«ҲНИТ ТОҶИКРО АЗ ХУРДӢ ДУШМАНИ ИСЛОМ ОМОДА МЕКАРД»

  • Posted on: 29 November 2017
  • By: korbar

Зимни мутолеаи рӯзномаи «Хатлон» суҳбати ихтисосии  Носирҷон Маъмурзода бо Зафар Алихонов, ҷавоне, ки ҳашт сол дар Покистон таълимоти ғайри расмии динӣ гирифта, дар ҳайати созмони экстремистии «Содиқлар» як шохаи «Ҳаракати исломии Туркистон» дар пойгоҳи низомии террористон дар Вазиристон машқу тамрин намудааст, мутолеа намуда, беихтиёр қалам ба даст гирифта, тасмим гирифтам  бо чанд ҷумлае   таасурот  ва фикрамро байён намоям.

Сараввал ҳаводиси ба сари Зафар Алихонов як ҷавони соддаву ноогоҳи деҳотӣ омада тасодуфиву ногаҳонӣ набуда, балки пайвасти томи нақшаҳои тарҳрезишудае  мебошад, ки аз оғоз то анҷом роҳандозӣ шуда, танҳо бо таъсироти камнуфузтари хоҷагон ва ё аз мадди назари  «назоратчиён» дур монданаш, тасодуф уро ба Ватан бар гардонидааст. Дар ин раванд садҳо ҷавонони гумроҳу раҳгумзада баъд аз дарки воқеият агар омодаи баргаштан ба кишвари азиз  ҳам бошанд, хоҷагону зархаридон ба онҳо иҷозати омадан намедиҳанд ва ҳатто агар пайхас намоянд ба муҷозот сазовор мегардонанд. Чун пурра ба ин гуруҳҳо шомил гардиданд, роҳи бозгашт надоранд. Чунин лаҳзаҳои талх ба аксари  чунин ҷавонони раҳгумзадаву ноогоҳ рух додаанд ва теъдоде аз онҳо барои «сарпечӣ» ва рад намудани супоришҳои саркардагон ҷони азизи худро аз даст додаанд.

Хушбахтона 18-марти соли 2015 ба хотири иртибот ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди муссалаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо эзоҳе ворид гардида буд, ки зикри онро бори дигар ба мақсад мувофиқ меҳисобам: «Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ, дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурдҳои мусаллаҳона ё амалётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то  қатъ гардидани фаолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона  ё амалиётҳои ҷангӣ даст мекашанд, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад». Ин беҳтарин ва оқилтарин пешниҳод мавриди дастгирӣ нисбати ҳамватанони мо дар дохил ва хориҷи кишвар, пеш аз ҳама ҷавонони гумроҳшуда маҳсуб ёфта, паи пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ислоҳи хато ва камбудиҳо роли муҳиму босазоро мебозад. Хушбахтона баъди қабули ин ҳуҷҷати муҳим баргаштани ҷавонони раҳгумзада ба Ватан каме вусъат ёфта, то ҳол идома дорад.  

Аз аввалин лаҳзаҳои суҳбат  бо намояндагони сафаркарда ба мамоликҳои исломӣ, маълум мегардад, ки оғози ҷалби ҷавонон бо баҳонаи таҳсил ва гирифтани «донишҳои  исломӣ» маҳз дар хориҷи кишвар, минҷумла дар кишварҳои  Покистон, Афғонистон ва мамолики Араб нақшаи дурбинонаи гуруҳҳои алоҳидаву бадхоҳ аз қабили намояндагони давлатҳои абарқудрату манфиатҳоҳ зери пуштибонии ислом  сурат гирифта, он аввал мақсаднок ҷамъ намудани теъдоди алоҳида барои сафарбар намудан ва сипас бо ин шумора кору фаолият намуда бо тағйир додани мафкурраву зеҳн, дар мағз-мағзи ҷавонони гумроҳ ҷой намудани идеологияи «нав»  маҳсуб меёбад. Маҳз аз руи маслиҳатҳои пешакӣ ва дастур намояндагон аз қабили роҳбаладҳову, «мавлавиҳо» ки борҳо ба ин кишварҳо сафар намудаву таълимоти маҳсуси ҷалб ва сафарбарии гуруҳҳои навро дар шакли таълимгирандагон ба расмият медароранд, на танҳо дар арафаи идҳо балки баъди корҳои анҷомдода тӯҳфаву инъом ва маблағҳои зиёдеро молик мешаванд. Хоҷагон дар ҳар як кишварҳои мусулмоннишин бо таври махфӣ ва ё дар либоси кормандони сафоратҳо, сайёҳон, корпусҳои байналхалқӣ, ёрмандони тиббию башардӯстона, ҳизбҳои исломӣ ва ғайраҳо  намоянда дошта бо масрафи капитали калон корҳои худро амалӣ месозанд.

Андеша сари он меравад, ки ҷавоне, ки  ихтиёри  таҳсил намуда ба дилҳоҳ донишкадаи хориҷа, барои мисол Унвериситети Давлатии шаҳри Москва, Институти технологии Калифорния ва ё Оксфорти Британияи Кабир дар бахшҳои мухталиф ва омӯзиши илмҳои замонавӣ идомаи донишандӯзӣ намояд, онҳоро ягон нафар на интизорӣ мекашаду на роҳбаладӣ менамояд. Аммо Шарқ такя ба баъзе падидаҳо аз тамоми митақаҳои олам фарқ менамояд. Яъне «Восток дело тонкое» ин ҷо зери пешвозу ҷо ба ҷо намоии «донишандӯзон» мақсадҳо нуҳуфтаанд. Закиву доно будан лозим. Дар олами сиёсат касе бе пул саломат намедиҳад ва ин «кашфиёт» ҷизи нав нест. «Қаҳрамони моро»- низ ҳамту аз рӯи меҳрубониву адолатҳоҳи пешвоз ва ҷо ба ҷо накардаанд.

Имрӯз дар ҷаҳон раванди фазои ягонаи таҳсилот идома дорад, ки ташвиқкунадаи асосии он кишварҳои Аврупо ва Амрико мебошанд. Мақсади ин кишварҳо аз ҷалби ҷавонони боистеъдод аз кишварҳои ақибмонда пурра намудани ҷойҳои холӣ дар пажӯҳишгоҳҳои  илмӣ ва озмоишгоҳҳои кишварҳои номбурда мебошад. Ин низоми таълим якчанд масоилро дар ин кишварҳо ҳал менамояд. Аввалан, тавлид дар ин кишварҳо дар сатҳи паст қарор дошта, зиёдшавии аҳолӣ кам ба чашм мерасад ва  бо роҳи ҷалб дар муассисаҳои таълимӣ онҳо теъдоди заруриро дар донишкадаҳо таъмин намуда, барои зиндагӣ ва фаолияти минбаъдаи онҳо ин кишварҳо шароитҳои заруриро муҳаё месозанд. Бо ин роҳ  давлатҳои Ғарб ва Амрико беҳтарин зеҳнҳоро дар кишварҳои худ ҷамъоварӣ намуда, ба онҳо ҳам шаҳрвандӣ ва ҳам шароитҳои хуб муҳайё намуда, аз он барои оянда заминаҳои хуб омода месозанд. Муҳоҷирати зеҳнӣ дар қисмати Аврупо ва Амрико нисбат ба Шарқ, маҳз бо он ҷиҳат фарқ менамоянд, ки Ғарб ба илмҳои замонавӣ диқкат дода онро дар зиндагии рӯзмарра амалӣ месозад.    

