ба истифода дода хоҳад шуд.