Таҷлили Рӯзи Президент

  • Posted on: 16 November 2017
  • By: korbar

Дар майдони назди Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтов сокинони ноҳия- собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳама ташкилоту муассисаҳо, занону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои коллеҷи тиббӣ, литсейҳои касбии техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъ омада, бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир намуданд. Расмҳои Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатӣ, шиору овезаҳо ва муҳимтар аз ҳама садоқати сокинони ноҳия ба Пешвои маҳбуби миллат дар дили ҳар нафар ҳиссиёт ва рӯҳияи ватандӯстиро тақвият мебахшид.

 

Дар ҷараёни чорабинӣ раиси ноҳия Амирбеки Темур, ғолибони озмуни «Муаллими сол» Меҳринисо Сатторӣ ва Фарзона Темуриён суханронӣ карда, ин рӯйдоди фараҳбахшро ба ҳозирин муборакбод гуфтанд.

 

Қайд гардид, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам ҷиҳати иҷтимоию таърихӣ имрӯз барои миллати мо як амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Зеро сарнавишти имрӯзаву ояндаи миллати мо ва низоми давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

 

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд мақсаду мароми ҳар яки мо қарор бигирад, то Ватани маҳбубамон Тоҷикистон аз имрӯза дида ободу зеботар ва пешрафтаву пуриқтидор гардад.