Пешравиҳои ҷомеаи мутамаддин ба захираҳои ақливу  зеҳнӣ ва нобиғаҳои илм сахт вобастагӣ дорад. Бадбахтона дар ҷаҳони ислом ин захираҳои тиллоӣ хеле кам шуда, ҷои онро падидаҳои номатлуби  фундаметализм, экстремизм, радикализм, терроризм ва хурофотпарастӣ гирифта истодааст. Ҷаҳон имрӯз машғули омӯзиши дақиқтарин технология ва илми муосир қарор дорад. Қисмате худро мусулмони асил шуморида, бешармона аз номи ислом  машғули тафриқаву низо, офариниши ваҳшиёнату бадбахтӣ ва нокомиҳо қарор додаанд. Муҳаммад Иқбол раванди инкишофи Шарқу Ғарбро таҳлил намуда, дуруст мефармоянд;

Куввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб,

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст,

Қуввати Мағриб аз илму фан аст,

В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст,

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеи илму ҳунар аммома нест,

Илму фанро, ай ҷавони шӯхшанг,

Мағз мебояд, на малбуси фаранг!

 

Ку гуше, ки суханшунав бошаду кӯ фарде омадаи нангу номус! Калиди ҳамаи хушбахтиву бобарориҳо омӯхтани илму маърифат аст. Ташаббус ва шавқу ҳавасро барои гирифтани донишҳо дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо намуда, мо насли калонсол барои ояндагон бояд намунаи ибрат бошем. Бо ҳасрат намудану ҳай дареғҳо ҷомеа обод намегардад. Қисмати ношукрбандаву ноҷизи барҳе аз назҳатиён роҳҳои гуногунро барои бад нишон додани номи давлату миллати тоҷик пеша намудаанд. Ватандорӣ ба гуфтор не бо кирдор бояд сурат бигирад.  Меҳанпарасти асил масоили кишварашро аз манфиатҳои шахсӣ билкӯл фарсангҳо болотар бояд гузорад.

Дар рафти суҳбат зери суоли «-Чунин ақидаҳо низ дар миёни коршиносон роиҷ аст, ки он ҷо аз рӯзҳои авали таҳсил як навъ зеҳнсозии муҳассилон шурӯъ мешавад ва ин зеҳнсозӣ ба шинохти асли ислом- он ҳадаф, ки бисёриҳоро ба кишварҳои исломӣ мебарад, ҳеҷ рабте  надорад…».

«Қаҳрамони» мавзӯъ Зафар Алихонов як тан фирефташуда иброз медорад, ки; «Дуруст аст. Дар чаҳор соли авали таҳсил шоҳид будам, ки ҷавононе, ки қабл аз мо ба мадрасаи «Бинурия» рафтаанд, ба истилоҳ «ҳама чиро дида буданд». Яъне як қисмашон дар сафи «Толибон» ҳам ҷангидаанд, қисме дар Афғонистон зиндагӣ кардаанд, ҳама чиро медонистанд, дар тамрингоҳҳои Пешовар ҳам аз машқҳо гузаштаанд. Баъзеяшон гашта омадаанд ва боз рафтанд «хонданӣ»…, зеҳнсозии моро шурӯъ карда буданд..,» Ва ҷое илова намудааст, ки сабабгори асосии ҳамаи ин қазия ҲНИТ буд. ҲНИТ буд, ки ҷавононро роҳбаладӣ намуда, ба мадрасаҳое, ки дар зеҳну шуури нав инкишофёфтаи онҳо ақидаҳои хурофотпарастиву ифротгароӣ, таҳаммулнопазирии дигар қавмияту миллат ва адёну мазоҳибро ҷой менамуд, ки ин худ душманӣ бар Ислом аст. Ба ибораи дигар, ҲНИТ тоҷикро аз хурдӣ душмани Ислом омода мекард.

Тағйир додани фикру назари ҷалбшудагон аз рӯи барномаҳои махсуси таҳриргашта амалӣ шуда, ноайён вориди зеҳн ва диди ҷавонони гумроҳу ноогоҳ гардидан як тарафи кор буда, аз дигар тараф бо таъсири бештари идеалогияи таҳрибкор ва манфиатҷӯи кишварҳои худкома аз шаклу навидҳо ва воситаҳое корсозӣ менамоянд, ки ҳар шахси иродаи суст дошта вориди ин («вербовка», «истиқдом», «мағзшӯӣ») тахаюлот мегардад, метавонад ба андешаи ботил фарогир гарида, дар ҳоли калавиш қарор гирад. Дар кишвари бегона, дур аз диёри хеш хоҳ но хоҳ заминаҳои мутеъ шудан ба идеалогияи бегона зиёд шуда, мавқеъи таъсиррасонӣ барои хоҷагон осон мегардад. Нарасидани ҷабҳаҳои иқтисодӣ дар чунин шароит ҷавононро ба коми гуруҳҳои ифротӣ мекашанд. Дар чунин ҳолатҳо зеҳнсозии «толибилмон» амалӣ гардида, истифода аз ислом ташвиқи  ҷиҳод, бадбини  нисбати ҳукуматҳои қонунӣ, дар асоси барномаҳо суръат мегиранд.

