Варзиш гарави сиҳатӣ ва иттиҳод аст

  • Posted on: 2 December 2017
  • By: korbar

Рӯзи 2 декабр дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтови н.Ёвон маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои дастаи футболи “Моҳир” ва Чемпиони ҷаҳон Бадриддини Умед баргузор шуд.

 

Дар ин чорабинии бошукӯҳ раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, президенти Федератсияи каратэ-до-и ҶТ Исроил Исмоилзода ва президенти Федератсияи футболи Хатлон Исроил Шарипов иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Дастаи футоли “Моҳир” ҳамин сол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таъсис ёфта, аллакай дар мавсими аввал дар миёни 12 дастаи футболи лигаи дуюми Хатлон сазовори мақоми ифтихорӣ гаштааст.

 

Ба роҳбарият ва аъзои дастаи “Моҳир” Кубок, медалҳои Федератсияи футболи Хатлон ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳияи Ёвон тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ҳар як аъзои дастаи мазкур бо туҳфаҳои пулии сарпарасти даста Баҳриддин Ҷурахонов қадрдонӣ гардиданд.

 

Бадриддини Умед дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до, ки аз 17 то 19 ноябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Чехия баргузор гардид, соҳиби унвони Чемпиони ҷаҳон шуд. Ёдовар мешавем, ки ин унвонро Бадриддин бори дуюм аст, ки ба даст меорад (бори якум соли 2010 дар ш.Москва).

 

Федератсияи каратэ-до-и ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Бадриддини Умедро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

 

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур аз дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар Соли ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуда, бо итминон қайд кард, ки насли навраси ноҳияи Ёвон минбаъд низ чун пайравони асили Пешвои миллат ба муваффақиятҳои боз ҳам бештар ноил хоҳанд гашт.

 

Дар поёни ин чорабинии хотирмон ҳунарманди ҷавон, сарояндаи ансамли “Тарона ва рақс” Нозанин Шарипова ва раққосаҳои товусхироми ансамбли “Чаман” дар ҳузури ҷавонони ноҳия як барномаи консертии рангинеро намоиш доданд.