Коргоҳи нави хурд ба истифода дода шуд.

  • Posted on: 9 December 2017
  • By: korbar

Рӯзи 6 декабр бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт, муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зоҳирзода Умедҷон, Роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-и ЮСАИД ҷаноби Кирк Рамер ва раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур дар деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аз ҷониби Корпоратсияи Истеҳсолии «Мирзоӣ-Нури Арбоб» (роҳбараш Муродов Нурмаҳмад) дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи ЮСАИД бо харҷи 1 млн. 128 ҳазор сомонӣ коргоҳи коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   

Коргоҳи мазкур бо мақсади талаф наёфтани меваю сабзавоти чӣ хоҷагиҳо ва чӣ аҳолӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсоли 1500 дона қуттии шартӣ маҳсулотро дар як шабонарӯз доро мебошад.  

Дар ин коргоҳ 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ гарданд.

Коргоҳ бо истифода аз меваю сабзавоти маҳаллӣ маҳсулоти хушсифате аз қабили, афшура, повидло, шарбат, мураббо ва консерваҳои гуногуни ба меъёрҳои амалкунанда мутобиқро истеҳсол менамояд.