Дар кишварҳое, ки ҷавонони Тоҷикистон алалхусус давлатҳои мусулмонӣ таҳсил илм менамоянд, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳо, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Содиқлар», ҲНИТ ва даҳҳо ташкилотҳои манфиатҷӯи сиёсӣ ба муҳасилини мадрасаҳо бо  баҳонаи ниёзмандӣ ва муҳтоҷӣ, маблағу либосворӣ озуқаву таҷҳизот тақсим намуда бо ин васила ба худашон моил ва ҷалб намудани ҷавоноро мақсаднок амалӣ менамоянд. Дар ин ҷода чи хеле ки аз маълумотҳои даврӣ бармеояд, намояндагони ҲНИТ бо роҳбарии  Маҳмудҷон Файзраҳмонов барои майл ба равияи шиагӣ ба муҳассилин ҳар моҳ идрорпулӣ (стипендия) ва маводҳои ғизои ва ба «беҳтаринҳо»  роҳхатҳои ройгони ҳавасманнамоӣ барои тамошои олами араб ва табаддули таҷриба дода мешуданд.

Дар  мавриди таълимоти ғайрирасмӣ ба саволи –«Бисёр вақт достони ҷавонҳоро, ки ба таълимоти ғайри расмӣ мераванд, мешунавем, ки дар бораи ҷалб шуданашон ба машқҳои низомӣ мегӯянд, Шумо низ шоҳиди ҳамчунон ҳолат будед?

- Шоҳид будем. Ба бачаҳо амалҳои ифротгароию таҳрибкорӣ  омӯзонида шуда, ташвиқоти зиддидавлатӣ бурда мешуд. Ин гурӯҳҳо  дар даруни мадраса махсус одам доштанд. Ҳамонҳо ташвиқот мебурданд, ки ҷавонон дар вақти таътил омада машқи низомӣ гирифта, бо пешвоҳояшон шинос шуда раванд. «Баъдан, ҳар вақте лозим ояд, худамон меёбематон» мегуфтанд. Дар таътил аксар бачаҳо бекор мемонданд.Аз ин фурсат истифода бурда, онҳоро даъват мекарданд, ки аз тамринҳои низомӣ гузаранд».

Фикр мекунам пас аз мутолеа ва шунидани гуфтаҳои боло барои шарҳ ва фаҳмиши асли воқеа заҳмат кашидан зарурате  надорад. Фақат ёдовар шуданиям, ки барҳе аз «ватанхоҳону  миллатдӯстон»-и мо, ба монанди ҲНИТ ва «Гуруҳи 24» даъвои ҳақиқат намуда, дар паноҳи аҷнабиён суиистифода аз ислом мақсадҳои ғаразноки худро мехоҳанд, амалӣ намоянд. Гоҳ-гоҳ тавасути васоити электронӣ гуруҳҳои маълум «доди ватанхоҳӣ» зада нисбати давлат, миллат фикру ақидаҳои ботил байён менамоянд.  Мехоҳанд бо ҳар қимате молик ба он бошанд, ки дегашон дар ҷӯш бошад, барои манфиатҳои худ, устокоронаву ҳадафмандона кор намуда ниятҳои хешро тавассути ҷавонони ноогоҳу иродаи суст ва новоқиф аз исломи ноб  амалӣ намоянд. Дар маҷмӯъ ҳамаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз қабили «ДИИШ», «Ал-Қоида», «ҲНИТ», «Ваҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва даҳҳо дигар равияву ҳаракатҳо як мақсад дошта танҳо намояндагонашон бо забон, макону мавқеашон фарқ мекунанд. Ба қавли академик Саймумин  Сатторович Ятимов «..ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд, доранд ва хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (динӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибонҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо ном ва чеҳраҳои дигар».

