ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: korbar

Бо мақсади татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми соли 2017 ба 3630 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 1 млн. 452 ҳазор сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ноҳия се муассисаи махсуси иҷтимоӣ: мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, хонаи пиронсолон ва маъюбон ва маркази минтақавии рӯзона барои пиронсолон ва маъюбони “Умед” фаъолият мекунанд.

Дар давоми соли 2017 ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 185373 сомонӣ (+3861), ба хона-интернати пиронсолон ва маъюбон 2 млн. 520 ҳазору 901 сомонӣ (+87001) ва ба маркази минтақавии рӯзонаи будубоши “Умед” барои пиронсолон ва маъюбон 164 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамзамон, соли сипаригардида ба 231 нафар таълимгирандагони мактаб-интернат ба маблағи 101 ҳазору 350 сомонӣ, ба 122 нафар бошандагони хона-интернат ба маблағи 57 ҳазору 253,5 сомонӣ, ба 45 нафар бошандагони маркази “Умед” ба маблағи зиёда аз 8000 сомонӣ кумакҳо расонида шудааст.

Шумораи нафақахӯрон 13541 нафар аст (+719), ки аз ин 9564 нафар аз рӯи синну сол, 804 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 696 нафар аз ҳисоби бесаробонмондагон, 46 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 20 нафар барои хизматҳои махсус, 2010 нафар нафақахӯрони иҷтимоӣ ва 48 нафар хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд.

Соли 2017 маблағи нафақа пурра дар ҳаҷми 40 млн. 964 ҳазору 176 сомонӣ пардохт карда шудааст.