ИРОДАИ ҲУКУМАТДОРОНИ ВАҚТИИ ЭРОН ҲАРГИЗ ИРОДАИ МАРДУМИ ЭРОН НЕСТ

  • Posted on: 4 January 2018
  • By: korbar

Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон давлати Исломии  Эронро  ҳамчун шарики  стратегӣ ва мардуми онро ҳамчун дӯсту бародар  мешинохтаму  мепазирам.

Тахминан, чор ё панҷ сол пештар бо як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон  шинос шудам. Ӯ ҳамчун соҳибкор ба Тоҷикистон омада, ба бо кори деҳқонӣ машғул буд.  Он кас ҷавони 35-37-соларо мемонад  Ман, ки мардуми  эрониро ба ҳайси афроди ҳамхуну ҳамнажод хеле эҳтиром мекардам, хостам бо ӯ ошно шавам. Бо мақсади шиносоӣ ба назди марди эронӣ рафтам ва бо ӯ суҳбату оростам. Интизор будам, ки аз суҳбат бо марди эронӣ таасуроти ҷолибе мебардорам. Вале афсус, ошноии мо дер давом накард, ҳамагӣ се маротиба бо ҳам суҳбат доштем ва ман аз суҳбат бо марди Эронӣ канораҷӯи намудам.

 Сабаб дар он буд, ки дӯсти  нави ман зимни суҳбат суханоне гуфт, ки касро ба ҳайрат мемонд. Ӯ нисбат аз давлат ва давлатдорони Эрон мутанаффир буд. Муддате сукут кардам ва ба дил гузаронидам, ки мумкин ин мард хатто мекунад, дуруғ мегӯяд, иштибоҳ мекунад, чун ин  имкон надорад. Давлати Эрон мардум ва  халқи худро эҳтиром мекунад. Баъди чанд лаҳза исрор кардам, ки бародар мумкин иштибоҳ шуда бошад, мумкин нисбати шумо хаттое сар зада бошад. Шиноси нави Эронии ман гашта ба гашта исрор мекард, ик  дар Эрон ҳеҷ кас, алалхусус ҷавонон озодии фикрӣ надоранд ва наметавонанд аз ақидаи шахсии худ ҳимоят кунанд.  Ба ӯ гуфтам, ки суханони шумо дар ҳаққи давлати Эрон хиёнат нест, шаҳрванди як кишвар (ва он ҳам Эрони бузург) набояд ба ин ҳад нисбати ҳокимону давлатдорони сарзамини худ ҳисси бадбинӣ дошта бошад. Ба гуфтаҳои бародари Эронӣ бовар накардам ва ба худам қарор додам, ки дигар ба дидорбинии ӯ намеравам, чун  матлабе, ки ман мехоҳам нисбати фарҳангу маданият, расму оин ва фаъолияту зиндагонии мардуми Эрон пайдо намоям, ӯ ботил намуд. Дар нақша доштам, ки ҳатман бо як нафар шаҳрванди Эронӣ боз ҳамсуҳбат мегардам, лек фурсат даст надоду  кору пайкори давлати исломии Эрон на барои ман, балки барои тамоми дунё  мисли оина бармало гардид. Ба худ андешидам, ки ошнои серӯзаи ман дуруғ нагуфтааст...

Баъд аз эълон гардидани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ, ки пуштибони асосиаш давлати исломии Эрон будааст, диди манро   тағйир доду  хаёлҳоямро парешон намуд. Ба худ андеша  кардам, ки наход давлате, ки ҳазорон муттафакиру олимони барҷаста, шоирону нависандагони маъруфро ба мисли А. Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Тусӣ ва садҳо нафари дигарро ба дунё овардаву  дар ҷаҳон овозадор гардидааст, ба чунин кори разилона даст дошта бошад. Пуштибонони ҲНИТ худ медонистанд, ки  дар ҷангу низо танҳо мардуми бечора ва халқи бегуноҳ осеб мебинанд, пас аз овораву саргардон намудани халқи тоҷик ба ӯ чи наф расид. Ё худ ягон моҳ паси абр намемонад.  Давлати исломии Эрон дар ҳақиқат нақшаи низо андохтани мардуми тоҷикро миёни ҳамдигар таҳрезӣ намуданд, аммо зиракиву матонат ва иродаи қаввии мардуми Тоҷикистонро нодида гирифтанд.  

Дар урфият мегӯянд, ки “Қувваи мушт дар панч ангушт аст” Мардуми тамаддунофари тоҷик ҳамон ангушт ва Пешвои миллати мо муштеро мемонад, ки дигар касе ва чизе онро аз байн бурда наметавонад. Давлати Эрон бояд мутмаин гардад, ки мо занҷири меҳру вафодориро байни ҳам сахт  бастаем, дигар на Эрону на Теҳрон, на Авғонистону на Покистон  рисолату матонату иродаи ин миллатро шикаста наметавонад.

Аз он рӯзе, ки роҳбари ташкилоти террористии ҲНИТ дар Эрон пуштибонӣ ёфт ва бар асоси мазҳабу якравӣ бунёд доштани сиёсати давлатдорони ин сарзамини бароям муқаддасро дарк кардам, бисёр мутаассиф шудам ва бовар кардам, ки он ошнои серӯзаи ман дурӯғ нагуфта будааст, хиёнаткор ҳам набудааст ва аз Ватани азизаш дурӣ ҷустанаш ҳам сабаби воқеӣ доштааст.     