Давоми сӯҳбат ба  саволе мутаваҷеҳ шудам, ки ҷавобашро муҳассилине, ки дур аз Ватан, аз падару модар, дар ғарибӣ дар муҳлати ҳашт сол, умри азизи худро сарфи омӯзиши  «илм» қарор додаву мафҳуми демократияро нафаҳмида бошад, фиғону сад дод! Савол дар чунин шакл пешкаши хатмкардаи мадрасаи исломии «Бибинурия» муҳтарам Зафар Алихонов, пешниҳод шудааст;

-- « Шумо, ки таҳсилдидаи мадрасаи динӣ дар як кишвари исломӣ ҳастед, ба назаратон, сохти демократии давлатдорӣ чӣ мухолифате бо идеалогияи он гурӯҳҳои ифротӣ дорад? Демократияро чи гуна  арзёбӣ мекунед?

Ҷавоб. –«Демократия, яъне…. Дар ин бора ягон фикр надорам. Шарҳ дода наметавонам…

Дар даврони Шӯравӣ як маҷаллае вуҷуд дошт (ҳозир низ ин маҷалла бо ҳамин ном нашр мегардад) бо номи Хорпуштак. Дар он бештар масълаҳои танқидӣ бо ҷурму  камбудиҳои ҷомеа руи чоп меомад.  Дар аксарияти саҳифаҳо маводҳо бо воситаи расм айён карда мешуданд. Дар тагашон мафҳум ва маъниҳо хаттӣ дарҷ мегардиданд. Дар баъзеашон дар таги расм навиштаҷоти «Бе матн» ҷой дода мешуд. Фикр мекунам дар таги ҷавоб ва навиштаҳои хатмкардаи мадрасаи исломии «Бибинурия»-и Покистон «БЕ  МАТН» ҷой додан аз ҳама қуллайю  сермаъно аст.

Ҷазо барои он пешниҳод мешавад, ки шаҳси гунаҳкор ислоҳ гардад. Дар бисёр ҳолатҳо одамон гуноҳҳо ва камбудии худро дуруст дарк намуда аз кардаи худ сидқан пушаймон мегарданд. Зафар Алихонов боақлона ба ҳайси як нафар раҳгумзада, баргашт ба Ватан ва умед менамояем бо дили гарм паи зиндагии орому осуда машғул хоҳад шуд. Зеро гуфтаҳояш ба аҳли ҷомеа  ва ҷавонони тоҷик самимиву ростинаанд;

(- Тавсияи шумо ба ҷавонони тоҷик чӣ аст?)

- Асло фирефта нашаванд, ба мадрасаҳои номуайяни динӣ нараванд. Фиреби онро нахӯранд, ки дар ин мадрасаҳо таҳсил ройгон аст, шароити хуб дорад, зеро банда бо чашми худ дидаму шоҳид будам, ки муҳассилин дар он ҷо чӣ рӯзгори сахту сангине доранд. Дар кишвари худамон ҳамин хел мадрасаҳо ҳастанд, донишҳое, ки кифоя ба ислом аст, дар Тоҷикистон гирифтан мумкин аст. Дар он кишварҳо гурӯҳҳои террористӣ зеҳнҳоро хароб мекунанд. Нафаре, ки шомили ин гурӯҳҳо шуд, агар пушаймон ҳам шавад, дигар аз он баромада наметавонад. Дигар барояшон баромада ба хона рафтанро иҷоза намедиҳанд. Немегузоранд, ё ба сӯят тир холӣ мекунанд, ё саратро аз тан ҷудо мекунанд.

Ба падару модарон ҳам муроҷиатам ин аст, ки аз гумроҳшавии фарзандонашон пешгирӣ кунанд. Нагузоранд, ки ҷигарбандашон қурбони бозиҳои ҳароми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд, ба қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зананд, нисбаташон ҷиноятҳои бадахлоқона содир шавад. Ба даъвату “бонгҳои изтиробӣ”-и ҲНИТ-у “Гуруҳи 24” дода нашаванд!!

