ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

  • Posted on: 27 January 2018
  • By: korbar
  • Ба истиқболи ҷашни бостонии Сада дар Боғи «Ғалабаи» шаҳраки Ёвон чорабинии калони фарҳангӣ баргузор карда, дар он таҳти унвонҳои Тоҷикон мардуми меҳнатдӯст ва ҳунарманду санъаткоранд, Ҳунарҳои миллӣ – ёдгори ҷовидони таърих, Лаззате дорад нишастан гирди хони тоҷикӣ, Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст, Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун, Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст..., Файзи дастурхони мо аз нуқлу нони тоҷикист намоишгоҳҳои пурмазмун ва рангини ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кашидадӯзию, чеварӣ, бофандагию ресандагӣ, рассомию кандакорӣ, кадбонугӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо, ҳунарҳои пазандагӣ ба маъраз гузошта шуданд.

 

  • чеҳраҳои хандони ҳар як иштирокчии ин ҷашн аён буд, ки сокинони ноҳияи Ёвон аз мазмуну муҳтавои ҷашни Сада ба хубӣ огоҳанд ва таҷлили онро бо хушҳолӣ мепазиранд.

 

  • 9 ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва ҳунармандони алоҳида бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва анъанаҳои неки ниёгон маҳсули дастони худро дар ин рӯзи пурнишот манзури иштирокчиёни ҷашн гардониданд.

 

  • боғпарварон дар гӯшаи намоиши ниҳолҳо навъҳои мухталифи дарахтон ва гулу буттаҳоро ба ҳамдиёрон пешниҳод намуда, ба онҳо барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ тавсияҳои судманд медоданд.

 

  • табрикоти раиси ноҳия зикр шуд, ки «Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросими онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд».

 

  • бахши фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди барномаи консертии «Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз» хотири интирокчиёни чорабиниро болида гардониданд. Намоишномаи ҳунармандони театри халқии ноҳия ғояи ин ҷашни ниёгонамонро дар худ таҷассум карда, бинандаро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ даъват менамуд.

 

Тассуроти нек аз таҷлили бошукӯҳи ҷашни Сада то дергоҳ дар хотири ҳар як иштирокчии он боқӣ хоҳад монд.