Аслан маърифат ва мафкураи тоҷикону эрониён ва дар аксар мавридҳо одобу русуми онҳо аз як сарчашма ибтидо гирифтааст. Ин ду халқро решаҳои амиқи таърихӣ, ки ба адабу фарҳанги муштарак вобастагӣ доранд, ба ҳамдигар наздик кардааст. Касе аз эрониён намегӯяд, ки фаразан, Рӯдакӣ ё ибни Сино ба мо бегона аст ва ҳамзамон, ҳар як тоҷике дар баробари бародарони эронӣ Фирдавсӣ ва Ҳофизу Саъдиро ҷадди худ медонад ва аз ин ифтихорманд аст.

Имрӯз дар риштаи дипломатия сардшавии муносибатҳои ин ду давлати мустақил, ки мардумонаш решапайванданд, барои халқи ҳарду сарзамин бисёр нохушоянд ва нигаронкунанда аст. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад дар сарнавишти  Тоҷикистон ва ояндаи ҷомеаи ин кишвар таъсиргузор бошад ва он ҳам таъсири манфии ғаразнок.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёд дар асоси Конститутсияи худ аз принсипҳои дунявият ва демократия кор мегирад ва маҳз бо ҳамин роҳ амният ва рушди ҷомеаро таъмин карданист, ки ин аз нигоҳи солим комилан дуруст ва ба тақозои ҷаҳони муосир созгор мебошад.

Хеле тааҷубовар ва таассуфангез аст, ки намояндагони ҳукумати ҶИЭ имрӯз ташкилотеро, ки террористӣ эълон гардидааст, пуштибонӣ мекунанд. Мардуми тоҷик дар даврони на он қадар тӯлонии соҳибистиқлолии кишвари худ ҳилаҳову шайтанати ҲНИТ-ро зиёд диданду асло фаромӯш нахоҳанд кард. Бовар карданӣ нест, ки мардуми Эрон нисбати халқи Тоҷикистони ҳамдину ҳамфарҳанги худ бадандешӣ кунанд. Иродаи чанд тан аз ҳукуматдорони давр, ки дар заминаи радикализму мазҳабмеҳварӣ бунёд ёфтааст, асло наметавонад иродаи кулли эрониёнро ифода намояд ва агар ҳукуматдорони вақти Эрон гуногунандеширо эҳтиром мегузоштанду мақоми инфиродии ҳар як шаҳрванди кишварашонро эътироф мекарданд, ҳеҷ гоҳ иддае аз афроди худшинос, эҷодкор, олим ва ихтироъкорони эронӣ ҷилои ватан карда, дар мамолики Аврупову Амрико сукунат ихтиёр намекарданд.

Ба қатл расидани шахсиятҳои фарҳехтаи миллати тоҷик, ки тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии муноқишаҳои барангехтаи хоҷаҳои пасипардагӣ шуданд ва ҲНИТ ҳамчун абзори дасти аҳриманонаи он хоҷаҳо дар ин ҷурм гунаҳкори асосӣ аст, ба дилу зеҳни мардуми тоҷик зарбаи ҷонкоҳ зад. Заҷру заҳмати он рӯзҳои мудҳиш ҳанӯз ҳам аз ёди мардуми Тоҷикистон нарафтааст ва ҳеҷ яке аз сокинони ин мамлакат сабақи талхи он айёмро асло фаромӯш нахоҳад кард.

Аз шахсоне, ки мехоҳанд ба хотири таъмини иқтидори давлати мазҳабмеҳвар ва радикалӣ, барои ҳимоят аз ақидаҳои зиддиинсонии ҳукумати вақти Эрон ба давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи он таъсиргузор бошанд, хоҳишмандам, ки дар назди рӯҳи бузургони гузаштаи миллати худ амсоли Фирдавсии покнажод ва дар назди виҷдону имони худашон (агар ҳанӯз он боқӣ бошад), эҳсоси ҷавобгарӣ намоянд ва дасти таҷовуз ба сарнавишти миллати озодаи тоҷик дароз накунанду дар шаъни миллати бузурги Эрон иснод наоранд.

Имрӯз  тавассути ахборои оммаи дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои интернетӣ  баланд рафтани нарху наво  дар давлати исломии Эрон дида мешавад. Мардуми Эрон аз боло рафтани нарху наво сахт андуҳгин  гардида, таҳозурот бардоштаанд.

Баъди дидан ва шунидани хабари рӯз дар Эрон зеҳнамро матлабе даргир намудааст, охир пешвоёни давлати Эрон то он ки ҲНИТ ва даҳҳо ҳизбҳои террористию экстеремистии дигарро маблағгузорӣ намудан, маблағҳои калонро барои арзонию фаровонии мардуми Эрон сарф кунанд, беҳтар нест, ва ё дасти фидодаеро бигиранд, ба бехонае паноҳгоҳ созанд, шиками гушнаеро сер намояд, роҳи хароберо обод созанд ва мардуми овораву муҳоҷири худро  аз давлатҳои Аврупо ва Амрико сарҷамъ намояд. Далели ин иқдоми  роҳбарони имрӯзаи  Эрон нишон доданд, ки сиёсати пешгирифтаи  онҳо  низ зидди халқи худ мебошад ва онҳо парвои беҳбудии зинадагии мардумашон нестанд.