Вақте ки дар Покистон мехондам, ҷиҳодро фақат ба маънои “кушокуш”, “ғайр аз худат касе бошад, қатл кардан”, “куштан” медонистам. Ҳозир яқин медонам, ки ин ҷиҳод нест. Ҷиҳод ин ҳимояи ватан, ёрӣ ва хизмат ба падару модар, тарбияи хубу шоистаи фарзандон аст. Ҷиҳод ба маънои дар роҳи ислом ҳаракат кардан аст. Дар даст силоҳ гирию бо мусулмонон ҷанг кунӣ, ба зидди давлату мардумат бароӣ ин ҷиҳод нест. Ҳоло фикр мекунам, ки ҳамон идеологҳои гурӯҳу созмонҳои ифротӣ барои расидан ба ҳадафашон баъзан ба таҳрифи китоби Куръон низ даст мезаданд. Ба назарам, яке аз сабабҳои асосии “ифоотӣ” хондани онҳо маҳз ҳамин аст, ки ҳама чиро- шурӯъ аз муқаддасоти динӣ то зиндагии дунявӣ- ба ҳадди ифроту ифлосӣ расонидаанд”.

Дар охир лозим ба ёдоварист, ки бо тақозои замон солҳои навадуми асри гузашта бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Фаррухи Қосим (рӯҳаш шод бод), шиносои доштам. Фаррухи Қосим аз руи эҳтиром маро ба нахустнамоишҳои ба саҳна мондааш даъват менамуд. Намоишномаҳои театриро  пеш аз супоридан якҷоя тамошо менамудем. Намоишномаҳои “Тартюф”, “Юсуфи гумгашта..” “Даҷҷол”аз қабили он саҳнаҳои ҳунарие буданд, ки дар пояи санъати театрии дунё таълиф шуда буданд. Рӯзе баъди як намоиш ба ӯстод Ф.Қосим  муроҷиат намуда иброз доштам, ки сатҳи намоишҳои Шумо баланд аст. Тамошобини имрӯза дарки маънии онро надоранд. Фарруҳ андешамандона ҷавоб дод.- “Аз дусад тамошобини ба толор омада ақалан даҳ нафар молик ба маънии намоишнома гарданд, меҳнати мо барабас  нарафтааст”. Мақсад аз ёдоварии гуфтори боло дар он аст, ки баъди мутолеаи мавод, агар боз як нафари дигар силоҳашро гузоштаву азми сафари кишвари азиз намояд, боз як оила тасмим гирад ки маҳз ба тарбияи дурусту илмомӯзии фарзандон сидқан машғул мегардад, мо  кори савобе ва иҷроиши рисолати инсонии худро ба тавсиб расонидаем.

Зиндагиро орзуҳои зебо, ширину рангин менамояд. Агар чунин аст, пас орзуву ҳадафҳои мо бояд ифодагари ормонҳои инсонӣ бошад. Мо аҳли ҷомеа ба таври ҳамешагӣ ҷаҳду талош баҳри расидан ба мақсадҳои пешгирифта, ки истиқлолият шоҳроҳеро барои миллату давлат боз кардааст ва сол бо сол кишвари азизи мо сӯи ояндаи дурахшон ӯстуворона қадам мезанад. Дар ин замина бо шукргузорӣ аз оромиву суботи ҷомеа, аз бехатариву кафолатҳои конститутсионие, ки давлат барои мо имкон додааст, бо дили гарму самимият машғули зиндагии осоишта гардем. Муҳимтарин  рисолат бароямон  дар зиндагӣ  моро водор месозад, ки боз ҳам бо ҳам меҳрубону ҳалим, ростову меҳнатқарин, дӯстдору муҳаббатофарин, вафодору садоқатманд ва арҷгузори ин ватану сарзамин, ин обу хок, маданияти волою таърихи бостон ва Тоҷикистони ба ҷону дил баробар бошем.