Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 24 November 2017
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар паёми телевизионии хеш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ зикр намуданд, ки «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад».   

         Воқеан ҳам, ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ нишони эҳтироми халқ ба муқаддасоти миллист, ки аз замири поки ҳар шахси ватандӯст сарчашма гирифта, барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият заминаи боэътимод мегузорад.  

         Ин арзиши муқаддас ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат буда, дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.

         Парчами давлатӣ қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дорад ва мардуми сарзаминро ба сӯи мақсаду маромҳои миллӣ, озодӣ ва истиқлолият, ваҳдат ва рафоқату дӯстӣ даъват мекунад.

         Парчами миллии мо таърихи чандинҳазорсола дошта, паёми аҷдоди шарафмандамонро аз гузаштаи дуру наздик ба наслҳои имрӯза мерасонад. Гузаштагони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд.

 

         Парчами имрӯзаи давлати мо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи омӯзиши амиқи таърихи давлатдории тоҷикон, анъана, расму оин ва рамзҳои миллӣ омода гардида, бо назардошти майлу иродаи мардум қабул карда шудааст.

         Месазад ёдовар шавем, дар қабул гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пештар мо 25-умин солгарди онро таҷлил намудем, хеле калон аст.

         Дар он Иҷлосияи таърихӣ Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Ватан ва миллати хеш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса кард, онро ба дида молид ва сипас ба иҷрои вазифаи муққаддаси худ шурӯъ намуд.

         Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон баёнгари мавҷудияти миллату давлати тоҷикон буда, ҷилои он дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, нишон аз давлату давлатдории тоҷикон мебошад.

         Баланд гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ба кас шодию сурур бахшида, бедорию ҳушёрии миллиро баланд мебардорад.

         Имрӯз бояд ҳамчун нишони шукргузорӣ аз истиқлолияту ваҳдати миллӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, аз он ҷумла ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни мардум ва, пеш аз ҳама, дар байни наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъати тоза пайдо намояд.

 

         Насли даврони истиқлолият бояд амиқан дарк намояд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бонангу номус ҳамеша ва дар ҳама ҷо боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Парчами Тоҷикистон рамзи ҳаёти ҷовидона, матонату шуҷоат ва таҷассумгари иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик, нангу номуси ватандорӣ, умед ба фардо ва талошҳо барои ободии Ватан мебошад.

         Бигузор, бо саъю талоши ҳар яки мову Шумо Парчами зебои давлати маҳбуби мо ҳамеша парафшон бошаду аҳли диёрро ба сӯи қуллаҳои фатҳу кушоишҳо ва нусрату зафармандиҳои нав ба нав раҳнамоӣ кунад.

         Бо ҳамин таманно, ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азиз ва дар симои Шумо тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу хонаободӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.  Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад!