ҲИСОБОТИ РАИСИ НОҲИЯ ОИД БА ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР ДАВОМИ СОЛИ 2017

  • Posted on: 9 January 2018
  • By: korbar

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар давоми соли 2017 бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2 млрд. 202,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2016-ум 531,4 млн. сомонӣ зиёд гардид, ки аз он 1 млрд. 322,7 млн. сомонӣ ба соҳаи саноат ва 879,7 млн. сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, ба ҳар сари аҳолӣ 10149,3 сомонӣ рост меояд.

Музди миёнаи кор дар соли сипаригашта 1021,2 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 78,6 сомонӣ зиёд аст.

 

Нақшаи солонаи даромади буҷети маҳаллӣ ба қадри 100,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 149 млн. 39,6 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 149 млн. 160,0 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 120,4 ҳазор сомонӣ ва ин дар қиёс бо соли 2016-ум 40 млн. 756,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷаи маҳаллӣ 98,0 фоизро ташкил дода, аз 87 млн. 766,1 ҳазор сомонии банақшагирифташуда 85 млн. 853,7 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ба соҳаҳои маориф 54 млн. 292,8 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 18 млн. 313,7 ҳазор сомонӣ, мақомоти роҳбарикунанда 3 млн. 45,9 ҳазор сомонӣ, мудофиа 412,4 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 1 млн. 170,0 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ 264,6 ҳазор сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 429,8 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 58,6 ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ  1 млн. 220,2 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1 млн. 855,0 ҳазор сомонӣ ва дигар хароҷотҳо 3 млн. 590,8ҳазор сомонӣ  рост меояд.

Маблағҳои азхудгардида бо мақсади таъмини музди меҳнат, харидани хӯрокворӣ, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, маводи таълимӣ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, тадбирҳои ҷашнӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои буҷавӣ сарф карда шудаанд.

         Нақшаи андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 77,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 50 млн. 827,5 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷа 39 млн. 301,7 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 11,5 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2016-ум 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ноҳия 13541 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки талаботи моҳонаи онҳо 3 млн. 390,7 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳисоби миёна ба як нафар 250 сомонию 40 дирам рост меояд.

         Пардохти нафақа тавассути кортҳои пластикии бонкии Амонатбонк сурат гирифта, алҳол нафақаи моҳи декабри соли 2017 пардохт гардида истодааст.

Бақияпулиҳои андозҳои давлатӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018-ум 4 млн. 748,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба аввали соли 2017-ум 7,6 млн. сомонӣ кам мебошад. 

Бо мақсади таҳти назорати доимӣ қарор додани рафти пардохти андозҳои давлатӣ ва кам кардани бақияпулиҳо ситоди доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия созмон дода шудааст, ки он дар ҷаласаҳои худ мушкилоти бимиёномадаро мунтазам мавриди баррасӣ қарор медиҳад.  

          Кишоварзони ноҳия соли сипаригашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба 879 млн. 712,0 ҳазор сомонӣ расониданд, ки ин рақам нисбат ба соли пешин 36 млн. 46,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ширкатҳои соҳаи кишоварзии ноҳия дар майдони 25455 га кишт гузарониданд, ки ин баробари 100,2 фоизи нақшаи пешбинишуда аст (7578 га зироатҳои ғаллагӣ, 181 га картошка, 2184 га сабзавот (аз он 850 га пиёз), 838 га полезиҳо, 11829 га зироатҳои техникӣ (аз он 11400 га пахта) ва 249 га зироатҳои хӯроки чорво). 

         Дар давраи ҳисоботӣ аз майдони 7578 га ғалладонагиҳо (бо маккаи дон) 29561 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 1 га 39,0 сентнер рост меояд.

         Ҳамчунин, хоҷагидорон 23727 тонна пахта (аз 1 га 20,8-сентнер), 58823 тонна сабзавот (аз 1 га 269,3 сентнер), 27259,0 тонна полезӣ (аз 1 га 325,0 сентнер), 2730 тонна картошка (аз 1 га 151,0 сентнер),  4731 тонна мева ва 4246 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 6358 тонна пахта, 2571 тонна ғалладона, 1199 тонна сабзавот, 1835 тонна полезӣ, 11,0 тонна мева ва 11,0 тонна ангур зиёд мебошад.

Дар майдони 5896 га (100,6 фоиз) кишти такрорӣ гузаронида шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2018 аз ин ҳисоб 6333,5 тонна ғалладонагӣ, 76,1 тонна зироатҳои техникӣ, 12773 тонна сабзавот ва 8579,3 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Бо мақсади мунтазам бо сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ алҳол дар масоҳати 15,2 га гармхонаҳои доимоамалкунанда (14,0 га дар бахши ҷамоавӣ ва 1,2 га дар хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ) фаъолият доранд, ки аз онҳо зиёда аз 379 тонна сабзавот ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти дар гармхонаҳо парваришёфта нисбат ба соли 2016-ум 201 тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба хориҷи кишвар 2800 тонна маҳсулот содирот кардаанд, ки ин баробари 100,0 фоизи дурнамо мебошад.

