Кишоварзони Ёвон бо ёрии соҳибкорон ба хориҷи кишвар 2800 тонна маҳсулот содирот карданд

  • Posted on: 13 November 2017
  • By: korbar

Дар  ноҳияи Ёвон имсол дар ҳама бахшҳои чорводорӣ 94 ҳазору 974 сар чорвои калони шохдор (аз он 48 ҳазору 407 сар модагов), 175 ҳазору 847  сар бузу гӯсфанд, 6194 сар асп, 116 ҳазору 384  сар  паранда ва 4394 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодаанд. Ин рақамҳо 104-107 фоизи дурнамои солонаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4651 сар чорвои калони шохдор, 1167 сар модагов, 10 ҳазору 055 сар бузу гӯсфанд ва 21 сар асп зиёд мебошад. Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Чорводорони ноҳия дар ин давра 37 ҳазору 942 тонна хошоки дурушт ва 1592 тонна хошоки ширадор захира намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 29 тонна хошоки дурушт ва 32 тонна хошоки ширадор зиёд аст.

Маҳсулнокии чорво аз 100 сар модагов 61 сар гӯсола, аз 100 сар меш 94 сар барраю бузғоларо ташкил дода, ширдушӣ ба як сар модагов 1461  литр, пашмтарошӣ ба ҳар сар гӯсфанд 2,5 кг ва тухмгирӣ ба як сар мокиён 86 дона рост меояд.

Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо ёрии соҳибкорон ба хориҷи кишвар 2800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳияро пурра иҷро намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чорводорӣ ва тараққӣ додани он  яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти чорво ва такрористеҳсолкунии он вазифаи асосии  чорводорон мебошад.