Ҳашари ниҳолшинонӣ

  • Posted on: 3 February 2018
  • By: korbar

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзеи Нақби обгузари Ёвон ҳашари васеи ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд, ки дар он беш аз 1000 нафар сокинони ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзида, зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 майи имсол аз оғози фаъолияти нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон 50 сол пур мешавад. Тавассути нақби мазкур зиёда аз 35000 гектар заминҳои ноҳияҳои Ёвон, А.Ҷомӣ ва Хуросон обёрӣ карда мешаванд.