Соли 2017 дар  25 га боғи нав бунёд гардида, 6 га боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд. Алҳол дар ноҳия ҳамагӣ 560 га боғ ва 813 га токзорҳои мевадиҳанда мавҷуд буда, барои бо кучати ниҳолҳо таъмин намудани хоҷагиҳо ва аҳолии ноҳия дар майдони 1,8 га хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.

Айни замон бо мақсади замина гузоштан ба ҳосили соли ҷорӣ 19950 га замин шудгор гардида, дар майдони 7262 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он ғалладонагиҳо 6090 га,  сабзавот 788 га (аз он пиёз 630 га, сабзӣ 35 га, карам 60 га, дигар сабзавотҳо 63 га), картошка 250 га ва зироатҳои хӯроки чорво 130 га мебошад. Имрӯзҳо шудгори замин ва кишти зироатҳои барвақтӣ аз тарафи хоҷагидорон муташаккилона идома  дорад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҳама бахшҳои чорводорӣ 97006 сар чорвои калони шохдор (аз он 48888 сар модагов), 179974 сар чорвои майда, 6075 сар асп, 183638 сар паранда ва 4440 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки ин рақамҳо баробари 104-107 фоизи дурнамои солона буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 413 сар чорвои калони шохдор, 72 сар модагов, 3876 сар чорвои майда, 8 сар асп,11617 сар паранда ва 72 оилаи занбӯри асал зиёд аст.

           Барои солиму беталаф аз зимистон баровардани чорво ба миқдори 38162 тонна хошоки дурушт ва 3431 тонна хошоки ширадор захира гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 20,0 тонна хошоки дурушт ва 72,0 тонна хошоки ширадор бештар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳама бахшҳои чорводорӣ 7228,0 тонна гӯшт, 45819,0 тонна шир, 7 млн. 80,0 ҳазор дона тухм, 361,8 тонна пашм, 76,1 тонна асал ва 27,5 тонна пилла истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 599,8 тонна гӯшт, 1420,4 тонна шир, 554,8 ҳазор дона тухм ва 7,7 тонна пашм зиёд мебошад. 

Маҳсулнокии чорво ба ҳолати 1 январи соли 2018 аз 100 сар модагов 69 сар гӯсола, аз 100 сар меш 94 сар барраю бузғоларо ташкил дода, ширдӯшӣ ба як сар модагов 2405 литр ва пашмтарошӣ ба ҳар сар гӯсфанд 2,5 кг рост меояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри беҳдошти ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ташкилоту муассисаҳои хизматрасон мунтазам чораандешӣ мекунад. Дар ҳудуди ноҳия 3 бозори доимӣ: ҶДММ «Бозори Меҳргон», ҶДММ «Тиҷорат» ва ҶДММ «Ансор», инчунин 4 бозори яквақта: «Ганҷи Деҳқон», «Сомон», «Шӯрча» ва «Фаровон» фаъолият доранд, ки соли сипаришуда дар онҳо муомилоти мол ба 204,6 млн. сомонӣ баробар гардидааст. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 514 адад субъектҳои соҳибкории бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба ҷои 1 млн. 54,6 ҳазор сомонӣ ба буҷети ноҳия 1 млн. 832,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуда, 1 млн. 860,0 ҳазор сомонӣ андози содакардашуда, 841,5 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии 1-фоиза ва 110,2 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии 25-фоиза пардохт гардидааст.

Соҳибкорони инфиродие, ки бо патент кору фаъолият доранд, 1999 нафар буда, ба буҷети маҳал 3 млн. 76,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намуданд. Теъдоди хоҷагиҳои деҳқонии бо шаҳодатнома фаъолиятдошта 4006 адад буда, аз ҳисоби онҳо 3 млн. 955,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.

Аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаи соҳибкории ноҳия 71,1 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 21,7 млн. сомонӣ зиёд аст.

Айни замон дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин ҳисоб маблағи умумии азхудшуда 39,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои охир тавассути бунёд гардидани якчанд иқтидорҳои нави саноатӣ ин соҳаи муҳим барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидати фаъол намуд. Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 322 млн. 722,5 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс бо соли 2016-ум 473 млн. 695,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии ноҳия 1 млн. 878 ҳазору 791 тонна семент, 418 тонна намаки ошӣ, 1500 тонна оҳаки сохтмонӣ, 3 млн. 430 ҳазор дона хишти сементӣ, 1 млн. 474,8 ҳазор дона гаҷкартон, 7963,6 тонна нахи пахта, 1329,9 тонна риштаи бофандагӣ, 2 млн. 716,4 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 24 ҳазору 862,4 тонна орд, 3170,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва дигар номгӯи маҳсулот истеҳсол намуданд.

