БУНЁДИ БОҒҲОИ НАВ

  • Posted on: 16 January 2018
  • By: korbar

Соли сипаригашта дар ноҳия кишоварзони ноҳия 25 га боғи нав бунёд намуда, 6 га боғҳои куҳнаро аз нав барқарор карданд. Алҳол дар ноҳия ҳамагӣ 646 га боғ ва 794 га токзорҳои мевадиҳанда мавҷуд аст. Дар майдони 1,8 га хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия соли сипаригашта бо дастгирии соҳибкорон 2800 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар содир намудаанд, ки 100,0 фоизи нақшаи содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза буда, соли сипаригашта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби сармоягузории Ширкати “Сзинян Инхай”-и Ҷумҳурии Халқии Чин дар 196 гармхона зироатҳо кишт гардида, 379 тонна маҳсулоти барвақтӣ ба бозорҳо ворид карда шуд. Айни ҳол дар ин гармхонаҳо зиёда аз 37 нафар шаҳрвандони ноҳия тибқи шартномаи тарафайн кору фаъолият намуда истодаанд.