ИҚТИБОСҲО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

  • Posted on: 16 January 2018
  • By: korbar

Дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст.

Дар соли 2016 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву  шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.

Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ,  дуруст ва судовар будани худро нишон дод.

Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем.

Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими  муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Итминон дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад.

Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои мустақилро дар соли 2018 ба дӯш гирифтааст.

 Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли оянда дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати мо арзёбӣ мегардад.

Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошад.

Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоса дорад.

Истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Зарур аст, ки дар самти пешбурди ҳамкориҳои минбаъда бо мамлакатҳои хориҷӣ вазорату идораҳо фаъолияти худро ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва технологияҳои нав ҳар чи пурсамар роҳандозӣ намоянд.

Зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.