Батадриҷ баланд гардидани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот якчанд корхонаҳои саноатии ноҳия дар бозорҳои хориҷи кишвар харидор пайдо карда, дар  соли 2017 ба миқдори 673 ҳазору 922 тонна семент, 438 тонна намаки ошӣ, 85 ҳазору 985 дона гачкартон, 17 ҳазору 110 дона варақаҳои гачӣ, 1120 тонна риштаи пахтагин, 2 млн. 856 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ва 16,3 тонна риштаҳои рангкардашударо ба хориҷи кишвар содирот намуданд. Маблағи маҳсулоти саноатии содиротгардида дар қиёс бо соли қаблӣ 212 млн. 664 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соли гузашта дар ноҳия се иншооти нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки яке аз онҳо корхонаи саноатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тенологии муосир оид ба истеҳсоли халтаҳои полиэтилении ҶДММ “Моҳир пластик” дар базаи корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” аст, ки он дорои 150 ҷойи кори доимӣ ва иқтидори истеҳсолии 40 млн. дона халта дар як сол мебошад. Алҳол дар корхонаи мазкур 107 нафар шаҳрвандони маҳаллию хориҷӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 82 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз он ҷиҳат, ки корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дар як сол ба 25 млн. дона халта эҳтиёҷ дорад, корхонаи “Моҳир пластик” метавонад дигар соҳаҳоро ҳам бо ин намуди маҳсулот таъмин намояд. Ду иншооти дигари навбунёд коргоҳи истеҳсоли қуму шағал барои 8 ҷойи корӣ ва коргоҳи коркарди меваю сабзавот бо иқтидори истеҳсоли 1500 дона қуттии шартӣ дар як шабонарӯз барои 20 ҷойи корӣ мебошанд.

Соли сипаригашта бо бунёд ёфтани иншооти гуногун, аз қабили гармхонаҳо, фермаҳои ширию молӣ ва гуштӣ, фабрикаю корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои тандурустию таълимӣ ва фарҳангӣ, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасониву фароғатӣ ва ғайраҳо аз заҳмати пурсамари сохтмончиёни ноҳия шаҳодат медиҳад.  

Дар давраи ҳисоботӣ маблағи баистифодадиҳии фондҳои асосӣ 774 млн. 17,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016-ум 604 млн. 556,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин муддат 221 иншооти фароғатӣ, маданӣ, хизматрасониву маишӣ, тандурустӣ ва ғайраҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки бинои хуштарҳу замонавии сеошёна бо ҷойгир намудани марказҳои савдою хизматрасонӣ ва тарабхона, ду бинои панҷ ва шашошёнагии истиқоматӣ дар шаҳраки Ёвон, бинои маъмурии Ҷамоати деҳот ва корхонаи истеҳсоли қопчаҳо дар ҳудуди деҳоти Даҳана, бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии рақами 57, коргоҳи коркарди меваю сабзавот дар деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар 3 бинои панҷошёнагӣ, бинои сеошёнаи муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, бинои нави маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва даҳҳо иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ босубот идома доранд.

Дар ноҳия 16 корхонаи сохтмонӣ фаъолият дошта, соли 2017 корхонаҳои “Хуан Фантсюй Синю Сохтмон” ба маблағи 2 млн. 228,8 ҳазор сомонӣ, “Фарҳоди куҳкан” 251,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ёвон” 4 млн. 16 ҳазор сомонӣ, КТ “Хуршед 85” 365 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Наврӯз” 376 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ёқуб сохтмон” 170,9 ҳазор сомонӣ ва корхонаи истифодабарию сохтмонии оби деҳоти ноҳия 124,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расонидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҶСК “Шабакаҳои барқии Ёвон” ба маблағи 4 млн. 526 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ гузаронида шуда, ба трансформаторҳо 7 тонна равғанҳои иловагӣ рехта шудааст, ки ин баробари 100,0 фоизи нақша мебошад.

Соли 2017 аз ҷониби корхонаи мазкур дар ҳаҷми 387,33 млн. кВт.с нерӯи барқ қабул карда шудааст, ки аз ин 327,87 млн. кВт.с барқи фоиданок ва 15,1 фоизашро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобкардашуда 92 млн. 449,6 ҳазор сомонӣ буда, аз он  88  млн. 229,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 95,4 фоиз пардохт шудааст.

ҶСК “Шабакаҳои барқии Ёвон” бо мақсади омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 54 адад симчӯбҳои фарсудагардидаро бо симчӯбҳои нав иваз намуда, дар ду деҳа барои кам намудани бори воқеии трансформаторҳо трансформаторҳои иловагиро насб ва як қатор корҳои таъмирию барқарорсозиро амалӣ кардааст.

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, зебову озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, оро додани гулгаштҳо, таъмиру рангубори биноҳои баландошёна ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта шанбегиҳо ва ҳашарҳои умуминоҳиявӣ гузаронида мешаванд, ки дар онҳо кормандони ҳама ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии маҳаллаҳо ба таври муташаккилона ширкат меварзанд.

Тавассути чунин тадбирҳои ободкорӣ соли гузашта дар ҳудуди ноҳия 51344 бех ниҳол шинонида шуд, ки ин баробари 102,6 фоизи нақша мебошад (36537 бех ниҳолҳои сояафкан, 6830 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва 7977 бех ниҳолҳои ороишӣ). Дар канори роҳҳои автомобилгард ниҳолҳои писта, шулаш, зардолу, қарағоч ва ғайраҳо шинонида, дар атрофи 237 бинои маъмурии ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ анҷом дода, партовҳо ва ахлоттудаҳо аз кӯчаву хиёбон, гулгаштҳо ва атрофи биноҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи марказӣ кашонида шуданд.

