Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 24 November 2017
  • By: korbar

Парчами давлатӣ қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дорад ва мардуми сарзаминро ба сӯи мақсаду маромҳои миллӣ, озодӣ ва истиқлолият, ваҳдат ва рафоқату дӯстӣ даъват мекунад.

Парчами миллии мо таърихи чандинҳазорсола дошта, паёми аҷдоди шарафмандамонро аз гузаштаи дуру наздик ба наслҳои имрӯза мерасонад. Гузаштагони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр дар ноҳияи Ёвон аксияи «Сайри Парчам» баргузор карда шуд, ки дар рафти он волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонони ноҳия ба 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия сафар намуда, намунаи Парчами давлатиро ба намояндагони ҷамоатҳо тақдим карданд. Дар ин чорабиниҳои идона, ки хеле хубу хотирмон доир гардид, беш аз 2000 сокинони ноҳия, алалхусус ҷавонону наврасон фаъолона ширкат варзида, ба Парчами давлати худ арҷгузорӣ намуданд.

 

Рӯзи 24 октябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо иштироки беш аз 2000 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ роҳпаймоии идона баргузор карда шуд. Чеҳраи шукуфони ҳар як иштирокчии роҳпаймоӣ, эҳсоси шуълавари ватандӯстии онҳо ва дар дасти ҳар нафаре парафшонӣ кардани Парчами миллӣ фазои шаҳраки Ёвонро хеле дилрабову рӯҳнавоз карда буд.

 

Иштирокчиёни роҳпаймоии идона бо арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ масофаи зиёда 3 км роҳро тай карда, дар интиҳои чорабинӣ як ҳамоиши фарҳангии рангину хотирмон доир намуданд. Роҳбарияти ноҳия ҷамъомадагонро ба муносибати ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, зикр намуданд, ки «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад». Барномаи консертии ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия ин чорабиниҳоро рангу шукӯҳи тоза бахшиданд.

 

Доир гардидани ин чорабиниҳои пуршукӯҳ шаҳодати эҳтироми хосаи сокинони ноҳия ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.