“Мо Ватанро сабзу хуррам мекунем!”

  • Posted on: 10 February 2018
  • By: korbar

Сокинони ноҳияи Ёвон дар доираи истиқболи Наврӯзи оламафрӯз ҳар рӯзи шанбе ҳашарҳои дастҷамъона ташкил намуда, як гӯшаи диёрро сабзу хуррам мегардонанд. Имрӯз зери ҳамин шиор “Мо Ватанро сабзу хуррам мекунем!” кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳраки Ёвон ниҳолҳои ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонданд.

Сокини деҳаи Ғарави ноҳияи Ёвон Маҳмадалиев Ҳафиз аз ин иқдоми ҳашарчиёни шанбегӣ рӯҳу илҳом гирифта, аз парваришгоҳи хонагии худ 1000 бех кучати гулҳои ҳамешабзро ройгон ба онҳо пешниҳод кард.

Маълум шуд, ки  дар гармхонае, ки дар ҳавлии худ бунёд кардааст, 350 бех лимӯ ва даҳҳо навъи гулҳоро парвариш мекунад ва мақсаду маромаш, каме ҳам бошад, саҳм гузоштан дар ободонии Ватан аст. “Ман гулҳои парваришнамудаи худро дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия дида, гул-гул мешукуфам, зеро ободии диёрам ободии хонаи ман аст”- мегӯяд ӯ.