Ҳамзамон, дар кӯчаҳо ва гулгашту хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба миқдори 14452 бутта гули лола, 46380 бутта гули садбарг шинонида, дар майдони 2946 м2 алафи ҳамешасабз кошта шуда, ҳоло дар ин самт корҳо идома доранд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи иҷрои Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, №АП-862 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, маҳалла, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ» озмуни ноҳиявӣ гузаронида шуд ва ғолибони он- се ҷамоати шаҳраку деҳот, се маҳалла ва як майдони варзишӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд. Шаҳраки Ёвон ва майдончаи варзишии деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳана дар даври вилоятии озмуни мазкур соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд.

Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳодисаҳои табиӣ бо саҳмгузории сокинони маҳаллаҳо як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ гардида, дар деҳаи Санҷитаки деҳоти Обшорон ба дарозии 650 метр, паҳноии 4 метр ва чуқурии 2 метр; дар деҳаи Қашқараҳаи деҳоти Обшорон ба дарозии 620 метр, паҳноии 5 метр ва чуқурии 2 метр; дар деҳаи Чароғчии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов ба дарозии 300 метр, паҳноии 5 метр ва чуқурии 2 метр селпартоҳо аз лойу санг тоза карда шуданд, дар деҳаи Навободи деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов селроҳа ба дарозии 90 метр, паҳноии 5 метр ва чуқурии 2 метр тоза карда, бо истифодаи зиёда аз 900 м3 сангу шағал корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии роҳи вайроншуда гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт нисбатан боло рафта, ҳаҷми боркашонӣ ба 1456,3 ҳаз. тонна (100,3 фоиз) ва мусофиркашонӣ ба 3285,5 ҳазор нафар (102,2 фоиз) баробар гардид.

Дар ин давра аз буҷаи маҳал барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1 млн. 855 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 248 км таъмири ҷорӣ ва дар 0,4 км таъмири асосӣ гузаронида шуд.

Дар доираи корҳои ободонӣ соли гузашта бо саҳми маҳал дар 20 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллии ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия таъмири ҷорӣ, дар 2 км таъмири асосӣ ва дар 14 км корҳои сангфаршкунӣ гузаронида шуданд. 

Пули калонҳаҷми маркази ноҳия, ки ду сол қабл дар натиҷаи омадани сел ба куллӣ аз байн рафта буд, айни замон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ барқарор гардида истодааст. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пул 23 млн. сомониро ташкил медиҳад ва то имрӯз аз он дар ҳаҷми 12,3 млн. 200 сомонӣ корҳои оҳану бетонӣ, зерпояву таҳкурсигузорӣ, новаи обгузар ва кашонидани сангу шағал иҷро гардида, айни замон корҳои омода намудани болорҳои пул идома доранд.

Бо мақсади бо оби ошомидании босифат таъмин намудани сокинони маркази маъмурии ноҳия аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд «Лоиҳаи барқарорсозии обтаъминкунии қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ гардида истодааст. Марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур, ки маблағи 5,8 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад (60 фоизи он маблағи грантӣ), аз семоҳаи сеюми соли 2016 оғоз гардида, имрӯзҳо бомаром идома дорад.

Солҳои охир, аз сабаби зиёд қатъ гардидани раводиди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мушкилоти мубрам табдил ёфтааст. Алҳол 9279 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд (9158 нафар дар дар Федератсияи Руссия, боқимонда дар дигар кишварҳо). 

Дар давоми соли 2017-ум 2284 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 1162 нафар бо кор таъмин карда, 100 нафар шаҳрвандони тахассуси корӣ надошта ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 300 нафар аз рӯи ихтисосҳои коргузор, кор бо компютер, бофанда, дӯзанда, гулдӯз, зардӯз, қолинбоф, кафшергар ва ошпаз ба касбомӯзӣ фаро гирифта, 792 нафар тавассути шаҳодатномакунонӣ тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби ҳуҷҷат гардонида шуданд. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия бо иштироки корфармоён 12 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор гардиданд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 “Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” дар давоми соли 2017 кӯчонидани 10 хоҷагии зарурат ба муҳоҷирати экологидошта пешбинӣ гардида буд ва бо ин мақсад дар давраи ҳисоботӣ 10 хоҷагӣ аз деҳоти Ситораи Сурх, 2 хоҷагӣ аз деҳоти Обшорон, 2 хоҷагӣ аз шаҳраки Ҳаёти Нав, 4 хоҷагӣ аз деҳоти Даҳана ва 11 хоҷагӣ аз деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, дар маҷмӯъ 29 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2017-2018” дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба миқдори 48,6 тонна ангишт (115,7%), 38м3 ҳезум (100 %), 15 генератор (100%); дар муассисаҳои соҳаи соҳаи маориф 861 тонна ангишт (100 %), 861 м3  ҳезум (100 %), 65 адад генератор (100%); дар соҳаи роҳдорӣ 1100 тонна маводи зидди лағжиш (123,8 %), 3 тонна ангишт (100%), 6 м3 ҳезум (100 %); дар соҳаи чорводорӣ 38162 тонна хошоки дурушт (97,1 %), 3359 тонна хӯроки ширадор (74,6 %) ва дар муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» 10 тонна ангишт (100%), 30м3 ҳезум (100%), 1 тонна сӯзишвории дизелӣ (100%), 2 адад генератор (100%), 170 адад бухориҳои барқӣ (100%) захира гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Барои таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сӯхт дар ноҳия 28 нуқтаи фурӯши ангишт ва 30 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд.

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» соли гузашта дар мавсими баҳорӣ 185 нафар ва дар мавсими тирамоҳӣ 215 нафар шаҳрвандони синну соли даъватӣ ба сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд, ки ин зиёда аз 101 фоизи нақшаро  ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2017 ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як зумра тадбирҳо ба сомон расонида шуданд.

Ҳоло дар ноҳия 83 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 51492 нафар хонандагон, аз ҷумла 24851 нафар духтарон фаъолият доранд, ки дар онҳо 2435 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Дар 7 муассисаи томактабӣ 929 нафар кӯдакон ҷалб гардида, барои тарбияи онҳо 191 нафар кормандон равона карда шудаанд. Ҳамчунин, дар назди 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил гардида, ба онҳо 1026 нафар кӯдакони синни аз 4 то 7-сола ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Соли 2017 бинои нави МТМУ №57 дар деҳаи Меҳристони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов барои 640 нафар, инчунин, 23 синфхонаи нав дар назди 11 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии нав барои 640 ҷойи нишаст ва 18 синфхонаи иловагӣ дар назди 8 муассисаи таълимӣ идома дорад. Соли гузашта дар доираи корҳои ободонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 11, 44 ва 37 хатти оби ошомиданӣ гузаронида шуд.

Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 81 кабинети технологӣ амал мекунанд, ки бо асбобу ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар ҳаҷми 117 фоиз ба иҷро расида, дар 80 муассиса 1468 компютер, 149 принтер, 118 нусхабардор, 30 диапроектор, 17 тахтаи электронӣ ва 75 муҳаррики барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, 69 муассисаи таълимӣ ба шабакаи Интернет пайваст гардидаанд.

Дар соли таҳсили 2016-2017-ум 3169 нафар, аз ҷумла 1435 нафар духтарон синфи 11-ро хатм намуда, 2444 нафар (77,1 фоиз) ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурданд ва 1303 нафар пас аз супоридани имтиҳонҳои тестӣ ба донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин баробари 41,1 фоиз мебошад.

Илова бар ин, 106 нафар хатмкардагони синфи 11 ба филиали коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар ноҳияи Ёвон, 300 нафар ба литсейҳои касбии техникии ноҳия, 22 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 21 нафар бе воситаи Маркази миллии тестӣ ба макотиби олии кишвар, инчунин, 44 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуданд. Яъне дар маҷмӯъ боз 15,5 фоизи хатмкардагони синфи 11 алҳол таҳсили худро дар донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникии кишвар идома дода истодаанд ва бо назардошти ин омор теъдоди умумии дохилшудагон 56,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, пас аз итмоми соли хониши гузашта аз ҳисоби хатмкардагони синфи 9-ум 159 нафар ба коллеҷи тиббии ноҳия ва 395 нафар ба литсейҳои касбии техникӣ дохил шуданд.

Ҳоло дар маҷмӯъ 95 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаҳои Президентӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ таҳсил карда истодаанд. Ҷойи зикр аст, ки рӯзҳои 11 ва 12 майи соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилдошта баргузор гардида, ба ҳар як донишҷӯ туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар соли таҳсили сипаригардида 29 нафар дар олимпиадаҳои фосилавӣ,  61 нафар дар даври вилоятӣ ва 3 нафар дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.    

Баҳри беҳдошти вазъи соҳаи тандурустии ноҳия айни замон як қисмати комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ аъмиру тармим гардида истодааст. Маблағи сохтмон 30 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки то ин давра аз он 6,2 млн. сомонӣ ҷудо гардида, корҳо дар ин самт идома ёфта истодаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати аз таъмири асосӣ баровардани ошёнаҳои 4-уму 5-уми бинои беморхонаи марказӣ аз буҷаи маҳал 1 млн. 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва дар ин самт корҳои сохтмонӣ оғоз карда шудаанд. Маркази солимии репродуктивӣ низ дар ин давра бо харҷи 50 ҳазор сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.

Соли сипаригашта дар деҳаҳои Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон, Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Даҳана бунгоҳҳои нави тиббӣ сохта мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор гирифтанд. Бо маблағгузории буҷаи маҳаллии ноҳия дар ҳаҷми беш аз 149 ҳазор сомонӣ ва бо маблағгузории беморхонаи марказӣ дар ҳаҷми 40 ҳазору 900 сомонӣ барои шуъбаҳои беморхона дастггоҳи муосири Ултрасадо, ароба ва кардиомониторҳои наздикатӣ харида шудааст. 

Бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳудуди ноҳия бунёд ёфтани 5 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло дар деҳаҳои Дӯстӣ (ҷ/д ба номи Ҳ.Ҳусейнов), Қулобод (ҷ/д Чоргул) сохтмони чунин марказҳо шурӯъ гардида, дар деҳаҳои Ширинчашма ва Чормағзак (ҷ/д ба номи Ҳ.Ҳусейнов) ва Бустон (ҷ/д ба номи Г.Юсуфова) корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҷараён доранд. Ҳар як маркази саломатӣ бо маблағи 1,2 млн. сомонӣ бунёд гардида, бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз сохта мешаванд. Аз аввали сол то имрӯз муассисаҳои тиббии деҳотӣ бо сарфи 28 ҳазору 500 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.

Имрӯз дар ноҳия 98 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 211 нафар табибони таҳсилоти олидошта ва 876 нафар кормандони миёнаи тиб кор мекунанд.

         Соли гузашта дар шуъбаҳои беморхона 18769 нафар беморон бистарӣ гардида, 18665 нафар сиҳатии худро барқарор кардаанд (иҷрои кат/рӯз: 54,2 фоиз; дар соли 2016: 70 фоиз).

         Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 7250 кӯдак ба дунё омадааст, ки ин дар қиёс бо соли 2016-ум 592 нафар кам аст. Таваллуди хонагӣ 70 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 94 ҳолат камтар шудааст.

         Фавти ҳамагон дар ин давра 799 нафар (-2) (калонсолон: 583 нафар (-25), кӯдакону наврасони то 18-сола: 216 нафар (+23), кӯдакони то 1-сола: 155 нафар (+29)-ро ташкил додааст.  

         Соли сипаригардида бемориҳои сироятии домана, дарунрави ангезандааш маълум, вараҷа, БСШРМ ва сирояти менингококӣ ба қайд гирифта нашудааст; дарунравии ангезандааш номаълум 202 (-1), зардпарвин 8 (-4), сил108 (-18), буғумдард 7 (-1), оташак 5 (-1), сӯзок 6 (-1), хоришак 4 (-11), микоспория 3 (-3), трихофотия 13 (-5), эпидпаротит 8 (-1), табби хунин 1 (+1), саггазида 33 (баробар), сурхча 1 (-1). Дар соли 2017 ҳамагӣ 399 (-46) ҳолати ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.   

         Бо мақсади иҷрои қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ва аз 1 октябри соли 2016, №416 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437» дар давоми соли 2017 ба 3630 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 1 млн. 452 ҳазор сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ноҳия се муассисаи махсуси иҷтимоӣ: мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, хонаи пиронсолон ва маъюбон ва маркази минтақавии рӯзона барои пиронсолон ва маъюбони “Умед” фаъолият мекунанд.

Дар давоми соли 2017 ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 185373 сомонӣ (+3861), ба хона-интернати пиронсолон ва маъюбон 2 млн. 520 ҳазору 901 сомонӣ (+87001) ва ба маркази минтақавии рӯзонаи будубоши “Умед” барои пиронсолон ва маъюбон 164 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамзамон, соли сипаригардида ба 231 нафар таълимгирандагони мактаб-интернат ба маблағи 101 ҳазору 350 сомонӣ, ба 122 нафар бошандагони хона-интернат ба маблағи 57 ҳазору 253,5 сомонӣ, ба 45 нафар бошандагони маркази “Умед” ба маблағи зиёда аз 8000 сомонӣ аз ҳисоби корхонаю муассисаҳо ва саховатмандони ноҳия кумакҳо расонида шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи фарҳанг пайваста чораандешӣ мекунад.

         Алҳол дар ҳудуди ноҳия 44 муассисаи фарҳангӣ: 1 кохи фарҳанги ноҳиявӣ, театри халқӣ, ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон”, 4 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 7 клуб, Осорхона, мактаби бачагонаи санъат, 28 китобхона амал мекунанд. Ҳамасола биноҳои муассисаҳои фарҳангию маърифатии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳраки Ёвон дар шафати шоҳроҳи кӯчаи ба номи М.Турсунзода бунёд намудани боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар масоҳати 6,5 га замин пешбинӣ шудааст. Имрӯзҳо корҳои баимзорасонии шартнома миёни КВД «Лоиҳакаш»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати омода намудани лоиҳаи Нақшаи муфассали боғи фарҳангиву фароғатӣ идома дорад. Дар баробари омода гардидани лоиҳаи мазкур бунёди боғ оғоз мегардад.

Муассисаҳои фарҳангии ноҳия дар давоми соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бахшида ба ҳама ҷашнҳо ва рӯзҳои таърихӣ барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои “Дом” ва “Курдуд”-ро таҳия ва  баргузор намуданд.

Ҳоло дар ҳама муассисаҳои фарҳангии ноҳия 112 нафар кормандон фаъолият доранд, ки 48 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандон 42 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 38 нафар миёнаи махсус, 32 нафар миёнаи умумӣ мебошанд. Айни замон 15 нафар кормандони муассисаҳо дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил карда истодаанд.

Барои татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳар чи бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани бонувон амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии фаъолгардонии занон барои солҳои 2011-2020” корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд.

Дар давоми соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бо мақсади амалӣ гардонидани стратегияҳо ва барномаҳои давлатии ба соҳаи занон ва оила нигаронидашуда, аз ҷумла барои баргузор намудани озмуну чорабиниҳои Кадбонуи беҳтарин, Рӯзи оила, Оилаи беҳтарин, Рӯзи модар, Ҷилваи ҳусн, инчунин баҳри дастгирии занони ниёзманд 19 ҳазору 735 сомонӣ ҷудо гардид.  

Ҳоло аз шумораи умумии занони ноҳия, ки қариб 105 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, 150 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 2 нафар занон дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 8 нафар дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 33 нафар дар маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ҳайси вакил фаъолият доранд.

         Имрӯз дар соҳаҳои маориф 1146 нафар, фарҳанг 48 нафар, тандурустӣ 1059 нафар,  соҳибкорӣ ва савдо 1544 нафар, саноат 923 нафар, молия ва андоз 8 нафар, почта ва алоқа 5 нафар,  кишоварзӣ 16 ҳазору 336 нафар занон кор мекунанд. Аз ҳисоби занон як нафар раиси ҷамоат, ду нафар муовинони раиси ҷамоат, 21 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 49 нафар муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ, 10 нафар мудирони шуъбаҳои соҳаи тандурустӣ мебошанд.

         Соли сипаригардида 148 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 23 нафар ба гурӯҳҳои худмаблағгузори касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд ва 554 нафар занону духтарон бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли гузашта дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон тадбирҳои зиёдеро, аз қабили фестивали бозиҳои миллӣ, конференсияҳо, маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои гуногуни варизишию маърифатӣ роҳандозӣ намуд.

Зимни баргузории экскурсияҳои омӯзишӣ беш аз 1000 нафар ҷавонон, донишҷӯён ва омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳои соҳибкорӣ, молия ва иқтисод, техникӣ, ба номи Носири Хусрав, ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин, ихтиёриёни назди Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии “Моҳир семент”, “Хима текстил”, “Ғаюр индастриал”, “Намаки Ёвон”, “Ваҳдат”, “Криолит”, нақби Парчасой дидан карда, бо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз наздик шинос шуданд.

         Бо мақсади ҳавасманд гардонидани насли наврас, дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон озмунҳо ва мусобиқаҳои ноҳиявии “Гӯштингири беҳтарин”, “Навовари беҳтарин”, “Тими беҳтарини футбол”, “Беҳтарин тарроҳ” ва “Хонандаи беҳтарин” гузаронида шуданд, ки донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар онҳо фаъолона ширкат варзиданд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳо бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Алҳол 13 нафар ҷавонони ноҳия дар зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ, 164 нафар дар сохторҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият дошта, 9 нафар вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳо мебошанд. Дар соли хониши соли 2017-2018 аз миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 42 нафар лаёқатмандон бо стипендияҳо мушарраф гардонида шуданд (6 нафар стипендияи Президентӣ, 2 нафар стипендияи раиси вилоят, 30 нафар стипендияи раиси ноҳия ва 4 нафар стипендияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия).

Дар асоси “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016 – 2018”, “Барномаи рушди футбол дар ноҳияи Ёвон барои солҳои 2017-2021” ва “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Ёвон барои солҳои 2017-2021” чорабиниҳое аз қабили “Ҳомии Ватан”, “Модар-олиҳаи зиндагӣ”, “Маликаи Наврӯз”, “Қаҳрамонон намемиранд”, “Ҷавонон-бунёдгарони ҷомеаи навин”, “Кӯдакон ояндаи ҷомеаро ба даст доранд”, “Ваҳдати миллат бақои давлат аст”, “Истиқлолияти давлатӣ пойдевори қавии Давлати миллист”, “Конститутсия бахтномаи миллат аст”, “Парчами давлатӣ раҳнамои мо ба сӯи фардои дурахшон аст”, инчунин аксияҳои иттилоотии  “Хатсайри бехатар”, “Паёми Пешвои миллат дастури кори мост”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, “Пешвои миллат идеали зиндагии мост”, Фестивали намудҳои миллии варзиш ва мусобиқаҳои зиёди варзишӣ баргузор карда шуданд. Барои амалисозии барномаҳои мазкур дар соли 2017 зиёда аз 85000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар доираи таҷлили Соли ҷавонон дар ҳудуди ноҳия 4 иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли сипаригардида дар маҷмӯъ 107 чорабинии фарҳангию варзишӣ баргузор карда шудааст, ки дар онҳо 166 ҳазору 280 сомонӣ масраф гардида, зиёда 88010 нафар ё  худ 96,3 фоизи наврасону ҷавонон ҷалб карда шуданд.

Айни замон дар ноҳия як мактаби варзишӣ (544 тарбиятгиранда, 17 мураббӣ), 1 варзишгоҳ, 36 толор, 188 майдончаи варзишӣ (аз он 5 майдончаи навсохт бо фарши резинӣ), 4 ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор доранд. Соли 2017 боз 4 майдонча ва 2 толори варзишии нав бунёд гардида, айни замон таҷдид ва азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳия оғоз ёфтааст.

         Дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар Соли ҷавонон назаррас буда, дар ин давра як нафар соҳиби унвони ифтихории олими ҷавон гардид, як нафар дар даври вилоятии озмуни “Муаллими сол” сазовори ҷойи дуюм дониста шуд ва панҷ нафар варзишгарон дар чемпионатҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Дар маҷмӯъ варзишгарони ноҳия дар давоми соли гузашта 123 медал ба даст овардаанд (42 тилло, 40 нуқра ва 41 биринҷӣ), аз инҳо 6 медал аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва 117 медал аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Яке аз санадҳои муҳиме, ки дар таъмини рушди иҷтимоии ҷомеа нақши асосӣ дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Сокинони ноҳия тағйироту иловаҳоеро, ки соли 2017 ба Қонуни мазкур ворид гардиданд, ба хушӣ истиқбол намуданд ва бояд гуфт, ки тағйироти нав барои боз ҳам камхарҷ гардидани маъракаҳо мусоидат намуда, ба мафкураи аҳли ҷомеа таъсири мусбат расондааст.

Дар ноҳия бо мақсади амалӣ намудани Қонуни мазкур бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 9 сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 10 комиссияи доимӣ ва 77 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, барои баровардани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷиди ҷомеъ ва 165 масҷиди панҷвақта ба таври расмӣ амал карда истодаанд.

         Соли 2017 барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ташну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 3 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак беш аз 100 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ карда шудааст.

Соли гузашта дар ноҳия 3629 тӯйи арӯсию домодӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1472 адад зиёд), 347 хатнасур (287 адад кам), 395 маросими чил (10 адад кам), 353 маросими сол (91 адад кам) ба қайд гирифта шудааст. Ҷамъи маъракаҳои дар ин давра барпогашта ба 4674 адад расида (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1034 адад зиёд), дар онҳо 2631 сар чорвои хурд (357 сар зиёд) ва 1489 сар чорвои калон (261 сар зиёд) забҳ карда шудааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 19 млн. 621 ҳазору 965 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 9 млн. 724 ҳазору 24 сомонӣ бештар аст. Хароҷоти як маърака ба ҳисоби миёна 4198 сомонӣ буда, дар қиёс бо соли 2016-ум 1478 сомонӣ зиёд мебошад.

Теъдоди хатнасурҳои хайриявӣ дар соли гузашта ба 96 адад ва тӯйҳои домодиву арӯсии хайриявӣ ба 7 адад баробар гардидааст.

Ҷиҳати дастгирии ниёзмандон дар арафаи идҳои расмӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳо, шахсони саховатпешаю хайрхоҳ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои динӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон, Маркази минтақавии рӯзона барои пиронсолон ва маъюбони «Умед», иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, ятимон, бепарасторон, оилаҳои камбизоат, ҷамъиятҳои маъюбон, нобиноён, Қисми низомии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 1 млн. 334 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока, сару либос ва дигар кумакҳои хайриявӣ расонида шуд.

Соли сипаригардида аз тарафи шаҳрвандони ноҳия 2952 адад муроҷиати хаттӣ, инчунин, аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 адад, аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад ва аз мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 6 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва чораҷуӣ ба унвонии раиси ноҳия ворид  гардидааст.                 

Аз ин шумора 182 адад муроҷиатҳо оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 1610 адад оиди ташкил намудани хоҷагии деҳкони фермерӣ ва барасмиятдарории қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 426 адад барои қабул намудани иншооти баитмомрасида ва сохтмон, 180 адад барои расонидани кумаки моддӣ, 206 адад барои зиёрати Каъба ва 348 адад оид ба дигар масъалаҳо буда, аз онҳо 2455  адад қонеъ ва 448 адад рад карда шуда, 49 адад таҳти баррасӣ қарор доранд.                                      

Дар ин давра аз тарафи раиси ноҳия 520 нафар, муовинон  265 нафар, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия 48 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, моҳе як маротиба аҳли роҳбарияти мақомотииҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия қабули сайёри шаҳрвандон ташкил менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 58 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 144 нусха  аз протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 61 протоколи маҷлисҳои назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 67 протоколи маҷлисҳои назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ  қарор дорад.

  •  

Аз 40 ҳавзаи интихоботии ҳудуди ноҳия 40 нафар вакилон, аз ҷумла 8 нафар занон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолият мекунанд. Дар давоми соли гузашта4 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир гардида, мувофиқи нақша масъалаҳои“Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рафти иҷрои Қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 3 марти соли 2016, №210 “Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №7 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, «Дар бораи рафти татбиқ ва амалигардонии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноат дар ноҳия», «Ҳисоботи раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2017» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар ҳамин давра аз тарафи раиси ноҳия 1803 қарор ва 128 амр дар асоси фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон оид ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмону саноат, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хусусигардонии амволи давлатӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), сохтмони нуқтаҳои тиҷоратӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳаҳои буҷавӣ, ба парасторӣ қабул намудан ва ғайраҳо ба имзо расонида шуда, рафти  иҷроиши онҳо таҳти назорат қарор доранд.

Бо мақсади таъмини назорати иҷрои қарорҳои қабулгардида аз тарафи кормандони дастгоҳи раиси ноҳия дар шуъбаю бахшҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба таври мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Дар давоми соли 2017 дар ноҳия 268 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар қиёс бо соли пешин 16 ҳолат кам аст. Аз ҷиноятҳои содиршуда 91,7 фоизи онҳо ошкор гардидааст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор, фаъолон ва шахсиятҳои обрӯманди ҷомеа гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуда, дар миёни аҳолӣ ба таври васеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ ҷиҳати иҷрои фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебарад.